Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj
- Главная
-
О нас
- Общая информация
-
Структура
-
Общая структура
- Управление информационно-коммуникационных технологий
- Управление по организации и управлению экзаменов
- Управление разработки экзаменационных материалов
- Отдел по работе с образовательными учреждениями среднего и высшего профессионального образования
- Отдел планирования, мониторинга, исследования и развития
- Руководство
-
Общая структура
- Нормативно-правовые документы
- Сотрудничества
- ЦВЭ
-
Абитуриенту
- Справочник абитуриента - 2024
- Образовательные учреждения высшего и среднего профессионального образования
- План приёма 2024 - 2025 (таблица специальностей)
- Специальности, по которым сдаются творческие экзамены или экзамены по творческим навыкам
- Типовые тестовые задания
- Перечень заболеваний (для абитуриентов медицинских специальностей)
- Правильные ответы (ключи) на тестовые задания
- Книги
- Тестовые книжки и листы ответов
- Пресс-центр
- Вопросы и ответы
*Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
СУМАН КАРИМЗОДА: Ман мехостам фаҳмам ки намунаи тестҳо дар соли 2022 ба мо дастрас мешавад д
Оё намунаи тестхо дар соли 2022 ба мо дастрас мегардад
20.01.2022
Шарифов Машраб: Китоби марказ 2022 мебарояд
Китоби Марказ барои кластерҳо 2022 мебарояд то ки мо аз он дастраси кунем
20.01.2022
Агар матлаби Шумо дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” соли 2022 ва маҷмӯаи намунаи саволу масъалаҳои тест барои соли 2022 бошад, аллакай чоп ва бастабандӣ шудааст ва то даҳаи якуми моҳи феврал ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ (вобаста ба теъдоди синфу гурӯҳҳои хатмкунанда), инчунин, ба китобхонаҳои марказии вилоят, шаҳр ва ноҳия, марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъба ва бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, китобхонаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ ва шуъбаҳои кор бо хонандагони боистеъдоди шаҳру ноҳияҳо дастрас мегардад ва дар сомонаи Марказ низ шакли электронии ин маводҳогузошта мешавад.
24.01.2022
Расулова Зулфинисо: Ихтисоси 2юм
Асалому алайкум Айни замон ман дар курси 3 дар донишкадаи политехники тахсил мекунам. Оё ман метавонам ихтисоси 2юм гирим яъне хучатхоямро тарики ММТ ба колечи тибби гурухи фосилави супорам.
20.01.2022
Мувофиқи моддаи 41 Конститутсияи (сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ба мутахассисоне, ки таҳсилоти олии касбӣ доранд, гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ, танҳо, дар асоси шартнома (пулакӣ) иҷозат дода мешавад.
Азбаски Шумо ҳоло донишҷӯй ҳастед, ҳуқуқи гирифтани маълумоти дуюмро надоред. Пас аз хатми донишкада метавонед, ба муассисаи таълимии дилхоҳатон муроҷиат намоед.
Довталабоне, ки таҳсилоти якуми олии касбӣ доранд, барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тариқи суҳбат қабул карда мешаванд.
Ҳамзамон, таъкид менамоем, ки дар коллеҷҳои тиббӣ шакли таҳсили фосилавӣ мавҷуд нест.
24.01.2022
Асрорзода Сабрина: Дохилшави баъди колеҷи тиббӣ
Салом, ман донишҷӯи колеҷи тиббӣ мебошам. Мехостам фаҳмам, ки пас аз хатми колеҷ ман ба донишгоҳи тиббӣ чӣ тавр дохил шуда метавонам, тариқи маркази тестӣ ё тариқи суҳбат?
18.01.2022
Танҳо ба донишҷӯёни намуди таҳсили пулакиро хатмкарда, барои дохил шудан ба донишгоҳҳои тиббӣ пас аз супоридани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ иҷозат дода шудааст.
19.01.2022
Неъматзода Неъматуло: Худро бисанҷ
Оё худи ҳозир "Худро бисанҷ" кор мекунад агар ҳа Чаро воридшуда наметавонем.
03.01.2022
Хизматрасонии “Худро бисанҷ” фаъол аст ва ҳамаи хоҳишмандон аз ин хизматрасонӣ истифода карда метавонанд. Хизматрасонии “Худро бисанҷ”, ки дар ҳолати бархат (онлайн) ба довталабон ва ҳамчунин ба дигар хоҳишмандон барои истифода пешниҳод карда мешавад, имкон медиҳад, ки онҳо аз тариқи шабакаи Интернет тест супорида, дараҷаи донишу малакаи худро санҷанд; бо намунаи саволу масъалаҳои барои ИМД пешбинишуда, тарзи иҷрои тестҳои имтиҳон шинос шаванд.
Хизматрасонии “Худро бисанҷ” дар шабакаи Интернет бо нишонии http://onlinetest.ntc.tj/ барои истифода дастрас аст.
Маълумоти муфассалро аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” соли 2022 ва сомонаи расмии Марказ www.ntc.tj пайдо карда метавонед.
24.01.2022
Послания Президента
Объявления
- Специальности, требующие сдачи творческих экзаменов или экзаменов по специальным навыкам – 2024
- Перечень заболеваний (для абитуриентов медицинских специальностей)
- Тестовые книжки и листы ответов
- План приёма на 2024-2025 уч.г. (таблица специальностей)
- Типовые тестовые задания – 2024
- Справочник абитуриента - 2024
Статьи
20 лет для достижения вершины точных наук
2020-2040 годы в Таджикистане объявлены «Двадцатилетием изучения и развития естественных, точных и математических наук».
Пандемия коронавируса внесла свои коррективы в сферу образования во всём мире. Таджикистану так же, как и другим государствам пришлось столкнуться с трудностями в этом направлении, принимать меры и адаптироваться к сложившемуся положению.
Подарок Лидера нации - книга "Таджики" подарена жителям Шугнанского района
Рабочая группа во главе с заместителем министра образования и науки Республики Таджикистан Нурали Собирзода преподнесла подарок Лидера нации жителям Шугнанского района.
Календарь
‹ | › | |||||
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |