imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

НУҚТАҲОИ БАҚАЙДГИРӢ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ИМД-2020

Душанбе, 19-уми феврали соли 2020

Ба диққати шахсоне, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2020 аз қайд гузаштан мехоҳанд, расонида мешавад, ки бо фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми феврали соли 2020, № 611 рӯйхати муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбие, ки дар заминаи онҳо барои бақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда мешаванд, тасдиқ гардид.

Тибқи рӯйхати мазкур, ки дар асоси таҳлили шумораи умумии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ дар соли 2020 вобаста аз шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини дастрасии хоҳишмандон ба бақайдгирӣ таҳия гардидааст, барои аз қайд гузаштани хоҳишмандон дар 33 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ 38 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 26 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил карда мешавад.

Хотиррасон мекунем, ки бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ) барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2020 аз 2-юми март оғоз мегардад ва мувофиқи тартиби муқарраргардида он бо ҳузури довталаб, новобаста аз ҷойи истиқоматаш, дар ҳар кадоме аз нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои интихобгардидаи ҷумҳурӣ сурат мегирад.

Маълумоти муфассалро дар бораи бақайдгирӣ аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки шакли чопии онро Марказ ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас гардонида, гунаи электронияшро дар сомонаи худ (http://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab/791-rohnamoi-dovtalab-2020.html) ҷой додааст, пайдо кардан мумкин аст.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона