Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ
      • Ҳуҷҷатҳои ММТ
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2022
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2023
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2023-2024 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
  • Саволу ҷавоб

РОҲНАМОӢ

Нашр шуд: 21 Январи 2023
Диданд: 42437

 

Бахши ”Ихтисосро чӣ гуна бояд интихоб кард?” Шуморо бо шарту талаботи интихоби касбу ихтисос, дуруст интихоб кардани муассисаҳои таълимӣ ва намунаи интихоби ихтисосҳо шинос менамояд.

Бахши “Кадом муассисаҳои таълимӣ ба низоми ИМД дохиланд?” ном, нишонӣ ва рақами телефони муассисаҳои таълимиро дар бар мегирад.

Дар бахши “Довталаб кай ва чӣ тавр бояд аз қайд гузарад?” талабот, шартҳо, вақту макони марҳалаҳои асосию иловагии бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ бо намуна (шакл)-и варақаи бақайдгирӣ баён карда шудааст.

Бахши “Пешномнависӣ” Шуморо бо ҳадафи ин хизматрасонӣ ва шарту талаботи истифода аз он шинос месозад.

Дар бахши “Маблағи хизматрасонӣ дар ИМД” аз масъалаҳои марбут ба маблағи хизматрасонӣ дар ИМД, имтиёзҳои муқарраршуда барои шахсони муайян дар пардохти он, муҳлат ва шартҳои пешниҳоди ариза барои баргардонидани ин маблағ хабардор хоҳед шуд.

Бахшҳои “Сомонаи Марказ” ва “Кабинети инфиродӣ“ моҳият ва тарзи истифодаи самараноки сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кабинети инфиродии довталабро баён мекунад.

Дар бахши «“Хизматрасонии “Худро бисанҷ”» Шумо хоҳед донист, ки чӣ гуна бо дастрасӣ ба ин хадамот дониши худро санҷида, ҳамчунин бо сохтори субтестҳо ва шаклҳои саволу масъалаҳои тест дар ИМД шинос мешавед.

Дар бахши “Даъватномаи имтиҳон” роҳҳои дастрас кардани даъватнома ва аксҳои намуна (шакл)-и даъватнома ба Шумо пешниҳод гардидааст.

Бахши “Дар ИМД аз кадом фанҳо имтиҳон месупоранд?” ба Шумо дар бораи қисмҳо (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11‑ум), имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9‑ум), имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус, имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) ва субтестҳо (фанҳои имтиҳонӣ) маълумот медиҳад.

Бахши “Навъ ва шаклҳои саволу масъалаҳо дар тест” маълумотро доир ба навъ ва шаклҳои саволу масъалаҳои тест, тарзи дуруст қайд кардани ҷавоб дар варақаи ҷавобҳо фаро мегирад.

Дар бахши “Меъёри холгузорӣ ба саволу масъалаҳои тест” доир ба меъёри холгузорӣ вобаста аз навъу шаклҳои саволу масъалаҳои тест, миқдори саволу масъалаҳо дар ҳар субтест ва шумораи имконпазири бештарини холҳо аз ҳар кадоми онҳо маълумот дода шудааст.

Бахши “Имтиҳонҳо кай ва чӣ тавр баргузор мешаванд?” фарогири маълумот дар бораи замону макони баргузории имтиҳонҳо, фанҳои имтиҳонӣ, даврҳои асосӣ ва иловагии имтиҳонҳо ва шартҳои иштирок дар имтиҳонҳо аст.

Бахши “Аз натиҷаи имтиҳонҳо чӣ тавр хабардор шудан мумкин аст?” ба Шумо роҳу воситаҳои аз натиҷаи имтиҳонҳо огоҳ шуданро мефаҳмонад.

Дар бахши “Шкалабандӣ (миқёсгузорӣ)” моҳияти шкалабандӣ ва раванди он, тарзи холро ба бал баргардонидан шарҳ дода шудааст.

Бахши “Аризаи апеллятсионӣ” баёнгари шарту талаботи навиштани аризаи апеллятсионӣ (дар ҳолати норозӣ будани довталаб аз риоя нагардидани тартиби баргузории имтиҳон ва ё аз холҳои дар имтиҳонҳо гузошташуда) аст.

Дар бахши “Озмуни тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимӣ” дар бораи моҳияти озмунҳои тақсимоти асосию такрорӣ, муҳлати эълони натиҷаҳои ин озмунҳо, тартиби озмуни тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимӣ, роҳҳои воқиф гаштан аз натиҷаҳои озмуни тақсимот ва муҳлати ҳозиршавии довталабони дар озмунҳо комёбшуда ба муассисаҳои таълимии дахлдор метавон маълумот гирифт.

Бахши “Имтиёз ба киҳо дода мешавад?” Шуморо бо гурӯҳҳои шахсони имтиёздор, шарту талабот ва тартиби додани имтиёзҳо ба довталабони дахлдор шинос месозад.

Аз “Замимаи 1” бо рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус дар муассисаҳои таълимӣ шинос хоҳед шуд.

“Замимаи 2” фарогири номгӯи бемориҳоест, ки шахсони ба онҳо гирифтор ҳуқуқи дар муассисаҳои таълимии тиббӣ таҳсил карданро надоранд.

“Тақвими имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2023”, ки анҷомбахши ин дастур аст, давраҳо ва қадамҳои асосии имтиҳонҳоро бо муҳлаташон нишон медиҳад.

 

G

Довталаби гиромӣ! Дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ донистану риоя кардани шарту қоидаҳои муқарраршуда зарур аст. Барои ин аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки дар ин роҳ ёрирасони Шумо хоҳад буд, ҳадафмандона истифода намоед.

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2023-2024 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2023-2024 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Роҳнамои довталаб – 2023Роҳнамои довталаб – 2023
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест - 2023Намунаи саволу масъалаҳои тест - 2023
  • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус - 2023Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус - 2023
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2023ТАҚВИМИ ИМД – 2023
  • Озмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
  • Озмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣОзмун барои интихоби бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ

Мақолаҳо

Ғуруби ахтари пурфурӯғ

Муддате буд, ки чунин тӯлонӣ ва бетаваққуф борон наборида буд. Гӯӣ, осмонро низ фарзанди азизаш фавтида буду бар марги ҷигаргӯшаю парвардаи хеш талху боалам мегиряд...

 

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2023 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон