imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

facebook instagram odnoklasniki telegram twit vkontakte

ИМТИҲОНҲОИ ОЗМОИШӢ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН, РАШТ, СУҒД

Аз 8-ум то 10-уми декабри соли ҷорӣ дар 21 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (аз ҷумла, дар 3 шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Рашт ва 17 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд) барои 5255 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ аз тарафи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳонҳои озмоишӣ ташкил ва гузаронида мешавад.

Дар:

• шаҳри Хоруғ бо иштироки 252 нафар;

• ноҳияи Шуғнон бо иштироки 183 нафар;

• ноҳияи Роштқалъа бо иштироки 138 нафар;

• ноҳияи Рашт бо иштироки 252 нафар;

• шаҳри Хуҷанд бо иштироки 276 нафар;

• шаҳри Панҷакент бо иштироки 278 нафар;

• шаҳри Конибодом бо иштироки 278 нафар;

• шаҳри Исфара бо иштироки 280 нафар;

• шаҳри Истаравшан бо иштироки 282 нафар;

• шаҳри Бӯстон бо иштироки 261 нафар;

• шаҳри Истиқлол бо иштироки 152 нафар;

• ноҳияи Ашт бо иштироки 270 нафар;

• ноҳияи Б. Ғафуров бо иштироки 283 нафар;

• ноҳияи Деваштич бо иштироки 270 нафар;

• ноҳияи Зафаробод бо иштироки 265 нафар;

• ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки 272 нафар;

• ноҳияи Спитамен бо иштироки 259 нафар;

• ноҳияи Ҷ. Расулов бо иштироки 250 нафар;

• ноҳияи Шаҳристон бо иштироки 264 нафар;

• ноҳияи Айнӣ бо иштироки 203 нафар

хатмкунанда баргузории имтиҳонҳои озмоишӣ ба нақша гирифта шудааст. Умуман дар имтиҳонҳои озмоишии бисту як шаҳру ноҳия аз 381 муассисаи таълимӣ хатмкунандагон даъват карда мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки дар мувофиқа бо муассисаҳои таълимӣ хатмкунандагон бо чунин тарз ба гурӯҳи ихтисосҳо тақсимот шудаанд:

- гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) – 802 нафар хатмкунанда;

- гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география) – 882 нафар хатмкунанда;

- гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат) – 1053 нафар хатмкунанда;

- гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) – 726 нафар хатмкунанда;

- гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) – 1792 нафар хатмкунанда.

Коркарди варақаҳои ҷавобҳо дар Маркази миллии тестӣ ба таври автоматӣ гузаронида шуда, натиҷаи он ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо вобаста ба ҳар як иштирокдор равона карда мешавад.

Мақсад аз гузаронидани озмоиши мазкур пеш аз ҳама шиносоии хатмкунандагон бо тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ, дарки масъулият дар вақти супоридани имтиҳонҳои воқеӣ ва шинос шудан ба таркиби саволу масъалаҳои тест вобаста ба фанҳои имтиҳонҳо аст.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона