Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ
      • Ҳуҷҷатҳои ММТ
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2022
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2023
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2023-2024 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
  • Саволу ҷавоб

ПЕШГУФТОР

Нашр шуд: 21 Январи 2023
Диданд: 6354

 

Барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 11-ум) соли охири таҳсил эҳсосбарангезу ҳаяҷоновар аст, зеро дар ин сол онҳо ба зинаи нави зиндагӣ қадам мениҳанд, ҳаёти мустақилонаашон оғоз мегардад, муҳимтар аз ҳама, аксарашон аз пайи иҷрои орзуи волояшон – донишҷӯй шудан талош мекунанд. Зумрае аз хатмкунандаҳои муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ (синфҳои 9-ум) низ дар пайи амалӣ кардани чунин умедҳояшон хоҳанд шуд.

Акнун барои тамоми ҷомеаи Тоҷикистон маълум аст, ки орзуи донишҷӯй шудан, соҳиби касбу ихтисоси дилхоҳ гардидан барои ҳеҷ довталаби ҳадафмандона омӯзишкардаю таълимгирифта кори душвор нест. Хонандаи рамузфаҳм дарҳол пай бурд, ки сухан ин ҷо аз чӣ меравад. Оре. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон осонкунандаи мушкилоти довталабон, дастгири орзумандони таҳсилоти олию миёнаи касбӣ шудааст. Қариб даҳ сол аст, ки дар фазои маорифи ҷомеа ниҳоди номбурда даргоҳи умеди довталабон, ёвари хоҳишмандони таҳсил дар донишгоҳу донишкадаю коллеҷҳо гардидааст.

Воқеан, аз назари аҳли ҷамъияти кишвар пӯшида нест, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳнамои ин гуна шахсон дар ҷодаи бароварда кардани матлубашон аст. Ин ҳама шароит ва имкониятҳоеро, ки Марказ фароҳам овардааст, даҳ сол қабл касе онро ҳатто орзу намекард: осон, сабук, дастрас, мувофиқ; интихоби то 12 ихтисос, интихоби вақти мувофиқ барои бақайдгирӣ, имкониятҳои такрорӣ барои бақайдгирӣ ва имтиҳонсупорӣ дар ҳолатҳои муайян ва амсоли инҳо.

Гарчанде низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) дар муддати ин солҳо чун низоми мукаммали миллии тестӣ ва абзори арзёбиаш ҳамчун воситаи муътамади санҷиши донишу маҳорати довталабон эътироф гаштааст, корҳо дар ҳамаи давру марҳала ва қадамҳои ИМД бо истифодаи техникаву технологияи навину беҳин ҷараён мегирад, бо ин ҳама сол то сол Марказ бино бар таҷрибаи андӯхтааш бо мақсади бештар фароҳам овардани беҳбуду осониҳо, шароити хубтару созгориҳо барои довталабон низоми имтиҳонҳои номбурдаро такмил ва сохтору унсурҳояшро ҳадафмандонаю бамавридона таҷдид мекунад. Таҷҳизоту василаву абзор, усулу равишҳои наву муосирро ба кор мебарад, то барои довталабон ҳамеша шароити мусоид ва имкони муносиб мавҷуд бошад, ки онҳо дар ҳеҷ марҳалаи ИМД ба ҳеҷ мушкиле рӯ ба рӯ нашаванд. Ин аст, ки тағйироту навгониҳо низ ҳар сол дар фаъолияти Марказ вобаста ба низоми имтиҳонҳои мазкур ба амал меоянд.

Бояд гуфт, ки Маркази миллии тестӣ ҳар сол дар байни донишҷӯёни соли аввали донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳои ҷумҳурӣ ва довталабон пурсиш мегузаронад ва маълумоти аз пурсиш ҳосилгардида таҳлилу баррасӣ шуда, натиҷаҳои он дар такмили низоми ИМД, рафъи баъзе аз камбуду норасоиҳо (агар он мушоҳида шавад) ва умуман, фаъолияти Марказ ба эътибор гирифта мешавад.

Дар ИМД-2022 марҳалаи иловагии бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар шаҳру ноҳияҳои дигари аз ҷониби Марказ интихобшуда ҳам баргузор гашт. Ин кор барои ИМД дар соли 2023 низ ба нақша гирифта шудааст. Ин раванд ҳамзамон, дар як вақт – аз 10-ум то 30-юми июн ба роҳ монда мешавад.

Бо тафовут аз солҳои пешин марҳалаи асосии азнавбақайдгирӣ низ дар соли 2023 бо раванди бақайдгирӣ дар як вақт (аз 1-уми март то 30‑юми апрел) мегузарад.

Боз як коре, ки Марказ дар доираи ИМД-2023 бо мақсади имконияти бештар овардан ба довталабон ба иҷро расонданист, афзун кардани шумораи нуқтаҳои доимии бақайдгирӣ дар шаҳру ноҳияҳо аст. Ин иқдом дастрасӣ ва сабукию осониҳои бештарро барои довталабон дар корҳои қайду бозномнависӣ таъмин хоҳад кард.

Ҳамчунин, тибқи нақшаи фаъолияти Марказ дар ИМД-2023 тақсимоти такрории иловагӣ роҳандозӣ хоҳад шуд. Бо ин мақсад азнавбақайдгирӣ низ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ ва такрории иловагӣ дар шаҳру ноҳияҳои интихобшуда ба нақша гирифта шудааст.

Лоиқи тазаккур аст, ки имсол барои интихоби ихтисосҳо барномаи махсус, ки онро дар компютер ё телефони мобилӣ истифода кардан мумкин аст, таҳия гардид. Он дар сомонаи Марказ гузошта мешавад ва хоҳишмандон метавонанд онро ба телефон ё компютер боргирӣ карда, ихтисосҳои мақбулашонро барои қайд бо мақсади иштирок дар ИМД осон интихоб кунанд. Ин барнома аз ҳар лиҳоз барои довталабон дар интихоби ихтисосҳо ва муассисаҳои таълимӣ муносибтару беҳтар аст, бинобар ин аз шакли чопии ихтисосҳо, ки ҳар сол чун замимаи дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” пешниҳод мегардид, даст кашида шуд.

Имсол теъдоди муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо)-и ҷумҳурӣ, ки ба низоми ИМД дохиланд, 3-то афзуд. Инҳо Коллеҷи тиббӣ-инноватсионии шаҳри Бохтар (ғайридавлатӣ), Коллеҷи тиббии ноҳияи Ховалинг (ғайридавлатӣ), Коллеҷи тиббии ноҳияи Фархор (ғайридавлатӣ) ҳастанд, ки навтаъсисанд. Ҳамчунин,  “Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд” (ғайридавлатӣ) ба “Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ” (ғайридавлатӣ) табдил ёфт.

Довталабони азиз! Акнун шумо мутмаинед ва инро бародарону хоҳарони бузургсолтари шумо, довталабони солҳои пешин низ тасдиқ мекунанд, ки ҳеҷ монеа, ягон садде дар ҷодаи ҳадафҳоятон барои донишҷӯй шудан вуҷуд надорад. Фақат омодагии ҳамаҷонибаю арзандаи шумо ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ кофӣ аст, ки аз рӯи касбу ихтисоси мақбулу дилхоҳатон ба ҳар муассисаи таълимии олӣ ё миёнаи касбӣ дохил шавед, дар курсии донишҷӯӣ бинишинед, соҳиби илму пешаю ҳунару ихтисоси писандидаатон бишавед, барои зиндагии шоистаатон замина гузоред, ба миллату давлат хидмати лоиқу босазо кунед.

Барои амалӣ кардани орзуҳоятон дар роҳи донишҷӯӣ омодагии хуб ба имтиҳонҳо як тарафи масъала аст. Дурусту мувофиқ интихоб кардани ихтисосҳо ва риояи комил ва иҷрои ҳамаи шарту талаботу қоидаҳои барои ИМД муқарраршуда ҷониби дигари масъала аст, ки набояд аз мадди назари шумо дур шавад. Барои ҳамаи ин дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” шуморо ёвар хоҳад буд. Вақтро зоеъ накунед, ҳар лаҳзаи онро ғанимат шуморед, хонед, омӯзед, бикӯшед, амал кунед, фирефтаи ҳеҷ шахсеву гурӯҳе нашуда, танҳо ба донишу маҳорати хеш такя созед, ба ҳар орзуи худ хоҳед расид.

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамеша кафили шаффофияту адолату воқеият дар низоми ИМД аст.

Ба ҳамаи шумо комёбӣ мехоҳем, довталабони азиз!

 

Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ,

директори Маркази миллии тестии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2023-2024 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2023-2024 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Роҳнамои довталаб – 2023Роҳнамои довталаб – 2023
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест - 2023Намунаи саволу масъалаҳои тест - 2023
  • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус - 2023Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус - 2023
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2023ТАҚВИМИ ИМД – 2023
  • Озмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ

Мақолаҳо

Ғуруби ахтари пурфурӯғ

Муддате буд, ки чунин тӯлонӣ ва бетаваққуф борон наборида буд. Гӯӣ, осмонро низ фарзанди азизаш фавтида буду бар марги ҷигаргӯшаю парвардаи хеш талху боалам мегиряд...

 

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2023 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон