Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ
      • Ҳуҷҷатҳои ММТ
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2022
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2023
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2023-2024 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
  • Саволу ҷавоб

ШКАЛАБАНДӢ (МИҚЁСГУЗОРӢ)

Нашр шуд: 28 Феврали 2022
Диданд: 10512

 

Дар низоми ИМД холҳои бадастовардаи довталабон аз ҳар субтест тавассути шкалабандӣ (миқёсгузорӣ) ба балҳо баргардонида мешавад. Шкалабандии холҳо барои ҳар субтести алоҳида дар доираи ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо ва қисмҳо ба роҳ монда мешавад. Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо дар сомонаи Марказ ба нашр мерасад.

Дар низоми ИМД холҳои бадастовардаи довталабон аз ҳар субтест тавассути шкалабандӣ (миқёсгузорӣ) ба балҳо баргардонида мешавад. Шкалабандии холҳо барои ҳар субтести алоҳида дар доираи ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо ва қисмҳо ба роҳ монда мешавад. Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо дар сомонаи Марказ ба нашр мерасад.

Масалан, дар ИМД-2022 ҷадвали мувофиқати холҳо ба балҳо аз субтести “Забони тоҷикӣ” дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1‑ум – “Табиӣ ва техникӣ” чунин буд:

Ҷадвали 1

Мувофиқати холҳо ба балҳо дар ИМД-2022 дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои

1‑ум – “Табиӣ ва техникӣ” барои субтести “Забони тоҷикӣ”

Мувофиқи тартиб барои ҳар субтест шумораи ҳадди аксари балҳо муайян шудааст. Барои шкалабандии холҳои ҳар субтест шкалаҳои мувофиқ истифода мешаванд.

Агар довталаб имтиҳони қисми А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ                   (синфи 11-ум)-ро бомуваффақият супорад, аз 4 субтести ин қисм ӯ метавонад ҳамагӣ то 500 балро ба даст орад. Таносуби шумораи имконпазири бештарини балҳо барои субтестҳои қисми А вобаста аз фанни асосии имтиҳонии ихтисосҳое, ки супоридани ҳар 4 субтести қисми мазкурро талаб мекунанд, дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо гуногун буда метавонад. Масалан, барои ихтисоси 1020505       – “Информатика” аз гурӯҳи ихтисосҳои 1‑ум (табиӣ ва техникӣ) шумораи имконпазири бештарини балҳо, бо ибораи дигар, вазни субтестҳо, чунин аст: субтести “Забони тоҷикӣ” – 75 бал, субтести “Математика” – 175 бал, субтести “Химия” – 100 бал ва субтести “Физика” – 150 бал. Дар қисми А шумораи имконпазири бештарини балҳои субтести “Забони тоҷикӣ”, новобаста аз гурӯҳҳои ихтисосҳо ва ихтисосҳо, 75 аст.

Барои ихтисосҳое, ки супоридани ду субтести аввали қисми А (субтестҳои 1‑ум ва 2‑юм) ва қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро талаб мекунанд, масалан, ихтисоси 1030201 – “Тарбияи ҷисмонӣ” аз гурӯҳи ихтисосҳои 5‑ум (тиб, биология ва варзиш) шумораи имконпазири бештарини балҳои субтести 1‑ум (“Забони тоҷикӣ”) 75 ва субтести 2‑юм (“Биология”) 175 аст. Яъне, барои чунин ихтисосҳо шумораи имконпазири бештарини балҳои субтести 1‑ум (“Забони тоҷикӣ”) 75 ва субтести 2‑юм (тибқи гурӯҳи ихтисосҳо) 175 аст. Ҳамин тавр, агар довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11‑ум), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ ин ду субтестро бомуваффақият супорад, барои ихтисосҳои супоридани қисми В‑ро талабкунанда аз онҳо ҳамагӣ то 250 балро ба даст оварда метавонад.

Аз 3 субтести қисми Б – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум) довталаб метавонад ҳамагӣ то 300 балро ба даст орад. Таносуби бали имконпазири ҳадди аксар барои субтестҳои қисми Б, вобаста аз фанни асосии имтиҳонии ихтисосҳо дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо, гуногун буда метавонад. Масалан, барои ихтисоси 2020301 – “Забон ва адабиёти тоҷик” аз гурӯҳи ихтисосҳои 3‑юм (филология, педагогика ва санъат) шумораи имконпазири бештарини балҳои субтести “Забони тоҷикӣ” 75, субтести “Адабиёти тоҷик/забони русӣ” 125 ва субтести “Забони хориҷӣ” 100 аст. Дар қисми Б шумораи имконпазири бештарини балҳои субтести “Забони тоҷикӣ”, новобаста аз ихтисосҳо, ба истиснои баъзе аз ихтисосҳои гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм, 75 аст.

Барои ихтисосҳое, ки супоридани ду субтести аввали қисми Б (субтестҳои 1‑ум ва 2‑юм) ва қисми В-ро талаб мекунанд, масалан, ихтисоси 201020131 – “Тарбияи ҷисмонӣ” аз гурӯҳи ихтисосҳои 5‑ум (тиб, биология ва варзиш) низ шумораи имконпазири бештарини балҳои субтести 1‑ум (“Забони тоҷикӣ”) 75 ва субтести 2‑юм (“Биология”) 175 аст. Ҳамин тавр, агар довталаби дорои таҳсилоти умумии асосӣ ин ду субтестро бомуваффақият супорад, барои ихтисосҳое, ки супоридани қисми В‑ро талаб мекунанд, аз онҳо ҳамагӣ то 250 балро ба даст оварда метавонад.

Холҳои аз имтиҳони қисми В бадастовардаи довталабон, ки шумораи имконпазири бештарини онҳо барои ин қисм 100 аст, ба шкалаи 250-балӣ баргардонида мешавад. Ҳамин тавр, бали умумие, ки барои ихтисосҳои супоридани қисми В-ро талабкунанда аз ҷамъи балҳои аз ду субтести аввали қисми А ё Б (субтестҳои 1‑ум ва 2‑юм) ва аз қисми В бадастовардаи довталаби ин имтиҳонҳоро бомуваффақият супорида ҳосил мешавад, метавонад то 500 бошад, яъне 250 бал барои ду субтести аввали қисми А ё Б ва 250 бали дигар барои қисми В.

Холҳои аз имтиҳони қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) бадастоварда ба шкалаи 500-балӣ баргардонида мешавад. Бали умумие, ки барои ихтисосҳои супоридани қисми Г-ро талабкунанда аз ҷамъи балҳои аз қисмҳои А ва Г бадастовардаи довталаби ин имтиҳонҳоро бомуваффақият супорида ҳосил мешавад, метавонад то 1000 бошад, яъне 500 бал барои қисми А ва 500 бали дигар барои қисми Г.

Ҷадвали 2

Намунаи ихтисосҳо ва шумораи имконпазири бештарини балҳо 

аз ҳар як субтести қисми А вобаста аз гурӯҳҳои ихтисосҳо

Рамзи ихтисос

Номи ихтисос

Вазни субтестҳои имтиҳони қисми А

А1

А2

А3

А4

Гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)

 

Забони тоҷикӣ

Математика

Химия

 Физика

1020505

Информатика

75

175

100

150

1740206

Истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ

75

150

175

100

1540103

Усулҳои физикию химиявӣ ва асбобҳои назорати сифати маҳсулот

75

100

150

175

1690101

Меъморӣ*

75

175

-

-

Гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география)

 

Забони тоҷикӣ

Математика

География

Забони хориҷӣ**

125010403

Андоз ва андозбандӣ

75

175

100

150

125010304

Идораи инвеститсияҳои хориҷӣ

75

150

100

175

1020402

География

75

100

175

150

Гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат)

 

Забони тоҷикӣ

Таърих

Адабиёти тоҷик***

Забони хориҷӣ**

123010903

Журналист-тарҷумон

75

100

175

150

1020301

Забон ва адабиёти тоҷик

75

150

175

100

1020306

Забони англисӣ

75

100

150

175

1020307

Забони олмонӣ. Минтақашиносӣ

75

150

100

175

1030304

Олигофренопедагогика. Таърих

75

175

150

100

101020203

Таҳсилоти ибтидоӣ. Санъати мусиқӣ*

75

175

-

-

Гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ)

 

Забони тоҷикӣ

Таърих

Ҳуқуқ

Забони хориҷӣ**

123011301

Бойгонишиносӣ

75

175

150

100

1260102

Идораи давлатӣ ва ҳуқуқ

75

150

175

100

1230101

Муносибатҳои байналмилалӣ

75

150

100

175

102010204

Таърих. Забони англисӣ

75

175

100

150

1240101

Ҳуқуқи байналмилалӣ

75

100

175

150

121010104

Улуми Қуръон. Мероси хаттӣ*

75

175

-

-

Гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш)

 

Забони тоҷикӣ

Биология

Химия

Физика

1740201

Агрономӣ

75

175

150

100

1790101

Кори табобатӣ

75

150

175

100

2800151

Истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ

75

100

150

175

1030201

Тарбияи ҷисмонӣ*

75

175

-

-

*ихтисос супоридани қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро талаб мекунад;

**забони хориҷӣ аз рӯйи интихоби довталаб (яке аз ин чор забон): англисӣ, немисӣ, франсавӣ, арабӣ;

***барои довталабоне, ки забони имтиҳонсупориашон русӣ аст, ин субтест аз забон ва адабиёти рус ва барои довталабоне, ки

ихтисоси забон ва адабиёти ӯзбекро интихоб мекунанд, ин субтест аз забон ва адабиёти ӯзбек аст.

 

Ҷадвали 3

Намунаи ихтисосҳо ва шумораи имконпазири бештарини балҳо

аз ҳар як субтести қисми Б вобаста аз гурӯҳҳои ихтисосҳо

Рамзи ихтисос

Номи ихтисос

Вазни субтестҳои имтиҳони қисми Б

Б1

Б2

Б3

Гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)

 

Забони тоҷикӣ

Математика

Физика

225013201

Автоматикунонии кори бонк

75

125

100

243010301

Таъминоти барқ дар корхонаҳои саноатӣ

75

100

125

2690101

Меъморӣ*

75

175

-

Гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география)

 

Забони тоҷикӣ

Математика

География

225013102

Андоз ва андозбандӣ

75

125

100

2020402

География

75

100

125

Гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм (филология, педагогика ва санъат)

 

Забони тоҷикӣ

Адабиёти тоҷик/ забони русӣ**

Забони хориҷӣ***

2020301

Забон ва адабиёти тоҷик

75

125

100

2020302

Забон ва адабиёти рус

75

125

100

2020301

Забон ва адабиёти тоҷик

75

125

100

2020302

Забон ва адабиёти рус

75

125

100

2020306

Забони хориҷӣ (забони англисӣ)

75

100

125

2030131

Таълими мусиқӣ*

75

175

-

Гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ)

 

Забони тоҷикӣ

Таърих

Забони хориҷӣ***

2020101

Таърих

75

125

100

Гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш)

 

Забони тоҷикӣ

Биология

Химия

2790131

Кори ҳамширагӣ

75

125

100

251010101

Экологияи саноатӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ

75

100

125

2030201

Тарбияи ҷисмонӣ*

75

175

-

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2023-2024 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2023-2024 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Роҳнамои довталаб – 2023Роҳнамои довталаб – 2023
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест - 2023Намунаи саволу масъалаҳои тест - 2023
  • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус - 2023Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус - 2023
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2023ТАҚВИМИ ИМД – 2023
  • Озмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ

Мақолаҳо

Ғуруби ахтари пурфурӯғ

Муддате буд, ки чунин тӯлонӣ ва бетаваққуф борон наборида буд. Гӯӣ, осмонро низ фарзанди азизаш фавтида буду бар марги ҷигаргӯшаю парвардаи хеш талху боалам мегиряд...

 

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2023 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон