Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ
      • Ҳуҷҷатҳои ММТ
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2022
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2023
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2023-2024 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
  • Саволу ҷавоб

МЕЪЁРИ ХОЛГУЗОРӢ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ

Нашр шуд: 28 Феврали 2022
Диданд: 15039

Ҷавоби дурусти ҳар саволу масъалаи тест (қисмҳои А ва Б) арзиш дорад, ки онро бо хол ҳисоб мекунанд. Дар низоми ИМД ба саволу масъалаи тест (вобаста аз шакли он) меъёри холгузорӣ муайян карда шудааст (нигаред ба ҷадвали 1-ум).

 

Меъёри холгузорӣ вобаста аз шакли саволу масъалаи тест

Ҷадвали 1

Р.т.

Шакли саволу масъалаи тест

Хол

1

Бо интихоби як ҷавоби дуруст

1

2

Муайян кардани мувофиқат

4

3

Бо ҷавоби кӯтоҳ

2

 

Чи тавре ки мебинед, барои ҷавоби дуруст ба саволу масъалаи шакли якум (бо интихоби як ҷавоби дуруст) як хол дода мешавад.

Барои ҳар ҷавоби дуруст ба савол ё масъалаи тести шакли дуюм, ки дар он муайян кардани мувофиқати чор унсур (калима, ибора, формула ва ғайра) аз панҷ гунаи ҷавобҳои пешниҳодшуда талаб карда мешавад, якхолӣ дода мешавад. Агар довталаб мувофиқати ҳамаи унсурҳоро (4-унсурӣ аз ду сутун) дуруст муайян кунад, соҳиби чор хол мешавад.

Азбаски дар саволу масъалаи кушода гунаи ҷавоб пешниҳод карда намешавад ва онро худи довталаб ҳал карда, ҷавоби дурустро меёбад, барои ҷавоби дуруст ба он ду хол дода мешавад.

Аз ҷадвалҳои 2-юм ва 3-юм дар бораи шаклу миқдори саволу масъалаҳо ва шумораи имконпазири бештарини холҳо аз ҳар субтест дар доираи қисмҳои имтиҳон маълумот гирифтан мумкин аст.

 

Миқдор, шакли саволу масъалаҳо ва шумораи имконпазири

бештарини холҳо (ШИБХ)-и ҳар субтести қисми А

Ҷадвали 2

Р.т.

Субтест

Миқдор ва шакли саволу масъалаҳо

ШИБХ

Ҳамагӣ

аз ҷумла

бо интихоби як ҷавоби дуруст

муайян кардани мувофиқат

бо ҷавоби кӯтоҳ

1

Забони тоҷикӣ

25

20

5

-

40

2

Адабиёти тоҷик

25

20

5

-

40

3

Забон ва адабиёти рус

25

20

5

-

40

4

Забон ва адабиёти ӯзбек

25

20

5

-

40

5

Забони англисӣ

25

20

5

-

40

6

Забони немисӣ

25

20

5

-

40

7

Забони франсавӣ

25

20

5

-

40

8

Забони арабӣ

25

20

5

-

40

9

Таърих

26

20

4

2

40

10

Ҳуқуқ

25

20

5

-

40

11

Математика

27

18

2

7

40

12

Физика

27

18

2

7

40

13

Химия

27

18

2

7

40

14

Биология

26

20

4

2

40

15

География

25

20

5

-

40

 

 Миқдор, шакли саволу масъалаҳо ва шумораи имконпазири

бештарини холҳо (ШИБХ)-и ҳар субтести имтиҳони қисми Б

Ҷадвали 3

Р.т.

Субтест

Миқдор ва шакли саволу масъалаҳо

ШИБХ

Ҳамагӣ

аз ҷумла

бо интихоби як ҷавоби дуруст

муайян кардани мувофиқат

бо ҷавоби кӯтоҳ

1

Забони тоҷикӣ

20

15

5

-

35

2

Адабиёти тоҷик

20

15

5

-

35

3

Забони русӣ

20

15

5

-

35

4

Забони англисӣ

23

19

4

-

35

5

Забони немисӣ

23

19

4

-

35

6

Забони франсавӣ

23

19

4

-

35

7

Забони арабӣ

23

19

4

-

35

8

Таърих

21

15

4

2

35

9

Математика

23

17

3

3

35

10

Физика

23

17

3

3

35

11

Химия

23

17

3

3

35

12

Биология

21

15

4

2

35

13

География

20

15

5

- 

35

 

!

Довталаби гиромӣ!

Ҷавоби саволу масъалаҳои тестро дар варақаи ҷавобҳо мувофиқи талаботу қоидаҳои муайяншуда, ки дар дастури китобчаи тест ва паси ин варақа оварда шуда, маъмури имтиҳон онро дар тахтаи синф низ нишон медиҳад, қайд кунед. Агар Шумо ба саволу  масъалаҳои  тест  дуруст  ҷавоб  диҳеду  аммо  онҳоро  мувофиқи  талаботи муайяншуда қайд накунед (яъне тарзи ишора ё навиштатон ғалат бошад), компютер посухҳои Шуморо ҳамчун ҷавоби ғалат қабул мекунад. Чунин ғалатҳо ба натиҷаи имтиҳонатон таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар ин, тавсия медиҳем, ки дар имтиҳон ба масъалаҳои зерин ҷиддан диққат диҳед:

  • пеш аз оғози иҷрои тест дар паси варақаи ҷавобҳо ҷумлаи пешниҳодшударо (“Бо тартиби гузаронидани имтиҳон шинос шудам.”) навишта, имзо гузоред ва дар варақа рақами вариант (гуна)-и китобчаи тести худро қайд кунед. Рақами варианти китобчаи тести Шумо бояд бо рақами ҷойи нишастатон дар синфхонаи имтиҳон ва рақами тартибии штрихкоди варақаи ҷавобҳоятон як бошад;
  • аз вақти барои иҷрои тест муайяншуда самаранок истифода баред. Барои ин онро бояд дуруст тақсим кунед:
  • ҳар як саволу масъаларо бодиққат хонед;
  • агар ба дурустии ҷавобатон бовар дошта бошед, ҳамон лаҳза ҷавобро дар варақаи ҷавобҳои тест қайд кунед;
  • агар дар ҷавоби ягон савол ва ё ҳалли масъалае душворӣ кашед, саросема нашавед ва ба ҳаяҷон наомада, ба иҷрои тест давом диҳед. Пас аз ҷавоб додан ба савол ва ҳалли масъалаҳои осон ба саволу масъалаҳои бароятон душвор баргардед;
  • ҷавоби ҳар саволу масъаларо бо риояи қоидаи пуркунии варақаи ҷавобҳо қайд кунед. Ҷавобҳои қайдкардаатон бояд равшану хоно бошад. Компютер ҳангоми хондани варақаи ҷавобҳо хатҳои норавшан, қайду ишораҳои беҷо (барзиёд) ё нодуруст гузошта ва ё хатзадаро ба ҳисоб намегирад, ки ин сабаби холи камтар гирифтани Шумо мешавад. Баъди қайди ҷавобҳо ислоҳ кардани онҳо дар варақаи ҷавобҳо мумкин нест! Ҷавобҳои ислоҳшуда ба эътибор гирифта намешавад;
  • ҷавобҳои субтестро аз китобчаи тест ба қисмати барои ин субтест ҷудошудаи варақаи ҷавобҳо кӯчонед. Агар довталаб ҷавобҳои як субтестро ба қисмати барои субтести дигар ҷудошудаи варақаи ҷавобҳо кӯчонад, ҷавобҳои ишорашуда дар қисмати барои субтести муайян ҷудошуда ҳамчун ҷавобҳои ҳамин субтест ҳисобида мешавад;
  • агар тестро пеш аз вақти муайянгардида иҷро кунед, барои аз синфхона баромадан саросема нашавед. Бори дигар барои бовар пайдо кардан ба дурустии кори худ онро бисанҷед.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2023-2024 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2023-2024 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Роҳнамои довталаб – 2023Роҳнамои довталаб – 2023
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест - 2023Намунаи саволу масъалаҳои тест - 2023
  • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус - 2023Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус - 2023
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2023ТАҚВИМИ ИМД – 2023
  • Озмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ

Мақолаҳо

Ғуруби ахтари пурфурӯғ

Муддате буд, ки чунин тӯлонӣ ва бетаваққуф борон наборида буд. Гӯӣ, осмонро низ фарзанди азизаш фавтида буду бар марги ҷигаргӯшаю парвардаи хеш талху боалам мегиряд...

 

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2023 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон