Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ
      • Ҳуҷҷатҳои ММТ
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2022
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2023
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2023-2024 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
  • Саволу ҷавоб

ИХТИСОСРО ЧӢ ГУНА БОЯД ИНТИХОБ КАРД?

Нашр шуд: 21 Январи 2023
Диданд: 29213

Ихтисос навъи мушаххаси кор (фаъолият) дар доираи ин ё он касб аст. Шахс метавонад, ки дар доираи як касб чанд ихтисосро интихоб намояд. Баъд аз таҳсил аз рӯйи ҳар ихтисос тахассуси муайян дода мешавад. Масалан, касби омӯзгорӣ дорои тахассусҳои омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик, омӯзгори забон ва адабиёти рус, омӯзгори таърих, омӯзгор-равоншинос (психолог), омӯзгори мусиқӣ, омӯзгори физика, омӯзгори биология ва химия, омӯзгори география, омӯзгори математика ва информатика, омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ, рассом-омӯзгор, китобдор-омӯзгор ва ғайра аст.

Интихоби дурусти ихтисос барои ҳар як шахс муҳим ва ҳатто тақдирсоз аст, бинобар ин, дар интихоби ихтисос таваҷҷуҳи зиёд бояд кард. Ҳангоми интихоби ихтисос ба эътибор гирифтани якчанд омил зарур аст. Пеш аз ҳама, довталаби азиз, бояд хуб биандешед, ки аз ин касб чӣ мехоҳед ва аз он чиро интизоред, дар кадом соҳа фаъолият ба Шумо бештар писанд аст ва касбу кори Шумо ба тарзи ҳаётатон чӣ таъсире расонида метавонад? Оё аз ин касбу ихтисос қаноатманд хоҳед шуд? Он воситаи таъмини рӯзгоратон мешавад ё не?

Ҳар як довталаб талаботи бозори меҳнатро ба касбу ихтисосҳо ақаллан барои 5‑6 соли оянда бояд ба назар гирад, зеро дар ҳоли мавриди талаби бозори меҳнат набудани он касбу ихтисос ё нисбат ба талабот зиёд будани шумораи мутахассисони он соҳа манфиаташ ба соҳибкасб кам мерасад. Барои мисол, гарчи ихтисосҳои самти ҳуқуқшиносӣ нуфузу эътибори баланд доранд, имрӯз барзиёд будани мутахассисони ин соҳа дар бозори меҳнат ҳис карда мешавад. Баръакс, ҳамаи соҳаҳои кишвари мо ба ихтисосҳои техникӣ (гурӯҳи ихтисосҳои якум – "Табиӣ ва техникӣ") ниёзи зиёд дорад, аммо аз ҷониби довталабон кам интихоб гардидани онҳо ҳар сол аён мегардад.

Интихоби касб ва ихтисос, албатта, кори шахсии ҳар кас аст, вале ҳангоми интихоби он таҷриба ва маслиҳати падару модар, омӯзгор, хешу ақрабо ва мутахассисони соҳаро ба эътибор гирифтан ба нафъи кас хоҳад буд.

Ҳамчунин, ҳангоми интихоби касбу ихтисос бештар хусусиятҳои ҷисмонию равонии худ – вазъи саломатӣ, дониш, лаёқату истеъдодро ба назар гирифтан зарур аст. Ҳар касбу ихтисос талаботи ба худ хос дорад, ки аз шахс қобилият, хислат, дониш ва маҳорати муайянро талаб мекунад. Масалан, касе, ки овозаш нохуш ё гулӯяш айбдору бемор бошад, овозхони хуб шуда наметавонад.

!

Касбу ихтисосро фақат бо хоҳиши худ интихоб кунед. Бидонед, ки бо ин касбу ихтисос Шумо шояд тамоми умр кору зиндагӣ намоед! Бояд таъкид кард, иштирок дар ИМД ихтиёрист, аммо барои шахси дар он иштироккунанда интихоби дурусту ҳадафмандонаи ихтисосҳо зарур аст.

Миқдори маблағи шартномаи таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тағйир ёфтанаш мумкин аст. Тағйир додани миқдори ин маблағ танҳо дар салоҳияти худи муассисаҳо буда, ба Марказ дахл надорад.

Ҳар кас бояд ихтисосеро интихоб кунад, ки ба табиату қобилияташ мувофиқ бошад. Довталаб бояд, пеш аз ҳама, олами маънавии худ − шавқу ҳавас, меҳру садоқат ба касбу ихтисос, тафаккур ва қобилияту истеъдодашро ба назар гирад. Сипас бо ихтисосҳои мавҷудае, ки майли интихоби онҳоро дорад, шинос шуда, хусусияту талаботи онҳоро фаҳмида, лаёқату донишу тавону имкони худро ба эътибор гирифта, онҳоро ихтиёр кунад. Танҳо дар ҳамин сурат интихоби касбу ихтисос дурусту дақиқ ва бошуурона буда метавонад.

Инро ҳам донистан лозим аст, ки аз рӯйи ихтисоси интихобкарда мутахассисонро кадом муассисаҳои таълимӣ омода мекунанд. Шумораи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаю олии касбӣ кам нест. Бинобар ин, муҳим аст, ки барои дурусту дақиқ интихоб кардани онҳо низ довталаб имконият ва шароити худро дар мадди назар дошта, аз ҷумла меъёрҳои зеринро ба эътибор гирад:

• шакли таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ) ва намуди таҳсил (ройгон, пулакӣ);

• макони ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ;

• зерсохтори муассисаи таълимӣ (хобгоҳ, китобхона, толорҳои варзишию фарҳангӣ);

• нуфуз ва эътибор (рейтинг)-и муассисаи таълимӣ;

• фикру ақидаи аҳли ҷомеа дар бораи муассисаи таълимӣ.

Шумо бояд то давраи бақайдгирӣ бо истифода аз феҳристҳои ихтисосҳо, ки дар сомонаи Марказ гузошта мешавад, инчунин барномаи махсус барои интихоби ихтисос, ки ба воситаи шабакаҳои гуногуни Интернет паҳн карда хоҳад шуд, интихобҳои худро муайян намоед.

Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ба низоми ИМД дохилшудаи ҷумҳурӣ, ки коллеҷ, донишкадаю донишгоҳҳо ва як академияро дарбар мегирад, аз рӯйи беш аз 900 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд. Рӯйхати ихтисосҳо бо нишон додани муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил дар сомонаи Марказ ҷой дода мешавад. Инчунин барои интихоби ихтисосҳо Марказ барномаи махсусро таҳия ва паҳн мекунад, ки аз он тавассути компютер ва телефонҳои мобилии ҳушманд истифода кардан мумкин аст. Пайванд барои боргирии ин барнома дар сомонаи Марказ гузошта мешавад.

Ихтисосҳо аз рӯйи монандию наздикии фанҳои имтиҳон ба ҳам дар 5 гурӯҳи ихтисосҳо муттаҳид гардидаанд, ки ин таснифотро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Марказ тасдиқ кардааст:

1) табиӣ ва техникӣ;

2) иқтисод ва география;

3) филология, педагогика ва санъат;

4) ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ;

5) тиб, биология ва варзиш.

Довталаб ҳуқуқи интихоби то 12 комбинатсияи ихтисосро вобаста аз муассисаи таълимӣ, шакли таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ) ва намуди таҳсил (ройгон, пулакӣ) тибқи нақшаи қабули донишҷӯён дар доираи танҳо як гурӯҳи ихтисосҳо дорад. Довталаб интихобҳои худро дар рӯйхат бояд аз рӯйи бартарияшон (афзалияташон) ҷо ба ҷо гузорад, яъне комбинатсияҳои ихтисосҳои барои худ бештар мувофиқ ва писандро дар болотар бигзорад. Ба таври дигар гӯем, бартарии интихоб ин аст, ки бояд он ихтисосе дар рӯйхати интихобҳо дар ҷойи аввал (аз ҳама боло) монда шавад, ки он барои довталаб писанд ва заруртар аз ихтисосҳои дигари интихобшуда аст. Сипас интихобҳои боқимондаро (мувофиқи хоҳишаш) дар ҷойҳои дуюм, сеюм ва ғайра – то дувоздаҳум ҷобаҷо гузоштан лозим аст. Масалан, интихоби довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум чунин буда метавонад:

 

!

Довталабон бояд ҳангоми интихоби ихтисосҳои тиббӣ бо номгӯйи бемориҳое, ки шахсони ба онҳо гирифторшуда аз рӯйи баъзе ихтисосҳои тиббӣ ҳуқуқи таҳсил карданро дар  муассисаҳои  таълимии  таҳсилоти  миёна ва  олии  касбӣ  надоранд,  шинос  шаванд.  Рӯйхати  чунин  бемориҳо (нигаред ба замимаи 2), ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25‑уми сентябри соли 2018, № 475), дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ва сомонаи Марказ низ гузошта мешавад. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ихтисосҳои самти тиб) довталабони дар озмуни тақсимот аз рӯйи ихтисосҳои ин муассисаҳо комёбшуда аз ташхиси тиббӣ мегузаранд. Ёдрас мекунем, ки тибқи натиҷаҳои ташхиси тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳангоми қабули довталабони дар озмуни тақсимоти ИМД‑и солҳои гузашта комёбшуда маълум гардид, ки баъзе аз довталабон гирифтори чунин бемориҳо будаанд. Аз ин сабаб муассисаҳои таълимии номбурда чунин довталабонро қабул накарданд.

 

Ҷадвали 1

Намунаи интихоби комбинатсияҳои ихтисосҳо дар гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум

(барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ)

 

Р.т.

Ихтисос

Муассисаи таълимӣ

Шакли

таҳсил

Намуди таҳсил

Забони

таҳсил

1 

102050302 – Математика. Информатика

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (шаҳри Душанбе)

рӯзона

ройгон

тоҷикӣ, русӣ

2 

102050402 – Физика. Информатика

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (шаҳри Душанбе)

рӯзона

ройгон

тоҷикӣ

3 

1310304 – Информатика

Донишгоҳи (славянии) Россия ва Тоҷикистон (шаҳри Душанбе)

рӯзона

ройгон

русӣ

4 

010302 – Математикаи амалӣ ва информатика

Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар

шаҳри Душанбе

рӯзона

ройгон

русӣ

5 

102050302 – Математика. Информатика

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (шаҳри Душанбе)

рӯзона

пулакӣ

тоҷикӣ, русӣ

6 

102050402 – Физика.

Информатика

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (шаҳри Душанбе)

рӯзона

пулакӣ

тоҷикӣ

7 

1310304 – Информатика

Донишгоҳи (славянии) Россия ва Тоҷикистон (шаҳри Душанбе)

рӯзона

пулакӣ

русӣ

8 

140010202 – Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт)

Донишгоҳи технологии

Тоҷикистон (шаҳри Душанбе)

рӯзона

пулакӣ

тоҷикӣ, русӣ

9 

169010106 – Меъмории манзаравӣ

Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

(шаҳри Душанбе)

рӯзона

пулакӣ

тоҷикӣ

10 

169010106 – Меъмории манзаравӣ

Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ

дар шаҳри Кӯлоб

рӯзона

пулакӣ

тоҷикӣ

11 

2400102 – Низоми технологияи иттилоотӣ

Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ (шаҳри Душанбе)

рӯзона

ройгон

тоҷикӣ

12 

2400102 – Низоми технологияи иттилоотӣ

Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ (шаҳри Душанбе)

рӯзона

пулакӣ

тоҷикӣ

 

Интихоби довталаби дорои таҳсилоти умумии асосӣ дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм чунин буда метавонад:

Ҷадвали 2

Намунаи интихоби комбинатсияҳои ихтисосҳо дар гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм

(барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум)

Р.т.

Ихтисос

Муассисаи таълимӣ

Шакли

таҳсил

Намуди таҳсил

Забони

таҳсил

1 

2010201 – Таҳсилоти ибтидоӣ

Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (шаҳри Душанбе)

рӯзона

ройгон

тоҷикӣ

2 

2010101 – Таҳсилоти томактабӣ

Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (шаҳри Душанбе)

рӯзона

ройгон

тоҷикӣ

3 

2010201 – Таҳсилоти ибтидоӣ

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода

рӯзона

ройгон

тоҷикӣ

4 

2010101 – Таҳсилоти томактабӣ

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода

рӯзона

ройгон

тоҷикӣ

5 

2020301 – Забон ва адабиёти тоҷик

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода

рӯзона

ройгон

тоҷикӣ

6 

2010201 – Таҳсилоти ибтидоӣ

Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (шаҳри Душанбе)

рӯзона

пулакӣ

тоҷикӣ

7 

2010101 – Таҳсилоти томактабӣ

Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (шаҳри Душанбе)

рӯзона

пулакӣ

тоҷикӣ

8 

2010201 – Таҳсилоти ибтидоӣ

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода

рӯзона

пулакӣ

тоҷикӣ

9 

2010101 – Таҳсилоти томактабӣ

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода

рӯзона

пулакӣ

тоҷикӣ

10 

2020301 – Забон ва адабиёти тоҷик

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода

рӯзона

пулакӣ

тоҷикӣ

11 

2010201 – Таҳсилоти ибтидоӣ

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор

рӯзона

пулакӣ

тоҷикӣ

12 

2020301 – Забон ва адабиёти тоҷик

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор

рӯзона

пулакӣ

тоҷикӣ

 

Ҳамин тавр довталаб бо дарназардошти муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсили тибқи нақшаи қабул пешбинигардида то 12 комбинатсияи ихтисосро чунин интихоб карда метавонад:

1) вобаста аз муассисаи таълимӣ:

а) барои довталабоне, ки таҳсилоти миёнаи умумӣ (пас аз хатми синфи 11‑ум), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ доранд:

• аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ;

• аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;

• ҳам аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва ҳам олии касбӣ;

б) барои довталабоне, ки таҳсилоти умумии асосӣ (пас аз хатми синфи 9-ум) доранд:

• танҳо аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;

2) вобаста аз шакли таҳсил:

а) барои довталабоне, ки таҳсилоти миёнаи умумӣ (пас аз хатми синфи 11‑ум), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ доранд:

• таҳсили рӯзона;

• таҳсили шабона;

• таҳсили ғоибона;

• таҳсили фосилавӣ;

• шаклҳои гуногуни таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ);

б) барои довталабоне, ки таҳсилоти умумии асосӣ (пас аз хатми синфи 9-ум) доранд, танҳо таҳсили рӯзона пешбини гардидааст.

3) вобаста аз намуди таҳсил (новобаста аз он, ки довталаб кадом зинаи таҳсилотро дорост):

• таҳсили ройгон;

• таҳсили пулакӣ;

• ҳам таҳсили ройгон ва ҳам пулакӣ.

Довталаби хатмкарда ё хатмкунандаи синфи 9-ум низ ҳуқуқи дар доираи як гурӯҳи ихтисосҳо то 12 комбинатсияи ихтисосро вобаста аз муассисаи таълимӣ аз рӯи намуди ройгон ва ё пулакӣ интихоб кардан дорад. Аммо шакли таҳсили ӯ танҳо рӯзона мешавад, яъне таҳсили шабона, ғоибона ва фосилавиро интихоб карда наметавонад.  Ӯ ихтисосҳои муайянро танҳо аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки қабули донишҷӯён дар онҳо дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум ба роҳ монда шудааст, интихоб карда метавонад.

 

Дар вақти бақайдгирӣ, ҳангоми интихоби ихтисосҳое, ки таълими онҳо дар муассисаи таълимӣ бо якчанд забон аст, довталаб забони таҳсилро мушаххас нишон дода наметавонад, зеро, агар тибқи нақшаи қабул таълими ихтисос ба якчанд забон пешбинӣ шуда бошад, тақсимоти донишҷӯёнро ба гурӯҳҳои академӣ аз рӯйи забони таҳсил баъди гузаштани онҳо аз озмуни тақсимот муассисаи таълимии дахлдор мувофиқи нақшаи қабул, балҳои бадастовардаи донишҷӯён ва хоҳиши онҳо анҷом медиҳад. Дар навбати аввал хоҳиши донишҷӯёне ба назар гирифта мешавад, ки нисбат ба дигарон балҳои зиёдтар доранд.

Дар феҳристи комбинатсияҳои ихтисосҳо ва варақаи бақайдгирӣ забон(ҳо)и таҳсил барои ҳар як ихтисос дар муассисаи таълимӣ нишон дода мешавад. Вобаста ба ин, агар Шумо танҳо ба забони тоҷикӣ таҳсил кардан хоҳед (тавонед), пас, ҳамон ихтисос(ҳо)-еро интихоб кунед, ки тибқи нақшаи қабул барояш(он) таълим ба забони тоҷикӣ пешбинӣ гардидааст ва баръакс, агар Шумо танҳо ба забони русӣ таҳсил кардан (хоҳед) тавонед, он ихтисос(ҳо)-еро интихоб кунед, ки тибқи нақшаи қабул барояш(он) таълим ба забони русӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ёд доштан зарур аст, ки озмуни тақсимоти довталабони комёб аз рӯйи тартиб ‒ бартарии интихоби комбинатсияҳои ихтисосҳояшон, аз интихоби 1-ум то 12‑ум, бонавбат сурат мегирад.

Бояд қайд кард, ки баъзе аз ихтисосҳо супоридани имтиҳони эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус ё имтиҳонҳои иловагии тахассусиро талаб мекунанд. Бинобар ин, довталабоне, ки чунин ихтисосҳоро интихоб мекунанд, бояд имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус (масалан, интихоби 9-ум дар ҷадвали 1-ум), ё имтиҳони иловагии тахассусӣ (масалан, интихоби 4-ум дар ҷадвали 1-ум) низ супоранд. Маълумоти бештарро дар бораи чунин имтиҳонҳо аз зербахшҳои “Қисми В” ва “Қисми Г” гирифта метавонед.

Ҳар як довталабро зарур аст, ки дар вақти бақайдгирӣ ба бартарии интихобҳои худ зиёд таваҷҷуҳ карда, мавқеи ихтисосҳои интихобкардаашро ба таври дилхоҳаш дар рӯйхат ба тартиби аз 1‑ум то 12-ум дуруст нишон диҳад.

 

!

Агар довталаб ихтисосҳои интихобкардааш ва ё ҳар гуна маълумоти дигарро дар варақаи бақайдгириаш тағйир додан хоҳад, ин корро танҳо дар давраҳои азнавбақайдгирӣ карда метавонад.

Ҳангоми интихоби гурӯҳи ихтисосҳо ва комбинатсияи ихтисосҳо донишу маҳорати худ, шумораи ҷойҳоро мувофиқи нақшаи қабули донишҷӯён дар муассисаҳои таълимӣ, ҳамчунин талаботи бозори меҳнатро ба эътибор гиред.

 

!

Таҷрибаи солҳои гузашта нишон медиҳад, ки бинобар гурӯҳҳои ихтисосҳои 1-ум ва 2-юмро камтар интихоб кардани довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ  ва  миёнаи  касбӣ  холҳои гузариши фаннӣ тибқи субтестҳои дахлдор дар онҳо ва бали гузариш аз рӯйи  комбинатсияи  ихтисосҳо  нисбат  ба комбинатсияи ихтисосҳои гурӯҳҳои ихтисосҳои дигар пасттар буд. Бинобар ин, бештари довталабони ин гурӯҳҳои ихтисосҳо холҳои гузариши фанниро ба даст оварда тавонистанд ва дар озмуни тақсимот низ комёб шуда, донишҷӯй гардиданд. Аммо довталабони зиёде, ки интихобҳояшон аз гурӯҳҳои ихтисосҳои 3-юм, 4-ум ва 5-ум буд, холҳои гузариши фанниро ба даст оварда натавонистанд. Инчунин, як қисми зиёди довталабони холҳои гузариши фанниро бадастовардаи гурӯҳҳои ихтисосҳои   3-юм, 4‑ум ва 5‑ум ҳатто бо балҳои баланд аз озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ берун монда, донишҷӯй нашуданд. Ин ҳолат ба довталабони хатмкардаи синфи 9-ум низ дахл дорад, танҳо бо ин фарқ, ки онҳо гурӯҳҳои ихтисосҳои 1-ум, 2‑юм, 3‑юм ва 4-умро камтар интихоб карда, асосан ба гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум майл кардаанд.


 

!

МАҲДУДИЯТҲО ДАР ИНТИХОБИ ИХТИСОС:

 

► довталаб ихтисосҳоро танҳо дар доираи як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб карда метавонад;

► таҳсили рӯзонаро аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ танҳо шахсони то 35-сола интихоб карда метавонанд;

► ихтисоси “Тарбияи ҷисмонӣ. Омодагии дифои ҳарбӣ”-ро аз Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов ва ихтисосҳоро аз Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит танҳо мардон интихоб карда метавонанд. Ихтисоси “Тарбияи ҷисмонӣ. Омодагии дифои ҳарбӣ”‑ро аз Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов фақат мардоне метавонанд интихоб кунанд, ки таваллудашон на пештар аз моҳи октябри соли 2001 аст;

► шахсони гирифтори бемориҳои муайян аз рӯйи баъзе аз ихтисосҳои тиббӣ ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ надоранд. Вобаста ба ин, довталабон бояд ҳангоми интихоби ихтисосҳои тиббӣ бо номгӯйи бемориҳое, ки шахсони гирифтори чунин бемориҳо аз рӯйи баъзе ихтисосҳои тиббӣ ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ надоранд (нигаред ба замимаи 2), шинос шаванд. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ихтисосҳои самти тиб) довталабони дар озмуни тақсимот аз рӯйи ихтисосҳои ин муассисаҳо комёбшуда аз ташхиси тиббӣ мегузаранд;

► шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандии сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ихтисосҳои таҳсилашон пулакиро интихоб карда метавонанд, яъне ҳуқуқи интихоби ихтисосҳои таҳсилашон ройгонро надоранд. Чунин шаҳрвандон ихтисоси “Тарбияи ҷисмонӣ. Омодагии дифои ҳарбӣ”-ро низ аз Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов интихоб карда наметавонанд (на таҳсили ройгон ва на пулакӣ);

► довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкарда ё хатмкунандаи синфи 9-ум) ихтисосҳои муайянро танҳо аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо), ки қабули донишҷӯён дар онҳо дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ ва фақат аз рӯйи таҳсили рӯзона ба роҳ монда шудааст, интихоб карда метавонанд;

► довталаб ихтисос(ҳо)и дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсуси талаботаш(он) гуногунро ҳамзамон аз якчанд муассисаи таълимӣ интихоб карда наметавонад. Инчунин интихоби ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсуси талаботашон гуногун аз як муассисаи таълимӣ номумкин аст.

 

 


 

 


 

 

 

 

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2023-2024 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2023-2024 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Роҳнамои довталаб – 2023Роҳнамои довталаб – 2023
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест - 2023Намунаи саволу масъалаҳои тест - 2023
  • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус - 2023Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус - 2023
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2023ТАҚВИМИ ИМД – 2023
  • Озмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ

Мақолаҳо

Ғуруби ахтари пурфурӯғ

Муддате буд, ки чунин тӯлонӣ ва бетаваққуф борон наборида буд. Гӯӣ, осмонро низ фарзанди азизаш фавтида буду бар марги ҷигаргӯшаю парвардаи хеш талху боалам мегиряд...

 

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2023 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон