Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj
- Главная
-
О нас
- Общая информация
-
Структура
-
Общая структура
- Управление информационно-коммуникационных технологий
- Управление по организации и управлению экзаменов
- Управление разработки экзаменационных материалов
- Отдел по работе с образовательными учреждениями среднего и высшего профессионального образования
- Отдел планирования, мониторинга, исследования и развития
- Руководство
-
Общая структура
- Нормативно-правовые документы
- Сотрудничества
- ЦВЭ
-
Абитуриенту
- Справочник абитуриента - 2024
- Образовательные учреждения высшего и среднего профессионального образования
- План приёма 2024 - 2025 (таблица специальностей)
- Специальности, по которым сдаются творческие экзамены или экзамены по творческим навыкам
- Типовые тестовые задания
- Перечень заболеваний (для абитуриентов медицинских специальностей)
- Правильные ответы (ключи) на тестовые задания
- Книги
- Тестовые книжки и листы ответов
- Пресс-центр
- Вопросы и ответы
*Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Шохин Махсутов : Ммт
Салом алейкум ака гуфтед ки калидхои ммт 2024 дар мохи март бароварда мегаванд аммо ягон хабар нест саволхои ммт 2024 бенихоят мушкил аст аз шумо эхтиромона хохиш менамоям ки чавобхои ммт 2024 ро барвактар мебаровардед то ки мо ба тесто омодаги гирем
20.03.2024
Урманова Бону: Имтихон супори
Ман соли гузашта мактаба хатм кадагиюм метонм имсол омада мохи август дар даври такрори иштирок карда ба донишгох дохил шавм?
17.03.2024
Довталаби муҳтарам! Албатта метавонед. Марказ аз 02-юм то 15-уми сентябр давраи сеюми бақайдгириро барои интихоби, танҳо, ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз ҳамаи озмунҳои тақсимоти довталабони дар даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳо иштироккарда холӣ мондаанд ва аз 29-уми октябр то 7-уми декабр давраи чоруми бақайдгириро, танҳо, барои ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз ҳамаи озмунҳои баргузоршуда аз рӯйи шаклҳои фосилавӣ ва ғоибонаи таҳсил холӣ мондаанд, ба нақша гирифтааст. Маълумоти иловагӣ дар сомонаи расмии Марказ ва ВАО эълон карда мешавад.
18.03.2024
Шохин Махсутов : Калидхои ммт
Салом алейкум калидхои ммт аз кучо гирем
16.03.2024
Довталаби муҳтарам! Чи тавре ки қаблан посух дода будем, соли ҷорӣ низ, чун дар солҳои қаблӣ (2019-2023) маҷмуаҳои саволу масъалаҳои тест бе ҷавобҳои дуруст (калидҳо) пешниҳод гардидаанд. Мақсад аз ин тарзи пешниҳоди маҷмуаҳо водор кардани довталабон ба кори мустақилона аст, ки онро, танҳо, дар асоси мутолиаи китоб ва маводди дигари дарсӣ метавон анҷом дод. Ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои ҳар яке аз маҷмуаҳо дар сомонаи Марказ дар охири моҳи март нашр карда хоҳад шуд.
18.03.2024
Баротов Абдуқаҳҳор: Иваз кунии ихтисос
Ман ҳучатҳои худро ба м м т супоридам акнун мехоҳам ихтисосҳо роҳнамо иваз кунам чи тавр мешавад
14.03.2024
Довталаби муҳтарам! Азнавбақайдгирии довталабони дар давраи якуми бақайдгирӣ номнависшуда дар ду давра (асосӣ ва иловагӣ) гузаронда мешавад. Барои аз нав номнавис шудан дар давраи асосии азнавбақайдгирӣ Шумо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва расидро дар бораи пардохти маблағи иловагӣ (30 сомонӣ) бояд пешниҳод кунед. Барои ин, ба нуқтаи бақайдгирие равед, ки дар давраи якуми бақайдгирӣ худро дар он сабти ном кардаед. Пеш аз ҳозир шудан барои азнавбақайдгирӣ банди 1-уми "Ёддошт барои довталаб"-ро, ки дар рӯзи бақайдгирӣ ба Шумо дода буданд, бодиққат хонед.
14.03.2024
Дониёр Намозов: Тест
Салом алекум Я данные время нахожусь в России и хотел подать заявку онлайн есть возможность? и хотел здать экзамен на русском языке у меня есть выбор?
13.03.2024
Довталаби муҳтарам! Бо мақсади пешакӣ номнавис намудан, довталабон аз хизматрасонии “Пешномнависӣ” (бақайдгирии пешакӣ тавассути шабакаи Интернет) истифода карда метавонанд. Аммо бояд таъкид кард, ки пешномнависӣ тавассути шабакаи Интернет ҳанӯз маънои расман ба қайд гирифтани довталабро надорад ва довталаб баъд аз пешномнависӣ барои расмӣ кардани номнависӣ ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ бояд ҳатман ҳозир шавад. Зеро, тибқи тартиби муқарраргардидаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бақайдгирӣ бевосита дар ҳузури худи довталаб гузаронида мешавад, яъне аз рӯйи тартиб бақайдгирии расмии довталаб аз тариқи интернет айни замон пешбинӣ нагардидааст.
Маълумоти муфассалро дар ин бора Шумо аз шакли электронии дастури итттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва информационно-методическое пособие "Справочник абитуриента - 2024" (https://ntc.tj/ru/spravochnik-abiturienta.html), ки дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст, аз пайванди "Пешномнависӣ" гирифта метавонед. Вобаста ба саволи дуюм: дар низом барои супоридани имтиҳонҳо ду забон (тоҷикӣ ва русӣ) муқаррар шудааст ва Шумо метавонед, ки бемалол забони русиро интихоб намоед. Ҳамзамон, таъкид менамоем, ки имтиҳони фанни "Забони тоҷикӣ" дар ҳамаи гурӯҳи ихтисосҳо, ҳатман, бо забони тоҷикӣ супорида мешавад.
13.03.2024
Послания Президента
Объявления
- Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
- Специальности, требующие сдачи творческих экзаменов или экзаменов по специальным навыкам – 2024
- Перечень заболеваний (для абитуриентов медицинских специальностей)
- Тестовые книжки и листы ответов
- План приёма на 2024-2025 уч.г. (таблица специальностей)
- Типовые тестовые задания – 2024
- Справочник абитуриента - 2024
Статьи
20 лет для достижения вершины точных наук
2020-2040 годы в Таджикистане объявлены «Двадцатилетием изучения и развития естественных, точных и математических наук».
Пандемия коронавируса внесла свои коррективы в сферу образования во всём мире. Таджикистану так же, как и другим государствам пришлось столкнуться с трудностями в этом направлении, принимать меры и адаптироваться к сложившемуся положению.
Подарок Лидера нации - книга "Таджики" подарена жителям Шугнанского района
Рабочая группа во главе с заместителем министра образования и науки Республики Таджикистан Нурали Собирзода преподнесла подарок Лидера нации жителям Шугнанского района.
Календарь
‹ | › | |||||
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |