Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ
      • Ҳуҷҷатҳои ММТ
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2022
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2023
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2023-2024 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
  • Саволу ҷавоб

ДАЪВАТНОМАИ ИМТИҲОН

Нашр шуд: 28 Феврали 2022
Диданд: 8149

 

Даъватнома ҳуҷҷатест, ки барои ба маркази имтиҳонӣ даромадани довталаб ҳамчун иҷозатнома хизмат мекунад (нигаред ба расмҳои 1-11-ум).

Даъватнома шахсан ба довталаб ва ё наздикони ӯ бо пешниҳоди варақаи бақайдгирӣ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият аз ҷониби онҳо ба воситаи бахшҳои минтақавии Марказ, раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимӣ дастрас мегардад. Нусхаи электронии даъватномаи довталаб дар кабинети инфиродиаш низ ҷойгир ва дар ин бора ба довталаб паёмаки телефонӣ (SMS) фиристода мешавад. Матни паёмак ба чунин маънӣ хоҳад буд: “Нусхаи электронии даъватномаатон дар кабинети инфиродиатон барои Шумо дастрас аст”.

Дар ҳолати дастрас нагардидани гунаи чопии даъватнома ба довталаб ва ё онро гум кардан нусхаи электронии даъватномаашро (баъди нашри он дар кабинети инфиродӣ) довталаб барои худ метавонад сабт ва чоп кунад ё бевосита ба Марказ, ё яке аз бахшҳои минтақавии он муроҷиат намояд. Довталабоне, ки синнашон ба 16 расидааст, барои ворид шудан ба маркази имтиҳонӣ бо худ бояд даъватнома, шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва шахсони то 16-сола шаҳодатномаи таваллуд ва маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист дошта бошанд.

 

!

Довталаб ба маркази имтиҳонӣ дар рӯзи муқарраршуда бояд бо даъватнома, шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияташ бо муҳр ва сурат (барои хатмкунандагони синфи 9-ум ‒ шаҳодатномаи таваллуд ва маълумотнома бо муҳр ва сурат аз ҷойи зист) 1 соату 30 дақиқа пеш аз оғози имтиҳон ҳозир шавад.