Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ
      • Ҳуҷҷатҳои ММТ
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2022
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2023
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2023-2024 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
  • Саволу ҷавоб

ИМТИҲОНҲО КАЙ ВА ЧӢ ТАВР БАРГУЗОР МЕШАВАНД?

Нашр шуд: 28 Феврали 2022
Диданд: 5508

 

Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ мувофиқи тартиби муқарраргардида дар ду давр баргузор мегардад: асосӣ ва иловагӣ. Довталаб танҳо як маротиба имтиҳон супорида метавонад ва ба ӯ барои аз нав супоридани имтиҳони супоридааш, новобаста аз бомуваффақият ё бемуваффақият будани натиҷаи он, иҷозат дода намешавад.

 

ДАВРИ АСОСИИ ИМТИҲОНҲО

 

Даври асосии имтиҳонҳо барои довталабоне пешбинӣ гардидааст, ки дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1‑уми март то 30-юми апрел) худро сабти ном мекунанд. Довталабони дар марҳалаи асосии азнавбақайдгирӣ (аз 1‑уми март то 30‑юми апрел) интихобҳои худро ивазкарда низ имтиҳонҳоро дар ҳамин давр месупоранд.

Даври асосии қисми А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11‑ум) ва қисми Б – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум) аз 1-ум то 7-уми июл дар марказҳои имтиҳонии шаҳру ноҳияҳои интихобшудаи ҷумҳурӣ, ки ҳар довталаб яке аз онҳоро ҳангоми бақайдгирӣ интихоб мекунад ва қисмҳои В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) ва Г.1 (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ барои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе) аз 1‑ум то 8‑уми июл дар муассисаҳои таълимии дахлдор баргузор мегардад. Даври асосии Г.2 (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ барои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ) дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ дар муҳлати муқарраркардаи ин донишгоҳ баргузор карда мешавад. Вобаста ба ин, дар ин бора маълумоти муфассал дар сомонаи Марказ ва донишгоҳи мазкур (https://ucentralasia.org) ҷой дода мешавад.

Даври асосии имтиҳонҳои қисми А вобаста аз ҳар гурӯҳи ихтисосҳо дар рӯзҳои алоҳида ва имтиҳонҳои қисми Б барои ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо дар як рӯз гузаронида мешавад. Дар сурати аз шумораи ҷойҳои нишасти пешбинишуда зиёд будани шумораи довталабони ягон гурӯҳи ихтисосҳо имтиҳони қисми А барои он(ҳо) 2-рӯзӣ баргузор хоҳад шуд. Нишонии маркази имтиҳонӣ дар даъватнома нишон дода мешавад.

 

ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲО

 

Даври иловагии имтиҳонҳо барои довталабоне пешбинӣ шудааст, ки дар имтиҳонҳои даври асосӣ иштирок карда натавонистаанд ё интихобҳои худро дар даври дуюми азнавбақайдгирӣ (аз 10-ум то 30-юми июн) иваз кардаанд, ё худро дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 10‑ум то 30-юми июн) сабти ном намудаанд.

Аризаҳои довталабоне, ки дар даври асосии имтиҳонҳо иштирок карда натавонистаанду дар даври иловагии имтиҳонҳо ширкат кардан мехоҳанд, бо нишон додан ё замима кардани варақаи дорои рақами расид (квитансия) аз яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ё аз барномаи мобилии “Амонат мобайл” дар бораи пардохти маблағи иловагӣ аз 1-ум то 9-уми июл қабул карда мешавад.

 

G

 Довталабе, ки бинобар дар даври асосии имтиҳонҳо иштирок карда натавонистанаш хоҳиши ширкат дар даври иловагии имтиҳонҳоро дорад, бояд дар муҳлати муқарраршуда ариза (нигаред ба расми 38-ум) ва рақами расидро дар бораи пардохти маблағи иловагӣ ба Марказ пешниҳод намояд. Маблағи иловагиро барои ширкат дар даври иловагии имтиҳонҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол Марказ дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Дар асоси аризаи довталаб ҳолати дар даври асосии имтиҳонҳо иштирок кардан ё накардани ӯ санҷида шуда, дар сурати тасдиқи ҳолати иштирок накарданаш дар ин имтиҳон ба довталаб иҷозат дода мешавад, ки дар даври иловагии имтиҳонҳо ширкат намояд (дар акси ҳол иҷозат дода намешавад ва натиҷаи бадастовардааш дар даври асосии имтиҳонҳо боэътибор дониста мешавад).

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2023-2024 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2023-2024 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Роҳнамои довталаб – 2023Роҳнамои довталаб – 2023
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест - 2023Намунаи саволу масъалаҳои тест - 2023
  • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус - 2023Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус - 2023
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2023ТАҚВИМИ ИМД – 2023
  • Озмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ

Мақолаҳо

Ғуруби ахтари пурфурӯғ

Муддате буд, ки чунин тӯлонӣ ва бетаваққуф борон наборида буд. Гӯӣ, осмонро низ фарзанди азизаш фавтида буду бар марги ҷигаргӯшаю парвардаи хеш талху боалам мегиряд...

 

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2023 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон