imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

ЭЪЛОН! МУҲЛАТИ ПЕШНИҲОДИ ҲУҶҶАТҲО БАРОИ ДОВТАЛАБОНИ МАНСУБ БА ГУРӮҲҲОИ ШАХСОНИ ИМТИЁЗДОР ДАР ИМД

Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои довталабони мансуб ба гурӯҳҳои шахсони имтиёздор дар ИМД


Ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки ба гурӯҳҳои шахсони соҳибимтиёз дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохиланду то ҳол дар ин бора ҳуҷҷати тасдиқкунандаро пешниҳод накардаанд, расонида мешавад, ки муҳлати пешниҳоди чунин ҳуҷҷатҳо то 15-уми июл муқаррар гардидааст. Таъкид мекунем, ки пас аз оғоз шудани корҳо барои эълони натиҷаҳо баъд аз 15-уми июл ворид кардани ҳар тағйироте ба маълумоти бақайдгирии довталаб баъзе аз равандҳои дигари имтиҳонҳоро халалдор месозад.

Инчунин, “кӯдакони маъюб”, ки то 15-уми июли соли 2020 ба синни 18 расида, барои муайян кардани гурӯҳи маъюбиашон бояд аз муоинаи тиббии навбатӣ гузаранд ва маъюбони гурӯҳи 1-ум ва 2-юме, ки тибқи маълумотномаи силсиладор дар бораи маъюбӣ муҳлати муоинаи тиббии навбатӣ барояшон то таърихи мазкур муқаррар гардидааст, бояд аз муоинаи тиббии навбатӣ гузашта, маълумотномаи силсиладорро тибқи ин муоина дар муҳлати нишондода ба Марказ пешниҳод намоянд.

Бинобар ин, агар довталаб ба яке аз гурӯҳҳои шахсони дорои ҳуқуқ ба гирифтани имтиёз дохил бошад ё бинобар ба миён омадани ҳолати муайян баъд аз бақайдгирӣ ба чунин гурӯҳ дохил шуда бошад, барои гирифтани имтиёз ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро бояд на дертар аз 15-уми июл пешниҳод намояд.

Хотиррасон мекунем, ки маълумоти муфассалро дар бораи имтиёзҳо аз “Тартиби додани имтиёзҳо ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки гунаи электронии онҳо дар сомонаи Марказ (http://ntc.tj/images/Downloads/tartibi_dodani_imtiezho.pdf ва http://ntc.tj/images/Downloads/21_imtiyoz.pdf) ҷой дода шудааст, дастрас кардан мумкин аст.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона

Марказҳои имтиҳонӣ дар ИМД-2020