ММТ дар ярмаркаи солонаи таҳсилотӣ иштирок намуд

      Душанбе, 22 апрел бо ибтикори Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди мадад дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 апрели соли 2013 дар маркази “Вефа”-и шаҳри Душанбе ярмаркаи солонаи таҳсилотии 2013 доир гардид. Дар чорчӯбаи ярмаркаи солонаи таҳсилотӣ намояндагони ташкилоти таҳсилотӣ ва миссияҳои дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок намуда, дар бораи системаи таълим дар хориҷа, тартиби тайёр кардани маҷмӯи ҳуҷҷатҳо ва супурдани тестҳо барои таҳсил дар хориҷа, инчунин дар бораи шартҳои гирифтани кӯмаки молиявӣ лексияҳои машваратӣ гузарониданд. Хоҳишмандон оид ба барномаҳои дилхоҳашон бевосита дар ярмарка саволномаю брошюраҳо пайдо намуданд. Бори аввал Маркази миллии тестӣ (ММТ) дар ярмаркаи таҳсилотӣ иштирок намуда, мақсад, вазифа ва фаъолияти худро муаррифӣ намуд. Дар ярмарка аз тарафи ММТ маводҳои омодакарда барои иштирокчиён пешниҳод гардид. Иштирокчиёни ярмарка ба намояндагони ММТ, саволҳои зиёд дода, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

     Тибқи барномаи чорабинӣ, соати 14 дар яке аз толорҳои маркази “Вефа” муаррифии корҳои баанҷомрасида ва нақша-чорабиниҳои минбаъдаи ММТ аз тарафи сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи ММТ Саидов П. ба иштирокчиёни ярмарка пешниҳод гардид. Дар рафти муаррифӣ байни иштирокчиён ва намояндаи ММТ баҳс ва саволу ҷавоб доир гардид.