Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • Пажӯҳишу арзёбӣ
    • Арзёбии миллӣ
    • PISA
    • PIRLS
    • Маҷаллаи "Довталаб"
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2026
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2026-2027 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
    • Стипендияи Президентӣ
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳои таҳлилию иттилоотӣ
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

Эълон: Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ”

Нашр шуд: 23 Апрели 2013
Диданд: 2544

Эълон: Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” ба маълумоти хонандагони синфҳои 10-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ мерасонад, ки баъд аз эълони натиҷаи имтиҳонҳо (1 августи соли 2013) нафарони аз натиҷаи имтиҳон норизо метавонанд дар давоми 48 соат ба Комиссияи апеллятсионии Маркази миллии тестӣ бо ариза муроҷиат намоянд. Аризаи хонанда тавассути намояндаи Маркази миллии тестӣ дар шуъбаҳои минтақавӣ қабул ва ба Комиссияи апеллятсионии Маркази миллии тестӣ фиристода мешавад.

ММТ дар ярмаркаи солонаи таҳсилотӣ иштирок намуд

Нашр шуд: 22 Апрели 2013
Диданд: 2058

Душанбе, 22 апрел бо ибтикори Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди мадад дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 апрели соли 2013 дар маркази “Вефа”-и шаҳри Душанбе ярмаркаи солонаи таҳсилотии 2013 доир гардид. Дар чорчӯбаи ярмаркаи солонаи таҳсилотӣ намояндагони ташкилоти таҳсилотӣ ва миссияҳои дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок намуда, дар бораи системаи таълим дар хориҷа, тартиби тайёр кардани маҷмӯи ҳуҷҷатҳо ва супурдани тестҳо барои таҳсил дар хориҷа, инчунин дар бораи шартҳои гирифтани кӯмаки молиявӣ лексияҳои машваратӣ гузарониданд. Хоҳишмандон оид ба барномаҳои дилхоҳашон бевосита дар ярмарка саволномаю брошюраҳо пайдо намуданд. Бори аввал Маркази миллии тестӣ (ММТ) дар ярмаркаи таҳсилотӣ иштирок намуда, мақсад, вазифа ва фаъолияти худро муаррифӣ намуд. Дар ярмарка аз тарафи ММТ маводҳои омодакарда барои иштирокчиён пешниҳод гардид. Иштирокчиёни ярмарка ба намояндагони ММТ, саволҳои зиёд дода, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Ҳафтаи якуми бақайдгирӣ ба анҷом расид

Нашр шуд: 22 Апрели 2013
Диданд: 2486

Душанбе, 22 апрел ҳафтаи якуми бақайдгирии хоҳишмандон барои иштирок дар Озмоиши калони низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.

Мутобиқи маълумотҳои омории шуъбаи идора ва қабули тести Маркази миллии тестӣ (ММТ) дар давоми ҳафтаи якуми давраи бақайдгирӣ дар 7 нуқтаи бақайдгирӣ, ки аз тарафи ММТ дар чор минтақаи ҷумҳурӣ: шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, ва Хоруғ таъсис дода шудааст, зиёда аз 3638 нафар хоҳишмандон аз қайд гузаштанд. Лозим ба тазаккур аст, ки шумораи зикргардида 61 фоизи шумораи умумии иштирокчиёни банақшагирифтаро ташкил медиҳад. Шумораи зиёди хоҳишмандон дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳри Қӯрғонтеппа ба қайд гирифта шудааст. Хоҳишмандон таваҷҷуҳи зиёд ба тахассусҳои кластери 5 (тиббӣ, биологӣ ва варзиш) дода истодаанд.

1827 нафар хоҳишмандон аз қайд гузаштанд

Нашр шуд: 19 Апрели 2013
Диданд: 2913

Дар давоми 3 рӯзи бақайдгирӣ зиёда аз 1827 нафар хоҳишмандон барои иштирок дар Озмоиши калони низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 7 нуқтаи бақайдгирӣ, ки аз тарафи Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” дар чор минтақаи ҷумҳурӣ: шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, ва Хоруғ таъсис дода шудааст, аз қайд гузаштанд. Лозим ба тазаккур аст, ки шумораи зикргардида 30 фоизи шумораи умумии иштирокчиёни банақшагирифтаро ташкил медиҳад. Шумораи зиёди хоҳишмандон дар ду нуқтаи бақайдгирӣ, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа таъсис дода шудааст, ба қайд гирифта шудааст. Таваҷҷуҳи зиёди хоҳишмандон ба тахассусҳои кластери 5 (тиббӣ, биологӣ ва варзиш) мушоҳида карда мешавад.

Озмоиши калон

Нашр шуд: 01 Апрели 2013
Диданд: 2215

Озмоиши калони низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Даъвати хонандагони синфҳои 10 барои иштирок дар озмоиши калон  

Аз соли 2014 сар карда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (МТОК)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Маркази миллии тестӣ (ММТ) бо мақсади иҷрои вазифаҳои оинномавии худ (ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.01.2010 № 17 тасдиқ гардидааст) дар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ, Барномаи ҳамкории рушди таҳсилоти Федератсияи Россия ва Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти кушода” – Бунёди мадад дар Тоҷикистон лоиҳаи модели низоми нави ИМД ба МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд, ки аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфт.

Саҳифаи 185 аз 185

  • Аввал
  • Қаблӣ
  • 176
  • 177
  • 178
  • 179
  • 180
  • 181
  • 182
  • 183
  • ...
  • 185

Паёми Президент

Паёмҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои даври дуюми бақайдгирӣ (тақсимоти такрорӣ)Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои даври дуюми бақайдгирӣ (тақсимоти такрорӣ)
  • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2026Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2026
  • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тести имтиҳонҳои иловагӣҶавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тести имтиҳонҳои иловагӣ
  • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тестҶавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои ПрезидентӣНамунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои Президентӣ
  • Роҳнамои довталаб – 2026Роҳнамои довталаб – 2026
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2026ТАҚВИМИ ИМД – 2026

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2026-2030

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон