imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

ФАЪОЛ ШУДАНИ ХИЗМАТРАСОНИИ “ПЕШНОМНАВИСӢ”

Душанбе, 26-уми феврали соли 2019

Ба таваҷҷуҳи шахсоне, ки соли 2019 дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иштирок кардан мехоҳанд, расонида мешавад, ки хизматрасонии “Пешномнависӣ” дар сомонаи Марказ (http://prereg.ntc.tj) фаъол гардид.

Ин хизматрасонӣ дар ҳолати бархат (онлайн) имкон медиҳад, ки довталаб маълумоти заруриро барои бақайдгирӣ омода карда, баъдан ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҷиҳати расман номнавис кардани худ ҳозир шавад. Барои дастрасӣ ба хизматрасонии “Пешномнависӣ” хоҳишмандони бақайдгириро зарур аст, ки почтаи электронӣ дошта бошанд. Чунин почта барои истифода аз хизматрасонии “Худро бисанҷ” ва барқарор кардани рамзи кабинети инфиродии довталаб низ лозим аст. Хотиррасон мекунем, ки пешномнависӣ тавассути шабакаи Интернет ҳанӯз маънои расман ба қайд гирифтани довталабро надорад. Барои расман аз қайд гузаштани довталаб ҷиҳати иштирок дар ИМД шахсан ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шудани ӯ ҳатмист.

Маълумоти муфассалро дар бораи тарзи истифода аз хизматрасонии “Пешномнависӣ” аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки гунаи электронии он дар сомонаи Марказ (http://ntc.tj/images/Downloads/7_peshnomanavisi.pdf) ҷойгир карда шудааст, дарёфт кардан мумкин аст.

Ба шахсони хоҳишманди иштирок дар ИМД-2019 тавсия медиҳем, ки бо тарзи истифодаи хизматрасонии “Пешномнависӣ” шинос шуда, аз он истифода кунанд.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона