Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста барои шаҳрвандони ниёзманди ҷумҳурӣ ғамхорӣ ва ҷавонони соҳибистеъдоду болаёқатро дастгирию қадршиносӣ мекунад. Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМД барои гурӯҳҳои муайяни довталабон имтиёзҳо муқаррар шудаанд (нигаред ба ҷадвали 18-ум). Ба довталабоне имтиёз дода мешавад, ки онҳо дар бораи соҳибҳуқуқ буданашон барои гирифтани имтиёз ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро пешниҳод кардаанду холҳои гузариши фанниро аз ҳамаи субтестҳои дахлдор (бо дарназардошти имтиҳонҳои қисмҳои В ва Г барои довталабони дахлдор) ба даст овардаанд. Тартиби додани имтиёзро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.
Ба ба довталабаон барои гирифтани имтиёзҳо баъди иштирок дар имтиҳонҳо ва гирифтани холҳои гузариши фаннӣ аз ҳамаи субтестҳои дахлдор чунин шарту талабот пешбинӣ шудааст:
1) пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар вақти бақайдгирӣ:
- маълумотномаи силсиладор дар бораи маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм ё “кӯдаки маъюб” будани довталаб, ки Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст ва нусхаи маълумотномаи силсиладори тасдиқкардаи ин мақомот (агар тибқи хулосаи Хадамоти мазкур барои ӯ аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардааш таҳсил манъ карда нашуда бошад);
- хатти вафоти падар ва модар, шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб ва нусхаҳои нотариалӣ тасдиқшудаи ин ҳуҷҷатҳо дар ин бора аз мақомоти мазкур – барои ятимони кулли то 21-сола;
- қарори мақоми васояту парастории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияи дахлдор дар бораи бепарастор будани довталаб, нусхаи қарори мазкур, инчунин ҳуҷҷате, ки барои қабули қарори мазкур асос шудааст ва ҳуҷҷат (маълумотнома бо муҳр) дар ин бора аз мақомоти мазкур – барои бепарасторони то 21-сола;
- хатти вафоти падар ё модар, шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб (то 21‑сола) ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳои мазкур барои фарзандони хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ ҳалок гардидаанд ё дар иҷрои уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ маъюб ё бемор шуда, бар асари он фавтидаанд. Дар хатти вафот бояд сабаби вафот мушаххас нишон дода шуда бошад;
- тавсияномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибияти довталаб дар озмун ё фестивали тахассусии ҷумҳуриявӣ, ё байналмилалии соҳаи санъат ё фарҳанг (барои ғолибони озмуну фестивалҳои тахассусии ҷумҳуриявӣ ё байналмилалии соҳаи санъат ва фарҳанг);
- билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи муваққатӣ, ки барои шахсони хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра адокарда дода шудааст ва нусхаи билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи муваққатӣ;
- шаҳодатнома дар бораи дорандаи яке аз унвонҳои: “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ё дараҷаи “Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” будан ва нусхаи ин ҳуҷҷат, ба шарте ки шаҳодатномаро яке аз мақомоти зерин дода бошад:
✔ Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (собиқ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон);
✔ Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе;
✔ Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд;
✔ Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон;
✔ Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ;
✔ Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон;
2) мувофиқати дастоварди довталаб ба ихтисос(ҳо)и интихобкарда, яъне дастоварди довталаб дар сурате ба ҳисоб гирифта мешавад, ки агар:
- фанне, ки довталаб дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ё байналмилалӣ аз он ғолиб шудааст, барои ихтисос(ҳо)и интихобкардааш субтести асосӣ ё фанни ба он(ҳо) мувофиқаткунанда бошад;
- дастовардҳое, ки довталаб дар соҳаи санъат ё фарҳанг дорад, ба ихтисос(ҳо)и аз соҳаи санъат ё фарҳанг интихобкардааш мувофиқат кунад;
- дастовардҳое, ки довталаб дар соҳаи варзиш дорад, ба ихтисос(ҳо)и аз соҳаи варзиш интихобкардааш мувофиқат кунад;
3) дастовардҳои довталабон ба шарти зерин ба назар гирифта мешаванд:
- олимпиада(ҳо)и фаннии ҷумҳуриявие, ки довталаб аз он(ҳо) дастовард дорад, дар ҳамон соле, ки довталаб имтиҳон месупорад, баргузор шуда бошад;
- аз баргузории олимпиада(ҳо)и фаннии байналмилалӣ, ки довталаб дар он(ҳо) пирӯз шудааст, то соли баргузории ИМД набояд аз 2 сол бештар гузашта бошад. Дастовардҳо аз олимпиадаҳои фосилавӣ ба назар гирифта намешаванд.
- аз баргузории озмуну фестивал(ҳо)и тахассусии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии соҳаи санъат ва фарҳанг, ки довталаб дар он(ҳо) пирӯз гардидааст, то соли ИМД набояд аз 2 сол бештар гузашта бошад;
4) дуруст ва дақиқ пешниҳод кардани маълумот дар бораи ҷойи зист ва муассисаи таълимие, ки довталаб дар он таҳсил мекунад ё онро хатм кардааст (барои довталабони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон (танҳо барои гурӯҳҳои ройгон) ва коллеҷҳои тиббӣ (танҳо барои гурӯҳҳои ройгони ихтисоси “Кори момодоягӣ”), ки барои илова кардани коэффитсиент ба натиҷаҳои имтиҳонашон (ҷамъи балҳои умумии қисми А) ҳуқуқ доранд).
Феҳристи ихтисосҳо ва фанҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии ба ин ихтисосҳо мувофиқаткунандаи олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалиро, ки аз рӯйи онҳо ба довталабон дар ИМД имтиёз дода мешавад, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст. Вазорати номбурда феҳристи ихтисосҳоеро, ки дастовардҳои довталабон дар соҳаи фарҳангу санъат ва варзиш ба онҳо мувофиқат карда, дар асоси ин дастовардҳо ба довталабон дар ИМД имтиёз дода мешавад, низ тасдиқ кардааст. Ин феҳристҳо дар сомонаи Марказ гузошта шудаанд.
Дорандагони аттестат (шаҳодатнома)-и универсалӣ бо медали тилло ё нуқра ва дорандагони аттестат (шаҳодатнома)-и аълои равиявӣ бо медали тилло ё нуқра (дар сурати мувофиқат кардани равия ба ихтисоси интихобкардаашон) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ тибқи тартиби муқарраркардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суҳбат қабул карда мешаванд (бе иштирок дар ИМД). Агар ин гуна шахсон аз имтиёзи пешбиникардаи Вазорат даст кашида, дар ИМД иштирок кардан хоҳанд, дар ИМД мувофиқи тартиби умумӣ, яъне бе гирифтани имтиёз ширкат менамоянд.
Aгар довталаб ба якчанд гурӯҳи довталабони имтиёздор дохил бошад, аз балҳои имтиёзии барои ин гурӯҳҳо муқарраршуда ба ӯ бали имтиёзии баландтарин, ки ба гирифтанаш ҳақ дорад, дода мешавад.
Ба довталабони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва коллеҷҳои тиббӣ, ки хатмкардаи муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ба онҳо коэффитсиент ҷудошуда ва ҳам сокини яке аз ҳамин шаҳру ноҳияҳоянд, бали коэффитсиент пешбинӣ шудааст. Агар довталаб муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум) ё таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ё таҳсилоти миёнаи касбиро дар шаҳр ё ноҳияи ба он коэффитсиент муқарраршуда хатм карда бошаду дар шаҳр ё ноҳияи дигар, ки ба он низ коэффитсиент муқаррар шудааст, мезиста бошад, аз рӯйи бали коэффитсиенти муқарраршуда ба шаҳр ё ноҳияе, (бали коэффитсиент) мегирад ки дар он зиндагӣ мекунад.
Агар довталаб ҳуқуқи соҳиб шуданро ба коэффитсиенти муқарраргардида ва ҳам бали имтиёзӣ дошта бошад, дар сурати зиёд будани бали имтиёзияш аз бали коэффитсиент ба бали бадастовардааш бали имтиёзӣ ва дар акси ҳол, бали коэффитсиент илова карда мешавад.
Бали коэффитсиент барои довталабони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, инчунин довталабони ихтисоси “Кори момодоягӣ”‑и коллеҷҳои тиббиро интихобкарда, ки тибқи тартиб ҳуқуқи гирифтани бали коэффитсиентро доранд, аз рӯйи бали умумии қисми А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11‑ум) бадастовардаашон ҳисоб карда шуда, танҳо барои гурӯҳҳои ройгон, дар сурати соҳиб гаштани ин довталабон ба холҳои гузариши фаннӣ аз ҳамаи субтестҳои қисми мазкур, илова мешавад.
Қимати коэффитсиентҳоро вобаста аз таъминоти шаҳру ноҳияҳо бо табибон ва кормандони миёнаи тиб ҳар сол Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Ҷадвали 1
Гурӯҳҳои имтиёздор дар ИМД ва балҳои имтиёзӣ
№ |
Имтиёздорон |
1. |
Шахсоне, ки ба натиҷаи имтиҳонҳояшон 150 бал илова мешавад: |
1.1. |
Ятимони кул (бе падару модар) ва бепарасторони то 21-сола бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ. |
1.2. |
Маъюбони гурӯҳҳои 1-уму 2-юм ва “кӯдакони маъюб”, ки мувофиқи хулосаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсили онҳо аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардаашон манъ карда нашудааст (тибқи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ). |
2. |
Шахсоне, ки ба натиҷаи имтиҳонҳояшон 100 бал илова мешавад: |
2.1. |
Фарзандони то 21-солаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ ҳалок гардидаанд, ё ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ маъюб ё бемор шуда, бар асари он фавтидаанд (асл ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳо). |
2.2. |
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ (дастоварди 2 соли охирашон ба назар гирифта мешавад) ва ҷумҳуриявии (дастоварди 1 соли охирашон ба назар гирифта мешавад) хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (ба ғайр аз озмунҳои фосилавӣ), ки аз фанни асосии имтиҳонии ихтисос(ҳо)и интихобкарда ё фанни ба он(ҳо) мувофиқаткунанда соҳиби медали ҷойи 1‑ум ва тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шудаанд. |
2.3. |
Ғолибони озмуну фестивалҳои бадеӣ ва эҷодии байналмилалии соҳаи фарҳанг ва санъат бо тавсияномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар сурати мувофиқати дастоварди ду соли охир тибқи ихтисос(ҳо)и аз равияи санъат ва фарҳанг интихобкардаашон). |
2.4. |
Дорандагони унвони “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” (тибқи пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда – шаҳодатнома). Ин имтиёз, ки муҳлати эътибораш номаҳдуд аст, ба шахсони дахлдор, дар сурати мувофиқати дастовардҳояшон ба ихтисоси интихобкарда, дода мешавад. |
3. |
Шахсоне, ки ба натиҷаи имтиҳонҳояшон 75 бал илова мешавад: |
3.1. |
Ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии (дастоварди 2 соли охирашон ба назар гирифта мешавад) хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (ба ғайр аз озмунҳои фосилавӣ), ки аз фанни асосии имтиҳонии ихтисос(ҳо)и интихобкарда интихобкарда ё фанни ба он(ҳо) мувофиқаткунанда соҳиби медал барои ҷойи 2‑юм ва тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштаанд. |
3.2. |
Ғолибони озмуну фестивалҳои бадеӣ ва эҷодии ҷумҳуриявии соҳаи фарҳанг ва санъат бо тавсияномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар сурати мувофиқати дастоварди ду соли охир тибқи ихтисос(ҳо)и аз равияи санъат ва фарҳанг интихобкардаашон). |
3.3. |
Дорандагони унвони “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” (тибқи пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда – шаҳодатнома). Ин имтиёз, ки муҳлати эътибораш номаҳдуд аст, ба шахсони дахлдор, дар сурати мувофиқати дастовардҳояшон ба ихтисоси интихобкарда, дода мешавад. |
3.4. |
Довталабоне, ки 2 (ду) соли пурра хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адо кардаанд. |
4. |
Шахсоне, ки ба натиҷаи имтиҳонҳояшон 50 бал илова мешавад: |
4.1. |
Ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии (дастоварди 2 соли охирашон ба назар гирифта мешавад) хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (ба ғайр аз озмунҳои фосилавӣ), ки аз фанни асосии имтиҳонии ихтисос(ҳо)и интихобкарда ё фанни ба он(ҳо) мувофиқаткунанда соҳиби медал барои ҷойи 3‑юм ва тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шудаанд. |
4.2. |
Дорандагони дараҷаи “Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” (тибқи пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда – шаҳодатнома). Ин имтиёз, ки муҳлати эътибораш номаҳдуд аст, ба шахсони дахлдор, дар сурати мувофиқати дастовардҳояшон ба ихтисоси интихобкарда, дода мешавад. |
! |
Рӯйхати ҳар яке аз гурӯҳҳои довталабони имтиёздорро бо пешниҳоди Марказ мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор тасдиқ мекунад: ятимони кул ва бепарасторон; маъюбони гурӯҳҳои 1-ум, 2-юм ва “кӯдакони маъюб”; фарзандони хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ ҳалок гардидаанд ё ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ маъюб ё бемор шуда, бар асари он фавтидаанд; шахсони дорои дастовард дар соҳаи санъату фарҳанг ва варзиш; шахсони дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбиро пурра адокарда; ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва (ё) байналмилалӣ. |
! |
Балҳои имтиёз ба ҷамъи умумии балҳои аз қисм(ҳо)и дахлдори имтиҳонҳо бадастовардаи танҳо довталабони имтиёздоре илова карда мешавад, ки онҳо аз ҳамаи субтестҳои дахлдор холҳои гузариши фанниро ба даст овардаанд. Агар довталаби имтиёздор як маротиба бо гирифтани имтиёз аз рӯйи яке аз ихтисосҳои интихобкардааш ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбӣ тақсимот шуда бошад, дар сол(ҳо)и дигар ба ӯ имтиёз дода намешавад. Бали коэффитсиент ба довталабони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, инчунин довталабони ихтисоси “Кори момодоягӣ” и коллеҷҳои тиббӣ, ки тибқи тартиб ҳуқуқи гирифтани онро доранд, аз рӯйи бали умумии аз қисми А бадастовардаашон ҳисоб карда шуда, танҳо барои гурӯҳҳои ройгон, дар сурати холҳои гузариши фанниро аз ҳамаи субтестҳои ин қисм гирифтанашон, дода мешавад. |
G |
Хонандаи азиз! Агар дар бораи низоми ИМД ва ё ин дастур андешаю пешниҳодҳо дошта бошед, онро лутфан ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристед.
|