imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

МУРОҶИАТНОМАИ МАХСУС

Душанбе, 1-уми марти соли 2019


МУРОҶИАТНОМАИ МАХСУСИ

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

оид ба пешгирии амалҳои номатлуб дар раванди имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019

Инак, соли шашум аст, ки қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, ки онро Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мекунад, амалӣ мегардад. Дар давоми панҷ соли баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) Марказ тавонист, ки дар тамоми раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои мазкур шаффофияту адолатро таъмин карда, бовари ҷомеаро нисбат ба фаъолияти худ ва ин имтиҳонҳо афзун гардонад.

Марказ, чун ҳамасола, довталабон, падару модарони онҳо ва тамоми алоқамандони ИМД-ро огоҳ менамояд, ки ҳамаи раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои мазкур шаффоф ва одилона ба роҳ монда шуда, дониш ва малакаю маҳорати ҳар яке аз довталабон воқеӣ (объективона) арзёбӣ карда мешавад. Дилпур бошед, ки имкони дахолати инсонӣ (аз берун) ва тақаллуб дар ИМД ҷой надорад ва Марказ барои пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои номатлуб дар ин раванд тамоми тадбирҳои амалиро меандешад.

Бо вуҷуди ин, имкони пайдо гаштани шахсоне ҷой дорад, ки бо мақсади дарёфти манфиати шахсӣ дохил кардани довталабонро ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ ваъда медиҳанд. Бори дигар таъкид менамоем, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз наметавонад ба натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон таъсире расонад. Хоҳишмандем, ки дар ин масъала ҳушёру боэҳтиёт бошед ва ба доми фиребу ваъдаҳои чунин қаллобон наафтед.

Бо камоли масъулият эълон менамоем, ки барои пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои номатлуб дар низоми ИМД чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Хотиррасон мекунем, ки ҳанӯз дар соли аввали роҳандозии низоми ИМД (соли 2014) Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкилу баргузории ин имтиҳонҳо баҳои баланд доданд, ки далели он бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низом дохил гардидани як қатор муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии ба низом вориднабуда ва ҳамаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ мебошад.

Инчунин, дигар алоқамандон, ки бевосита шоҳиди шаффофу одилона гузаштани имтиҳонҳо гардида буданд, ташкилу баргузории имтиҳонҳои соли 2014-ро, бо вуҷуди соли аввали амалишавии ин низом, бисёр хуб арзёбӣ карда буданд.

Вобаста ба ин, барои нигоҳ доштани бовари роҳбарияти мамлакат ва аҳли ҷомеа нисбат ба Марказ ва рушди низоми миллии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз ҳар яки Шумо – алоқамандони низоми ИМД хоҳиш мекунем, ки нисбат ба ин масъала бетараф набошед. Ба қаллобоне, ки бо ниятҳои нопок ва номҳои сохтаю бардурӯғ Шуморо бовар кунонданӣ мешаванд, ки гӯё дар Маркази миллии тестӣ кор мекунанд ва ё бо ин ё он корманди Марказ ҳамкорӣ доранду метавонанд барои дохил кардани довталаб ёрӣ расонанд, ҳатто агар онҳо воқеан корманди Марказ ҳам бошанд, ҳаргиз бовар накунед. Зеро ин ба ҷуз фиреби маҳз чизе нест!

Барои муайян кардани ин, ки касе дар ИМД ба ҳеҷ довталабе, дар ҳақиқат, ёрӣ расонда наметавонад, кофист, ки аз шахсоне, ки ваъдаи ёрӣ расонидан ба довталабро медиҳанд, пурсида шавад, ки оё ба холҳои бадастовардаи довталаб ягон хол илова карда метавонанд ё не?! Албатта, не, ҳатто 1 хол ҳам илова карда наметавонанд. Дар сурате ки чунин шахс ҳатто 1 хол илова карда натавонад, бо кадом роҳ ӯ ба довталаб ёрӣ мерасонад?! Вобаста ба ин, агар довталабе ё падару модаре бо чунин ҳолат рӯбарӯ гардад ва барои исботи ин гуна қаллобӣ аз шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи Марказ истифода карда натавонад, метавонад баъд аз супоридани имтиҳонҳо ба Марказ муроҷиат намояд. Бо тамоми масъулият ва бовар иброз медорем, ки дар давоми дақиқаҳои бошумор бардурӯғ будани ин ваъдаҳо ва қаллоб будани ин гуна шахсонро исбот менамоем.

Боз ҳам такроран мегӯем, ҳар як довталаб ва падару модар худ низ чунин имконияти исбот карданро дорад. Агар довталаб дар бораи шумораи холҳои бадастовардаи худ ва ба чанд бал баробар будани он маълумот дошта бошад, бешубҳа, ӯро касе фиреб дода наметавонад. Инчунин, тақсимоти довталаб ба ин ё он муассисаи таълимӣ аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардааш дар асоси бали соҳибшудааш, ки аз рӯйи холҳои бадастовардааш ҳисоб карда мешавад, сурат мегирад. Вобаста ба ин, ба ҳар яке аз шахсоне, ки соли ҷорӣ дар ИМД иштирок кардан мехоҳанд, тавсия медиҳем, ки аз имкониятҳои фароҳамовардаи Марказ истифода карда, бахусус амалҳои зеринро ҳатман анҷом диҳанд:

1) дастрас кардани варақаи ҷавобҳо аз кабинети инфиродӣ ва калидҳо (ҷавобҳои дуруст)-и саволҳои масъалаҳои тести дар имтиҳонҳо истифодашуда аз сомонаи Марказ;

2) мустақилона ҳисоб кардани холҳои аз ҳар субтест бадастовардааш ва аз рӯйи он муайян кардани миқдори балҳо бо истифода аз ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ва балҳо, ки пас аз эълони натиҷаҳо дар сомонаи Марказ ҷой дода мешавад.

Чунонки борҳо таъкид карда будем, дар тамоми раванди ташкил ва баргузории имтиҳонҳо технологияҳои нав истифода шуда, як қатор чораҳои бехатарӣ пешбинӣ гардидаанд, ки дар сатҳи баланд, шаффофу одилона ва бе вайрон кардани тартибу қоидаҳои муқарраргардида баргузор шудани имтиҳонҳоро таъмин менамоянд. Инчунин, коркарди варақаҳои ҷавобҳо, ҷамъбаст ва баҳогузорӣ тавассути барномаҳои компютерӣ ва воситаҳои технологияи муосир амалӣ мегардад. Бехатарию махфияти иттилоот таъмин ва бо тамоми ҷузъиёташ риоя мегардад. Рафти имтиҳонҳо дар ҳамаи синфхонаҳои имтиҳон бо камераҳои назорати видеоӣ сабт ва мушоҳида мегардад, ки солҳои пешин довталабон, падару модарон, омӯзгорон, фаъолони ҷамъиятӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва алоқамандони дигари ИМД бевосита худ шоҳиди чунин ташкили кор дар марказҳои имтиҳонӣ шуда буданд. Худ қазоват кунед, ки оё бо чунин шароит ва тартибу талабот ба довталаб ёрӣ расонидан имконпазир аст?!

Лозим ба қайд аст, ки Марказ барои омодагии довталабон низ ҳамасола чораҳои заруриро андешида, шароиту имкониятҳои мусоидро фароҳам меоварад. Аз ҷумла, ҳамасола дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» ва маҷмӯаи саволу масъалаҳо аз ҳар фанни имтиҳонӣ таҳия ва ба теъдоди зарурӣ нашр карда мешавад. Ҳамаи ин мавод вобаста аз ҳар як синфи хатмкунанда ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ройгон тақсимот ва гунаи электронии ин мавод дар сомонаи Марказ ҷойгир карда мешавад. Бо мақсади ташвиқи хонандагон барои мустақилона кор кардан ва донишандӯзӣ ҳар сол дар ҳар яке аз субтестҳои қисми А (имтиҳони умумӣ) ва Б (имтиҳони ихтисос)‑и имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҳиссаи муайян (чунончи, соли ҷорӣ то 40 %)‑и саволу масъалаҳо аз ҳамин маҷмӯаҳо такроран истифода карда мешаванд.

Марказ барои санҷидани дараҷаи донишу малака, инчунин, шинос шудани довталабон бо намунаи саволу масъалаҳои барои ИМД пешбинишуда, сохтори субтестҳо, навъи саволу масъалаҳо ва тарзи иҷрои онҳо хизматрасонии “Худро бисанҷ”‑ро дар ҳолати бархат (онлайн) ба хоҳишмандон фароҳам овардааст. Довталаб ё шахси дигари хоҳишманд ҳамеша аз ин хизматрасонӣ истифода карда метавонад. Пойгоҳи саволу масъалаҳои тест, ки дар хизматрасонии “Худро бисанҷ” ба кор бурда мешавад, пайваста аз ҳисоби саволномаҳои тести ИМД-и солҳои пеш навсозӣ ва пурра мегардад. Истифодаи мунтазами ин хизматрасонӣ барои такмилу мустаҳкамкунии дониш ва малкаю маҳорати шахс мусоидат мекунад.

Воситаи ягона барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимӣ танҳо донишу малакаю маҳорат аст. Донишу малакаю маҳорати ҳар яке аз довталабон, ки шумораашон беш аз 100000 нафар буда метавонад, воқеию одилона баҳогузорӣ шуда, довталаби арзанда ҳатман соҳиби номи донишҷӯй хоҳад шуд.

Аз таҷрибаи солҳои гузашта маълум гардид, ки баъзе аз довталабон ҳангоми интихоби ихтисос ва муассисаҳои таълимӣ ба баъзе нофаҳмию мушкилот дучор омадаанд. Бинобар ин, Шуморо ба ҳушёрию бодиққатӣ дар ин самт даъват менамоем.

Ҳангоми интихоби ихтисос омилҳои асосӣ бояд ба эътибор гирифта шаванд. Довталабон дар интихоби касбу ихтисос ва муассисаҳои таълимӣ озоданд, аммо интихоб дурандешона ва дуруст бояд бошад, зеро ин дар ҳаёти довталаб муҳим аст.

Аз алоқамандони низоми ИМД эҳтиромона хоҳиш менамоем, дастгирӣ намоянд ва барои шаффофу одилона гузаронидани имтиҳонҳо саҳмгузор бошанд, зеро он барои беҳбуд бахшидан ба сифати таълиму тарбия ва пешрафти соҳаи маорифи кишвар заминаи мусоидро фароҳам меоварад. Имрӯзҳо, ки раванди бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2019 идома дорад, аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳишмандем, ки дар ҳолати дучор шудан бо шахсоне, ки ба амалҳои номатлуб даст мезананд ё даст задан мехоҳанд, бо телефони боварӣ – 224-53-68 ё 224 53 66 ба мо иттилоъ диҳанд ва дар пешгирию аз байн бурдани қаллобӣ дар ин самт бетараф набошанд.

Тавре ки борҳо гуфта шуд, довталабони солҳои пешин бе дахолати ягон шахс, танҳо бо донишу маҳорату малакаи худ комёб шуданд, зеро ин ягона роҳи донишҷӯй шудан аст. Шахсонеро, ки соли ҷорӣ дар ИМД иштирок кардан мехоҳанд, низ дар ҳама раванду марҳалаҳои ИМД ба фаъолу бодиққат будан даъват намуда, барояшон дар супоридани имтиҳонҳо барор мехоҳем!

Дониш ва малакаю маҳорат кафили ягона барои сазовори номи донишҷӯй шудан аст!

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона