ОЗМОИШИ ХУРДИ КОРИ ХАТТӢ (ЭССЕ) БАЙНИ ХАТМКУНАНДАГОНИ МАКТАБҲОИ МИЁНА

21-уми ноябри соли 2016

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 21‑ум ва 22‑юми ноябри соли равон озмоиши хурдеро байни хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии кишвар баргузор мекунад, ки мақсади он омодагӣ ба ҷорӣ намудани кори хаттӣ (эссе) дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аст.

Дар озмоиш 1015 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 28 мактаби пилотии шаҳру навоҳии кишвар иштирок карда, дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ иншои хурд менависанд.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2018 дар ИМД кори хаттӣ (эссе) ҷорӣ мегардад, ки барои ҳамаи довталабон навиштани эссе бо забони тоҷикӣ ҳатмӣ хоҳад шуд.

Дар назар аст, ки озмоиши мазкур ҳам сатҳ ва тарзи фикрронии хатмкунандагонро муайян карда, натиҷаҳои он дар самти асосии кор бо хонандагон ва муаллимон то соли 2018 ва чорабиниҳои омодагии Марказ мусоидат намояд.

Пас аз ворид шудани иншои хурд ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ду чиз ба назар гирифта мешавад: мазмун ва имло. Матн бояд аз ду варақи А4 иборат буда, қисмҳои зеринро дар бар гирад: гузоштани савол, мавқеи муаллиф, мисол аз адабиёт ва зиндагӣ ва ҳамчунин хулосаи шавқовар.

Соли имтиҳонии 2018 барои баргузор кардани имтиҳони эссе зиёда аз 700 мутахассиси соҳаи забон ва адабиёти тоҷик ба тафтиши он ҷалб карда шуда, кори хатии довталабон аз ҷониби мутахассисони гуногун санҷида мешавад.