Кабинети инфиродӣ сарчашмаи маълумот оид ба натиҷаҳои иштироки довталаб дар ИМД буда, дар давоми рӯз баъд аз номнавис шудани довталаб фаъол мегардад. Пас аз фаъол шудани кабинети инфиродӣ ба довталаб паёмак фиристода мешавад. Агар кабинети инфиродӣ фаъол набошад, довталаб онро кушода наметавонад.
Вобаста аз ҳар марҳалаи ИМД довталаб аз кабинети инфиродии худ метавонад маълумот ва маводди зеринро дастрас намояд:
◘ маълумоти инфиродӣ;
◘ нусхаи варақаи бақайдгирӣ;
◘ нусхаи даъватнома;
◘ гурӯҳи ихтисосҳо ва комбинатсияҳои ихтисосҳо (айнан дар он гунае, ки довталаб интихоб намудааст);
◘ ҷадвали баргузории имтиҳонҳо;
◘ нусхаи варақаи ҷавобҳо аз қисми дахлдори имтиҳон (А ё Б);
◘ натиҷаҳои имтиҳонҳо:
- хол ва балҳои ҳар субтест;
- хол ва бали қисми В – имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус (агар чунин имтиҳонҳоро супорида бошад);
- бали қисми Г – имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ (агар чунин имтиҳонҳоро супорида бошад);
- балҳои имтиёзӣ (барои довталабони имтиёздор);
◘ натиҷаи тақсимот ва ғайра.
Шартҳои истифода аз кабинети инфиродӣ:
1) дастрасӣ доштан ба шабакаи Интернет ва малакаи истифодаи он; 2) донистани рақами назоратӣ ва рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ (он дар варақаи бақайдгирии довталаб оварда шудааст ва ҳамчунин, ба воситаи SMS-паёмак ба телефони довталаб фиристода мешавад); 3) фаъол нигоҳ доштани почтаи электронӣ/рақами телефони мобилие, ки дар майдони почтаи электронӣ/телефони мобилии варақаи бақайдгирӣ нишон дода шудааст (барои барқарор кардани рамзи воридшавӣ (дар ҳолати фаромӯш кардани он) ба кабинети инфиродӣ); 4) риояи талаботи бехатарии иттилоот, махсусан махфӣ нигоҳ доштани рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ. |
Тарзи истифода аз кабинети инфиродӣ
Барои ворид шудан ба кабинети инфиродӣ довталаб метавонад аз сомонаи Марказ (www.ntc.tj) ё саҳифаи воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ (http://cabinet.ntc.tj), ки нишонии онҳо дар расми 8‑ум оварда шудааст, истифода барад.
Расми 6.1. Нишонии сомонаи Марказ ва саҳифаи воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ
Барои воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ тавассути сомонаи Марказ довталаб бояд дар саҳифаи асосии сомонаи мазкур аз қисми тугма-пайвандҳо (нигаред ба расми 9-ум) банди “Кабинети инфиродӣ”-ро интихоб намояд.
Расми 6.2. Тугма-пайвандҳои сомонаи Марказ
Равзанаи воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ (нигаред ба расми 10-ум), ки аз майдон ва унсурҳои зерини дорои вазифаҳои муайян иборат аст:
• майдони “Рақами назоратӣ” барои дохил кардани рақами назоратӣ;
• майдони “Рамз” барои ворид кардани рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ;
• майдони “Рамзи санҷишӣ” барои ворид кардани рамзи санҷишӣ;
• тугмаи “Воридшавӣ” барои дохил шудан ба кабинети инфиродӣ (пас аз дохил кардани рақами назоратӣ ва ҳар ду рамз пахш карда мешавад);
• пайванди “Рамзро фаромӯш кардед?” барои барқарор кардани рамзи фаромӯшшуда;
• пайванди “Тарзи истифодаи кабинети инфиродӣ” барои дастрас кардани маълумот дар бораи тарзи истифодаи кабинети инфиродӣ.
Расми 10. Равзанаи воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ
Бояд дар хотир дошт, ки воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ танҳо бо шарти дуруст дохил кардани рақами назоратӣ, рамз ва рамзи санҷишӣ (яъне, дуруст чидани рақамҳо ва ҳарфҳои хурду калони англисӣ) имкон дорад.
Ҳангоми бори аввал ба кабинети инфиродӣ воридшавӣ ва пеш аз кушода шудани саҳифаи асосии он система аз довталаб иваз кардани рамзро талаб менамояд: равзанаи “Ивази рамз” (нигаред ба расми 11-ум) пайдо мешавад. Дар ин равзана довталаб дар майдони “Рамз” рамзи муваққатӣ ва дар майдонҳои “Рамзи нав” ва “Тасдиқи рамзи нав” рамзи нави худро айнан як хел дохил карда, баъд тугмаи “Сабт”-ро бояд пахш кунад. Ҳамин тавр система рамзи навро барои дар оянда истифода кардани кабинети инфиродӣ сабт менамояд.
Расми 6.4. Равзанаи иваз кардани рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ
Агар рамзи дохилшавиро ба кабинети инфиродӣ довталаб фаромӯш карда бошад, онро бо ду роҳ барқарор карда метавонад: ба воситаи почтаи электронӣ ва SMS-паёмак. Шарти асосӣ барои иҷрои чунин амал қайд кардани нишонии почтаи электронӣ ва ё рақами телефони мобилӣ дар вақти бақайдгирӣ мебошад. Барои барқарор кардани рамзи фаромӯшшуда дар равзанаи воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ пайванди “Рамзро фаромӯш кардед?”-ро пахш кардан лозим аст, ки дар натиҷаи он равзанаи нави иборат аз ду пайванд: “Ба воситаи почтаи электронӣ” ва “Ба воситаи SMS-паёмак” пайдо мешавад. Агар довталаб рамзро ба воситаи почтаи электронӣ барқарор кардан хоҳад, пайванди “Ба воситаи почтаи электронӣ” ва дар ҳолати бо телефони мобилӣ барқарор кардани рамзи фаромӯшшуда пайванди “Ба воситаи SMS-паёмак”-ро бояд пахш кунад.
Дар натиҷаи пахши яке аз ин пайвандҳо равзанаи иборат аз ду майдон ва як тугма пайдо мешавад ва довталаб бояд рақами назоратӣ ва нишонии почтаи электрониашро (ҳангоми барқарор кардани рамзи фаромӯшкарда ба воситаи почтаи электронӣ) ё рақами телефони мобилиашро (дар сурати барқарор кардани рамзи фаромӯшгардида тавассути паёмаки телефонӣ), ки дар вақти бақайдгирӣ нишон дода буд, дар майдонҳои дахлдор дохил ва тугмаи “Фиристодан”-ро пахш кунад. Дар ин маврид рамзи навро, ки муваққатӣ асту онро барномаи компютерӣ ба таври худкор (автоматӣ) сохта, ба почтаи электронӣ (ҳангоми барқарор кардани рамз ба воситаи почтаи электронӣ) ё рақами телефони мобилии довталаб (дар сурати барқарор кардани рамз тавассути паёмаки телефонӣ) мефиристад, аз почтаи электрониаш ё аз телефони мобилиаш гирифта, бо истифода аз он мувофиқи тартиби гуфташуда ба кабинети инфиродиаш дохил мешавад.
Пас аз дуруст дохил кардани маълумоти зарурӣ дар майдонҳои мувофиқ (рақами назоратӣ ва рамз) ва пахши тугмаи дахлдор кабинети инфиродии довталаб кушода мешавад, ки равзанаи кории он ду бахшро дар бар мегирад. Бахши якум, ки “Идоракунӣ” ном дорад, дар қисми болоии равзана ҷойгир буда, аз тугмаҳои иваз намудани забони корбарӣ (тоҷикӣ ва русӣ) ва тугма-пайванди “Баромадан” иборат аст. Инчунин, дар ин бахш тугма-пайвандҳои “Маълумоти шахсӣ”, “Рӯйхати ихтисосҳо”, “Ҷадвали имтиҳонҳо”, “Нусхаи варақаи ҷавобҳо”, “Натиҷаи имтиҳонҳо” ва “Натиҷаи тақсимот” ҷой доранд, ки онҳо барои дастрас кардани маълумоти мувофиқ лозиманд. Дар бахши дуюм, ки равзанаи асосӣ ном дорад, вобаста аз интихоби тугма-пайвандҳо маълумоти зарурӣ бароварда мешавад.
Барои риояи бехатарии иттилоот ва дастнорас гаштани кабинети инфиродӣ ба шахсони бегона довталаб бояд пас аз анҷоми кораш бо пахши тугма-пайванди “Баромад” аз кабинети инфиродӣ барояд.
Равзанаи асосӣ ва намунаи мундариҷаи онро вобаста ба интихоби тугма-пайвандҳои алоҳида шарҳ медиҳем.
Равзанаи “Маълумоти шахсӣ” (нигаред ба расми 12-ум) ҳангоми ворид шудан ба кабинети инфиродӣ ҳамчун саҳифаи асосӣ кушода шуда, дар он маълумоти шахсии довталаб (расм, рақами назоратӣ, ному насаб, санаи таваллуд, муассисаи таълимӣ, суроға (ҷойи зист), намуди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва силсилаю рақами он, нишонии почтаи электронӣ ва рақами телефони мобилӣ) гузошта мешавад. Дар ин равзана нусхаи варақаи бақайдгирии довталаб ва даъватномаи ӯ дар шакли файли “.pdf” низ дастрас мешавад. Маълумоти шахсӣ ва нусхаи варақаи бақайдгирии довталаб аз рӯзи фаъол гардидани кабинети инфиродияш (дар давоми то 3 рӯзи корӣ пас аз номнавис шуданаш) ҷой дода мешавад. Нусхаи даъватномаи довталаб танҳо баъди ба анҷом расидани марҳалаҳои бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ дастрас мегардад.
Расми 6.5. Равзанаи “Маълумоти шахсӣ”
Дар равзанаи “Рӯйхати ихтисосҳо” (нигаред ба расми 6.6) маълумот оид ба комбинатсияҳои ихтисосҳои дар давраи бақайдгирӣ интихобкардаи довталаб: бартарии интихоб, рамз ва номи ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил аз рӯйи ихтисосҳои интихобгардида (бо дарназардошти забон(ҳо)и таҳсил дар онҳо) оварда мешавад. Рӯйхати ихтисосҳои интихобкардаи довталаб аз рӯзи фаъол гардидани кабинети инфиродии ӯ дар ин равзана гузошта хоҳад шуд.
Расми 6.6. Равзанаи “Рӯйхати ихтисосҳо”
Дар равзанаи “Ҷадвали имтиҳонҳо” (нигаред ба расми 6.7) маълумот оид ба қисм(ҳо)и имтиҳоне, ки вобаста ба навъ(ҳо)и ихтисосҳои интихобкардааш довталаб он(ҳо)ро бояд супорад, макон (муассиса(ҳо)и таълимӣ ва нишонии он) ва замон (рӯзу соат)‑и баргузории он(ҳо) нишон дода мешавад. Равзанаи мазкур баъд аз омода шудани даъватномаҳои довталабон ва гузоштани онҳо дар кабинетҳои инфиродӣ фаъол мегардад.
Расми 6.7. Равзанаи “Ҷадвали имтиҳонҳо”
Дар равзанаи “Нусхаи варақаи ҷавобҳо” (нигаред ба расми 15-ум) нусхаи варақаи ҷавобҳои довталаб дар шакли электронӣ (дар қолаби файлҳои “.jpg”) вобаста аз иштироки ӯ дар ягон қисми имтиҳон (А ё Б) гузошта мешавад. Довталаб имкон дорад, ки нусхаи варақаи ҷавобҳояшро сабт ва чоп кунад. Бо истифодаи нусхаи варақаи ҷавобҳои тест довталаб ҷавобҳояшро бо ҷавобҳои дурусти саволу масъалаҳои тест, ки дар сомонаи Марказ нашр карда мешавад, муқоиса ва шумораи холҳои аз ҳар субтест бадастовардаашро мустақилона ҳисоб карда метавонад. Ҷавобҳои дурусти саволу масъалаҳои тестро, ки вобаста аз қисмҳои имтиҳон ва гурӯҳҳои ихтисосҳо ҳамарӯза дар сомонаи Марказ (пас аз анҷоми имтиҳон дар нимаи дуюми рӯз) нашр карда мешавад, тавассути пайванди интернетии “Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест” дастрас кардан мумкин аст. Пайванди мазкур аз рӯзи имтиҳон (қисми А ё Б)-ро супоридани довталаб (тибқи ҷадвали имтиҳонҳо ва даъватнома) фаъол мегардад.
Расми 6.8. Равзанаи “Нусхаи варақаи ҷавобҳо”
Дар равзанаи “Натиҷаи имтиҳонҳо” (нигаред ба расми 6.9) оид ба натиҷаҳои имтиҳонҳои супоридаи довталаб – хол ва балҳо, инчунин балҳои имтиёзӣ (агар дошта бошад) маълумоти муфассал оварда мешавад.
Дар ин равзана оид ба роҳ ёфтан ва ё наёфтани довталаб ба озмуни тақсимот вобаста аз холҳои гузариши фаннии муқарраршуда низ маълумот пешниҳод мегардад: маълумот дар бораи ба озмуни тақсимот роҳ ёфтани довталаб бо матни рангаш сабз ва дар бораи ба озмуни тақсимот роҳ наёфтан бо матни рангаш сурх ишора мешавад.
Вобаста аз гурӯҳи ихтисосҳо маълумоти бештар оид ба холҳои гузариши фаннӣ аз субтестҳо ва қисмҳои алоҳидаи имтиҳонҳо ва ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо аз субтестҳои қисмҳои А ва Б, ки барои соли имтиҳонӣ таҳия карда мешаванд, мувофиқан, тавассути пайвандҳои интернетии “Холҳои гузариши фаннӣ” ва “Ҷадвали мувофиқати холҳо ба балҳо” ба довталаб дастрас аст. Равзанаи “Натиҷаи имтиҳонҳо” (нигаред ба расми 6.9) дар рӯзи эълони натиҷаҳои ИМД фаъол мешавад.
Расми 6.9. Равзанаи “Натиҷаи имтиҳонҳо”
Дар равзанаи “Натиҷаи тақсимот” (нигаред ба расми 6.10) оид ба комёб шудани довталаб тибқи натиҷаи озмуни тақсимот аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш ё комёб нашуданаш тибқи ин интихобҳо маълумот дода мешавад.
Агар ӯ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш ба муассисаи таълимӣ тақсимот шуда бошад, дар ин бора маълумоти мушаххас дода мешавад (бо нишон додани бартарии интихоб, рамз ва номи ихтисос, муассисаи таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил бо дарназардошти мавҷудияти забон(ҳо)и таҳсил аз рӯйи ихтисос, бали гузариш тибқи комбинатсияи ихтисос (ҳамчун натиҷаи озмуни тақсимот) ва бали бадастовардааш). Дар акси ҳол барои муқоиса танҳо рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкарда, балҳои гузариш аз рӯйи онҳо ва бали бадастовардаи довталаб оварда мешавад.
Агар довталаб аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш комёб шуда бошад, бояд дар муҳлати муайяншуда ба муассисаи таълимии дахлдор ҳозир шавад. Маълумоти иловагӣ дар бораи нишонии муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбие, ки ба он довталаб тақсимот шудааст ва матни огоҳидиҳанда дар бораи сари вақт ҳозир шудани ӯ ба муассисаи таълимии дахлдор дар поёни ин равзана ҷой дода мешавад. Барои дастрас кардани маълумоти бештар оид ба муассисаҳои таълимие, ки ба низоми ИМД дохил ҳастанд, дар ин қисм пайванди интернетии “Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (нигаред ба расми 6.10) низ ҷойгир карда мешавад. Ин равзана дар рӯзи эълони натиҷаҳои озмуни тақсимот фаъол мегардад.
Расми 6.10. Равзанаи “Натиҷаи тақсимот”