imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

ЭЪЛОН! СЕМИНАРҲОИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ТРЕНЕРОНИ КОРМАНДОНИ МУВАҚҚАТИИ МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНӢ

Душанбе, 1-уми июни соли 2020

sem treneronМаркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарҳои омӯзиширо барои тренерони кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ ҷиҳати ташкилу баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2020 оғоз кард.

Семинарҳо аз 1-ум то 2-юми июни соли 2020 барои намояндагони ш. Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 6 и ш. Душанбе) бо иштироки 14 нафар шунаванда, аз 2-юм то 3-юми июн барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд (дар муассисаи таълимии гимназияи № 1 и ш. Хуҷанд) бо иштироки 12 нафар шунаванда, аз 3-юм то 4-уми июн барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои водии Вахши вилояти Хатлон (дар муассисаи таълимии таҳсилоти умумии № 12 и ш. Бохтар) бо иштироки 13 нафар шунаванда ва барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон (дар муассисаи таълимии таҳсилоти умумии № 51 и ш. Кӯлоб) бо иштироки 10 нафар шунаванда баргузор мегардад.

Ҳадаф аз баргузории семинарҳои омӯзишӣ омода кардани тренерон барои таълим ва интихоби кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ, аз ҷумла, роҳбарон, ёварони роҳбарон, маъмурон ва маъмурони калон, инчунин бақайдгирандагони марказҳои имтиҳонӣ аст. Барои баргузории семинарҳои омӯзишӣ ва интихоби кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ, дар баробари тренерон, дар 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ гурӯҳҳои кории Марказ ҷалб карда мешаванд.

Хотиррасон мекунем, ки соли ҷорӣ дар заминаи 48 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда мешаванд.

Ҷиҳати ташкил ва баргузории семинари омӯзишӣ барои тренерон барнома, модули омӯзишӣ ва маводди иловагии ёрирасон омода карда шудааст. Пас аз ду рӯзи машғулиятҳо ба шунавандагон дар асоси дарсҳои гузашта саволномаҳо пешниҳод мегарданд. Дониш ва маҳорати шунавандагон дар асоси талаботу принсипҳои муқарраршуда арзёбӣ гардида, аз байни онҳо 33 нафар ба ҳайси тренер интихоб ва ба кори муваққатӣ дар Марказ ҷалб карда мешаванд.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона

Марказҳои имтиҳонӣ дар ИМД-2020