imd 2020_ru test ru
education ru online test_ru osnovnie ponytiy cabinet ru

ЭЪЛОНИ НАТИҶАҲОИ ТАҚСИМОТИ ТАКРОРИИ ДОВТАЛАБОН ДАР ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ ДАР СОЛИ 2020

Душанбе, 17-уми августи соли 2020

17-уми августи соли 2020, натиҷаҳои тақсимоти такрории довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 эълон карда шуд. Подробнее...

ЭЪЛОН! ЗАМОНИ ФАЪОЛШАВИИ КАБИНЕТҲОИ ИНФИРОДИИ ДОВТАЛАБОНИ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ТАҚСИМОТИ ТАКРОРӢ НОМНАВИСШУДА

Душанбе, 14-уми августи соли 2020

Ба диққати довталабоне, ки аз 10-ум то 13-уми август барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ ба ҷойҳои тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2020 холимонда худро аз нав сабти ном кардаанд, расонида мешавад, ки чунин довталабон бояд аз кабинетҳои инфиродии навашон истифода кунанд. Маълумоти зарурӣ (рақами назоратӣ ва рамзи муваққатӣ) барои воридшавӣ ба кабинети инфиродии довталаб дар варақаи бақайдгирии нави баъди аз нав аз қайд гузаштанаш ба ӯ додашуда дарҷ гардидааст. Подробнее...

ЭЪЛОН! АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУНИ ТАҚСИМОТИ ТАКРОРӢ

Душанбе, 7-уми августи соли 2020

Ба диққати довталабоне, ки ба тақсимоти асосии довталабон (натиҷаҳои он 24-уми июл эълон гардид) роҳ ёфта, лекин дар тақсимоти мазкур аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон комёб нагардиданд, расонида мешавад, ки барои иштироки довталабон дар тақсимоти такрорӣ ба ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2020 холӣ мондаанд, азнавбақайдгирӣ баргузор карда мешавад. Азнавбақайдгирии довталабон барои иштирокашон дар тақсимоти такрорӣ аз 10-ум то 13-уми август сурат мегирад. Натиҷаҳои тақсимоти такрорӣ, ки дар асоси балҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ба таври худкор тавассути системаи иттилоотии “Довталаб”, яъне бе дахолати омили инсонӣ гузаронида мешавад, 17-уми август эълон карда мешавад. Подробнее...

ЯЗЫКИ

Тоҷикӣ Русский

Год развития туризма и народных ремесел

god turizma i narodnikh remesel

Поиск по сайту