Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj
- Главная
-
О нас
- Общая информация
-
Структура
-
Общая структура
- Управление информационно-коммуникационных технологий
- Управление по организации и управлению экзаменов
- Управление разработки экзаменационных материалов
- Отдел по работе с образовательными учреждениями среднего и высшего профессионального образования
- Отдел планирования, мониторинга, исследования и развития
- Руководство
-
Общая структура
- Нормативно-правовые документы
- Сотрудничества
- ЦВЭ
-
Абитуриенту
- Справочник абитуриента - 2024
- Образовательные учреждения высшего и среднего профессионального образования
- План приёма 2024 - 2025 (таблица специальностей)
- Специальности, по которым сдаются творческие экзамены или экзамены по творческим навыкам
- Типовые тестовые задания
- Перечень заболеваний (для абитуриентов медицинских специальностей)
- Правильные ответы (ключи) на тестовые задания
- Книги
- Тестовые книжки и листы ответов
- Пресс-центр
- Вопросы и ответы
*Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Саидов Фуркат: Барои чи номгуи конкретии ихтисосҳои кластерҳо дар сайт ёфт намешавад?
Барои чи номгуи конкретии ихтисосҳои кластерҳо дар сайт ёфт намешавад?
17.02.2022
Собирзода Амирали: Калиди чавобхои саволу масалахои тести 2022 компоненти А даркор
Калиди чавобхои саволу масалахои тести компоненты А соли 2021-2022
17.02.2022
Шаҳрванди муҳтарам, калидҳо, ё ин ки ҷавобҳои дурусти саволу масъалаҳои тест то оғози давраи бақайдгирӣ, яъне, то 01.03.2022 дар сомонаи расмии Марказ (www.ntc.tj) гузошта мешавад.
17.02.2022
Азизов Бехруз: Ассалом, чаро ба худро бисанч ворид шуда натонистестам?
Хохишан чавоб тиен чаро ба худро бисанч ворид шуда натонистестам?
16.02.2022
Довталаби гиромӣ, дар сомонаи расмии Марказ (www.ntc.tj) Хизматрасонии “Худро бисанҷ” фаъол аст ва ҳамаи хоҳишмандон аз ин хизматрасонӣ истифода карда метавонанд. Тавсия медиҳем, ки қабл аз ворид шудан ба хизматрасонии мазкур, бо дастуре, ки дар ролики видеоӣ бо номи Хизматрасонии “Худро бисанҷ” дар саҳифаи асосии сомона таҳия шудааст ва доир ба дархости рамз, воридшавӣ ва барқарор кардани рамз маслиҳатҳо медиҳад, пурра шинос шавед. Дар ҳолати бартараф нашудани душворӣ, тавассути телефонҳои (+992 37) 224 53 67 ва 224 53 68 бо Марказ дар тамос шавед.
16.02.2022
Ahmad: Кластер
Мо чихел фахмем ки ба кадом кластер кадом ихтисос дохил мешавад мисол Ман мехохам банкир шавам ин чандум кластер хаст намедонам аз кучо фахмам ????
15.02.2022
Довталаби гиромӣ, барои он ки Шумо соҳиби ин касб шавед, бояд аз гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм – “иқтисод ва география” ихтисосҳоро интихоб намоед. Маълумоти муфассалро аз сомонаи расмии Марказ https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html ва замимаи 1-уми дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб “ пайдо карда метавонед.
16.02.2022
Додоев Меҳрубон: Таъмини Барқ
Салом аз шумо хоҳиш дорам ки барои нимятим будани шахс ягон намуди дастгири кардан дар ММТ вуҷуд дорад ёне ба ин саволи ман мехоҳам ҷавоб гӯйед ба диққататон ташаккур саломат бошед
15.02.2022
Довталаби гиромӣ, агар манзури Шумо аз имтиёз “балҳои иловагӣ” бошад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ барои шахсоне, ки яке аз волидайн – падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, яъне нимятим мебошанд, дар доираи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар шакли балҳои иловагӣ имтиёз пешбинӣ нагардидааст.
Тибқи “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1‐уми марти соли 2018, № 81 тасдиқ шудааст, шахсони то 21‐сола, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, барои иштирок дар ИМД 50 дарсади маблағи муайяншударо пардохт мекунанд. Агар довталаб ҳам нимятим ва ҳам “кӯдаки маъюб” ё маъюби гурӯҳи 1‐ум ё 2‐юм бошад, аз пардохти маблағи хизматрасонӣ дар ИМД озод аст. Шахсони мазкур ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдор (хатти вафоти падар ё модар, шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаби то 21‐сола ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи он)-ро пешниҳод кунанд. Маълумоти муфассалро аз сомонаи расмии Марказ https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html дар бахши “Имтиёз ба киҳо дода мешавад?” пайдо карда метавонед.
16.02.2022
Послания Президента
Объявления
- Специальности, требующие сдачи творческих экзаменов или экзаменов по специальным навыкам – 2024
- Перечень заболеваний (для абитуриентов медицинских специальностей)
- Тестовые книжки и листы ответов
- План приёма на 2024-2025 уч.г. (таблица специальностей)
- Типовые тестовые задания – 2024
- Справочник абитуриента - 2024
Статьи
20 лет для достижения вершины точных наук
2020-2040 годы в Таджикистане объявлены «Двадцатилетием изучения и развития естественных, точных и математических наук».
Пандемия коронавируса внесла свои коррективы в сферу образования во всём мире. Таджикистану так же, как и другим государствам пришлось столкнуться с трудностями в этом направлении, принимать меры и адаптироваться к сложившемуся положению.
Подарок Лидера нации - книга "Таджики" подарена жителям Шугнанского района
Рабочая группа во главе с заместителем министра образования и науки Республики Таджикистан Нурали Собирзода преподнесла подарок Лидера нации жителям Шугнанского района.
Календарь
‹ | › | |||||
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |