Озмуни тақсимоти (асосӣ ва такрорӣ)-и довталабон ба муассисаҳои таълимӣ баъд аз коркарди пурраи варақаҳои ҷавобҳои довталабон ва муайян кардани балҳои бадастовардаашон бо воситаҳои муосири технологияҳои иттилотию коммуникатсионӣ, алгоритм ва барномаи компютерии махсус амалӣ мешавад.
Озмуни тақсимоти асосӣ |
Ба озмуни тақсимот танҳо довталабоне роҳ меёбанд, ки вобаста аз навъи ихтисосҳои интихобкардаашон аз ҳамаи субтестҳои дахлдор ва қисм(ҳо)-и дигари зарурӣ (имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус ва имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ, агар ихтисосҳои интихобшуда супоридани чунин имтиҳонҳоро талаб кунанд) холҳои гузариши фанниро соҳиб шуда бошанд.
Бо тафовут аз холҳои гузариши фаннӣ, ки онҳоро пеш аз эълони натиҷаҳо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, бали гузариш пешакӣ муайян карда намешавад ва қимати он барои ҳар комбинатсияи ихтисос танҳо пас аз озмуни тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимӣ маълум мешавад. Масалан, барои комбинатсияи ихтисоси 1790101 – “Кори табобатӣ” аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, шакли таҳсил – рӯзона ва намуди таҳсил – ройгон, соли 2021‑ум тибқи нақша 285 ҷой ҷудо шуда буд ва шумораи довталабоне, ки ин комбинатсияи ихтисосро интихоб карда, ба озмуни тақсимот роҳ ёфта буданд, 17 158 нафарро ташкил дод. Дар озмуни тақсимот аз ин миқдор довталабон ҳамон 285 нафаре, ки нисбат ба дигарон балҳои баландтар доштанд, аз рӯйи ин комбинатсияи ихтисос гузаронида шуданд ва бали довталаби 285-ум (дар рӯйхат бо тартиби камшавии балҳо), ки ба 469.9541 баробар буд, бали гузариш дар ин комбинатсияи ихтисос эълон карда шуд. Яъне, бали гузариш ин бали умумии аз имтиҳонҳо бадастовардаи ҳамон довталабе аст, ки аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси муайян дар ҷойи охирини тибқи нақшаи қабул ҷудогардида гузаронида шудааст.
Дар раванди тақсимоти довталабон аз рӯйи ихтисосҳо ба муассисаҳои таълимӣ ҷиҳатҳои зерин ба назар гирифта мешаванд: комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкарда ва бартарии онҳо, шумораи ҷойҳо тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимӣ, балҳои умумии бадастовардаи ҳар як довталаб.
Вобаста аз навъи ихтисосҳо тақсимоти довталабон аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон дар асоси балҳои умумии зерин анҷом дода мешавад:
- бали умумие, ки аз ҷамъи бали аз қисми А, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз ё коэффитсиент (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – барои ихтисосҳое, ки супоридани танҳо қисми А-ро талаб мекунанд;
- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз ду субтести аввали қисми А (субтестҳои 1‑ум ва 2‑юм) ва аз қисми В, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар ҳолати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – барои ихтисосҳое, ки супоридани ду субтести аввали қисми А (субтестҳои 1‑ум ва 2‑юм), инчунин қисми В-ро талаб мекунанд;
- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисми Б, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – барои ихтисосҳое, ки супоридани танҳо қисми Б-ро талаб мекунанд;
- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз ду субтести аввали қисми Б (субтестҳои 1‑ум ва 2‑юм) ва қисми В, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – барои ихтисосҳое, ки супоридани ду субтести аввали қисми Б (субтестҳои 1‑ум ва 2‑юм), инчунин қисми В-ро талаб мекунанд;
- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисмҳои А ва Г, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст – барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А ва Г-ро талаб мекунанд.
! |
Бале, ки довталаб аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус) ё Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) ба даст овардааст, танҳо барои ихтисосҳое ба назар гирифта мешавад, ки супоридани чунин имтиҳонҳоро талаб мекунанд, яъне чунин бал ба ихтисосҳои дигар дахл надорад. Инчунин, бали аз қисми Г.1 бадастовардаи довталаб, ки имтиҳони онро дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе супоридааст, барои ихтисосҳои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва баръакс, бали аз қисми Г.2 соҳибгардидаи довталаб, ки имтиҳони онро дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ супоридааст, барои ихтисосҳои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ба назар гирифта намешавад. Бали аз ду субтести охир (3 юм ва 4 ум)-и қисми А ё аз як субтести охир (3 юм)-и қисми Б бадастовардаи довталаб барои ихтисосҳое, ки супоридани қисми В ро талаб мекунанд, ба назар гирифта намешавад. |
Раванди тақсимоти довталабон қадамҳои зеринро дар бар мегирад:
Қадами 1-ум. Тартиб додани рӯйхатҳои довталабон. Дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳо барои ҳар яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳо рӯйхати довталабони онҳоро интихобкарда, ки ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд, тартиб дода мешавад. Дар рӯйхатҳо номи довталабон аз рӯйи камшавии балҳои умумияшон ботартиб оварда мешавад.
Азбаски ҳар довталаби ба озмун роҳёфта дар давраи бақайдгирӣ имкони интихоби то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро дорад, дар оғози раванди тақсимот як довталаб метавонад дар рӯйхатҳои довталабони якчанд комбинатсияи ихтисосҳо ҳамчун довталаби шартан ба муассисаҳои таълимӣ тақсимотшуда ҷой гирад.
Қадами 2-юм. Таҳлили рӯйхати довталабон. Номи ҳар як довталаби шартан тақсимотшуда аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаи ӯ санҷида мешавад. Агар номи довталаб ҳамзамон дар якчанд рӯйхат бошад, номи ӯ танҳо дар комбинатсияи ихтисоси бартарии интихобаш баландтар гузошта шуда, аз рӯйхатҳои дигар муваққатан тоза карда мешавад ва ба чунин рӯйхатҳо номи довталабони навбатӣ ворид мегардад. Ин амалро барномаи компютерӣ тибқи алгоритми муайяншуда то анҷоми коркарди пурраи рӯйхатҳои комбинатсияҳои ихтисосҳо такроран иҷро мекунад. Коркарди рӯйхатҳо то даме давом меёбад, ки барномаи компютерӣ ҳамаи довталабони дар озмуни тақсимот иштироккунандаро ба муассисаҳои таълимӣ пурра тақсимот кунад ё ҷойҳои барои комбинатсияҳои ихтисосҳо ҷудошуда мувофиқи нақшаи қабули муассисаҳо пур шавад. Ҳамин тариқ, агар балҳои соҳибгаштаи довталаб барои якчанд ё ҳадди ақал, як комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш дар доираи ҷойҳои нақшавии ҷудошуда кофӣ бошад, баъди анҷоми пурраи раванди тақсимот номи довталаб танҳо дар рӯйхат аз рӯйи як комбинатсияи ихтисос боқӣ мемонад ва агар балҳои бадастовардаи ӯ дар доираи ҷойҳои тибқи нақша ҷудошуда барои ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш кофӣ набошад, тақсимот намешавад, яъне номи ӯ дар ягон рӯйхат боқӣ намемонад.
Қадами 3-юм. Тартиб додани рӯйхатҳои охирини довталабон. Дар раванди тақсимот барои ҳар яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳо, вобаста аз муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил, рӯйхатҳои охирини довталабони ба ин муассисаҳо тақсимотшуда тартиб дода мешаванд. Баъдан рӯйхатҳоро, ки маълумоти заруриро дарбар мегирад, директори Марказ тасдиқ мекунад ва онҳо ба муассисаҳои таълимӣ расман пешниҳод карда хоҳанд шуд.
Қадами 4-ум. Қабули ҳуҷҷатҳои довталабон дар муассисаҳои таълимӣ. Комиссияҳои қабули муассисаҳои таълимӣ мувофиқи рӯйхатҳои пешниҳоднамудаи Марказ қабули ҳуҷҷатҳои довталабон, аз ҷумла ба расмият даровардани парвандаҳои шахсӣ ва бастани шартномаҳоро дар асоси қоидаҳои қабул ба роҳ мемонанд. Роҳбарони муассисаҳои таълимӣ оид ба қабули ин довталабон ба курси якум фармоиш ба имзо мерасонанд.
Натиҷаҳои озмуни тақсимот 25‑уми июл эълон мешавад. Дар бораи натиҷаи озмуни тақсимот ба рақами телефони мобилие, ки онро довталаб дар вақти бақайдгирӣ нишон медиҳад, паёмак (SMS) фиристода мешавад ва довталаб аз он дар бораи комёб шудан ё нашуданаш аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш огоҳ мегардад. Ин паёмаки телефонӣ (SMS) ба довталабон ройгон фиристода мешавад, аммо довталабон метавонанд, ки инчунин аз кабинети инфиродӣ ё бо муроҷиат (аз ҷумла тавассути телефон) ба Марказ ва нуқтаҳои иттилоърасонии таъсисдодаи он аз натиҷаи тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ огаҳӣ ёбанд. Рӯйхати нуқтаҳои иттилоърасонӣ дар сомонаи Марказ ҷой дода мешавад. Маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи озмуни тақсимот, аз ҷумла бали умумии бадастовардаи довталаб дар доираи ҳар як комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш; бали гузариш дар доираи ҳар яке аз комбинатсияҳо (агар довталаб дар озмун аз рӯйи онҳо комёб нагардида бошад); матни огоҳидиҳанда дар бораи сари вақт ҳозир шудани довталаб ба муассисаи таълимии дахлдор (агар довталаб дар озмун аз рӯйи яке аз интихобҳояш комёб шуда бошад) дар кабинети инфиродиаш ҷойгир карда мешавад.
! |
Озмуни тақсимоти довталабон аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон тавассути таҷҳизоти компютерӣ ва таъминоти барномавии махсус бе таъсири омили инсонӣ 25 уми июл ба роҳ монда мешавад. Дар раванди тақсимоти довталаб ин шарт ҳатман эътибори зиёд дорад, ки ӯ дар давраи бақайдгирӣ интихобҳояшро чӣ гуна аз рӯйи бартарияшон нишон додааст, яъне ин амал тибқи бартарии интихобҳои довталаб иҷро мешавад. Бинобар ин, довталаб баъди тақсимот ҳуқуқи иваз кардани бартарии (тартиби) интихобҳояш, яъне тағйир додани ҷойи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашро надорад. |
! |
Довталаби дар озмуни тақсимот комёбшуда бояд дар муҳлати муқарраргардида (аз 25-уми июл то 6 уми август) ба муассисаи таълимии дахлдор барои номнависӣ ва қабул ҳозир шавад. Дар сурати бо сабаби узрнок ҳозир шуда натавонистанаш довталаб вазифадор аст, ки то 6 уми август дар ин бора бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда ба муассисаи таълимӣ хабар диҳад, вагарна ҷойи худро ин довталаб дар муассисаи таълимӣ аз даст медиҳад ва ҷойи қабулшудаи ӯ дар озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод мешавад. Инчунин, довталаби мазкур ҳуқуқи иштирокро дар озмуни тақсимоти такрорӣ надорад. |
G |
Агар тибқи нақшаи қабул таълими ихтисос ба якчанд забон пешбинӣ шуда бошад, муассисаҳои таълимӣ тақсимоти донишҷӯёнро ба гурӯҳҳои академӣ аз рӯйи забони таҳсил бо дарназардошти нақшаи қабул, балҳои аз ИМД бадастовардаи донишҷӯён ва хоҳиши онҳо анҷом медиҳанд. Хоҳиши донишҷӯёне дар навбати аввал ба назар гирифта мешавад, ки аз имтиҳонҳо нисбат ба дигарон балҳои зиёдтар дошта бошанд.
|
Озмуни тақсимоти такрорӣ |
Барои довталабоне, ки ба озмуни тақсимот (асосӣ) роҳ ёфта, комёб нагардидаанд, яъне, дар тақсимот ба муассисаҳо ноком шудаанд (донишҷӯ нашудаанд), аз рӯйи ихтисосҳое, ки тибқи онҳо дар муассисаҳои таълимӣ баъди озмуни тақсимот ҷойҳои холӣ боқӣ мемонанд, озмуни тақсимоти такрорӣ баргузор мешавад.
Феҳристи ихтисосҳои тибқи онҳо дар муассисаҳои таълимӣ баъди озмуни тақсимоти асосӣ ҷойҳои холӣ боқимонда, ки барои озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод мегарданд, дар шакли электронӣ дар сомонаи Марказ нашр ва дар шакли чопӣ дар нуқтаҳои бақайдгирӣ дастрас карда мешавад.
Ба довталабоне, ки ҳуқуқи иштирокро дар озмуни тақсимоти такрорӣ доранд, дар бораи кадом рӯз дар кадом нуқтаи бақайдгирӣ барои азнавбақайдгирӣ ҳозир шуданашон паёмак (SMS)-и ройгон фиристода мешавад. Ин паёмак ба рақами телефони мобилие, ки он дар варақаи бақайдгирии довталаб нишон дода шудааст, фиристода мешавад.
Азнавбақайдгирии довталабон барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ аз 12‑ум то 15‑уми август гузаронида мешавад.
Барои иштирок дар ин озмун довталаб бояд дар нуқтаи бақайдгирие, ки нишониаш дар паёмаки ба ӯ фиристодаи Марказ нишон дода шудааст, дар рӯзи дахлдор ҳозир гардида,, аз нав сабти ном карда шавад. Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ, инчунин маълумоти муфассал дар бораи тартиби азнавбақайдгирӣ ва озмуни тақсимоти такрорӣ дар сомонаи Марказ ба нашр мерасад. Ҳангоми азнавбақайдгирӣ низ довталабон имкон доранд, ки дар доираи танҳо як гурӯҳи ихтисосҳо, аз рӯйи ихтисосҳое, ки дорои ҷойҳои холианд, то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро интихоб намоянд.
Довталаби ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳнаёфта ё дар асоси натиҷаи ин озмун аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш ба ягон муассисаи таълимӣ тақсимотшуда ҳуқуқи иштирок карданро дар озмуни тақсимоти такрорӣ надорад.
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ 19‑уми август эълон мешавад.
Довталаби дар озмуни тақсимоти такрорӣ комёбшуда бояд дар муҳлати муқарраргардида (аз 19-ум то 23‑юми август) ба муассисаи таълимии дахлдор бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҳозир шавад.
Озмуни тақсимоти такрории иловагӣ |
Барои довталабоне, ки ба озмуни тақсимот роҳ ёфта, дар озмуни тақсимот (асосӣ ва иловагӣ) комёб нагардидаанд, аз рӯйи ихтисосҳое, ки тибқи онҳо дар муассисаҳои таълимӣ баъди озмуни тақсимоти такрорӣ ҷойҳои холӣ боқӣ мемонанд, озмуни тақсимоти такрории иловагӣ баргузор мешавад.
Феҳристи ихтисосҳои тибқи онҳо дар муассисаҳои таълимӣ баъди озмуни тақсимоти такрорӣ ҷойҳои холӣ боқӣ монда, ки барои озмуни тақсимоти такрории иловагӣ пешниҳод мегарданд, дар шакли электронӣ дар сомонаи Марказ нашр ва дар шакли чопӣ дар нуқтаҳои бақайдгирӣ дастрас карда мешавад.
Ба довталабоне, ки ҳуқуқи иштирокро дар озмуни тақсимоти такрории иловагӣ доранд, дар бораи кадом рӯз дар кадом нуқтаи бақайдгирӣ барои азнавбақайдгирӣ ҳозир шуданашон паёмак (SMS)-и ройгон фиристода мешавад. Ин паёмак ба рақами телефони мобилие, ки он дар варақаи бақайдгирии довталаб нишон дода шудааст, фиристода мешавад.
Азнавбақайдгирии довталабон барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ аз 24-ум то 26-уми август гузаронида мешавад.
Барои иштирок дар ин озмун довталаб бояд дар нуқтаи бақайдгирие, ки нишониаш дар паёмаки ба ӯ фиристодаи Марказ қайд шудааст, дар рӯзи дахлдор ҳозир гардида, аз нав сабти ном карда шавад. Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ, инчунин маълумоти муфассал дар бораи тартиби азнавбақайдгирӣ ва озмуни тақсимоти такрории иловагӣ дар сомонаи Марказ нашр мегардад. Ҳангоми ин азнавбақайдгирӣ низ довталабон имкон доранд, ки дар доираи танҳо як гурӯҳи ихтисосҳо, аз рӯйи ихтисосҳое, ки дорои ҷойҳои холианд, то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро интихоб намоянд.
Довталаби ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳнаёфта ё дар асоси натиҷаи ин озмун, ё озмуни тақсимоти такрорӣ аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш ба ягон муассисаи таълимӣ тақсимотшуда ҳуқуқи иштирок карданро дар озмуни тақсимоти такрории иловагӣ надорад.
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории иловагӣ 29‑уми август эълон мегардад.
Довталаби дар озмуни тақсимоти такрории иловагӣ комёбшуда бояд дар муҳлати муқарраргардида (аз 29-уми август то 1-уми сентябр) ба муассисаи таълимии дахлдор бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҳозир шавад.
Барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ ё такрории иловагӣ довталаб бояд дар азнавбақайдгирӣ бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин аз нав сабти ном кунад:
1) шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он – барои шахсоне, ки синнашон ба 16 расидааст (барои шахсони то 16-сола – шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо);
2) варақаи бақайдгирии давраи асосӣ ё иловагии бақайдгирӣ;
3) рақами расид аз яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, ё аз барномаи мобилии “Амонат мобайл” дар бораи пардохти маблағи иловагӣ.