Натиҷаи имтиҳонҳоро Марказ бо воситаҳои замонавии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ эълон ва нашр мекунад.
Дар бораи иштироки довталаб дар ИМД, шумораи хол ва балҳои бадастоварда ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтан ва ғайра дар кабинети инфиродии ӯ маълумоти муфассал дода мешавад. Дар бораи моҳият ва тарзи истифодаи кабинети инфиродӣ дар бахши “Кабинети инфиродӣ” маълумоти бештар дода шудааст.
Барои ба довталаб дастрас кардани маълумот оид ба натиҷаи имтиҳонҳояш Марказ тавассути паёмаки телефонӣ (SMS) низ хизматрасониро ба роҳ мемонад. Дар бораи натиҷаи имтиҳонҳо ба рақами телефони мобилии дар вақти бақайдгирӣ нишондодаи довталаб паёмак (SMS)-и ройгон фиристода мешавад.
Аз натиҷаҳои имтиҳонҳо бо муроҷиат (аз ҷумла тавассути телефон) ба Марказ ё нуқтаҳои иттилоърасонии таъсисдодаи он низ бохабар шудан мумкин аст. Рӯйхати нуқтаҳои иттилоърасониро Марказ дар сомонааш мегузорад.
Довталабон дар бораи натиҷаҳои имтиҳонҳояшон тавассути кабинетҳои инфиродӣ, хизматрасонии SMS‑паёмак ва дафтари асосии Марказу нуқтаҳои иттилоърасонии он дар шаҳру ноҳияҳо маълумот гирифта метавонанд (нигаред ба “Тақвими ИМД-2025”, замимаи 1).
Холи гузариши фаннӣ |
Вобаста аз миқдор ва навъи саволу масъалаҳои тест ҳар субтест (фанни имтиҳон) шумораи имконпазири бештарини холҳоро дорад, ки дар ин бора аз бахши “Меъёри холгузорӣ ба саволу масъалаҳои тест” бештар маълумот гирифтан мумкин аст. Холҳои бадастовардаи довталабон аз ҳар субтест пас аз коркарди пурраи варақаҳои ҷавобҳояшон тавассути таҷҳизот ва таъминоти барномавии махсуси компютерӣ ҳисоб карда мешавад.
Баъд аз раванди пурраи ҳисоби холҳои бадастовардаи довталабон дар асоси таҳлилҳои оморӣ дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо барои ҳар яке аз субтестҳои қисмҳои А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11‑ум) ва Б – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум) холи гузариш муайян карда мешавад.
Холи гузариши фаннӣ аз ҳар субтест тағйирёбанда буда, онро ҳар сол Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Холи гузаришро аз имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус (қисми В) низ ҳар сол бевосита Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (новобаста аз муассисаҳои таълимӣ ва ихтисосҳое, ки супоридани чунин имтиҳонҳоро талаб мекунанд) муқаррар менамояд. Холи гузариш барои қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус), новобаста аз ихтисосҳои супоридани имтиҳонҳои мазкурро талабкунанда ва муассисаҳои таълимӣ, бо шарти супоридани ҳамаи санҷишҳои тибқи ин қисм пешбинигардида муқаррар карда мешавад (масалан, чанд соли охир 40 хол). Яъне, ба озмуни тақсимот аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми В-ро талабкунанда танҳо довталабоне роҳ ёфтанд, ки ҳамаи санҷишҳои тибқи ин қисм пешбинигардидаро супорида, на кам аз 40 холро (ҷамъи холҳо аз ҳамаи санҷишҳо) ба даст оварда буданд.
Холҳои гузаришро аз ҳар фанни қисми Г.1 филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва аз ҳар фанни қисми Г.2 Донишгоҳи Осиёи Марказӣ муқаррар мекунад.
Вобаста аз навъи ихтисосҳо барои роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот довталаб бояд аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани:
• қисми А-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми А;
• ду субтести аввали қисми А (субтестҳои 1‑ум ва 2‑юм) ва қисми В-ро талаб мекунанд, аз ду субтести аввали қисми А ва аз ҳамаи санҷишҳои қисми В;
• қисмҳои А ва Г-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми А, инчунин аз қисми Г*;
• қисми Б-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми Б;
• ду субтести аввали қисми Б (субтестҳои 1‑ум ва 2‑юм) ва қисми В-ро талаб мекунанд, аз ду субтести аввали қисми Б ва аз ҳамаи санҷишҳои қисми В холҳои гузаришро соҳиб шавад.
Роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот маънои донишҷӯй шудани довталабро надорад. Тибқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш гузаштан ё нагузаштани довталабро танҳо натиҷаҳои озмуни тақсимот муайян мекунад.
Довталабоне, ки холи гузаришро аз як ё якчанд субтести қисми А соҳиб намегарданд, ҳуқуқи иштирок карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани ҳамаи субтестҳои ин қисмро талаб мекунанд, надоранд. Инчунин, довталабоне, ки холи гузаришро аз як ё якчанд субтести қисми Б соҳиб намешаванд, ҳуқуқи иштирок карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани ҳамаи субтестҳои ин қисмро талаб мекунанд, надоранд.
Агар довталаб ихтисосҳоеро интихоб карда бошад, ки дар баробари супоридани қисми А, супоридани қисми В ё қисми Г-ро талаб кунаду довталаб аз ин қисми имтиҳонҳо (В ё Г) холҳои гузаришро соҳиб нашуда бошад, ӯ ҳуқуқи иштирок карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи чунин ихтисосҳо надорад. Довталабе, ки аз қисми В ё қисми Г холҳои гузаришро соҳиб нашудаасту аммо аз ҳамаи субтестҳои қисми А холҳои гузаришро ба даст овардааст, ҳуқуқи ширкат карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи он ихтисосҳое дорад, ки супоридани танҳо қисми А-ро талаб мекунанд (агар чунин ихтисосҳоро интихоб карда бошад). Агар довталаб аз қисми В холҳои гузаришро соҳиб нашуда бошаду лекин аз ҳамаи субтестҳои қисми Б холҳои гузаришро ба даст оварда бошад, ӯ ҳуқуқи ширкат карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи он ихтисосҳое дорад, ки супоридани танҳо қисми Б-ро талаб мекунанд (агар чунин ихтисосҳоро интихоб карда бошад).
Довталабе, ки хатмкунандаи муассисаи таълимии таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум), миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ буда, ба ӯ бинобар нагузаштанаш аз аттестатсияи хатм/ҷамъбастӣ ҳуҷҷат дар бораи гирифтани зинаи дахлдори таҳсилот дода нашавад, бояд дар ин хусус то оғози даври асосии имтиҳонҳо ба Марказ хабар диҳад. Инчунин, довталабе, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ дохил шудааст, дар ин бора то оғози даври асосии имтиҳонҳо ба Марказ хабар доданаш лозим аст. Чунин довталабон аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ намеёбанд.