imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

ЭЪЛОНИ НАТИҶАҲОИ ТАҚСИМОТИ ТАКРОРИИ ДОВТАЛАБОН ДАР ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ ДАР СОЛИ 2020

ЭЪЛОНИ НАТИҶАҲОИ ТАҚСИМОТИ ТАКРОРИИ ДОВТАЛАБОН ДАР ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ ДАР СОЛИ 2020


17-уми августи соли 2020, натиҷаҳои тақсимоти такрории довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 эълон карда шуд.

Мувофиқи тартиби муқарраргардида дар озмуни тақсимоти такрорӣ шахсони зерин иштирок карданд:

-довталабоне, ки ба озмуни тақсимот роҳ ёфта, лекин тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ дар асоси балҳои умумии бадастовардаашон аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон нагузаштанд;

-довталабони ятим ва бепарасторе, ки ба озмуни тақсимот роҳ ёфта, тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ ба гурӯҳҳои пулакии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тақсимот шудаанду бинобар надоштани имкони пардохти маблағи шартномаи таҳсил ба ин муассисаҳои таълимӣ ҳуҷҷат насупоридаанд;

-довталабоне, ки ба озмуни тақсимот роҳ ёфта, тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии тиббӣ тақсимот шудаанду бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд.

Маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи озмуни тақсимот, аз ҷумла бали умумии аз қисми дахлдор бадастовардаи довталаб дар доираи ҳар як комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш ва бали гузариш дар доираи ҳар як комбинатсия (агар довталаб дар озмун аз рӯйи он(ҳо) комёб нагардида бошад) дар кабинети инфиродии ҳар як довталаб ҷойгир карда шуда, инчунин ба телефони мобилии ӯ, ки рақами он дар варақаи бақайдгириаш дар майдони “Телефони мобилӣ” қайд гардидааст, паёмак (SMS)-и ройгон бо маълумоти мухтасар дар ин бора фиристода шуд.

Ёдрас менамоем, ки барои ҳар як довталабе, ки ҷиҳати иштирок дар тақсимоти такрорӣ аз нав худро сабти ном кардааст, дар заминаи сомонаи Марказ кабинети инфиродии нав кушода шуд. Барои воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ довталаб бояд аз рақами назоратии нав ва рамзи муваққатии варақаи бақайдгирии охиринаш истифода намояд. Лозим ба қайд аст, ки кабинетҳои инфиродии довталабон низ рӯзи 17-уми август фаъол карда шуда, воридшавии довталабон ба кабинетҳои инфиродияшон аз ҳамин рӯз имконпазир гардид.

Агар довталаб дар тақсимоти такрорӣ аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси 1-уми интихобкардааш комёб гардида бошад, дар сутуни “Бали гузариш”-и бахши "Натиҷаи тақсимот"-и кабинети инфиродиаш танҳо барои ҳамин комбинатсия бали гузариш нишон дода мешавад ва маълумот дар бораи комбинатсияи ихтисосҳои бартариашон пасттари интихобкардааш, аз ҷумла ихтисосҳо ва балҳои гузариши онҳо, нишон дода намешавад.

Агар довталаб дар тақсимоти такрорӣ тибқи комбинатсияи ихтисоси ғайр аз 1-уми интихобкардааш комёб гардида бошад, дар сутуни “Бали гузариш” барои комбинатсияи ихтисоси тибқи он комёбгардида ва комбинатсия(ҳо)-и ихтисос(ҳо)-е, ки аз рӯйи он(ҳо) комёб нагардидааст, бали гузариш нишон дода мешавад. Масалан, агар довталаб аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси 4-уми интихобкардааш комёб гардида бошад, дар сутуни “Бали гузариш” барои комбинатсияҳои ихтисосҳои аз 1-ум то 4-уми интихобкардааш бали гузариш нишон дода мешавад. Дар сурати комёб гардидани довталаб мувофиқи яке аз комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардааш маълумот дар бораи комбинатсияи ихтисосҳои бартариашон пасттари довталаб, аз ҷумла ихтисосҳо ва балҳои гузариши онҳо, нишон дода намешавад.

Агар довталаб дар тақсимоти такрорӣ аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш комёб нагардида бошад, дар сутуни “Бали гузариш” бали гузариши ҳамаи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш нишон дода мешавад.

Вобаста аз комёб шудан ё нашудани довталаб дар тақсимоти такрорӣ ба ӯ тавассути паёмак (SMS) маълумоти мухтасар дар шакли яке аз ҷумлаҳои зерин фиристода шуд:

“№ назоратӣ: ХХХХХХХХХХХХХ. Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯи интихоби n (ихтисоси ХХХХХХХ, шакли таҳсил, намуди таҳсил, номи муассисаи таълимӣ) ГУЗАШТЕД. Фавран то 22.08.2020 ба муассисаи таълимӣ барои ҳуҷҷатсупорӣ ҳозир шавед!

№ назоратӣ: ХХХХХХХХХХХХХ. Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯи ягон интихобатон НАГУЗАШТЕД.

Тавре ки зикр гардид, маълумоти муфассал дар бораи натиҷаҳои тақсимоти такрорӣ барои ҳар як довталаб дар кабинети инфиродиаш гузошта мешавад. Агар дар бахши "Натиҷаи тақсимот"-и кабинети инфиродии довталаб матни Шумо аз рӯи интихоби № n гузаштед!” дарҷ гардида бошад (ранги пасманзар (фон)-и он сабз аст), пас, довталаб дар тақсимоти такрорӣ ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб гардидааст. Дар ҷадвал комбинатсияи ихтисоси дахлдор, бали гузариши он ва бали бадастовардаи довталаб нишон дода мешавад.

Агар дар бахши "Натиҷаи тақсимот"-и кабинети инфиродии довталаб матни Шумо дар озмуни тақсимот аз рӯи ягон интихобатон нагузаштед!” дарҷ гардида бошад (ранги пасманзар (фон)-и он сурх аст), ин чунин маъно дорад, ки довталаб дар тақсимоти такрорӣ ба муассисаи таълимӣ аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб нагардидааст.

Довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон комёб гардидаанд, бояд на дертар аз 22‑уми август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда мешавад, ба комиссияи қабули он муроҷиат намоянд. Дар сурати бо сабабҳои узрнок дар муҳлати муқарраргардида имконнопазир будани ҳозиршавии довталаб ба муассисаи таълимӣ, довталабро зарур аст, ки қаблан, то 22‑уми август, муассисаи таълимиро дар ин хусус тавассути намояндаи худ хабардор карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд.

17‑уми август рӯйхатҳои довталабони тибқи натиҷаҳои тақсимоти такрорӣ ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон комёбшуда ба муассисаҳои таълимии дахлдор пешниҳод мегарданд.

ТАВАҶҶУҲ! Тибқи тартиби муқарраргардида, дар сурати то 22‑уми август ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир нашудани довталаб ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накарданаш ӯ аз ҳуқуқи қабул шудан ба муассисаи таълимӣ маҳрум мегардад.

Тақсимоти довталабон бо назардошти балҳои бадастовардаю интихобҳои онҳо ва нақшаи қабули донишҷӯён ба таври худкор тавассути системаи иттилоотии “Довталаб”, яъне бе дахолати омили инсонӣ гузаронида мешавад. Бо “Тартиби тақсимоти такрории довталабон ба ҷойҳои холимонда тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2020” метавон аз сомонаи Марказ шинос шуд.

ТАВАҶҶУҲ! Аз нав номнавис шудан барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ ҳанӯз маънои донишҷӯй шудани довталабро надорад ва дар тақсимоти такрорӣ имкон дорад, ки довталаби нисбат ба дигарон бали камдошта, ки комбинатсияи ихтисос(ҳо)-и озмунаш баландро интихоб кардааст, комёб нагардад.

Дар бинои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт, ки нишонии онҳо дар зер оварда шудааст, нуқтаҳои иттилоърасонӣ амал мекунанд. Дар зарурат довталабон метавонанд вобаста аз макони зисташон ба яке аз ин нуқтаҳои иттилоърасонӣ муроҷиат карда, дар бораи натиҷаҳои имтиҳонсупории худ маълумот гиранд.

Довталабон метавонанд, ки дархост ё саволҳои худро ба нишонии почтаи электронии Марказ – Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.низ пешниҳод намоянд.

Ҳуҷҷатҳои зарурие, ки довталабон баъди дар озмуни тақсимоти такрорӣ муваффақ гардиданашон бояд ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдор пешниҳод намоянд, инҳоянд:

1)ариза ба номи ректор/директори муассисаи таълимӣ;

2)ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (диплом ё аттестат);

3)маълумотномаи тиббӣ (шакли 038-у);

4)6 дона сурат (андозаи 3х4см);

5)маълумотнома аз ҷойи зист;

6)шиноснома (асл ва нусха) ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст (шаҳодатнома дар бораи таваллуд бароидовталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум);

7)билети ҳарбӣ (агар дошта бошад) ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (барои мардон);

8)нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ дошта бошад).


Нишонии нуқтаҳои иттилоърасонӣ

1. Душанбе: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192;

телефонҳо: 224 53 68, 224 53 73, 224 53 67, 224 53 66.

2. Хоруғ: бахши минтақавии Марказ:

- вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 12;

телефон: 915 20 72 29.

3. Рашт: бахши минтақавии Марказ:

ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79;

телефон: 919 78 54 64.

4. Хуҷанд: бахши минтақавии Марказ:

вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ҳаким Карим, 16;

телефон: 915 98 00 49.

5. Панҷакент: бахши минтақавии Марказ:

вилояти Суғд, шаҳри Панҷакент, кӯчаи Лоиқ Шералӣ, 105;

телефон: 915 63 51 00.

6. Бохтар: бахши минтақавии Марказ:

вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, кӯчаи Борбад, 13;

телефон: 915 98 00 58.

7. Кӯлоб: бахши минтақавии Марказ:

вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 26;

телефон: 911 11 89 77.

8. Данғара: бахши минтақавии Марказ:

вилояти Хатлон, ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 32;

телефон: 88 888 03 08.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона