Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ
      • Ҳуҷҷатҳои ММТ
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2022
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2023
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2023-2024 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
  • Саволу ҷавоб

НАВЪ ВА ШАКЛҲОИ САВОЛУ МАСЪАЛАҲО ДАР ТЕСТ

Нашр шуд: 28 Феврали 2022
Диданд: 7489

Саволу масъалаҳои тести қисмҳои А ва Б дар ду навъ таҳия шудаанд: саволу масъалаҳои пӯшида ва кушода. Дар ИМД ду шакли саволу масъалаҳои пӯшида – (1) бо интихоби як ҷавоби дуруст ва (2) муайян кардани мувофиқат) ва як шакли саволу масъалаҳои кушода – бо ҷавоби кӯтоҳ истифода мешавад.

Саволу масъалаи тест бо интихоби як ҷавоби дуруст. Дар ин шакл барои ҳар савол ё масъала чор гуна (вариант)-и ҷавоб дода мешавад. Аз ин ҷавобҳо танҳо яктояш дуруст аст, ки онро бояд интихоб кард. Бо интихоби ҷавоби дуруст довталаб доирачаи гунаи дахлдорро бояд ишора намояд, яъне пурра ранг кунад (●). Масалан, агар ҷавоби дурусти савол ё масъала гунаи В бошад, довталаб онро дар варақаи ҷавобҳои тест бояд чунин ишора кунад:

 

 

Намуна аз субтести забони тоҷикӣ: 

Дар кадом ҷумла мухотаб истифода шудааст?

А)

Майлаш, розӣ шуд Малик. (П. Толис)

В)

Гуфтагӣ барин, духтарча муборак! (П. Толис)

С)

Биёед, эй рафиқон, дарс хонем, ... (С. Айнӣ)

Тарзи ишораи ҷавоб:

D)

Шукр, ҳарчи аз латтаи баста нишонае нест. (С. Айнӣ)


 

Намуна аз субтести адабиёти тоҷик:

Байтҳои зерини Саъдии Шерозӣ ба кадом масъала дахл доранд?

Шунидам, ки дар вақти назъи равон

Ба Ҳурмуз чунин гуфт Нӯшервон,

Ки хотирнигаҳдори дарвеш бош!

На дар банди осоиши хеш бош!

 

 

 

 

Тарзи ишораи ҷавоб:

 

А)

тарбияти инсон

С)

шукр бар офият

В)

сабру қаноат

D)

адли подшоҳон

  

Намуна аз субтести география: 

Масофаи як сантиметри харита ба 5 км дар маҳал баробар аст. Миқёси рақамии харитаро муайян кунед.

 

 

 

 

Тарзи ишораи ҷавоб:

А)

1:5 000 000

С)

1:5 000

В)

1:500 000

D)

1:500

 

Саволу масъалаи тест барои муайян кардани мувофиқат. Дар чунин шакл ба ҳар унсур (калима, ибора, ҷумла, формула, функсия ва ғайра), ки дар сутуни чап дода шудааст, аз сутуни рост унсури мувофиқ бояд интихоб карда шавад.

 

Намуна аз субтести биология: 

Мувофиқатро муайян намоед:

 

 

Аломати норасоии витамин

 

Витамин

 

 

 

 

 

 

 

А)

паст шудани биноиш

 

1)

А (ретинол)

 

B)

зудшикан гаштани устухон

 

2)

К (филохинин)

 

C)

суст шудани муқовимат ба сироят

 

3)

С (кислотаи аскорбинат)

 

D)

газакгирии пӯст ва асабҳо

 

4)

D (калсиферол)

 

 

 

 

5)

В6 (пиридоксин)

 

Агар довталаб, масалан, дар ҷавоб ба унсури А рақами 1, ба унсури В рақами 4, ба унсури С рақами 3 ва ба унсури D рақами 5-ро мувофиқ ҳисобад, бояд онро дар варақаи ҷавобҳо чунин ишора намояд:

 

 

Намуна аз субтести ҳуқуқ: 

Мувофиқатро муайян намоед:

 

 

А)

озодии виҷдон

 

1)

ҳуқуқ ва озодиҳои иҷтимоӣ

 

 

B)

озодии матбуот

 

2)

ҳуқуқ ва озодиҳои иқтисодӣ

 

C)

озодии занон аз табъиз дар соҳаи шуғл

 

3)

ҳуқуқ ва озодиҳои фарҳангӣ

 

D)

ҳуқуқи озодона иштирок кардан дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа

 

4)

ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ

 

 

 

 

5)

ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ

 

 

Саволу масъалаҳои кушода бо ҷавоби кӯтоҳ. Ин шакли саволу масъалаҳо танҳо дар субтестҳои математика, физика, химия, биология ва таърих мавҷуданд, ки дар онҳо ҷавоби саволу масъала дода намешавад. Ҳар як саволу масъалаи ин шаклро худи довталаб ҳал мекунад ва ҷавоби ҳосилшударо, ки адади бутуни мусбат аст, дар ҷойи махсуси ҷудошуда дар варақаи ҷавобҳо менависад. Ҷавоб – ҳар рақами адади ҳосилшуда бояд дар катаки алоҳида навишта шавад. Воҳидҳои ченак, ба мисли кг, л, м, км2, °, °С ва ғайра дар варақаи ҷавобҳо навишта намешавад.

 

Намуна аз субтести математика:

Тарзи навишти ҷавоби ҳосилшуда:

 

 

Намуна аз субтести физика:

 

Занҷири электрӣ аз се қитъа иборат аст (ниг. ба расм). Ба резисторҳо дар қитъаи 1 чанд резистори муқовимати электрии ҳар кадомаш 8 Ом-ро пай дар пай бояд пайваст кунем, то ки муқовимати электрии умумии қитъаҳои 1 ва 2 баробар шавад.

Ҷавобро бо рақам нависед.

 

 

 

 

 

Тарзи навишти ҷавоби ҳосилшуда:

 

 

         

 

 

Намуна аз субтести химия:

 

Ҳангоми пурра таҷзия шудани сулфити калий (K2SО3) 11,2 л SO2 (ш. м.) ҳосил шуд. Массаи (бо грамм) сулфити калийи таҷзияшударо муайян кунед.

 

Тарзи навишти ҷавоби ҳосилшуда:

 

Намуна аз субтести биология:

 

Тақсимшавии митозии ҳуҷайра аз чор фазаи пайиҳам: профаза, метафаза, анафаза ва телофаза иборат аст (ба расм нигаред). Дар кадом фазаҳо

а) дар натиҷаи шакли спиралро пайдо кардани хромосомаҳо имконияти нусхабардории ахбори генетикӣ аз КДН қатъ мегардад ва синтези КРН ба охир мерасад;

б) хроматидҳои дучандшудаи давраи интерфаза хромосомаҳои мустақили хоҳариро ташкил карда, онҳо ба қутбҳои ба якдигар муқобили ҳуҷайра кашида мешаванд?

 Ҷавобро бо рақам нависед.

 

Тарзи навишти ҷавоби ҳосилшуда:

 

 

 

Намуна аз субтести таърих:

 

Ба ҷойи сенуқта адади мувофиқро навишта матнро пурра кунед:

“Дар таърихи фарҳанги тоҷик даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Маскав (апрели соли 1957), Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонону донишҷӯён (соли 1957) дар Маскав, ҷашни ...-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (соли 1958), 25-солагии ҶШС Тоҷикистон (соли 1954) воқеаҳои бузург буданд.”

 

Тарзи навишти ҷавоби ҳосилшуда:

 

 

 

!

Ҳангоми ишора кардан ё навиштани ҷавоби саволу масъалаҳо қоидаи пур кардани варақаи ҷавобҳоро риоя намоед. Риоя накардани ин қоида сабаби холи камтар гирифтани Шумо мегардад, зеро коркарди варақаи ҷавобҳо ба воситаи таҷҳизот ва барномаи махсуси компютерӣ, бе таъсири омили инсонӣ ба роҳ монда мешавад. Агар Шумо дуруст ҷавоб диҳеду вале онро ғалат ишора кунед, компютер посухи Шуморо ҳамчун ҷавоби нодуруст қабул карданаш мумкин аст.

Масъулият барои дуруст пур кардани варақаи ҷавобҳо шахсан ба зиммаи довталаб гузошта мешавад.

Варақаи ҷавобҳо ҳуҷҷати ягонаи тасдиқкунандаи натиҷаҳои аз имтиҳонҳо            (қисми А ё Б) бадастовардаи довталаб аст. Бинобар ин, натиҷаи имтиҳон (қисми А ё Б)-и довталаб танҳо дар асоси варақаи ҷавобҳои пуркардааш ҳисоб карда мешавад. Ҷавобҳои дар китобчаи тест қайдкардаи довталаб ба эътибор гирифта намешавад.

Даъвои довталабоне, ки варақаи ҷавобҳоро пур накардаанд ё онро нодуруст пур кардаанд ва (ё) дар он ҷавобҳоро нодуруст қайд кардаанд, ё ислоҳ намудаанд, баррасӣ карда намешавад.

 

 

 

Расми 1. Намунаи пуркардашудаи варақаи ҷавобҳои имтиҳони қисми А

(барои гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм)

 

 

Расми 2. Паси варақаи ҷавобҳои имтиҳони қисми А

(барои гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм)

 

 

 

Расми 3. Намунаи пуркардашудаи варақаи ҷавобҳои имтиҳони қисми Б

(барои гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум)

 

 

 

Расми 4. Паси варақаи ҷавобҳои имтиҳони қисми Б

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2023-2024 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2023-2024 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Роҳнамои довталаб – 2023Роҳнамои довталаб – 2023
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест - 2023Намунаи саволу масъалаҳои тест - 2023
  • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус - 2023Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус - 2023
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2023ТАҚВИМИ ИМД – 2023
  • Озмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ

Мақолаҳо

Ғуруби ахтари пурфурӯғ

Муддате буд, ки чунин тӯлонӣ ва бетаваққуф борон наборида буд. Гӯӣ, осмонро низ фарзанди азизаш фавтида буду бар марги ҷигаргӯшаю парвардаи хеш талху боалам мегиряд...

 

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2023 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон