imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

ОҒОЗИ ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲО – ҚИСМҲОИ А (ИМТИҲОН ДАР ЗАМИНАИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ) ВА Б (ИМТИҲОН ДАР ЗАМИНАИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ АСОСӢ) ДАР СОЛИ 2020

Имрӯз барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 15-ум то 30-юми июни соли 2020) барои иштирок дар ИМД номнавис карда шуда буданд ва довталабоне, ки дар даври асосии қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) ва қисми Б (имтиҳон дар заминаи умумии асосӣ – синфи 9-ум) иштирок карда натавониста, барои супоридани ин имтиҳонҳо дар даври иловагӣ ба Марказ ариза пешниҳод намудаанд, даври иловагии ин имтиҳонҳо оғоз гардид. Ҳар ду қисми имтиҳонҳои мазкур дар як рӯз – 12-уми июл баргузор карда мешавад.

Шумораи умумии довталабоне, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 15-ум то 30-юми июн) барои иштирок дар ИМД худро номнавис кардаанд ва довталабоне, ки дар даври асосии қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва қисми Б (имтиҳон дар заминаи умумии асосӣ) иштирок карда натавониста, барои супоридани ин имтиҳонҳо дар даври иловагӣ ба Марказ ариза пешниҳод намудаанд, 4405 нафарро ташкил медиҳад (аз ҷумла 3854 нафар барои супоридани қисми А ва 551 нафар барои супоридани қисми Б).

Бояд қайд кард, ки имсол бо дарназардошти ҳолати марбут ба пандемияи COVID-19 рухдода даври иловагии имтиҳонҳо на танҳо дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе, балки дар шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, Бохтар ва Кӯлоб низ баргузор карда мешавад.

Даври иловагии имтиҳонҳо мувофиқи ҷадвали муқарраршуда (дар зер оварда мешавад) дар 14 маркази имтиҳоние, ки тибқи рӯйхати тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 5 шаҳри ҷумҳурӣ ташкил карда шудаанд, баргузор мегардад.

Барои ташкил, баргузорӣ ва идораи даври иловагии имтиҳонҳо низ кормандони муваққатии дар асоси озмун интихобгардида, ки бо онҳо шартномаи меҳнатӣ баста шудааст, ҷалб карда шудаанд. Барои назорат ва ёрии амалӣ расонидан дар омода кардани марказҳои имтиҳонӣ, назорати раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ ва мониторинги он, инчунин барои қабули қарори дахлдор дар сурати рух додани мушкилот намояндагони ваколатдори Марказ ба марказҳои имтиҳонӣ равона карда шудаанд. Инчунин, мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини шаффофият ва назорати раванди имтиҳонҳо дар ҳар маркази имтиҳонӣ комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунад, ки ҳайати онро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияе, ки дар ҳудуди он маркази имтиҳонӣ амал мекунад, муайян ва тасдиқ кардааст.

Даври иловагии имтиҳонҳо мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бораи он пеш аз оғози имтиҳон дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ ба довталабон маълумот ва барои риояи талаботу қоидаҳои муқарраршуда дастур дода мешавад, баргузор карда мешаванд.

Ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тест дар давраи баргузории имтиҳонҳо пас аз анҷоми имтиҳонҳо дар сомонаи Марказ ба нашр мерасанд. Ин ба довталаб имкон медиҳад, ки ӯ дар асоси нусхаи варақаи ҷавобҳояш, ки дар кабинети инфиродияш гузошта мешаванд ва ё то нашри варақаи ҷавобҳо дар кабинети инфиродияш аз китобчаи тест, ки дар дасташ аст, ҷавобҳои дуруст – калидҳои саволу масъалаҳои тести дар сомонаи Марказ нашршуда холҳояшро аз ҳар субтести имтиҳон мустақилона ҳисоб кунад.

Пахши раванди имтиҳонҳо аз марказҳои имтиҳонӣ дар ҳолати бархат (онлайн) тавассути камераҳои назоратӣ ба роҳ монда мешавад.

Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо 19-уми июли соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.


РӮЙХАТИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИЕ,
КИ ДАР ЗАМИНАИ ОНҲО МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНӢ (МИ) БАРОИ БАРГУЗОРИИ
ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ
БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2020 ТАЪСИС ШУДААНД

 


Рақами МИ

Муассисаи таълимие, ки дар он МИ ташкил карда шудаанд

Ном

Нишонӣ

1.

01/01

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6

шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Ш. Шоҳтемур, 77

2.

01/02

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 11

шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Шарқ, 56

3.

01/06

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 50

шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Юсуф Вафо, 69

4.

01/10

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 95

шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, маҳаллаи Зарафшон-1

5.

01/11

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 96

шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, маҳаллаи Зарафшон-1

6.

01/14

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 42

шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Фирдавсӣ, 93/2

7.

01/16

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 100

шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев, 17

8.

02/01

Гимназияи № 24-и ба номи Бобоҷон Ғафуров

шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 19-ум

9.

02/02

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ба номи Зайниддин Осимӣ

шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5

10.

02/03

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5-и ба номи 20-солагии Тоҷикистон

шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Калинников, 79

11.

03/02

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 6-и ба номи Лоиқ Шералӣ

шаҳри Бохтар, кӯчаи Мирзоқодирова, 7

12.

03/05

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12‑и ба номи Анварбек Ҳамидов

шаҳри Бохтар, кӯчаи Дзержинский, 17

13.

03/10

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51‑и ба номи Худоёр Раҷабов

шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 1

14.   

04/01

Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”

шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 11


Рақами МИ

Муассисаи таълимие, ки дар он МИ ташкил карда шудаанд

Ном

Нишонӣ

1.       

01/01

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6

шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Ш. Шоҳтемур, 77

2.       

01/02

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 11

шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Шарқ, 56

3.       

01/06

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 50

шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Юсуф Вафо, 69

4.       

01/10

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 95

шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, маҳаллаи Зарафшон-1

5.       

01/11

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 96

шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, маҳаллаи Зарафшон-1

6.       

01/14

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 42

шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Фирдавсӣ, 93/2

7.       

01/16

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 100

шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев, 17

8.       

02/01

Гимназияи № 24-и ба номи Бобоҷон Ғафуров

шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 19-ум

9.       

02/02

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ба номи Зайниддин Осимӣ

шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5

10.   

02/03

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5-и ба номи 20-солагии Тоҷикистон

шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Калинников, 79

11.   

03/02

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 6-и ба номи Лоиқ Шералӣ

шаҳри Бохтар, кӯчаи Мирзоқодирова, 7

12.   

03/05

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12‑и ба номи Анварбек Ҳамидов

шаҳри Бохтар, кӯчаи Дзержинский, 17

13.   

03/10

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51‑и ба номи Худоёр Раҷабов

шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 1

14.   

04/01

Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”

шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 11

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона