Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ
      • Ҳуҷҷатҳои ММТ
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2022
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2023
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2023-2024 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
  • Саволу ҷавоб

СОМОНАИ МАРКАЗ

Нашр шуд: 28 Феврали 2022
Диданд: 6932

Сомонаи Марказ сарчашмаи асосӣ ва воситаи осони дастрас кардани маълумоти зарурӣ дар бораи ИМД барои довталаб ва алоқамандони дигари ин имтиҳонҳо аст.

Сомонаи Марказ (нигаред ба расми 7-ум) дар шабакаи Интернет бо нишонии www.ntc.tj дастрас аст. Дар он оид ба ҳамаи масъалаҳои алоқаманд ба ИМД ва Марказ маълумоти даркорӣ ҷойгир ва мунтазам нав карда мешавад. Донистани онҳо барои довталабон ва алоқамандони ИМД муҳим аст.

 

Расми 7. Саҳифаи асосии сомонаи Марказ

Майдони асосии сомона барои эълону хабарҳо ва дигар матлабҳои тоза дар бораи ИМД пешбинӣ шуда, маводди он пайваста нав карда мешавад. Бахши “ИМД” дар сатри менюи сомона маълумот ва маводди ба низоми ИМД (дар соли ҷорӣ) дахлдорро дар бар мегирад. Эълонҳои тозаю муҳимро ба воситаи бахши “Эълонҳо” низ дастрас кардан мумкин аст.

Дар бахши “Ба довталаб” мавод ва маълумоти зарурӣ барои омодашавӣ ва иштироки довталаб дар ҳар марҳалаи ИМД ҷой дода шудааст. Аз ин бахш довталаб гуна (вариант)-ҳои электронии дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, маҷмуаҳои саволу масъалаҳои тест (намунаи тестҳо), тартибу тавсияҳои методӣ, барномаҳои имтиҳон аз фанҳои имтиҳон ва ғайраро дастрас карда метавонад. Рӯйхати муассисаҳои таълимии ба низоми ИМД  дохилшуда, нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимӣ (феҳристҳои комбинатсияҳои ихтисосҳо) дар соли баргузории ИМД, рӯйхати ихтисосҳои супоридани имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус талабкунандаро низ довталаб метавонад аз ин бахш пайдо намояд. Ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тест дар давраи баргузории имтиҳонҳо ҳамарӯза пас аз анҷоми имтиҳонҳо дар ин бахши сомона ба нашр мерасанд. Ин ба довталаб имкон медиҳад, ки ӯ дар асоси нусхаи варақаи ҷавобҳояш, ки дар кабинети инфиродияш гузошта шудааст, шумораи холҳояшро аз ҳар субтести имтиҳон мустақилона ҳисоб кунад. Холҳои бадастовардаашро то нашри варақаи ҷавобҳо дар кабинети инфиродияш довталаб метавонад ҳамчунин, бо истифода аз китобчаи тест, ки баъд аз имтиҳонсупорӣ дар дасташ мемонад, мустақилона ҳисоб намояд.

Довталаб метавонад бо истифода аз бахши “Саволу ҷавобҳо” дар бораи низоми ИМД савол диҳад. Ба саволҳои пешниҳодшуда мутахассисони Марказ ҷавобҳои дақиқ ва мушаххас медиҳанд. Ба довталаб тавсия дода мешавад, ки қабл аз пурсише оид ба ИМД бо саволу ҷавобҳои пештар нашргардида шинос шавад, то ки суолҳои мавҷударо такрор накунад.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2023-2024 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2023-2024 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Роҳнамои довталаб – 2023Роҳнамои довталаб – 2023
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест - 2023Намунаи саволу масъалаҳои тест - 2023
  • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус - 2023Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус - 2023
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2023ТАҚВИМИ ИМД – 2023
  • Озмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ

Мақолаҳо

Ғуруби ахтари пурфурӯғ

Муддате буд, ки чунин тӯлонӣ ва бетаваққуф борон наборида буд. Гӯӣ, осмонро низ фарзанди азизаш фавтида буду бар марги ҷигаргӯшаю парвардаи хеш талху боалам мегиряд...

 

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2023 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон