Агар савол гузоштан хоҳед тугмачаро пахш намоед
Сафарова мавзуна: Даъватнома
Савол: Салом баъди хатми синфи 10 оё ба колеч супорида мешавад ? Илтимос чавоб тиен 31.03.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бале, метавонед, вале он ихтисосҳоеро интихоб карда метавонед, ки барои хатмкардагон ва хатмкунандагони синфи 9 пешбинӣ шудааст.
01.04.2025Акмалҷонзода Зарнигор : Калидҳо
Савол: Ассалому алайкум ман ҷавоби китобчаҳои тестии ИМД - и 2024 варианти 1,2,3 - ро дарёфт карда натавонистам . Аз шумо хоҳиш менамоям ки доир ба он маълумот диҳед. Ҷавоби субтестҳои ИМД дар сомона ҳаст? 31.03.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Марказ ҳар сол тестҳо ва ҷавобҳои дурустро такмил ва таҷдид менамояд. Ҷавобҳои дуруст ба намуни саволу масъалаҳои тест (калидҳо)-и соли 2025 дар сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/elon1-2.html гузошта шудааст.
01.04.2025Ҳасанзода Азиза : Даъватнома
Савол: Ассалому алайкум ман айни вақт дар синфи 9ум хонда истодаам.Ман меҳоҳамки имсол ба коллеҷи тиббии дохил шавам. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам,ки ман ҳама ихтисосҳои класстери 5 шинос шавам. 27.03.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ба саҳифаи "Маълумоти оморӣ" (https://stat.ntc.tj/Y25/RPlan?ClusterID=5&Code=) ворид шуда, бо рӯйхати ихтисосҳои лозимиатон аз Гурӯҳи ихтисосҳои панҷум шинос шавед.
28.03.2025Абдурахмонов сино : Даъватнома
Савол: Салом , Барои бақайдгири баъди хатми синфи (9) Кадом маводҳо лозим аст . Агар паспорт надошта бошед аз сабабе ки ҳоло ба 16-сола даромадаги нестед , агар имконияташ бошад ягон номери ММТ-РО гузоред то баҳазур саволу ҷавоб кунем 23.03.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бо номгӯйи ҳуҷҷатҳои зарурӣ Шумо метавонед аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб", гунаи электронии он дар сомонаи Марказ (https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html? view=article&id=684) ва ҳамчунин, дар нуқтаи бақайдгирие, ки дар маркази ноҳия аз 01.04.2025 ба фаъолият оғоз менамояд, шинос шавед. Ҳамчунин, тавассути телефон бо рақамҳои (+992 37) 224 53 67; 224 53 68 низ бо Марказ дар тамос шуда метавонед.
27.03.2025Аҳмедов Абдулло: Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Ба ҳама Ассалому алейкум ман ихтисоси информатика ро интихоб кардани хастам вале дар муассисаи мо ин фан гузаронида намешавад . Ман метавонам ба ин ихтисос дохил шавам?? 20.03.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Агар Шумо фанҳои имтиҳониро аз забони тоҷикӣ, математика, физика ва химия супорида, соҳиби хол ва балли зарурӣ гардед, ҳатман дохил мешавед.
27.03.2025Азизаи Азимчон: Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Ман соли тавалудам 2004 чи дакументо лозим барои супоридани маркази тести то 9 ра хондаги 27.03.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бо номгӯйи ҳуҷҷатҳои зарурӣ Шумо метавонед аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб", гунаи электронии он дар сомонаи Марказ (https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html? view=article&id=684) ва ҳамчунин, дар нуқтаҳои бақайдгирӣ шинос шавед.
27.03.2025Ҷамшеди Раҷабалӣ: Дигар
Савол: Салом. Ман Ҷамшеди Раҷабалӣ дар литсейи касбӣ мехонам. Ман дар озмуни ҷумҳуриявии тахасуси байни Литсейҳо Сазовори ҷойи аввал гардидам. н ба ман чанд холи иловаги медиҳад. 27.03.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар "Тартиби додани имтиёзҳо ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2018, № 42) барои чунин довталабон имтиёз пешбинӣ нашудааст. Барои гирифтани маълумоти муфассал ба дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва сомонаи расмии Марказ https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view= article&id=701 муроҷиат намоед.
27.03.2025Anonim: Другой
Савол: Я хочу вступить в программиста в РТСУ ( Российско-Таджикский Славянский университет) но не могу найти его код в книге Маркази милли тести назди Президенти Чумхурии Точикистон, я хочу вступить в Програмиста full stack ( универсальный программист) не мог ли бы вы мне помочь? 27.03.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бо ин суол, лутфан, ба муассисаи таълимии дахлдор муроҷиат намоед.
27.03.2025Ҷамшеди Раҷабалӣ: Имтиёзҳо
Савол: Дар хусуси холҳои иловаги ки аз олимпиадаҳои касбӣ ва фанианд чи мегуйед мо чи кор кунем. кадом ҳуҷат пешниҳод кунем. мактуб ё худи дипломҳоро 27.03.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Рӯйхати ғолибони олимпиадаҳое, ки бояд имтиёз гиранд, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Марказ пешниҳод менамояд. Барои гирифтани маълумоти муфассал тавассути телефон бо рақамҳои (+992 37) 224 53 67; 224 53 68 бо Марказ дар тамос шавед.
27.03.2025Jurakhonzoda Muhammad: Даъватнома
Савол: Салому дуруди бепоён Дар имтиҳон ҳамаги чанд савол меояд Ҳар як савол чанд хол дорад Як хол ба чанд бал баробар аст 26.03.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Барои гирифтани маълумоти муфассал ба дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва ҳамчунин, ба пайвандҳои https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=691 ва https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=693 муроҷиат намоед.
27.03.2025Чураев чумабой: Ихтисосҳо
Савол: Ихтисос ман хукуки байналмилали бади хатми донишгох чои кор хаст дар истаравшан 26.03.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бо ин суол, лутфан, ба идораи дахлдори шаҳри Истаравшан муроҷиат намоед.
27.03.2025Каландаров ш : Дигар
Савол: Дар кластери 3 юм дар забонҳои хориҷи :мисол забони муосири англиси ( тарҷума ) Дар ин калимаи тарҷума тарҷ2мониро ифода мекунад? 26.03.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Дуруст фаҳмидаед. Барои гирифтани маълумоти муфассал ба муассисае, ки чунин ихтисос дорад, муроҷиат намоед.
27.03.2025Сайфидинов шерали: Даъватнома
Савол: Барои дохил шудан ба ммт шаходатнома лозим хаст ё не 25.03.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Саволатон номушаххас. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо вобаста аст ба зинаи таҳсилот.Бо номгӯйи ҳуҷҷатҳои зарурӣ Шумо метавонед аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб", гунаи электронии он дар сомонаи Марказ (https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html? view=article&id=684) ва ҳамчунин, дар нуқтаҳои бақайдгирӣ шинос шуда метавонед.
27.03.2025Мухаммад: Даъватнома
Савол: кластери 2 25.03.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Лутфан, матлабатонро равшантар баён намоед.
27.03.2025Сафарова Азиза: Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Ман хатмкунандаи синфи 10 мебошам ва метавонам ки баъд аз синфи 10ум ба ммт супорам? 25.03.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Имконият ҳаст, лекин, танҳо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро интихоб карда метавонед.
27.03.2025Имомёрбекова Дилрабо: Дигар
Савол: Оё Ман метавонам макони имтихонсупориро иваз насос?лутфан чавоб дихед? 23.03.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Албатта, метавонед. Лутфан, банди 1-уми варақаи "Ёддошт", ки рӯзи бақайдгирӣ ба Шумо доданд, бодиққат хонед ва ё ба нуқтаи бақайдгирие, ки бори якум аз қайд гузаштаед, муроҷиат намоед.
27.03.2025Ҳочиева Матлуба : Дигар
Савол: Салом, фахмидам мехостамки ман 3 сол қабл мактабро хатм кардам пурра ва мехоҳам ба донишгоҳ дохил шавам барои ман чӣ ҳуҷҷатҳо лозим ва ба кадом суроғаи аввал рафтанамро намедонам, бояд аввал чи гуна ҳуҷҷат ба куҷо супорам суроғаашро медодед ва то кай ман ҳуҷҷатҳоро супорида метавонам? 22.03.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Бо номгӯйи ҳуҷҷатҳои зарурӣ Шумо метавонед аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб", гунаи электронии он дар сомонаи Марказ (https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html? view=article&id=684) ва ҳамчунин, дар нуқтаҳои бақайдгирӣ шинос шуда метавонед. Хотиррасон менамоем, ки дар шаҳри Хуҷанд (кӯчаи Мадади Сино, 5, тел.: (+992)92 644 11 48) бахши минтақавии Марказ фаъолият дорад, метавонед, ки аз он ҷо низ маълумот гиред. Анҷоми даври асосии бақайдгирӣ то 30.04.2025 пешбинӣ гардидааст.
27.03.2025Абдуллоев Аббос: Хизмати ҳарбӣ
Савол: Шахси дар Қуваҳои Муссала адои хидмат дорад дар маркази миллии тести ширкат варзида метавонад 22.03.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар як вақт ҳам хизмат ва ҳам таҳсил имкон надоштагист. Беҳтар аст, ки хизматро адо намуда, баъдан дар имтиҳонҳо иштирок намоед. Дар ин ҳолат, чун холи гузаришро ноил шавед, ба Шумо, ҳамчунин, 75 бал имтиёз дода мешавад.
27.03.2025Каландаров Рамазон : Даъватнома
Савол: Ман дар Колечи Чумхуряви шахри Душанбе дар курси 3юм мехонам ва имсол хатм мекунам. Мехохам боз ба воситаи ММТ ба ягон донишгох дохил шавам. Аз шумо эхтиромона хохиш менамоям, ки ба ман бигуед кадом хучатхо лозим аст то худро ба кайди ММТ гирам. 19.03.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Бо номгӯйи ҳуҷҷатҳои зарурӣ Шумо метавонед аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб", гунаи электронии он дар сомонаи Марказ (https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html? view=article&id=684) ва ҳамчунин, дар нуқтаҳои бақайдгирӣ шинос шавед.
20.03.2025Меликов сарварбек: Даъватнома
Савол: Ман ба ММТ дохил шудан мехохам бояд Кадом фанхоро донистан даркор аст 19.03.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Агар Шумо дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ бошед, аз 4 фан имтиҳонҳои қисми А-ро ва агар хатмкарда ва ё хатмкунандаи синфи 9 бошед, аз 3 фан имтиҳонҳои Қисми Б-ро месупоред. Барои гирифтани маълумоти муфассал ба саҳифаи "Роҳнамои довталаб", аз ҷумла, пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=691 муроҷиат намоед. Тавсия медиҳем, ки минбаъд, қабл аз ирсоли суол боз як бор бодиққат хонед.
20.03.2025Мухтор Неъмат: Даъватнома
Савол: Ассалому алейкум Аз Шумо эхтиромона пурсидани, ки ман аллакай хуччатхоямро супоридам ва мехохам як ду ихтисоси дигар илова кунам маблаг барои тагирот ворид кардан чанд пул аст? Рости наёфтам дар сомона! 20.03.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Маблағи барои азнавбақайдгирӣ дар давраи асосӣ пардохтшаванда 30 сомонӣ аст. Маълумоти муфассал дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/ogozi-davrai-yakum-asosi-baqaydgirii-dovtalabon-baroi-ishtirok-dar-imd-2025.html
20.03.2025Куканиув Мухаммад: Дигар
Савол: Барои кластери 1;3;5 чанд бали гирифтан даркор 19.03.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бали гузариш барои ин ё он донишгоҳ ё донишкада, инчунин ин ё он гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) муқаррар намегардад, балки ҳар як ихтисоси он вобаста ба шаклу намуди таҳсил бали гузаришро дорад. Инчунин, бали гузариш дар ин ё он ихтисос пешакӣ муайян нест ва он ҳеҷ гоҳ пешакӣ муқаррар карда намешавад ва он дар ҳар як ихтисос вобаста ба шаклу намуди таҳсил танҳо пас аз озмуни тақсимоти довталабон маълум мешавад. Дар саҳифаи "Маълумоти оморӣ"-ии сомонаи Марказ Шумо метавонед бо балҳои гузариши соли 2023 аз пайванди https://stat.ntc.tj/Y23/Index?ClusterID=5&Code=105 шинос шавед.
20.03.2025Бобоҷонов К: Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Имрӯз ба бонк маблағашро супорида ба қайд гирифтам Дар варақаи Бақайдгирии довталаб рақами пардохти дар чеки бонк буда дуруст навашта шудааст ва Ному насаб бошад баҷои ҳарфи Ҷ( ?) Омадааст . Малумоти шахси бошад ҳамааш аз рӯи шинонома дуруст навашта шудааст ва паёмаки квбинети инфироди ҳам ба рақами телефон омад . Аз мутахассисони бақайдгири пурсидам ин ҳеҷ зарар надорад гуфтанд ин хел чиз имрӯзҳо дар дигар довталабон ҳам дида мешавад гуфтанд? Оё ин ягон зарар дорад ё не? 19.03.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Хавотир мабошед. Аз сабаби дар барномаи бонк набудани ҳарфҳои хоси забони тоҷикӣ ин ҳолат рух медиҳад. Муҳимаш, Шуморо аз қайд гузарониданд ва дар маълумоти варақаи бақайдгирӣ ғалат набошад.
20.03.2025Зокирова Мухтасар: Намунаи саволу масъалаҳо
Савол: Ассалом Ман якум бор хучат супорида истодам Бади синфи 9 пули ИМДро супоридан дар бонки амонат чихо даркор мебошад 19.03.2025
Суол такрор шудааст.
19.03.2025Зокирова Мухтасар: Даъватнома
Савол: Ассалом Ман якум бор хучат супорида истодам барои пули ИМДро супоридан Чи дар кор мебошад 19.03.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Дар бонк аз Шумо ҳуҷҷат талаб намекунанд, агар имтиёз надошта бошед.
19.03.2025Хаитов иброхим: Дигар
Савол: Салом ман дар донишгох мехонам Ман мехохам дар марказ супорам бояд ман кадом хуччатхоро супорам 18.03.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Барои аз сари нав супоридани ҳуҷҷҷат Шумо бояд аз донишгоҳ хориҷ шуда бошед. Бо номгӯйи ҳуҷҷатҳои зарурӣ метавонед, ки аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб, аз гунаи электронии он дар сомонаи Марказ (https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html? view=article&id=684) ва ҳамчунин, дар нуқтаҳои бақайдгирӣ шинос шуда метавонед.Фаромӯш насозед, ки ҳуҷҷат дар хусуси таҳсилот (аттестат) дар нусхаи асл талаб карда мешавад.
19.03.2025Ризвон : Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Вакти номнавис ба маркази миллии тести кай мебошад ва кадом документхо лозим мешавад 18.03.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон аз 1-уми март то 30-юми апрел дар ҳар нуқтаи бақайдгирие, ки мехоҳед (дар нуқтаи ба макони зист наздик ва ё шаҳру ноҳияи дигар) худро сабти ном карда метавонед. Ҳамчунин, марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2025 аз 10-ум то 30-юми июн дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва ноҳияҳои Данғараю Рашт баргузор мешавад. Маълумоти муфассалро аз сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 гирифта метавонед
18.03.2025Акбар Саидов: Калидҳо
Савол: Ассалому алейкум. Ман рузи гузашта аз бакайдгири гузаштам. Хангоми берун баромадан варакаамро муаллима (гарчанде ман норозигии худро баён кардам) ба расм гирифт. Оё у метавонад аз варакаи расми варакаи ман бо ниятхои бад истифода барад? 18.03.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Бо дастрас гаштани СМС паёмак, зуд ба кабинети инфиродиатон ворид шавед ва рамзатонро тағйир диҳед. Дар ҳолати пеш омдани мушкилӣ, лутфан, тавассути телефон бо рақамҳои (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 68 бо Марказ дар тамос шавед.
18.03.2025ИДИЗОДА Х: Даъватнома
Савол: Худро бисанч чихел кор мекунад муфассалтар фахмонед 17.03.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Шумо метавонед, ки аз хизматрасонии “Худро бисанҷ”, ки барои корбарон дар реҷаи танҳо бархат (онлайн) дастрас аст, истифода баред. Барои фаҳмонидани тарзи истифода аз хизматрасонии “Худро бисанҷ” дар сомонаи Марказ ролики видеоӣ (https://ntc.tj/images/slide/Darkhosti_ramz.mp4) низ ҷой дода шудааст. Лутфан ролики мазкурро бубинед. Ҳамчунин, дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" низ дар бораи хизматрасонии "Худро бисанҷ" маълумот дода шудааст (https://onlinetest.ntc.tj/Home/Welcome?ReturnUrl=%2f) Дар ҳолати мушкилӣ барои гирифтани кумаки мутахассисон ҷиҳати воридшавӣ ба хизматрасонии "Худро бисанҷ", лутфан, тавассути телефон бо рақамҳои (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 68 бо Марказ дар тамос шавед.
18.03.2025Алиева Нилуфар : Дигар
Савол: Салом, ман барои пешномнависӣ рақами телефони худро навиштам, вале рамз наомад, ман хостам ки такроран рақамамро нависам то ки рамз такроран биёяд, аммо навиштаанд ки бо ин рақам қаблан довталаб сабт шудааст. Чӣ бояд кард? 17.03.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Маълумоти муфассалро дар ин бора Шумо аз дастури итттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 30-33) ва сомонаи расмии Марказ аз пайванди "Пешномнависӣ" гирифта метавонед. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ барои гирифтани кумаки мутахассисон ҷиҳати воридшавӣ ба хизматрасонии "Пешномнависӣ", лутфан, тавассути телефон бо рақамҳои (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 68 бо Марказ дар тамос шавед.
18.03.2025Туйчиева Шахзода : Дигар
Савол: Ман хамаи хучатхоро ба ммт супоридам ман дар ихтисос 1то интихоб кардам ин хато аст ё не 17.03.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Агар интихобро ихтиёрӣ анҷом дода бошед, ин хуб аст, на хато.
18.03.2025Тошаков Раджабкул: Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Ассалам Алейкум ташакур барои чавоб доданатон. Савол 2 ум. Хуччатгузори дар ММТ то Кай Давом меёбад? О ё Ман Ман метавонам баъди як мох ба тартиб даровардани хучаттхоям ба ММТ Хуччат супорида? 17.03.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон аз 1-уми март то 30-юми апрел дар ҳар нуқтаи бақайдгирие, ки мехоҳед (дар нуқтаи ба макони зист наздик ва ё шаҳру ноҳияи дигар) худро сабти ном карда метавонед. Дар ҳолати омода нашудани ҳуҷҷатҳо Шумо метавонед, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2025 аз 10-ум то 30-юми июн дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва ноҳияҳои Данғараю Рашт баргузор мешавад, иштирок намоед. Маълумоти муфассалро аз сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 гирифта метавонед
18.03.2025Тешаев Мухимчон: Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Салом тв Ман 2005 дар русия хастам метонам имсол рафта дар даври 2 Юм да 5 кластер супорам ? Одам они даври 1 ум ва 2юм дар як вахт имтихон супорида ва баробар ба донишгоххо дохил мешаван илтимос чавоб дихед 17.03.2025
Бале, метавонед, довталаби муҳтарам! Барои шахсоне, ки дар давраи бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ – аз 3-юми март то 30-юми апрел) барои иштирок дар ИМД-2025 худро сабти ном карда наметавонанд, марҳалаи иловагии бақайдгирӣ гузаронида мешавад. Марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2025 аз 10-ум то 30-юми июн дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва ноҳияҳои Данғараю Рашт баргузор мешавад. Ҳарчанд, имтиҳонҳои даври дуюм 13.07.2025 баргузор мегардад, вале тақсимоти довталабони дар ҳарду давр имтиҳонсупорида дар як вақт (21.07.2025) амалӣ мешавад.
18.03.2025Тошаков Раджабкул: Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Ассалом Алайкум номи ман дар шиноснома "Раджабкул" навистаги дар аттестат бошад "Раҷабқул" омодагӣ ва дар билети ҳарбӣ бошад "Раҷабхол" омодагӣ саволи ман ба шумо оё ман метавонам аз ин хатоҳое ки, дар номи ман аст дар маркази миллии тести ҳуҷат супорам? ва агар набошад ман барои ислоҳ кардани ин хатоҳое ки дар номи ман аст чи дар атестат ва чи дар билети ҳарбӣ дар куҷороҷ ваи киа муроҷиат кунам? шумо чи тавсия ё машварат медиҳед дар ин бора? лутфан ҷавоби шуморо интизорам. 17.03.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар ин ҳолат аз қайд гузашта наметавонед. Агар номатон дар шиноснома дуруст бошад, барои ислоҳ ба муассисае, ки хатм кардаед ва комиссариати ҳарбӣ муроҷиат намоед ва номатонро ягона намоед.
17.03.2025. . .: Даъватнома
Савол: Салом, ман барои пешномнависӣ рақами телефони худро навиштам, вале рамз наомад, ман хостам ки такроран рақамамро нависам то ки рамз такроран биёяд, аммо навиштаанд ки бо ин рақам қаблан довталаб сабт шудааст. Чӣ бояд кард? 16.03.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Барои гирифтани посух, лутфан, ному насаб, рақами дурусти телефон ва почтаи электрониатонро нишон диҳед.
17.03.2025Кабиров сафиолоҳ: Даъватнома
Савол: Омехтаи оҳан ваангиштро чи гуна ҷудо кардан мумкин аст 16.03.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бо ин суол ба муаллимони фаннӣ ва китобҳои дарсӣ муроҷиат намоед.
17.03.2025Рахимова нилуфар : Ихтисосҳо
Савол: Салом. Ман аз хучанд.Баъди хатми синфи 9 ман метавонам ба бугалтерия хуччат супорам ва чанд сол мехонад контракт чанд сомони аст? 16.03.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Маълумоти муфассал дар пайванди https://stat.ntc.tj/Y25/RPlan?page=58&ClusterID=2
17.03.2025Одинаева Бахринисо : Калидҳо
Савол: Кадом модда ба ходисаи химияви мансуб аст? 16.03.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бо ин суол ба муаллимони фаннӣ ва китобҳои дарсӣ муроҷиат намоед.
17.03.2025Аҳмадҷонов Паовизҷон: Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Салом.Оё ҳангоми ҳуҷҷат супоридан аз хатмкунандаи синфи 11 маълумотнома аз ҷойи зист талаб карда мешавад? 16.03.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Агар Шумо хатмкунандаи синфи 11 бошед ва шиноснома дошта бошед, ҳоҷат ба маълумотнома нест. Бо номгӯйи ҳуҷҷатҳои зарурӣ Шумо метавонед аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб, гунаи электронии он дар сомонаи Марказ (https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684) ва ҳамчунин, дар нуқтаҳои бақайдгирӣ шинос шуда метавонед.
17.03.2025Асламова : Даъватнома
Савол: Ма аз донишгоҳ хорич шудан ма метавонам дуюм бора ба маркази тести хучат супорам? 16.03.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Агар ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод карда тавонед, марҳамат аз қайд гузаред.
17.03.2025Нарзуллоев Шараф: Даъватнома
Савол: Хамин тестои шумо чанд лавр давом мекунад.Ва баром Чи хози кабинети инф. Кушода намешад?баром чавоб рахмат 15.03.2025
Довталаби муҳтарам! Ба хотири саҳв накардан пеш аз ворид гаштан ба кабинети инфиродиатон боз як маротиба аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" мавзӯи "Кабинети инфиродӣ" (саҳ. 37-45) ва ё ҳамин мавзуъро дар сомонаи Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=685 бодиққат мутолиа намоед. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 68 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
17.03.2025Усмонов Мухаммад : Даъватнома
Савол: Салом! Дар Шахри Хучанд дар кучо метавонем худро ба кайд гирем? 15.03.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Бо рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/r-jkhati-nu-ta-oi-ba-ajdgir-baroi-ishtirok-dar-imd-2025.html маълумоти муфассал гирифта метавонед.
17.03.2025Негматова Нафиса: Кабинети инфиродӣ
Савол: Салом. Ман мехоҳам ки кабинета инфиродии кушоям.Аммо рамзро ба ман хато додаанд.чи кор кунам.Лутфан. 15.03.2025
Довталаби муҳтарам! Ба хотири саҳв накардан пеш аз ворид гаштан ба кабинети инфиродиатон боз як маротиба аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" мавзӯи "Кабинети инфиродӣ" (саҳ. 37-45) ва ё ҳамин мавзуъро дар сомонаи Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=685 бодиққат мутолиа намоед. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 68 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
17.03.2025Мачидова Зумрад : Даъватнома
Савол: Салом ман дируз хучатхоямро ба ммт супоридам ба ман то хол смс паëмак наëмадааст аз чи сабаб бошад? Касоне ки имруз супорида буданд алакай ба онхо смс паëмак омад 15.03.2025
Савол такрор шудааст. Нигаред ба ҷавоби қаблӣ.
17.03.2025Мачидова Зумрад : Даъватнома
Савол: Салом ман дируз хучатхоямро ба ммт супоридам ба ман то хол смс паëмак наëмадааст аз чи сабаб бошад? Касоне ки имруз супорида буданд алакай ба онхо смс паëмак омад 15.03.2025
Савол такрор шудааст. Нигаред ба ҷавоби қаблӣ.
17.03.2025Мачидова Зумрад : Даъватнома
Савол: Салом ман дируз хучатхоямро ба ммт супоридам ба ман то хол смс паëмак наëмадааст аз чи сабаб бошад? Касоне ки имруз супорида буданд алакай ба онхо смс паëмак омад 15.03.2025
Савол такрор шудааст. Нигаред ба ҷавоби қаблӣ.
17.03.2025Мачидова Зумрад : Даъватнома
Савол: Салом ман дируз хучатхоямро ба ммт супоридам ба ман то хол смс паëмак наëмадааст аз чи сабаб бошад? Касоне ки имруз супорида буданд алакай ба онхо смс паëмак омад 15.03.2025
Савол такрор шудааст. Нигаред ба ҷавоби қаблӣ.
17.03.2025Мачидова Зумрад : Даъватнома
Савол: Салом ман дируз хучатхоямро ба ммт супоридам ба ман то хол смс паëмак наëмадааст аз чи сабаб бошад? Касоне ки имруз супорида буданд алакай ба онхо смс паëмак омад 15.03.2025
Савол такрор шудааст. Нигаред ба ҷавоби қаблӣ.
17.03.2025Мачидова Зумрад : Даъватнома
Савол: Салом ман дируз хучатхоямро ба ммт супоридам ба ман то хол смс паëмак наëмадааст аз чи сабаб бошад? Касоне ки имруз супорида буданд алакай ба онхо смс паëмак омад 15.03.2025
Шаҳрванди муҳтарам! Шояд Шумо ҳангоми бақайдгирӣ рақами телефонро нодуруст додаед, ё вақти ирсоли паёмак телефонатон хомӯш будааст. Метавонед бо телефонҳои 224.53.62; 224.53.67; 224.53.68 дар тамос шуда мушкилотро ҳал намоед.
17.03.2025Марям махмудовна: Даъватнома
Савол: Салом мединститут бо номи АбуАли ибни Сино чанд факултет дорад дар кучо дида метавонам хамаашонро ва стоматология ройгон доранд 14.03.2025
Шаҳрванди муҳтарам! Бо факултетҳои муассисаи дахлдор аз сомонаи муассиса маълумот гирифта метавонед.
17.03.2025Солиҳов Аҳмад: Даъватнома
Савол: Салом. Ман мехоҳам дар кластери 1- ум чи гуна ихтисосҳо вуҷуд доранд маълумот пайдо намоям. 14.03.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Марҳамат, ба сомонаи Марказ ворид шавед ва аз пайванди https://stat.ntc.tj/Y25/RPlan?ClusterID=1&Code= истифода баред ва ё ба нуқтаи бақайдгирии ба ҷойи зистатон наздик муроҷиат намоед.
17.03.2025Пиров Вайсиддин : Дигар
Савол: Коэффициент барои донишгоххои тибби барои истикоматкунандагони шахру нохияхоро аз кучо дида метонем ? 14.03.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Қимати коэффитсиентҳоро вобаста аз таъминоти шаҳру ноҳияҳо бо табибон ва кормандони миёнаи тиб ҳар сол Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд ва барои корбарӣ ба Марказ пешниҳод мекунад. Ҳамин ки рӯйхат ба Марказ ворид шуд, дар сомонаи расмии Марказ гузошта мешавад.
17.03.2025Давлатзода Умедчон: Даъватнома
Савол: Ман мехом худро бисанчам 14.03.2025
Савол такрор шудааст. Нигаред ба ҷавоби қаблӣ.
17.03.2025Давлатзода Умедчон: Даъватнома
Савол: Ман мехом худро бисанчам 14.03.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Шумо метавонед, ки аз хизматрасонии “Худро бисанҷ” барои корбарон дар реҷаи танҳо бархат (онлайн) дастрас аст, истифода баред. Барои фаҳмонидани тарзи истифода аз хизматрасонии “Худро бисанҷ” дар сомонаи Марказ ролики видеоӣ (https://ntc.tj/images/slide/Darkhosti_ramz.mp4) низ ҷой дода шудааст. Лутфан ролики мазкурро бубинед. Ҳамчунин, дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" низ дар бораи хизматрасонии "Худро бисанҷ" маълумот дода шудааст (https://onlinetest.ntc.tj/Home/Welcome?ReturnUrl=%2f)
17.03.2025Раҳимов Дилшод Ҳалимович : Даъватнома
Савол: Салом . Пешномнависи кунам кай варақаи иҳтисосро ба даст мегирам . 14.03.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бо мақсади пешакӣ номнавис намудан, довталабон аз хизматрасонии “Пешномнависӣ” (бақайдгирии пешакӣ тавассути шабакаи Интернет) истифода карда метавонанд. Аммо бояд таъкид кард, ки пешномнависӣ тавассути шабакаи Интернет ҳанӯз маънои расман ба қайд гирифтани довталабро надорад ва довталаб баъд аз пешномнависӣ барои расмӣ кардани номнависӣ ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ бояд ҳатман ҳозир шавад. Зеро, тибқи тартиби муқарраргардидаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бақайдгирӣ бевосита дар ҳузури худи довталаб гузаронида мешавад, яъне аз рӯйи тартиб бақайдгирии расмии довталаб аз тариқи интернет айни замон пешбинӣ нагардидааст. Маълумоти муфассалро дар ин бора Шумо аз дастури итттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва сомонаи Марказ аз пайванди "Пешномнависӣ" гирифта метавонед.
17.03.2025Саидов Фирдавс: Даъватнома
Савол: Ман мехоҳам имтиҳон супорам 14.03.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Иштирок дар ИМД барои ҳама ихтиёрист. Хоҳишмандони ширкат дар ин имтиҳонҳо бояд аз қайд гузаранд. Бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД дар чор давра гузаронида мешавад. Айни замон бақайдгирӣ давом дорад. Барои дарёфти маълумоти муфассал ба дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва сомонаи расмии Марказ https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 муроҷиат намоед.
14.03.2025Dusmatova Mashhura: Даъватнома
Савол: Diplomi Litse yagon intiyoz metiyatmi 14.03.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Дар "Тартиби додани имтиёзҳо ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2018, № 42) барои чунин довталабон имтиёз пешбинӣ нашудааст. Барои дарёфти маълумоти муфассал ба дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб"(с.2025) ва сомонаи расмии Марказ ба пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701 муроҷиат намоед.
14.03.2025Сафаров Салмон: Маблағ
Савол: Салом барои бақайдгири ҳуҷҷатҳо миқдори маблағ чиқадар аст? 13.03.2025
Довталаби муҳтарам! Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасониро барои шахсоне, ки бо мақсади иштирок дар ИМД-2025 аз қайд гузаштан мехоҳанд, дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти марҳалаҳои (асосӣ ва иловагӣ)-и бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 370 сомонӣ ва барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) 320 сомонӣ муқаррар намудаанд. Маблағи барои азнавбақайдгирӣ дар давраи асосӣ пардохтшаванда 30 сомонӣ аст.
13.03.2025Туйчиева Шахзода : Даъватнома
Савол: Асалому алайкум ман хамаи хучатхои худро ба маркази милли тести супоридам ман метавонам кабинети инфироди кушоям 12.03.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Албатта, метавонед. Лутфан, варақаи "Ёддошт", ки рӯзи бақайдгирӣ ба Шумо доданд, бодиққат хонед. Агар то ҳол паёмак наомада бошад, барои гирифтани маълумоти иловагӣ, лутфан, тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 68 бо Марказ дар тамос шавед.
13.03.2025Жумаева Сарвиноз: Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Саломалейкум ман пеш аз ба қайдгирӣ ба шавҳар баромадам бади оиладор шудан фамилияам иваз шуд шиносномаамро низ иваз кардам . Дар амонатбонк маблағи ммт ро супоридам. Дар варақаи бақайдгири дар ҷойи супоридани маблағ насабам Қамбарова Сарвиноз ва дар номи пурраи варақаи бақайдгири Жумаева Сарвиноз ягон мушкили намешавад ? Хати заксро низ пешниҳод кардам , илтимос ҷавоб медодед. 12.03.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Хавотир мабошед. Аз сабаби дар барномаи бонк набудани ҳарфҳои хоси забони тоҷикӣ ин ҳолат рух медиҳад. Муҳимаш, Шуморо аз қайд гузарониданд ва дар маълумоти варақаи бақайдгирӣ ғалат набошад.
13.03.2025Ҷумаев Сардорбек: Даъватнома
Савол: Саломалейкум ман агар ба идораи ммт равам метавонам намунаи саволу масъалаҳои тесторо гирам дар шакли китобча 12.03.2025
Довталаби муҳтарам! "Маҷмуаи саволу масъалаҳои тест-2025" ба китобхонаҳои ҳамаи МТМУ-и ҷумҳурӣ ва китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас шуда истодааст. Гунаи электронии маҷмуаҳои мазкур дар сомонаи расмии Марказ ҷойгир карда шудааст. Нигаред ба пайванди https://www.ntc.tj/tj/elon1-2.html
13.03.2025Раҳмонов Давлатшоҳ: Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Салом суол чунин аст. Ман омӯзгор ҳастам, маълумотам олӣ ҳатто хатми магистратура дорам, боз метавонам аз нав тариқи ММТ ҳуҷҷат супорида, дар ИМД имтиҳон супорам, ташаккур!!!! 12.03.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Тибқи қонунгузорӣ, шахсоне, ки таҳсилоти олии касбӣ доранд, барои гирифтани таҳсилоти олии касбии дуюм бояд ба ҳамон донишгоҳ ё донишкадае, ки дар он таҳсил кардан мехоҳанд, муроҷиат кунанд. Аз ин лиҳоз, Шумо барои гирифтани таҳсилоти олии касбии дуюм дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ иштирок карда наметавонед. Лутфан, барои шарҳу тавзеҳи масъалаҳои марбут ба гирифтани таҳсилоти олии касбии дуюм бевосита ба худи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ муроҷиат кунед.
13.03.2025Махмадализода Абдучаббор Хучавали: Ихтисосҳо
Савол: Ихтисос Келасери5 12.03.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Барои посух гирифтан, лутфан, саволи худро пурра, мушаххас ва беғалат баён намоед.
13.03.2025Тухтабоева Дилноза : Даъватнома
Савол: Математика чист? 11.03.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Бо ин суол ба омӯзгори фан ва ба китобҳои дарсӣ муроҷиат намоед.
12.03.2025Бобоҷонова Зарнигор : Дигар
Савол: Салом алейкум оё китоби Роҳнамои довталаб, ки дар он номгӯй ихтисосҳо,муассисаҳо, мавҷуд аст набаромадааст? Кай мебарояд ва то ҳол баромаданаш даркор аст? Пас мо чи тавр номгӯйи ихтисосҳои худро дарёфт намоем ва ба нуқтаи бақайдгири равем? 11.03.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Соли ҷорӣ шакли ниҳоии феҳристи комбинатсияҳои ихтисосҳое, ки тибқи нақшаи қабул аз рӯйи онҳо бояд дар соли таҳсили 2025-2026 тавассути имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тақсимот шаванд, аз сабаби дер ба Марказ дастрас шуданаш, дар вақташ чоп намудани дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” бо замимаи ихтисосҳо ба таъхир афтод. Шакли электронии рӯйхати ихтисосҳо дар сомонаи Марказ гузошта шудааст. Лутфан, ба саҳифаи "Маълумоти оморӣ" (https://stat.ntc.tj/) ворид шуда, бо рӯйхати ихтисосҳои лозимиатон вобаста ба гурӯҳи ихтисосҳо шинос шавед. "Роҳнамои довталаб" низ чоп шуд ва бо навбат ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсимот шуда истодааст.
12.03.2025Тошзода Абдураҳим : Намунаи саволу масъалаҳо
Савол: Салом. Калиди саволҳои физикаро аз куҷо дастрас намудан лозим қисми А ва В 11-03-2025 11.03.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Ҷавобҳои дуруст ба намуни саволу масъалаҳои тест (калидҳо)-и соли 2025 дар сомонаи расмии Марказ 10.03.2025 дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/elon1-2.html гузошта шуд.
12.03.2025Safarzoda Nur: Имтиёзҳо
Савол: Барои фарзадоне Ки Падар ё Модар надоран имтиёз хастай ягон бал илова карда мешавад ё не 11.03.2025
Шаҳрванди муҳтарам! Дар "Тартиби додани имтиёзҳо ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2018, № 42) барои чунин довталабон имтиёз пешбинӣ нашудааст. Барои гирифтани маълумоти муфассал ба дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва сомонаи расмии Марказ https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701 муроҷиат намоед.
12.03.2025Сатторова Фируза: Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: дар варакаи бакайдгирии ман дар чадвали "пардохт" дар чои ному насаб хато шудааст, харфи аввали номи ман аломати саввол (?) Сатторова ?ируза, дигар ягони хатоги нест, ман бояд аз нав бакайдгирам ё ин ки не? 11.03.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Хавотир мабошед. Аз сабаби дар барномаи бонк набудани ҳарфҳои хоси забони тоҷикӣ ин ҳолат рух медиҳад. Муҳимаш, Шуморо аз қайд гузарониданд ва дар маълумоти варақаи бақайдгирӣ ғалат набошад.
12.03.2025Одинаев Саид: Ихтисосҳо
Савол: Салом:Чаро руйхати Клластерҳо,Ихтисосҳо дар сомона мавҷуд нест? 11.03.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ихтисосҳо ва гурӯҳи ихтисосҳо дар сомона мавҷуд аст, лутфан, ба саҳифаи "Маълумоти оморӣ" (https://stat.ntc.tj/) ворид шуда, бо рӯйхати ихтисосҳои лозимиатон вобаста ба гурӯҳи ихтисосҳо шинос шавед.
11.03.2025Саидов Муродали Неъматуллоевич : Дигар
Савол: Салом! Ман омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик, маълумотам олӣ. Метавонам дар ягон нуқтаи бақайдгирии ноҳияи Дӯстӣ ё Ҷалолиддини Балхӣ ба ҳайси ёрдамчӣ ё бақайдгиранда кор кунам? Ё ин ки дар озмунҳои дохилшавии Маркази Миллии Тестӣ ба ҳайси довар худамро номнавис кунам? 11.03.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Барои кор дар нуқтаҳои бақайдгирӣ, мутаассифона, муҳлат ба итмом расидааст, лекин ба наздикӣ Марказ барои иштирок дар озмуни кормандони муваққатӣ дар марказҳои имтиҳонӣ эълон дарҷ менамояд. Агар шавқ дошта бошед, марҳамат дар озмун тштирок намоед.
11.03.2025Ҷумаев Сардорбек: Даъватнома
Савол: Саломалейкум холҳои гузариш барои роҳ ёфтан ба тақсимот дар соли 2024 чанд буд пешакӣ раҳмат 07.03.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Холи гузариш – шумораи ҳадди ақалли холҳо аз ҳар субтест дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо, имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус (дар сурати супоридани чунин имтиҳон) ва имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ (дар сурати супоридани чунин имтиҳонҳо), ки барои роҳ ёфтан ба тақсимот онҳоро ба даст овардани довталаб зарур аст. Холи гузаришро ҳар сол Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Соли 2024 низ холҳои гузаришро мақомоти мазкур муайян намуд. Марказ хол ва балли гузаришро дар ИМД-2024 рӯзҳои наздик дар сомонаи худ мегузорад.
11.03.2025Мансурзода Додихудо : Даъватнома
Савол: Саломалейкум ҳамин бали барои ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино чанд ҳаст ба тариқи пулакӣ 03.03.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бали гузариш барои ин ё он донишгоҳ ё донишкада, инчунин ин ё он гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) муқаррар намегардад, балки ҳар як ихтисоси он вобаста ба шаклу намуди таҳсил бали гузаришро дорад. Инчунин, бали гузариш дар ин ё он ихтисос пешакӣ муайян нест ва он ҳеҷ гоҳ пешакӣ муқаррар карда намешавад ва он дар ҳар як ихтисос вобаста ба шаклу намуди таҳсил танҳо пас аз озмуни тақсимоти довталабон маълум мешавад. Дар саҳифаи "Маълумоти оморӣ"-ии сомонаи Марказ Шумо метавонед бо балҳои гузариши соли 2023 аз пайванди https://stat.ntc.tj/Y23/Index?ClusterID=5&Code=105 шинос шавед.
07.03.2025Рахимзода Сумая: Даъватнома
Савол: Руйхати чавобхо кластери 3 аз кучо дарёфт кунем 03.03.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Ҷавобҳои дуруст ба намуни саволу масъалаҳои тест (калидҳо) то даҳаи охири моҳи март дар сомонаи Марказ гузошта мешавад. Дар ин хусус иловатан хабар дода мешавад
07.03.2025Рузиев Самир: Калидҳо
Савол: Савол:салом калидҳои тестҳои 2025 кай мебарояд ? 03.03.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Ҷавобҳои дуруст ба намуни саволу масъалаҳои тест (калидҳо) то даҳаи охири моҳи март дар сомонаи Марказ гузошта мешавад. Дар ин хусус иловатан хабар дода мешавад
07.03.2025Мамадкулов Умед : Даъватнома
Савол: Салом ман дар сохаи мошин месупоридаги дар ин соха чанд бал гирифтан лозим 03.03.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бали гузариш барои ин ё он донишгоҳ ё донишкада, инчунин ин ё он гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) муқаррар намегардад, балки ҳар як ихтисоси он вобаста ба шаклу намуди таҳсил бали гузаришро дорад. Инчунин, бали гузариш дар ин ё он ихтисос пешакӣ муайян нест ва он ҳеҷ гоҳ пешакӣ муқаррар карда намешавад ва он дар ҳар як ихтисос вобаста ба шаклу намуди таҳсил танҳо пас аз озмуни тақсимоти довталабон маълум мешавад. Дар саҳифаи "Маълумоти оморӣ"-и сомонаи Марказ Шумо метавонед бо балҳои гузариши соли 2023 аз пайванди https://stat.ntc.tj/Y23/Index?ClusterID=5&Code=105 шинос шавед.
07.03.2025Джавохир : Ихтисосҳо
Савол: Ман таҷумон синхронии англис-олмон шудан мехохам.Ман ба кадом донишгоҳ дохил шуданам даркор 03.03.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ба саҳифаи "Маълумоти оморӣ" (https://stat.ntc.tj/)ворид шуда бо рӯйхати ихтисосҳои лозимиатон аз Гурӯҳи ихтисосҳои сеюм шинос шавед. Ин ихтисос дар якчанд муассисаи таълимӣ роҳандозӣ шудааст.
07.03.2025Yusupov Abdulhakim: Даъватнома
Савол: Hizmatrasonii hudro bisanj kor nakardaistodaet 02.03.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Саҳифа фаъол аст. Пеш аз ворид гаштан, лутфан, бо ролик ва тартиби воридшавӣ шинос шавед
07.03.2025Ализода Ислом: Калидҳо
Савол: Ман дар "Мачмуаи саволу масъалахои тест"- и кисми А. Аз фанни таърих дар саволи 49. Рухшонак ки буд? Вариантхо: А) зани Дорои III B) духтари Спитамен С) зани Искандари Макдуни D) маликаи массагетсхо. Чавоби дуруст варианти B - духтари Спитамен аст, ки вай ба таври амиқ бо муқовимат ба истилогарони юнонӣ ва макдунии Искандари Мақдунӣ шомил буд ва дар таърих ҳамчун як шахсияти пурифтихор бо мақсади ҳимояи Осиёи Миёна ва мардумаш боқӣ мондааст. Лекин дар калидхо варианти С хаст, яъне - зани Искандари Макдуни, ки хато аст, Зани Искандари Мақдунӣ Роксана ном дошт. Вай духтари шоҳи Бактрия, Оксиарт, буд. Искандари Мақдунӣ ва Роксана пас аз ғалабаи Искандар дар Бактрия бо ҳам издивоҷ карданд. Роксана яке аз занҳои маъруфи Искандари Мақдунӣ буд ва баъд аз марги ӯ ба ҳаёти сиёсӣ ва тақдири империяи макдунии соҳиб таъсир гузошт. Лутфан ислох намоед 01.03.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ҷавоби саволи мазкур дуруст аст. Нигаред ба китоби дарсии "Таърихи халқи тоҷик" барои синфи 5-ум, саҳ. 174-175.
07.03.2025Ализода Ислом: Калидҳо
Савол: Ман дар "Мачмуаи саволу масъалахои тест"- и кисми А. Аз фанни таърих дар саволи 42. Мухорибаи Куркат (Курукада) дар рафти кадом истилогари ба амал омада буд? Вариантхо: А)юнону макдунихо В)туркхои салчуки С)мугулхо D)арабхо Дар калидхо варианти дуруст А мебошад. Лекин ин чавоб нодуруст аст. Чунки Мухорибаи Куркат дар назди дарвозаи шахри Куркат, байни арабхо (тахти фармондехии Саиф ибн Харис) ва форсхо (тахти фармондехии шохи Сосониён Яздигурди III) дар соли 626 гузаштааст. Вакте ки чанги Юнонихову макдунихо (Мухорибаи Гавгамела) соли 331 пеш аз милод рух додааст. Лутфан ислох кунед, зеро мумкин ин чавоб дуруст ё нодурусте ки дар вакти имтихон мо интихоб мекунем барои дохил шудан монеа нашавад. 01.03.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ҷавоби саволи мазкур дуруст аст. Нигаред ба китоби дарсии "Таърихи халқи тоҷик" барои синфи 5-ум, саҳ.170
07.03.2025Худоëров Одинахаммад: Имтиёзҳо
Савол: Савол бояд чанд бал гирем ки дар Донишгохи Милли Точикистон дар ихтисоси Бахисобгири бугалтери чанд бал лозим мешавад 01.03.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бали гузариш барои ин ё он донишгоҳ ё донишкада, инчунин ин ё он гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) муқаррар намегардад, балки ҳар як ихтисоси он вобаста ба шаклу намуди таҳсил бали гузаришро дорад. Инчунин, бали гузариш дар ин ё он ихтисос пешакӣ муайян нест ва он ҳеҷ гоҳ пешакӣ муқаррар карда намешавад ва он дар ҳар як ихтисос вобаста ба шаклу намуди таҳсил танҳо пас аз озмуни тақсимоти довталабон маълум мешавад. Дар саҳифаи "Маълумоти оморӣ"-ии сомонаи Марказ Шумо метавонед бо балҳои гузариши соли 2023 аз пайванди https://stat.ntc.tj/Y23/Index шинос шавед.
07.03.2025Отабоев Сухробчон: Имтиёзҳо
Савол: Салом.Савол ман чунин мебошад Оё ба шахсони дипломдошта бал дода мешавад агар аз нав тест супоранд. 01.03.2025
Довталаби муҳтарам! Тибқи муқаррароти тартиб барои чунин довталабон имтиёз пешбинӣ нашудааст. Агар шумо соҳиби таҳсилот олӣ бошед ва мехоҳед, ки боз таҳсил намоед ва соҳиби маълумоти дуюм гардед, он гоҳ ба муассисаи дилхоҳатон муроҷиат намоед. Шумо бо роҳи суҳбат, бе имтиҳон қабул шуда метавонед.
07.03.2025Ашуров Умар: Дигар
Савол: Барои дохил шудан кадом хучатхо лозим мешавад.Дар сомона ёфта натавонистам, боз агар ба политехникум дохил шавем, ба хизмати харби мебаранд ё не 😅 01.03.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Бо номгӯйи ҳуҷҷатҳои зарурӣ Шумо метавонед аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб", гунаи электронии он дар сомонаи Марказ (https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684) ва ҳамчунин, дар нуқтаҳои бақайдгирӣ шинос шуда метавонед. Доир ба саволи дуюм ба муассисаи таълимӣ муроҷиат намоед.
07.03.2025Мохира Хусайнова: Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Ассалом, ман мехостам пурсон шавам, ки агар ман аз оилаи камбизоат бошам нархи ммт барои ман арзон карда мешавад ё не? 28.02.2025
Дуруд, Довталаби муҳтарам! Тибқи муқаррароти тартиб барои чунин шаҳрвандон дар супоридани маблағи хизматрасонӣ имтиёз пешбинӣ нашудааст. Барои гирифтани маълумоти муфассал ба дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 33-35) ва ё сомонаи марказ ба пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=686 муроҷиат намоед.
07.03.2025Садиров Салмон: Ихтисосҳо
Савол: Салом. Фарқи шакли таҳсили ғоибона аз фосилави дар чист? Хоҳиш мекунам ба саволи ман посухатонро ирсол намоед. 28.02.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Барои дарёфти маълумоти муфассал ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаи таълимии дахлдор муроҷиат намоед. Минбаъд ҳангоми муроҷиат талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»-ро ба инобат бигиред.
07.03.2025Муминов Амруллохон: Даъватнома
Савол: чихел карда "бал"-и аз пробный тести ММТ мегирифтагихомоя "хол"-ба гардонем 27.02.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Асосан, холро ба бал бармегардонанд. Шумо аз рӯйи ҷадвали дар сомонаи расмии Марказ гузоташуда: https://www.ntc.tj/tj/ba-dovtalab/jadvalhoi-muvofikati-kholho-ba- ва пайванди ://stat.ntc.tj/Y25/RPlan?page=12&Code=104 холҳоятонро ба бал баргардонида метавонед..
28.02.2025Муминов Амруллохон: Даъватнома
Савол: салом, ман мехохам оянда кайхонавард шавам, дар кадом донишгохи Точикистон метавонам хамчун первое образование хонам, рахмат! 27.02.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Чунин ихтисосҳо дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр карда намешаванд. Баъзе ихтисосҳо ба самти ҳавонавардӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ мавҷуд аст. Нигаред ба пайванди зерин: https://stat.ntc.tj/Y25/RPlan?page=12&Code=104
28.02.2025Ғаниев Аброр: Даъватнома
Савол: Салому алейкум соҳаи ҷарроҳи месупоридани ман ҳамин замон пурсидани ҳастам ки низ дар соҳаи ҷарроҳи донишгоҳи беҳтарин куҷо аст ва ман метавонам бо роҳи буҷети гузарам 26.02.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Дар феҳрасти ихтисосҳо бо номи ҷарроҳ ихтисос мавҷуд нест. Шумо бояд ихтисоси "Кори табобатӣ"-ро интихоб намоед. Дар ҷараёни таҳсил муассисаи таълимӣ барои донишҷӯён самтҳоро муайян менамояд, аз ҷумла, касби ҷарроҳиро. Барои дохил шудан ба гурӯҳи ройгони ин ихтисос тайёрии хуб дидан лозим. Масалан, соли 2023 бали гузариш дар ин ихтисос 439,9298 бал буд. Нигаред ба пайванди https://stat.ntc.tj/Y23/Index?ClusterID=5&Code=105
27.02.2025азимов аюбчон : Даъватнома
Савол: ман мехоҳам ки ба донишгоҳи мухандиси энергетики супорам дар кучо донишго чойгир бошад 27.02.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Дар Тоҷикистон бо чунин ном муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ вуҷуд надорад, лекин Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар нишонии ноҳияи Кӯшониён, ҷамоати шаҳраки Бохтариён, кӯчаи Носири Хусрав, 73 фаъолит дорад.
27.02.2025Шодизода Моҳчеҳра : Даъватнома
Савол: Салом.барои ихтисоси омӯзгори фанни физика кадом муассисаи олии таълимӣ мавҷуд аст? Ин ихтисос дар кадом кластер мавҷуд аст? 26.02.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ихтисоси физика ба гурӯҳи ихтисосҳои якум ворид буда дар якчанд муассисаи таълимӣ мутахассис тайёр карда мешавад. Маълумоти муфассалро аз сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://stat.ntc.tj/Y23/RPlan?ClusterID=1&Code= гирифта метавонед.
27.02.2025Хочизода хикматулло хочи: Даъватнома
Савол: Балли гузариши ихтисоси зер чи кадар аст? Кластери 3 1210601010601 Забон ва адабиёти хоричи-араби-англиси Донишгохи байналмиллалии забонхои хоричии Точикистон ба номи С.Улугзода Рузона пулаки(5940) 26.02.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бали гузариш барои ин ё он донишгоҳ ё донишкада, инчунин ин ё он гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) муқаррар намегардад, балки ҳар як ихтисоси он вобаста ба шаклу намуди таҳсил бали гузаришро дорад. Инчунин, бали гузариш дар ин ё он ихтисос пешакӣ муайян нест ва он ҳеҷ гоҳ пешакӣ муқаррар карда намешавад ва он дар ҳар як ихтисос вобаста ба шаклу намуди таҳсил танҳо пас аз озмуни тақсимоти довталабон маълум мешавад. Дар саҳифаи "Маълумоти оморӣ"-и сомонаи Марказ Шумо метавонед бо балҳои гузариши соли 2023 дар ин пайванд шинос шавед: https://stat.ntc.tj/Y23/Index
26.02.2025Ҷумаев Сардорбек: Даъватнома
Савол: Маблағи ммт имсол чанд сомонай барои синфҳои 9 ҳозир супоранд мешавад? 26.02.2025
Довталаби муҳтарам! Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасониро барои шахсоне, ки бо мақсади иштирок дар ИМД-2025 аз қайд гузаштан мехоҳанд, дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти марҳалаҳои (асосӣ ва иловагӣ)-и бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 370 сомонӣ ва барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) 320 сомонӣ муқаррар намудаанд. Маблағи барои азнавбақайдгирӣ дар давраи асосӣ пардохтшаванда 30 сомонӣ аст.
26.02.2025Сумаяи Ф : Дигар
Савол: Салом мехоҳам балҳои гузариши кластери 5 (қисми б) барои довталабон синфи 9-ро фаҳмам .Аз куҷо дастрас карда метавонам Лутфан 25.02.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бали гузариш барои ин ё он донишгоҳ ё донишкада, инчунин ин ё он гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) муқаррар намегардад, балки ҳар як ихтисоси он вобаста ба шаклу намуди таҳсил бали гузаришро дорад. Инчунин, бали гузариш дар ин ё он ихтисос пешакӣ муайян нест ва он ҳеҷ гоҳ пешакӣ муқаррар карда намешавад ва он дар ҳар як ихтисос вобаста ба шаклу намуди таҳсил танҳо пас аз озмуни тақсимоти довталабон маълум мешавад. Дар саҳифаи "Маълумоти оморӣ"-и сомонаи Марказ Шумо метавонед бо балҳои гузариши соли 2023 шинос шавед.
26.02.2025Мухтор Неъмат : Ихтисосҳо
Савол: Ассалому алейкум. Ба ман нақшаи қабул – ҷадвали ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ лозим, рости ёфтам барои соли 20224-2025 аммо барои ман соли 2025 лозим. Бо чи ном аз кучо ёбам. Каблан сипосгузорем. 25.02.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Шакли ниҳоии феҳристи комбинатсияҳои ихтисосҳое, ки тибқи нақшаи қабул аз рӯйи онҳо бояд дар соли таҳсили 2025-2026 тавассути имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тақсимот шаванд, дар сомонаи Марказ гузошта шудааст. Нигаред ба пайванди https://stat.ntc.tj/Y25/RPlan.
25.02.2025Холов Насрулло: Дигар
Савол: Салом , агар ман дар давраи дуюм ҳуҷатҳои худро ба марказии миллии тестӣ супорам , шумораи ихтимомҳо кам мешаванд ё аз аввала фарқе надорад? 25.02.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Новобаста ба он ки дар кадом давра аз қайд мегузаред, теъдод ва имтиҳонҳо якхеланд. Барои гирифтани маълумоти муфассал ба саҳифаи "Роҳнамои довталаб", аз ҷумла, пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=691 муроҷиат намоед.
25.02.2025Ганчов МУХАММАДРОФЕ Бахридинович: Дигар
Савол: Тарчумони дар кадом класстер мебошад 24.02.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Ихтисоси мазкур ба гурӯҳи ихтисосҳои сеюм ворид мешавад ва дар якчанд муассиса мавҷуд аст. Муроҷиат намоед ба саҳифаи "Маълумоти оморӣ" пайванди https://stat.ntc.tj/Y25/RPlan?ClusterID=3&Code=
25.02.2025Shermatov Ahmad: Дигар
Савол: Ассалому алейкум, имтиҳонҳои Филиали Донишгоҳи М. В. Ломоносов дар Тоҷикистон кай аст? 22.02.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Довталабоне, ки ихтисосҳоро аз филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе интихоб мекунанд, бар замми қисми А, қисми Г.1 (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ)-ро месупоранд. Забони имтиҳонсупорӣ барои ҳамаи санҷишҳои қисми Г.1 русӣ аст. Дар қисми Г.1 довталабон аз рӯйи талаботи гурӯҳи ихтисосҳои интихобнамудаашон аз 2 фан имтиҳон месупоранд. Довталабон имтиҳонҳои мазкурро дар шаҳри Душанбе дар худи филиал месупоранд. Барои дарёфти маълумот доир ба баргузории имтиҳонҳо Шумо бояд ба филиали мазкур муроҷиат намоед.
24.02.2025Абдуназарова Нозия: Намунаи саволу масъалаҳо
Савол: Ҳамасола аз намунаи саволҳое, ки пешниҳод карда мешавад дар ММТ тақрибан 40% меояд. Дар намунаи саволҳои 2025 аз 2024 тағйирот дида намешавад, имсол 40% намеояд яъне муқарарот иваз мешавад ё ба мисли ҳарсол тақрибан 40% аз намунаи саволҳое, ки ММТ пешниҳод кардааст меояд? 24.02.2025
Довталаби муҳтарам! "Маҷмуаи саволу масъалаҳои тест-2025" пас аз пурра чоп гардидан, ба китобхонаҳои ҳамаи МТМУ-и ҷумҳурӣ ва китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда мешавад. Чун анъана, аз ҳар субтест то 40 % саволу масъалаҳои тест дар имтиҳонҳо истифода мешавад ва 60 %-и дигари саволу масъалаҳои ҳар субтести имтиҳон нав хоҳад шуд. Гунаи электронии маҷмуаҳои мазкур дар сомонаи расмии Марказ ҷойгир карда шудааст. Нигаред ба пайванди https://www.ntc.tj/tj/elon1-2.html
24.02.2025Холов Насрулло: Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Салом , ман мехостам аз шумо пурсам ман дар муҳочирати мехнати қарор дорам ман метавонам ба марказии мисли тестӣ ҳуҷатҳои худро супорам , кай ва чи ҳуҷатҳо лозим аст ? 23.02.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Бале, метавонед. Ҳам дар даври якум (аз 01.03. то 30.04.2025) ва ҳам дар даври дуюм (аз 10.06. то 30.06.2025) ва ғайра. Барои номнавис кардан, ҳатман бояд шахсан иштирок намоед ва ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад: 1) шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он; 2) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (Аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он); 3) рақами расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ё аз барномаи мобилии “Амонат мобайл”; 4) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар дошта бошед). Маълумоти муфассалро аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва гунаи электронии онро аз сомонаи Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/ rohnamoi- dovtalab.html?view= article&id=684 пайдо карда метавонед.
24.02.2025Shermatov Ahmad: Имтиёзҳо
Савол: Ассалому алейкум, оё аттестати сурх имтиёзе дорад? 22.02.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Дар "Тартиби додани имтиёзҳо ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2018, № 42) барои чунин довталабон имтиёз пешбинӣ нашудааст. Барои дарёфти маълумоти муфассал ба дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб"(с.2025) ва сомонаи расмии Марказ ба пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701 муроҷиат намоед.
24.02.2025Бердиев акром: Калидҳо
Савол: Дар ман калидои 2025ро дастрас карда метавонед агар баромада бошад . 20.02.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Ҷавобҳои дуруст ба намуни саволу масъалаҳои тест (калидҳо) то даҳаи охири моҳи март дар сомонаи Марказ гузошта мешавад. Дар ин хусус иловатан хабар дода мешавад.
21.02.2025Said Saidov Bahrom: Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Саломалейкум кай руйхати ихтисосҳои 2026 меброя бақайдгири сар шид уже😟 20.02.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Чун нусхаи ниҳоии феҳрасти нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба Марказ дастрас гардад ва иҷозат шавад, рӯйхат чоп ва дар сомонаи расмии Марказ гузошта мешавад.
20.02.2025Рахматов Талабшо : Дигар
Савол: Салом Як савол дорам дар донишкадаи Санъат ва дизайн тахсил мекунам вале ихтисосам махкул Нест 1 ум курсам мехохам аз Нав маркази тести супорам ва аз Нав ба дигар донишгох дохил шавам оё метавонам аз сари Нав маркази милии тести супорам?? 20.02.2025
Дуруд, Шаҳрванди муҳтарам! Дар ҳолати хориҷ гаштан ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ метавонед, ки аз қайд гузаред.
20.02.2025Муродҷон Мирзоев : Даъватнома
Савол: 1.Ассалому алейкум донишгоҳ аз донишкада чи фарқ дорад ва инчунин дипломи онҳо фарқ дорад ё не барои ҷавоб раҳмат. 2 ДИСДДТТ муассисаи мустақил аст ё тобеи донишгоҳ 19.02.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ба суоли якуматон мо 19.02.2025 ҷавоб гардонида будем (лутфан, бо ҷавобҳои қаблӣ шинос шавед). Нисбат ба саволи дуюматон гуфтанӣ ҳастем, ки ба номи муассиса диққат намоед, маълум мешавад, ки донишкада мансуб ба донишгоҳ аст (Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд).
20.02.2025Ибрагимов Олимҷон: Дигар
Савол: Салом. Барои ба кор қабул шудан бо маълумоти олии педагогӣ кадом ҷойҳои кори шумо доред? Беҳтараш кор аз моҳи 1 март оғоз шавад беҳтар буд 19.02.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ба самъатон мерасонем, ки ҳанӯз моҳи декабри соли 2024 Марказ барои интихоби мансабҳои роҳбар, ёвари роҳбар ва бақайдгирандагон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ озмун эълон намуд, ки муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост барои иштирок: 25-уми январи соли 2025, то соати 16:00 таъин шуда буд. Агар Шумо бо мо ҳамкорӣ кардан хоҳед, аз эълонҳо бохабар шуда истед. Барои марҳалаи дигари интихоби кормандони муваққатӣ барои марказҳои имтиҳонӣ ба ҳайси роҳбар, ёвар, маъмури калон, маъмури имтиҳон ва бақайдгирандагон моҳҳои наздик озмун эълон мешавад, ки моҳи июл ҳамкорӣ менамоянд.
20.02.2025Солиев Алиҷон: Дигар
Савол: Ас Саламу Алейкум, тақрибан аз чандум(число) супоридани имтиҳонҳои гуруҳи 1- оғоз меёбад ? 19.02.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Имтиҳонҳои қисми А барои гурӯҳи ихтисосҳо 1-ум 1-уми июл баргузор мегардад. Маълумоти муфассал дар сомонаи расмии Марказ ва дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб".
19.02.2025Юсупова Мархабо Амоновна: Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Донишкадаи байналмиллали аз донишгохи байналмиллали Чи фарк дорад 18.02.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам!Донишкада метавонад муассисаи мустақил бошад ва ҳам зертобеи донишгоҳ. Донишгоҳ муассисаи таҳсилоти олии касбии нисбатан серҷабҳа мебошад, ки дорои марказҳои илмӣ –тадқиқотӣ, донишкадаҳо, академияҳо ва дигар шуъбаҳо бошад. Донишкада мутахассисонро аз рӯйи як самт ва донишгоҳ бошад, аз рӯйи якчанд самт тайёр менамояд. Ҳам хатмкунандагони донишкада ва ҳам донишгоҳ пас аз хатм ба таҳсилоти олии касбӣ сазовор мешаванд. Барои маълумоти муфассал, лутфан, ба худи муассисаҳои таълимӣ ва ё Вазорати маориф ва илм муроҷиат намоед.
19.02.2025Начмуддинов Хайриддин: Даъватнома
Савол: Ман дар расия кор мекунам дар даври дуюм омада маркази миллии тести супорида метавонам ?? 18.02.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бале метавонед. Марказ барои онҳое, ки ҳангоми давраи якуми бақайдгирӣ аз қайд гузашта натавонистаанд, аз ҷумла шахсоне, ки дар ин давра дар муҳоҷирати меҳнатӣ берун аз кишвар қарор доштанд ё дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмат мекарданд, давраҳои дуюм, сеюм ва ё чоруми бақайдгириро ба роҳ мемонад. Барои маълумоти муфассал гирифтан, нигаред ба сомонаи расмии Марказ ба пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 Танҳо, хотиррасон менамоем, ки мумкин аст, дар даврҳои минбаъдаи бақайдгирӣ теъдоди ихтисосҳо кам шавад.
19.02.2025Саломатшоев Парвиз: Имтиёзҳо
Савол: Ба нимятимон имтиёз пешбини шудааст? Агар бошад чанд балл дола мешавад? 17.02.2025
Шаҳрванди муҳтарам! Дар "Тартиби додани имтиёзҳо ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2018, № 42) барои чунин довталабон имтиёз пешбинӣ нашудааст. Барои гирифтани маълумоти муфассал ба дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва сомонаи расмии Марказ https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701 муроҷиат намоед.
17.02.2025Тилабов Бежан : Дигар
Савол: Салом аллекум ман имсол 4 курс хатм менамоям донишгоҳро Ман метафонам Бори дигар ҳуҷатхои худро дубора ба маркази миллии тестӣ супорам ва кадом ҳуҷатҳо лозим ба ман мефаҳмондед раҳмати калон пешаки 17.02.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Тибқи қонунгузорӣ, шахсоне, ки таҳсилоти олии касбӣ доранд, барои гирифтани таҳсилоти олии касбии дуюм бояд ба ҳамон донишгоҳ ё донишкадае, ки дар он таҳсил кардан мехоҳанд, муроҷиат кунанд. Аз ин лиҳоз, Шумо барои гирифтани таҳсилоти олии касбии дуюм дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ иштирок карда наметавонед. Лутфан, барои шарҳу тавзеҳи масъалаҳои марбут ба гирифтани таҳсилоти олии касбии дуюм бевосита ба худи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ муроҷиат кунед.
17.02.2025Беков Саидали: Дигар
Савол: Колежи барнома сози аз донишгох чи фарк дорад 16.02.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ин муассисаҳои таълимӣ дар ду зинаи таҳсилот ворид буда, пас аз хатми коллеҷ хатмкарда соҳиби таҳсилоти миёнаи касбӣ ва пас аз хатми донишгоҳ хатмкарда соҳиби маълумоти таҳсилоти олӣ мегардад.
17.02.2025Юсуфов Муҳаммад : Ихтисосҳо
Савол: Бали гузариш ба факултети ҳуқуқшиносӣ дар 2025 чи кадар аст 16.02.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бали гузариш барои ин ё он донишгоҳ ё донишкада, инчунин ин ё он гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) муқаррар намегардад, балки ҳар як ихтисоси он вобаста ба шаклу намуди таҳсил бали гузаришро дорад. Инчунин, бали гузариш дар ин ё он ихтисос пешакӣ муайян нест ва он ҳеҷ гоҳ пешакӣ муқаррар карда намешавад ва он дар ҳар як ихтисос вобаста ба шаклу намуди таҳсил танҳо пас аз озмуни тақсимоти довталабон маълум мешавад. Дар саҳифаи "Маълумоти оморӣ"-ии сомонаи Марказ Шумо метавонед бо балҳои гузариши соли 2023 шинос шавед.
17.02.2025Шарипов Салмон: Даъватнома
Савол: Саломалейкум руйхати нақшаи қабул кай меброя илтимос ответ тиен 15.02.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Соли ҷорӣ шакли ниҳоии феҳристи комбинатсияҳои ихтисосҳое, ки тибқи нақшаи қабул аз рӯйи онҳо бояд дар соли таҳсили 2025-2026 тавассути имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тақсимот шаванд, аз сабаби дер ба Марказ дастрас шуданаш, ҳоло омода нагаштааст. Баъд аз таҳия феҳрист дар дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” замима мегардад ва шакли электрониаш дар сомонаи Марказ низ гузошта мешавад.
17.02.2025Шарипов Давлатшо: Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Асаломуалейкум ман маркази мили тести супорум бал медиханд ман нимятим хастам 15.02.2025
Шаҳрванди муҳтарам! Дар "Тартиби додани имтиёзҳо ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2018, № 42) барои чунин довталабон имтиёз пешбинӣ нашудааст. Барои гирифтани маълумоти муфассал ба дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва сомонаи расмии Марказ https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701 муроҷиат намоед.
17.02.2025Расулов Исмоилчон : Даъватнома
Савол: Салом алекм мехостам аз забони шумо бишнавам Ки марде занашро пеша аз 3 далок гуфтан чавобатро додам гуфта ба аз он дар хамон хамон 3 той дигарашро да чояш гуфтаст дар хами бора ягон чавоби хуб медодед Яне 1 та хисоб мешавад е 3 то илтимос фахмонда медодед ташакур барой хамдигарфахми 14.02.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бо ин суол, лутфан, ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
17.02.2025Сулайминова Мунзифа: Ихтисосҳо
Савол: Ба кластери 3 кадом фанхо зарур аст? 14.02.2025
Дуруд шаҳрванди муҳтарам! Имтиҳонҳои гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм чун ҳарсола аз фанҳои забони тоҷикӣ, таърих, адабиёти тоҷик/забон ва адабиёти рус/забон ва адабиёти ӯзбек ва забони хориҷӣ иборат аст. Маълумоти муфассал дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ. 51-57) ва дар сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=691 мавҷуд аст.
17.02.2025Shahromi Abubakr: Даъватнома
Савол: Бакайднири азкай Сар мешавад 14.02.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон аз 1-уми март то 30-юми апрел дар ҳар нуқтаи бақайдгирие, ки бихоҳед (дар нуқтаи ба макони зистатон наздик ва ё шаҳру ноҳияи дигар) худро сабти ном карда метавонед. Дар бораи макони нуқтаҳои бақайдгирӣ ва муҳлату давраҳои бақайдгирӣ тавассути сомонаи Марказ ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, расонаҳои хабарӣ ва ғайра хабар дода мешавад. Маълумоти муфассалро аз сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 гирифта метавонед
17.02.2025Худойбердиева Зиёда: Дигар
Савол: Донишгохи давлатии тибби бахши хамшираги фосилавӣ дорад? 13.02.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! То соли 2025 донишгоҳи мазкур ихтисоси ҳамширагӣ (аз рӯйи ин ихтисос дар коллеҷҳои тиббӣ мутахассис тайёр менамоянд) ва шакли таҳсили фосилавӣ надошт. Соли ҷорӣ шакли ниҳоии феҳристи комбинатсияҳои ихтисосҳое, ки тибқи нақшаи қабул аз рӯйи онҳо бояд дар соли таҳсили 2025-2026 тавассути имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тақсимот шаванд, ба Марказ дер дастрас шуд. Баъд аз таснифоти ихтисосҳо ва таҳия феҳрист дар дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” замима мегардад ва шакли электрониаш дар сомонаи Марказ низ гузошта мешавад. Беҳтар мешавад, агар Шумо ба худи муассиса дар тамос шавед.
14.02.2025Давлатбекова Сафина: Даъватнома
Савол: Донишгохи давлатии омузгори бахши забони руси гоибона дорад? Ва мачмуаи саволхо кадомхоянд?Маркази миллии тести кай довталабонро кабул мекунад? 12.02.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! 1.Аз сабаби соли ҷорӣ шакли ниҳоии феҳристи комбинатсияҳои ихтисосҳое, ки тибқи нақшаи қабул аз рӯйи онҳо бояд дар соли таҳсили 2025-2026 тавассути имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тақсимот шаванд, ба Марказ дер дастрас шуд, мо ба Шумо ҷавоби аниқ дода наметавонем. Баъд аз таҳия феҳрист дар дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” замима мегардад ва шакли электрониаш дар сомонаи Марказ низ гузошта мешавад. 2. Гунаи электронии маҷмуаҳои саволу масъалаҳои тест дар сомонаи расмии Марказ ҷойгир карда шудааст. Нигаред ба пайванди https://www.ntc.tj/tj/elon1-2.html 3. Муроҷиат намоед ба сомонаи Марказ ба пайванди https://www.ntc.tj/images/Downloads/calendar_imd_2025.pdf Агар қабули шаҳрвандонро дар назар доред, дар рӯзҳои корӣ аз соати 8:00 то 17:00.
13.02.2025Нозимов Нурмуҳаммадхуҷа: Даъватнома
Савол: Барномаи худро бисанчро аз кучо ёбам? 11.02.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Шумо метавонед, ки аз хизматрасонии “Худро бисанҷ” барои корбарон дар реҷаи танҳо бархат (онлайн) дастрас аст, истифода баред. Барои фаҳмонидани тарзи истифода аз хизматрасонии “Худро бисанҷ” дар сомонаи Марказ ролики видеоӣ (https://ntc.tj/images/slide/Darkhosti_ramz.mp4) низ ҷой дода шудааст. Лутфан ролики мазкурро бубинед. Ҳамчунин, дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" низ дар бораи хизматрасонии "Худро бисанҷ" маълумот дода шудааст (https://onlinetest.ntc.tj/Home/Welcome?ReturnUrl=%2f)
12.02.2025Мамашарипов Расулҷон Бахтиёрович: Дигар
Савол: Руйхати ихтисосҳои соли таҳсили 2025-2026 кай мебарояд? Соли гузашта моҳи январ баромада буд 11.02.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Соли ҷорӣ шакли ниҳоии феҳристи комбинатсияҳои ихтисосҳое, ки тибқи нақшаи қабул аз рӯйи онҳо бояд дар соли таҳсили 2025-2026 тавассути имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тақсимот шаванд, аз сабаби дер ба Марказ дастрас шуданаш, ҳоло омода нагаштааст. Баъд аз таҳия феҳрист дар дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” замима мегардад ва шакли электрониаш дар сомонаи Марказ низ гузошта мешавад.
12.02.2025Баротов Мухаммадчон : Ихтисосҳо
Савол: Руйхати ихтисосхои кластери 5 11.02.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Соли ҷорӣ шакли ниҳоии феҳристи комбинатсияҳои ихтисосҳое, ки тибқи нақшаи қабул аз рӯйи онҳо бояд дар соли таҳсили 2025-2026 тавассути имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тақсимот шаванд, аз сабаби дер ба Марказ дастрас шуданаш, ҳоло омода нагаштааст. Баъд аз таҳия феҳрист дар дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” замима мегардад ва шакли электрониаш дар сомонаи Марказ низ гузошта мешавад.
12.02.2025Содиков Билол: Намунаи саволу масъалаҳо
Савол: З.точики таърих хукук з англеси 11.02.2025
Довталаби муҳтарам! "Маҷмуаи саволу масъалаҳои тест-2025" пас аз пурра чоп гардидан, ба китобхонаҳои ҳамаи МТМУ-и ҷумҳурӣ ва китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда мешавад. Чун анъана, аз ҳар субтест то 40 % саволу масъалаҳои тест дар имтиҳонҳо истифода мешавад ва 60 %-и дигари саволу масъалаҳои ҳар субтести имтиҳон нав хоҳад шуд. Гунаи электронии маҷмуаҳои мазкур дар сомонаи расмии Марказ ҷойгир карда шудааст. Нигаред ба пайванди https://www.ntc.tj/tj/elon1-2.html
12.02.2025Киличбеков Мустазо: Худро бисанҷ
Савол: Аз фанхои З.модари, Математика, География, З.англиси тестохо барои дохилшавандагони ntc.tj ? 10.02.2025
Довталаби муҳтарам! "Маҷмуаи саволу масъалаҳои тест-2025" пас аз пурра чоп гардидан, ба китобхонаҳои ҳамаи МТМУ-и ҷумҳурӣ ва китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда мешавад. Чун анъана, аз ҳар субтест то 40 % саволу масъалаҳои тест дар имтиҳонҳо истифода мешавад ва 60 %-и дигари саволу масъалаҳои ҳар субтести имтиҳон нав хоҳад шуд. Гунаи электронии маҷмуаҳои мазкур дар сомонаи расмии Марказ ҷойгир карда шудааст. Нигаред ба пайванди https://www.ntc.tj/tj/elon1-2.html
11.02.2025Раҳимҷон Отамуродов: Дигар
Савол: Баъди хатми колеҷи тиббӣ (замимаи баъди синфи 9) ба ихтисоси ҳуқуқшиноси (юридически) дохил шуда метавонем ё не? 09.02.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Тибқи “Тартиби тақсимот ва бо ҷои кор таъмин кардани мутахассисони ҷавон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми ноябри соли 2022, № 563 тасдиқ шудааст, шаҳрвандоне, ки муассисаҳои давлатии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳисоби буҷети давлатӣ хатм кардаанд, уҳдадоранд, ки дар асоси қарордод (шартнома)-и тарафҳо ва роҳхат се сол аз рўйи ихтисос дар муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ фаъолият намоянд. Бинобар ин, онҳо танҳо пас аз се соли кор диплом ва замимаи онро аз муассисаи таълимии хатмкардаашон гирифта, бо пешниҳоди ин ҳуҷҷатҳо аз қайд гузашта метавонанд. Агар Шумо дар гурӯҳи намуди таҳсили пулакӣ таҳсил доред, пас аз хатм бо гирифтани диплом метавонед, ки аз қайд гузаред. Аз 01.03.2025 марҳалаи бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2025 оғоз мегардад. Шумо метавонед, ки ба нуқтаи бақайдгирии ба макони зистатон наздик ҳозир шуда, худро номнавис намоед.
10.02.2025Холова Зайнаб: Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Барои довталабоне ки синфи 9 роҳ хатм намудаанд ба ММТ супоридан барои номнавис чи гуна ҳуҷҷатҳо лозим аст? 09.02.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Барои номнавис кардан ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:1) шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он, синнатон ба 16 расида бошад (синнатон то 16-сола бошад, шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо); 2) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот: маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 9-ум будан ; 3) рақами расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ё аз барномаи мобилии “Амонат мобайл”; 4) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар дошта бошед). Маълумоти муфассалро дар бораи номгӯйи ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирӣ зарурӣ аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб", ки гунаи электронии он дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст (https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684), дастрас кардан мумкин аст.
10.02.2025Холикбердиева Камола: Намунаи саволу масъалаҳо
Савол: Ассалому алейкум, мачмуаи саволу масъалахои тестй 2025 кай мебарояд? 09.02.2025
Довталаби муҳтарам! "Маҷмуаи саволу масъалаҳои тест-2025" пас аз пурра чоп гардидан, ба китобхонаҳои ҳамаи МТМУ-и ҷумҳурӣ ва китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда мешавад. Чун анъана, аз ҳар субтест то 40 % саволу масъалаҳои тест дар имтиҳонҳо истифода мешавад ва 60 %-и дигари саволу масъалаҳои ҳар субтести имтиҳон нав хоҳад шуд. Гунаи электронии маҷмуаҳои мазкур дар сомонаи расмии Марказ ҷойгир карда шудааст. Нигаред ба пайванди https://www.ntc.tj/tj/elon1-2.html
10.02.2025Шоназарова Нозия: Худро бисанҷ
Савол: Ман худро санҷидан мехоҳам Мехоҳам дониши худро санҷида ва онро боз ба такмил додан ҳаракат кунам 08.02.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Шумо метавонед, ки аз хизматрасонии “Худро бисанҷ” , ки барои корбарон дар реҷаи танҳо бархат (онлайн) дастрас аст, истифода баред. Барои фаҳмонидани тарзи истифода аз хизматрасонии “Худро бисанҷ” дар сомонаи Марказ ролики видеоӣ (https://ntc.tj/images/slide/Darkhosti_ramz.mp4) низ ҷой дода шудааст. Лутфан ролики мазкурро бубинед. Ҳамчунин аз истифода аз маҷмуаи саволу масъалаҳои тест, ки ба ҳар як синфи муассисаҳои таълимӣ дастрас мегардад, истифода баред.
10.02.2025Тешабоев Абдуллоҷон Махоммадҷонович: Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Ассалому алейкум Ҳуҷҷатсупори , Бақайдгири чанд рӯз давом мекунад , ва аз кадом моҳ сар мешавад ? 08.02.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон аз 1-уми март то 30-юми апрел дар ҳар нуқтаи бақайдгирие, ки бихоҳад (дар нуқтаи ба макони зисташ наздик ва ё шаҳру ноҳияи дигар) худро сабти ном карда метавонад. Дар бораи макони нуқтаҳои бақайдгирӣ ва муҳлату давраҳои бақайдгирӣ тавассути сомонаи Марказ ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, расонаҳои хабарӣ ва ғайра хабар дода мешавад. Маълумоти муфассалро аз сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 гирифта метавонед
10.02.2025Абддуллоев Ойбек: Ихтисосҳо
Савол: Ассалам алейкум ман дар синфи 11мехонам мехостам донам ки дар Шахри Хучанд ихтисоси забони Англиси ва Араби хаст 07.02.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Соли ҷорӣ шакли ниҳоии феҳристи комбинатсияҳои ихтисосҳое, ки тибқи нақшаи қабул аз рӯйи онҳо бояд дар соли таҳсили 2025-2026 тавассути имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ қабул карда шаванд, омода нагаштааст. Баъди омода гаштан, дар дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” замима мегардад ва шакли электрониаш дар сомонаи Марказ низ гузошта мешавад. Пас аз ин, Шумо метавонед, бо номгӯйи ихтисосҳои дилхоҳатон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳри Хуҷанд ворид мешавад, шинос шавед.
10.02.2025Ҷумазода Абдулвосит : Намунаи саволу масъалаҳо
Савол: Ассалому алайкум барои синфҳои 10-ум аттестат шарт аст барои ба қайд гирифтан? 29.01.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Он нафароне, ки дорои таҳсилоти миёнаи асосӣ мебошанд, ҳатман бояд аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ ва нусхаи онро барои номнавис намудан пешниҳод намоянд. Ҳамчунин, чунин довталабон барои номнавис кардан, ҳуҷҷатҳои зеринро низ бояд пешниҳод намоянд: 1) шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он; 2) рақами расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ё аз барномаи мобилии “Амонат мобайл”; 3) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар дошта бошед). Маълумоти муфассалро аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва гунаи электронии онро аз сомонаи Марказ пайдо карда метавонед.
30.01.2025Чабборзода Наргис : Дигар
Савол: Саллом Ман дар ддот факултаи матиматика мехонам Ман метавонам дар хамин донишгох факултаи химбиолог ё химиё перевот гирам 28.01.2025
Шаҳрванди муҳтарам! Тибқи банди 7-уми "Тартиби хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон" донишҷӯе, ки хоҳиши дар як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз як ихтисос ба ихтисоси дигар интиқол гирифтанро дорад, бояд ба роҳбарияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо ариза муроҷиат намояд. Ба ариза маълумотномаи академӣ (транскрипт) замима карда мешавад.
28.01.2025Чабборзода Наргис : Дигар
Савол: Салом Ман дар соли 2024 ммт суоридам ДАТ факултаи Аграном гузаштам ва мехостам аз ончо ба ягон Донишгохи дигар перевот гирам оё мешавад ё не чабоб мегуфтед 28.01.2025
Шаҳрванди муҳтарам! Тибқи банди 7-уми "Тартиби хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон" донишҷӯе, ки хоҳиши аз як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар интиқол гирифтанро дорад, бояд ба роҳбарияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо ариза муроҷиат намояд. Ба ариза маълумотномаи академӣ (транскрипт) замима карда мешавад.
28.01.2025Косимов Мехвар: Имтиёзҳо
Савол: Ман, Косимов Мехвар дар мактаби руси мехонам. дар кластери, ки ман интихоб кардам имнихони аввал забони точики аст. Чи бояд кард? 22.01.2025
Дуруд, довталаби муҳтарам! Агар Шумо хатмкунандаи синфи 11 бошед, субтести забони тоҷикиро, ки дар доираи ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо пешбинӣ шудааст, ҳатман ба забони тоҷикӣ ва субтестҳои дигарро, ба истиснои субтести забон ва адабиёти ӯзбек ва субтести забони хориҷӣ, вобаста аз забони имтиҳонсупорӣ, ки ҳангоми бақайдгирӣ интихоб менамоед, ба забони тоҷикӣ ё русӣ месупоред. Агар Шумо хатмкунандаи синфи 9 бошед, субтестҳои забони тоҷикӣ ва забони хориҷиро мувофиқан ба забони тоҷикӣ ва яке аз забонҳои хориҷии пешниҳодшаванда месупоред. Субтестҳои дигарро вобаста аз интихоби худ дар давраи бақайдгирӣ, ба забони тоҷикӣ ё русӣ месупоред.
22.01.2025Хоҷаназаров Ҳусейн: Даъватнома
Савол: салом ман чи тавр метавонам ки руйхатии пулакии ва ройгони ихтисосхоро бинам? 20.01.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Чун нақшаи қабули тасдиқшудаи донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ба низом ворид барои соли таҳсили 2025-2026 аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Марказ дастрас гардад, нақша чоп ва дар сомонаи расмии Марказ гузошта мешавад. Онгоҳ Шумо метавонед, ки бо рӯйхати ихтисосҳо ва шаклу намуди таҳсил шинос шавед.
22.01.2025Парвиз Сафарзода Гиёсиддин: Кабинети инфиродӣ
Савол: Ман соли 2021 тарики ММТ дар ш Душанбе дар як МТМУ имтихони давлать супоридам холо сол 2025 метавонам аз кабинети инфиродиам дидан кунам ë не ? 15.01.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ҳуҷра (кабинет)-и инфиродӣ сарчашмаи маълумот оид ба натиҷаҳои иштироки довталаб дар имтиҳонҳои марказонида дохилшавии соли муайян буда, бо оғози марҳилаи нав маводҳои қаблӣ бо мақсади бехатарӣ ва махфияти маълумоти ҳуҷраи инфиродии ҳар як довталаб ғайрифаъол мегардад (масалан, маводҳои ҳуҷраи довталабоне, ки дар даврҳои якум ва дуюм аз қайд гузаштаанд, бо оғози даври сеюми бақайдгирӣ ғайрифаъол гардонида мешавад).
16.01.2025Рахимов Некруз : Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Ассалому алейкум ман соли 2022 кластери 2 факултети география иҳтисоси Саёҳат ва меҳмондори ДДОТ тамом кардам Холо соли 2025 магистратура ба забони англиси кластери 3 супурида метонам ёки не? 13.01.2025
Дуруд, муҳтарам Раҳимов Некрӯз! Минбаъд ҳангоми муроҷиат талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» -ро риоя намоед. Талабот дар саҳифаи "Саволу ҷавоб" бо ранги сурх қайд шудааст.
14.01.2025Сухайли розиков : Дигар
Савол: Салом Ман соли 2020 хучатхои худро ба дтт супорида будам як Сол хонда ва дигар нахондам ва мехохам аз нав хучатхои худо гирам ва аз нав ба тарики ммт супорам Ман метавонам дар хамин мох январ рафта хучатхои худо гирам донишгох дар ин мох фаъолият мекунад ? 13.01.2025
Дуруд, муҳтарам Розиқов Суҳайлӣ! Минбаъд ҳангоми муроҷиат талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» -ро риоя намоед. Талабот дар саҳифаи "Саволу ҷавоб" бо ранги сурх қайд шудааст.
14.01.2025Махкамов Шахбоз: Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Ассалому алайкум, ман Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм кардаги ҳастам! Барои гирифтани маълумоти дуюм хуҷҷат супорам имтиҳон чи тавр мешавад? 11.01.2025
Дуруд, муҳтарам Махкамов Шаҳбоз! Минбаъд ҳангоми муроҷиат талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» -ро риоя намоед. Талабот дар саҳифаи "Саволу ҷавоб" бо ранги сурх қайд шудааст.
13.01.2025Сафарова Зарина: Имтиёзҳо
Савол: Салом. Ман мактаби миёнаро соли 2011 хатм намудаам бо шаходатномаи аъло. Имтиёзхое ки барои дохилшави дар хамон солхо буданд айни хол хам хаст ё не? 11.01.2025
Шаҳрванди муҳтарам! Дар "Тартиби додани имтиёзҳо ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2018, № 42) барои чунин довталабон имтиёз пешбинӣ нашудааст. барои гирифтани маълумоти муфассал ба дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва сомонаи расмии Марказ муроҷиат намоед.
13.01.2025Киматова Махина Гуломалиевна: Имтиёзҳо
Савол: Салом! Метавонед гунд, ки балли дохилшавии Донишгохи тиббии Точикистон ба номи А. Сино факултахои педиатри ва умуми тибби чанд аст? 11.01.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бали гузариш барои ин ё он донишгоҳ ё донишкада, инчунин ин ё он гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) муқаррар намегардад, балки ҳар як ихтисоси он вобаста ба шаклу намуди таҳсил бали гузаришро дорад. Инчунин, бали гузариш дар ин ё он ихтисос пешакӣ муайян нест ва он ҳеҷ гоҳ пешакӣ муқаррар карда намешавад ва он дар ҳар як ихтисос вобаста ба шаклу намуди таҳсил танҳо пас аз озмуни тақсимоти довталабон маълум мешавад.
13.01.2025Давлатова Омина : Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: агар бади хатми синфи 11 ду сол пас донишгох супорам барои ММТ кадом хуччатхо лозим мешавад ? Саннаи супоридани хуччатхо аз кай огоз мешавад ? 09.01.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Барои номнавис кардан аз Шумо ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад: 1) шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он; 2) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (Аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он); 3) рақами расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ё аз барномаи мобилии “Амонат мобайл”; 4) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар дошта бошед). Маълумоти муфассалро аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва гунаи электронии онро аз сомонаи Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/ rohnamoi- dovtalab.html?view= article&id=684 пайдо карда метавонед. Оғози пешномнависӣ аз 20.02.2025 ва давраи якум (асоси)-и бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ аз 01.03.2025.
10.01.2025Тешабоев Абдуллоҷон Махомадҷонович: Имтиёзҳо
Савол: Ассалому алейкум Барои хизмати харбиро хатм кардагон Бали иловаги дода мешавад ё не ? 05.01.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ба довталабоне, ки ҳангоми бақайдгирӣ билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи муваққатӣ, ки барои шахсони хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра адокарда дода шудааст ва нусхаи билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи муваққатиро пешниҳод менамоянд, ба натиҷаи имтиҳонҳояшон 75 бал илова мешавад. Балҳои имтиёз ба ҷамъи умумии балҳои аз қисм(ҳо)и дахлдори имтиҳонҳо бадастовардаи танҳо довталабони имтиёздоре илова карда мешавад, ки онҳо аз ҳамаи субтестҳои дахлдор холҳои гузариши фанниро ба даст овардаанд.
07.01.2025Шарифзода Меҳроҷ : Имтиёзҳо
Савол: Салом алекм аз кластери 2 саволҳо аз кадом фанҳо мешавад мегуфтед 05.01.2025
Дуруд шаҳрванди муҳтарам! Имтиҳонҳои гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм чун ҳарсола аз фанҳои забони тоҷикӣ, математика, география ва забони хориҷӣ иборат аст.
07.01.2025Сухайли розиков : Дигар
Савол: Салом агар сину соли шахс ба 24 расида бошад ва бо тарики ммтнпчт супорида гузарад ба донишгох агар шакли тахсил рузона бошад оё ба хизмати харби чалб карда мешавад? 05.01.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Барои гирифтани ин маълумот ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
07.01.2025Ҳайдарова Дилдора : Ихтисосҳо
Савол: Ба ман маълумоти оиди Филиали МГУ ба номи Ломоносов даркор буд. Чӣ тавр экзамен супорида мешавад? 05.01.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Барои гирифтани маълумот ба худи Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе бо нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Бохтар, 35/1 ва ё бо телефони (37) 221-99-41муроҷиат намоед.
07.01.2025Давлатзода Мусо: Дигар
Савол: Салом Чавоби Китобчахои ммт2023 -ро чи тавр дастрас намоем? кластери 4 04.01.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Марказ ҳар сол маҷмуаи саволу масъалаҳои тест ва калидҳои ҷавобҳои дурустро таҷдид менамояд, бинобар ин, Шумо метавонед, ки дар сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/elon1-2.html бо намунаи саволу масъалаҳои тести соли 2024 ва калидҳои он шинос шавед ва истифода баред.
07.01.2025Кодиров Абдулло: Натиҷаи имтиҳон
Савол: Балхои гузариши ИМД-2024 кай эълон мешаванд барои довталабон? 03.01.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Шумо, шояд балли гузариши соли 2025-ро пурсиданӣ ҳастед, зеро ҳамаи даврҳои тақсимоти соли 2024 ба охир расид. Умуман, бали гузариш барои ин ё он донишгоҳ ё донишкада, инчунин ин ё он гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) муқаррар намегардад, балки ҳар як ихтисоси он вобаста ба шаклу намуди таҳсил бали гузаришро дорад. Инчунин, бали гузариш дар ин ё он ихтисос пешакӣ муайян нест ва он ҳеҷ гоҳ пешакӣ муқаррар карда намешавад ва он дар ҳар як ихтисос вобаста ба шаклу намуди таҳсил танҳо пас аз озмуни тақсимоти довталабон маълум мешавад.
07.01.2025Хошимхучаева Азиза: Даъватнома
Савол: Салом Ман муддати 4 сол мешавад, ки мактабро хатм кардам Мехохам ба Донишгохи Байналмиллалии забонхо дохил шавам Барои ин чи кор бояд кард? 03.01.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Ба наздикӣ дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб"-2025 чоп ва дастраси муштариён мегардад. Аввалан, тавассути ин дастур бо низом шинос шавед, аз фанҳои имтиҳонӣ огоҳ гардед, ҳуҷҷатҳои заруриро омода созед ва барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ худро номнавис намоед. Маълумоти муфассалро аз сомонаи расмии Марказ www.ntc.tj низ гирифта метавонед. Барори кор.
03.01.2025Бабаханова Шахзода : Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Салом алейкум ман 28 сола 7 сол шуд колечи тибиро хатм кардам холо мехохам 2 ихтисос гирам да сохаи иктисодиет фосилави. Ба кучо мурочиат кардан лозим? Дар кучо хучатхоямро супорам? 02.04.2025 02.01.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Аз 01.03.2025 марҳалаи бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2025 оғоз мегардад. Шумо метавонед, ки ба нуқтаи бақайдгирии ба макони зистатон наздик ҳозир шуда, худро номнавис намоед. Макони ҷойгиршавии нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи Марказ гузошта мешавад.
03.01.2025Давламатов Носир : Даъватнома
Савол: Асалому алайкум, Ман 2-сол шуд мактаби миёнаро хатм кардаам, барои аз қайд гузаштани ММТ_ кадом ҳуҷатҳо лозим аст? 02.01.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Барои номнавис кардан ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад: 1) шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он; 2) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (Аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он); 3) рақами расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ё аз барномаи мобилии “Амонат мобайл”; 4) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар дошта бошед). Маълумоти муфассалро аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва гунаи электронии онро аз сомонаи Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/ rohnamoi- dovtalab.html?view= article&id=684 пайдо карда метавонед.
02.01.2025Сухайли розиков : Дигар
Савол: Салом оё шахси синаш 23 Сола барои хучат супори ба ммт агар шиносномаи Миллй дошта бошад боз маълумотнома низ аз ШВКД лозим аст ё ин ки не 01.01.2025
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Дар ҳолати пешниҳод намудани шиноснома ҳоҷат ба пешниҳоди маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он нест.
02.01.2025Акмали Фарухх: Даъватнома
Савол: Салом оё дар маркази милли тести агар дар озмуни чумхурияви мактаббачагон чойгири балл медеиханд 31.12.2024
Довталаби муҳтарам! Ба тартиби муқаррар намудани имтиёз ба ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ бо қарори №188 аз 29.04.2023 тағйирот ворид шуда буд ва ин қарор дар соли 2025 низ амал мекунад. Аз ҷумла, ҳангоми интихоби ихтисосҳои «Андоз ва андозбандӣ», «Аудит ва ревизия», «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит (аз рӯи самтҳо)», «Иқтисод(иёт) ва идора дар корхона (аз рӯи самтҳо)», «Иқтисодиёт», «Иқтисодиёти ҷаҳонӣ», «Кори бонкӣ», «Молия ва қарз», «Забонҳои муосири хориҷӣ (аз рӯи самтҳо)», «Таъмин(от)и забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (аз рӯи самтҳо)», «Идораи давлатӣ ва ҳуқуқ», «Санҷиши судӣ», «Сиёсат ва идораи давлатӣ», «Сиёсати берунӣ ва дипломатия», «Танзими ҳуқуқии молия ва қарз», «Таъмин(от)и ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ», «Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ», «Ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ», «Ҳуқуқи байналмилалӣ (аз рӯи самтҳо)», «Ҳуқуқи андозу бонкӣ», «Ҳуқуқи гумрукӣ», «Ҳуқуқи иқтисодӣ», «Ҳуқуқи нақлиётӣ», «Ҳуқуқшиносӣ», «Кори табобатӣ», «Педиатрия», «Стоматология (дандонпизишкӣ)», «Фарматсия (дорусозӣ)», «Эпидемиология, гигиена ва нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ» ихтисосҳо бо фанҳои таълимии ба ин ихтисосҳо мувофиқаткунандаи олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ мувофиқ бошад ҳам, имтиёз дода намешавад.
02.01.2025Камолзода Исмоил: Дигар
Савол: Салом ман Камолзода Исмоил донишчуи ДДБ БА НОМИ Н ХУСРАВ Чаро Дипломхои нафарони ройгонро баьди дусоли кори медиханд? 31.12.2024
Дуруд шаҳрванди муҳтарам! Тибқи “Тартиби тақсимот ва бо ҷои кор таъмин кардани мутахассисони ҷавон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми ноябри соли 2022, № 563 тасдиқ шудааст, шаҳрвандоне, ки муассисаҳои давлатии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳисоби буҷети давлатӣ хатм кардаанд, уҳдадоранд, ки дар асоси қарордод (шартнома)-и тарафҳо ва роҳхат се сол аз рўйи ихтисос дар муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ фаъолият намоянд. Бинобар ин, танҳо пас аз се соли кор диплом ва замимаи онро аз муассисаи таълимии хатмкардаатон гирифта метавонед.
02.01.2025Баротов Абдурахмон: Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Барои аз кайд гузаштан нусхаи атестат хам мешавад 27.12.2024
Дуруд, довталаби муҳтарам! Барои номнавис кардан ҳуҷҷатҳои зерин, ҳатман,талаб карда мешавад: 1) шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он, агар 16-сола бошед, агар то 16-сола – шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо); 2) маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 9-ум ва ё 11-ум будан; 3. Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (Аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он); 4. Рақами расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз филиалҳо ё марказҳои хизматрасонии филиалҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»», ё аз барномаи мобилии «Амонат мобайл». Маълумоти муфассалро аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва гунаи электронии онро аз сомонаи Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/ rohnamoi- dovtalab.html?view= article&id=684 пайдо карда метавонед.
31.12.2024Тавакалова Шахзода: Имтиёзҳо
Савол: Салом Ман айни вакт дар Коллечи тибби Шахри Бохтар 1 курс мехонам Оё метавонам Ба Воситаи ММТ ба Донишгох дохил шавам 27.12.2024
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Метавонед, ба шарте, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла: 1. Шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он 2. Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (Аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он); 3. Рақами расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз филиалҳо ё марказҳои хизматрасонии филиалҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»», ё аз барномаи мобилии «Амонат мобайл»» -ро пешниҳод намоед. Маълумоти муфассалро аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва гунаи электронии онро аз сомонаи Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/ rohnamoi- dovtalab.html?view= article&id=684 пайдо карда метавонед.
31.12.2024Нурмуҳаммад Фарҳодӣ: Дигар
Савол: Салом ман бо кай метавонам имтиҳон супорам? ман 30.12.2024
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бақайдгирӣ барои иштирок ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз 01-уми марти соли 2025 ва имтиҳонҳо аз 01.07.2025 оғоз мешавад.
31.12.2024Камолзода Исмоил: Даъватнома
Савол: Салом алекм Мо дар донишгоҳи Н Хусрав дар дарси техналогияро дар синфхонаи компютери намегузарем бояд ба куҷо муроҷиат кунем Факултети Менеҷмент ва идораи саёҳи 30.12.2024
Дуруд, донишҷӯйи муҳтарам! Барои ҳалли ин мушкилот Шуморо лозим аст, ки аввал ба декани факултет, дар сурати ҳал нагаштан ба раёсати донишгоҳ ва баъдан ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
31.12.2024Сунатулло Фатхудинов : Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Шиносномаамро гум кардам 30.12.2024
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! То оғози даври бақайдгирӣ Шумо метавонед, шиносномаи нав гиред. Дар сурати нагирифтани шиноснома аз Шумо маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он талаб карда мешавад.
31.12.2024Хоҷаназаров Ҳусейн: Даъватнома
Савол: САЛОМ бали гузариши ройгони хукукшинос чанд бошад? 29.12.2024
Дуруд, Шаҳрванди муҳтарам! Бали гузариш барои ин ё он донишгоҳ ё донишкада, инчунин ин ё он гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) муқаррар намегардад, балки ҳар як ихтисоси он вобаста ба шаклу намуди таҳсил бали гузаришро дорад. Инчунин, бали гузариш дар ин ё он ихтисос пешакӣ муайян нест ва он ҳеҷ гоҳ пешакӣ муқаррар карда намешавад ва он дар ҳар як ихтисос вобаста ба шаклу намуди таҳсил танҳо пас аз озмуни тақсимоти довталабон маълум мешавад. Бо балҳои гузариши ихтисосҳо тибқи натиҷаҳои озмуни соли 2023 Шумо аз саҳифаи "Маълумоти оморӣ"-и сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://stat.ntc.tj/Y23/Index шинос шуда метавонед.
31.12.2024Сухайли розиков : Дигар
Савол: Салом агар донишчуи дтт факултети наклиётро хонад вай дар кучо кор карданаш мумкин илтимос хамаи чойхои корие ки ин донишчу кор карда метавонад гуед 27.12.2024
Дуруд, шаҳрванди муҳтарам! Бо ин суол, лутфан, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё муассисаи таълимии дахлдор муроҷиат намоед.
31.12.2024Ализода Гули: Даъватнома
Савол: Аз класери 5 чи саволҳо бошанд? 26.12.2024
Дуруд шаҳрванди муҳтарам! Имтиҳонҳои гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум чун ҳарсола аз фанҳои забони тоҷикӣ, химия, биология ва физика иборат аст.
26.12.2024Азимзода Ёқубхон: Даъватнома
Савол: Салом, мехостам фаҳмам, ки оё баъди таҳсили пулакӣ дар коллеҷ (биология,кл.5, баъди хатми 9) метавон на тариқи ММТ, балки ба тариқи давоми таҳсил аз курси дуввум дар Донишкадаи аграрӣ, ихт.байторӣ таҳсил намуд. Дирӯз ба фикрам мақсадамро фаҳмонида натавонистам. Пешакӣ ташаккур. Тибқи меъёрҳои мавҷуд Шумо машваратҳои аниқро ба шаҳрвандон медиҳед. Айни замон мо огоҳии комил надорем. Чанд нафарро пурсем, аз маркази тестӣ пурсед ҷавоб доданд. 25.12.2024
Дуруд шаҳрванди муҳтарам! Барои ҷавоби саҳеҳ ва дақиқ гирифтан ба ин суол хуб мешуд, ки ба мутахассисони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур муроҷиат менамудед (телефон: (37)224-72-07).
26.12.2024Азимзода Ёқубхон: Дигар
Савол: Салом, баъди хатми коллеҷ (с таҳсилро дар Донишгоҳи аграрӣ давом диҳам. Ихтисос кластери 5 ҳозира биология давом додан мехоҳам дар тибби байторӣ. Пешакӣ, сипос. Саволи дигар. Хоҳарам дар ДДХ ихтисоси кори тиббӣ -биологӣ таҳсил дорад. Оё метавонад ба ихтисосҳои кори табобатии пойтахт интиқол шавад. Айни замон курси 2 мебошад. Барои мусоидат ташаккур. 24.12.2024
Дуруд шаҳрванди муҳтарам! Тибқи “Тартиби тақсимот ва бо ҷои кор таъмин кардани мутахассисони ҷавон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми ноябри соли 2022, № 563 тасдиқ шудааст, шаҳрвандоне, ки муассисаҳои давлатии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳисоби буҷети давлатӣ хатм кардаанд, уҳдадоранд, ки дар асоси қарордод (шартнома)-и тарафҳо ва роҳхат се сол аз рўйи ихтисос дар муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ фаъолият намоянд. Бинобар ин, онҳо танҳо пас аз се соли кор диплом ва замимаи онро аз муассисаи таълимии хатмкардаашон гирифта, бо пешниҳоди ин ҳуҷҷатҳо аз қайд гузашта метавонанд. Агар Шумо дар гурӯҳи намуди таҳсили пулакӣ таҳсил доред, пас аз хатм бо гирифтани диплом метавонед, ки аз қайд гузаред. Хоҳаратон дар ҳолати розӣ будани роҳбарони ҳарду муассисаи таълимӣ ҳуқуқи интиқол шуданро дорад.
25.12.2024Камолиддин Ҷуманазарович : Даъватнома
Савол: Ассалом алекум барои бақайдгирии ММТ аттестат набошад нусхаи он ҳам мешавад барои бақайдгирии ММТ. Пешаки раҳмат барои посух ! 22.12.2024
Дуруд довталаби муҳтарам! Барои номнавис кардан ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад: 1) шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД (ҳатман!) ва нусхаи он, агар 16-сола бошед, агар то 16-сола – шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо); 2) маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 9-ум ва ё 11-ум будан; 3) рақами расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ё аз барномаи мобилии “Амонат мобайл”; 4) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар дошта бошед). Маълумоти муфассалро аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва гунаи электронии онро аз сомонаи Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/ rohnamoi- dovtalab.html?view= article&id=684 пайдо карда метавонед.
23.12.2024Султонов Абубакир : Дигар
Савол: Ма аз игзамин ғалтидм бо ба дигар ихтисос бспорм мешава 23.12.2024
Дуруд довталаби муҳтарам! Шумо ҳамаи имкониятҳоро аз даст додед. Акнун метавонед, ки дар маъракаҳои бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2025 иштирок намоед.
23.12.2024Ахмедова зарнигор: Имтиёзҳо
Савол: Барои тайёрии даврии вилояти ва чухуриявии олимпиада аз фанни биология ягон мавод ё китоб хаст,ки саволхо аз хамин чизхо меояд 14.12.2024
Довталаби муҳтарам! Марказ ҳамаи он саволу масъалаҳои тестро, ки солҳои гузашта дар олимпиадаҳо истифода шуда, аз санҷиш гузаштааст ва барои омода гаштан ба олимпиада зарур мешуморад, дар арафаи баргузории олимпиадаи ҷумҳуриявӣ дар сомонаи Марказ ҷойгир менамояд.
18.12.2024Хоҷаназаров Ҳусейн: Имтиёзҳо
Савол: Салом имсол медалҳои ҷумҳуряви бал дорад барои ихтисоси ҳуқуқшиноси 18.12.2024
Дуруд, довталаби муҳтарам! Ба тартиби муқаррар намудани имтиёз ба ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ бо қарори №188 аз 29.04.2023 тағйирот ворид шуда буд ва ин қарор дар соли 2025 низ амал мекунад. Аз ҷумла, ҳангоми интихоби ихтисосҳои «Идораи давлатӣ ва ҳуқуқ», «Санҷиши судӣ», «Сиёсат ва идораи давлатӣ», «Сиёсати берунӣ ва дипломатия», «Танзими ҳуқуқии молия ва қарз», «Таъмин(от)и ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ», «Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ», «Ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ», «Ҳуқуқи байналмилалӣ (аз рӯи самтҳо)», «Ҳуқуқи андозу бонкӣ», «Ҳуқуқи гумрукӣ», «Ҳуқуқи иқтисодӣ», «Ҳуқуқи нақлиётӣ», «Ҳуқуқшиносӣ» аз гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум ба натиҷаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон балҳои имтиёз илова намешавад.
18.12.2024Сухайли розиков : Дигар
Савол: Салом Ман 23 Сола як Сол дар дтт хондам ва аз сабаби нарасидани шароит онро гоибона карда ва дигар тамоман нахондам оё Ман метавонам Бори дигар бо ммт супорида гузарам? Ва гуед Кадом хучатхо лозим? Ва Ман аз кучо метавонам хучатхои супоридаи худро дар вакти дохилшавие ки супорида будам боз пас гирам ? Илтимос ба саволхои Ман чавоб гуед 17.12.2024
Дуруд. Шаҳрванди муҳтарам! Бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ: 1.Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (Шиносномаи миллӣ ва нусхаи он ё маълумотнома бо сурат ва муҳр аз шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нусхаи он); 2. Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (Аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он); 3. Рақами расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз филиалҳо ё марказҳои хизматрасонии филиалҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»», ё аз барномаи мобилии «Амонат мобайл»» худро сабти ном карда метавонед. Барои гирифтани ҳуҷҷатҳои ҳангоми дохил шудан супоридаатон ва ё барои барқарор шудан ба муассисаи таълимии дахлдор муроҷиат намоед.
18.12.2024Рахмонов Умарчон: Калидҳо
Савол: Салом барои Чи калидхо даснорас мебошад? 17.12.2024
Дуруд. Довталаби муҳтарам! Ба хотири нигоҳ доштани махфият, пас аз минтақаҳои доир гаштани имтиҳонҳо ба Душанбе овардани кейсҳои варақаи ҷавобҳо калидҳои ҷавобҳои дуруст дар сомонаи Марказ гузошта мешавад.
17.12.2024Шоимардонов ӯрозали: Дигар
Савол: Салом .Ман рӯзи 15 уми декабри 2024 имтиҳонҳоро супоридам .ба ман дар марказ гуфта буданд ки ҷавоби дурусти вариантҳо як руз баъд аз рузи супоридани имтиҳон Дар сомонаи марказ бароварда мешаванд ,лекин ҳанӯз набровардиян.пешаки раҳмат барои ҷавоб. 17.12.2024
Дуруд. Довталаби муҳтарам! Ба хотири нигоҳ доштани махфият, пас аз минтақаҳои доир гаштани имтиҳонҳо ба Душанбе овардани кейсҳои варақаи ҷавобҳо калидҳои ҷавобҳои дуруст дар сомонаи Марказ гузошта мешавад.
17.12.2024РАШИМИЁН Субҳилло: Дигар
Савол: Салом алейкум ад шумо як хоҳиш ам буд ки тамоми ихтисосҳои вобаста ба барномасози ки дар Донишгоҳи техникии М.Осимӣ ва Донишгоҳи милли ҷойгиранд ба ман ҷудо карда диҳед ҳаммашро 17.12.2024
Довталаби муҳтарам! Ба чунин саволи Шумо аллакай 2 маротиба ( 20.11.2023 ва 21.02.2024) ҷавоб гардонида будем. Таъкид менамоем, ки ба ҷадвали ихтисосҳои гурӯҳи 1-ум "Табиӣ ва техникӣ" бодиққат назар афканед, ихтисосҳои писандидаатонро дар якчанд муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ пайдо карда метавонед. Масалан, ихтисосҳо бо рамзҳои: 1-31 03 03 02; 1-31 03 04; 1-31 03 04 08; 1-98 01 01; 1-98 01 01- 02 ва ғайра.
17.12.2024Мухитдинова Хидоятбону : Натиҷаи имтиҳон
Савол: Ассаламу алейкум Ман аз кучо фахмида метавонам Ман гузаштам аз имтихон ё не 16.12.2024
Довталаби муҳтарам! Натиҷаи имтиҳонҳои даври чорумро 19-уми декабр (тавассути кабинетҳои инфиродӣ, хизматрасонии фиристодани паёмакҳо (SMS), дафтари асосии Марказ ва нуқтаҳои иттилоърасонӣ дар шаҳру ноҳияҳо) фаҳмида метавонед.
16.12.2024Сафаров Холали: Даъватнома
Савол: Салом алейкум Ман мехохам . да Корея супорам бояд Кадом ихтисосхора бигирм ва Кадом забонхора омузум пешаки рахмат 13.12.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Қабули довталабон ба муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар дар салоҳияти Марказ нест. Бо ин савол ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
16.12.2024Rustamova Munira: Дигар
Савол: Ассалому алейкум, мехостам фаҳмам ки аз руи кластери интихоб карда барои тайёри дидан ба имтиҳонҳои дохилшави, аз куҷо китобашро дастрас кардан мумкин аст? Пешаки раҳмат. 12.12.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Намунаи саволу масъалаҳои тест барои имтиҳонҳои дохилшавии соли 2025 то моҳи январи соли 2025 чоп ва дастраси довталабон хоҳад гашт. Ҳамчунин, шакли электрониаш дар сомонаи расмии Марказ гузошта мешавад.
13.12.2024Баранов Расул: Имтиёзҳо
Савол: Какие будут тесты икакой кластер инженер технолог 12.12.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Ихтисоси Шумо зикркарда, дар Гурӯҳи ихтисосҳо (кластер)-и 1-ум ворид аст. Имтиҳонҳо чун ҳарсола аз фанҳои забони тоҷикӣ, математика, физика ва химия баргузор мегардад.
12.12.2024Марям махмудовна: Дигар
Савол: Ассаломалекум ман як савол доштам ман мехохам дар оянда ба Мединститут бо номи Абуали Ибни Сино дар Душанбе ба факултет стоматология групаи руси дохил шавам ман дар ММТ аз кадом фанхо имтихон месупорам? Пешаки рахмат! 11.12.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Имтиҳонҳо чун ҳарсола аз фанҳои забони тоҷикӣ, химия, биология ва физика баргузор мегардад. Фаромӯш насозед, ки имтиҳон аз забони тоҷикӣ, ҳатман, бо забони давлатӣ, яъне тоҷикӣ сурат мегирад. Маълумоти муфасал дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (соли 2024) ва сомонаи расмии Марказ.
12.12.2024Юсупова Зарина: Даъватнома
Савол: салом.дар донишгоҳи миллӣ кадом ихтисосҳо ҳастанд ва маблағи шартномавиашон чи қадар аст 11.12.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Рӯйхати ихтисосҳо ва маблағи таҳсил барои соли таҳсили 2025-2026 ба Маракази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас нагаштааст. Агар бо ихтисосҳо ва маблағи таҳсили соли 2024 шинос шуданӣ бошед, ба замимаи дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (соли 2024) ва сомонаи расмии Марказ ба пайванди https://www.ntc.tj/tj/ba-dovtalab/nakshai-kabul.html муроҷиат намоед.
12.12.2024Вохидова нозанин: Даъватнома
Савол: Хохари ман 58 хол гирифт аммо ба чои намехостагиаш дохил шуд оё метавонад дар таксимоти такрори иштирок варзад агар ха бошад. Таксимоти такрори чи гуна мешавад фахмонида дихед. Оё дар ин таксимот аз нав тест месупурад Ё не 30.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Довталабони тақсимотгашта ҳуқуқи дар тақсимоти такрорӣ иштирок намуданро надоранд, лекин дар даври бақайдгирии сеюм, ки аз 02 то 15.09.2024 баргузор мегардад, бо пардохти пурраи маблағи хизматрасонӣ метавонанд, ки иштирок намоянд ва 22.09.2024 имтиҳон супоранд. Дар ҳолати гирифтани хол ва балли мувофиқ ба ҷойҳои холимонда тақсимот карда мешаванд.
30.07.2024Мусозода Имоммаҳдӣ: Даъватнома
Савол: Савол:Дар даври 3-юм имконият ройгон дохил шудан хаст ё инки танхо пулаки ? 30.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Дар ин хусус, танҳо, пас аз гирифтани маълумот доир ба ҳозиршавии довталабони тақсимотшуда ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ сухан рондан мумкин аст.
30.07.2024Сиямардов Окил: Кабинети инфиродӣ
Савол: Салом рамзи назоратии ман-ро кабинети инфиродӣ нодуруст мегуяд 30.07.2024
Довталаби муҳтарам! Ба хотири саҳв накардан пеш аз ворид гаштан ба кабинети инфиродиатон боз як маротиба аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" мавзӯи "Кабинети инфиродӣ" (саҳ. 32-41) ва ё ҳамин мавзуъро дар сомонаи Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 бодиққат мутолиа намоед. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 68 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
30.07.2024Юсуфҷон Ниёзи: Ихтисосҳо
Савол: Салом. Руйхати ихтисосҳои тақсимоти такрори яъне давраи 2-юм баромадааст ё не? 29.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Рӯйхати ихтисосҳои ҷойи холидошта пас аз баргардонидани варақаҳои тақсимоти донишҷӯён аз муассисаҳои таълимӣ ва ташхис чун китобча чоп ва дар сомонаи расмии Марказ 10-11-уми августи соли 2024 гузошта мешавад.
30.07.2024Аликов.Алибалитчон: Маблағ
Савол: Асалом агар аз санаи 06.08.2024 дар донишгоҳи гузаштаи довталаб хуҷат супорида натавонад яъне вазяти довталаб душвор бошад боз дар кадом сана дар донишгоҳ хужат супоридан ҳуқуқ дорад 29.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Дар муҳлати муайяншуда, ҳатман, бояд ба муассисаи таълимӣ ҳозир шуд ва ё тавассути шахсони наздик комиссисяи қабули муассисаро огоҳ намуд. Дар акси ҳол ҷойи Шумо дар тақсимоти такрорӣ холӣ эълон карда мешавад.
30.07.2024Умурзоқов Хоҷимурод: Даъватнома
Савол: Асаломалайкум дар Кадом санна экзаменхои такрор сар мешавад барои нагузаштагихо Яне кластер 5 бо худ Чи ва дар кучо хозир шудан лозим АСТ 29.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Даври сеюми бақайдгирии довталабон дар доираи ҷойҳои холӣ, аз 02-юм то 15-уми сентябри соли 2024 ва имтиҳонҳо 22.09.2024 доир мегардад. Тартиби бақайдгирӣ чун дар даври 1-ум ва 2-юм. Ба Шумо доир ба макони нуқтаҳои бақайдгирӣ СМС паёмак ирсол гардидааст.
30.07.2024Samadzoda Saidabdulaziz : Даъватнома
Савол: Салом имрӯз ба ман сабшения омад рӯзи 14 08 2024 дубора ба қайдгири ба банк 30 сомони гуфтааст дар бораи ин нағз мефаҳмонед 29.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо бояд маблағи хизматрасониро, ки зикр шудааст, супоред ва баъдан ба нуқтаи бақайдгирии муайянгашта ҳозир шавед ва дар доираи як гурӯҳи ихтисосҳо то 12 ихтисоси ҷойи холидоштаро интихоб намоед.
30.07.2024Чабборзода Наргис: Дигар
Савол: Саллом савол ман панчум кластер споридабудам аммо мувафак нашудам ва ман сохиби40холва112бал гашта будам хамаи ихтисосхоямро Ш Душанбе гирифтабудам мехостам фахмам ки дар даври сеюм Бали ман ба Кадом ихтисос мутобикат мекунад танхо дар Шахри душанбе 29.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Балҳои гузаришро пешакӣ маълум намудан имкон надорад.
30.07.2024Чабборзода Наргис: Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Саллом ман чабборзода Наргис савол дорам ман дар даври сеюм метавонам ищтирок кунам агар ки бале ихтисосхоямоо гирам ё ин ки санаи15август дар чойхои Холи мегузаронанд 29.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Агар Шумо аз озмуни тақсимот нагузашта бошед, дар бақайдгирӣ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ, ки аз 12-ум то 15-уми августи соли 2024 дар нуқтаҳои бақайдгирӣ доир мегардад (тақсимоти такрорӣ дар асоси балҳои гирифтаатон гузаронида мешавад, яъне, дуюмбора имтиҳон намесупоред) бояд иштирок намоед. Рӯйхати ихтисосҳо чоп ва дар сомонаи Марказ гузошта мешавад. Доир ба макон ва вақти бақайдгирӣ аллакай ба Шумо СМС паёмак ирсол гардид. Маълумоти муфассал дар сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/e-loni-nati-a-oi-ozmuni-ta-simoti-asosii-dovtalabon-dar-imti-on-oi-markazonidai-dokhilshav-dar-soli-2024.html
30.07.2024Саидзода Зайнаб : Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Салом. Барои бакайдгири дар донишгох кадом хуччатхо ё чи даркор мешавад? 29.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Ҳуҷҷатҳои зарурие, ки довталабони дар озмуни тақсимот комёбгардида бояд ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдор пешниҳод намоянд, инҳоянд: 1) ариза ба номи ректор/директори муассисаи таълимӣ; 2) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (диплом ё аттестат); 3) маълумотномаи тиббӣ (шакли 038-у); 4) 6 дона сурат (андозаи 3х4см); 5) маълумотнома аз ҷойи зист; 6) шиноснома (асл ва нусха) ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст (асл ва нусхаи шаҳодатнома дар бораи таваллуд барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум); 7) билети ҳарбӣ (агар дошта бошад) ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (барои мардон); 8) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ дошта бошад).
30.07.2024Усмониёнзода Усмон: Ихтисосҳо
Савол: Салом! Ман аз таксимоти даври 1-ум нагузаштам. Ман дар даври 1-ум кластери 4-ум ро интихоб карда будам. Ман метавонем дар даври 2-ум ки санаи 12-15-уми август баргузор мегардад ихтисосхои кластери 1-ум ё 2-ум ро интихоб кунам? Агар ин имкон дошта бошад барои ин боз имтихони иловаги супоридан лозим аст ё ин ки не? 29.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Тақсимоти такрорӣ дар асоси балҳои гирифтаатон гузаронида мешавад, яъне, дуюмбора имтиҳон намесупоред. Шумо метавонед, дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум ва ё 2-юм то 12 ихтисосро интихоб намоед, агар дар он ихтисосҳо ҷойҳои холӣ боқӣ монда бошад. Маълумоти муфассал дар сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/e-loni-nati-a-oi-ozmuni-ta-simoti-asosii-dovtalabon-dar-imti-on-oi-markazonidai-dokhilshav-dar-soli-2024.html
30.07.2024Шохоҷазода Дилфуза : Даъватнома
Савол: Салом.Ба шахсони нимятим оё имтиёз дода мешавад? Ман дар ай ниҳол нимятимам вале барои ман бал дода нашудааст. 29.07.2024
Довталаби муҳтарам! Дар "Тартиби додани имтиёзҳо ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2018, № 42) барои чунин довталабон имтиёз пешбинӣ нашудааст. Маълумоти муфассал дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701
30.07.2024Элдор Раҳмонбердиев: Даъватнома
Савол: Ассалому алайкум!Ман аз даври имтихони якум 111 балл гирифтам аммо ба ягон ихтисоси интихоб кардаам дохил нашудам .Ман дар таксимоти такрори имтихон супорида метавонам . Агар дар бакайдгири такрори гузарам кай чавобаш меояд ва кай хонданро сарбаланду мекунам 29.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Бақайдгирӣ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ аз 12-ум то 15-уми августи соли 2024 дар нуқтаҳои бақайдгирӣ доир мегардад (тақсимоти такрорӣ дар асоси балҳои гирифтаатон гузаронида мешавад, яъне, дуюмбора имтиҳон намесупоред). Эълони натиҷаи озмуни тақсимоти такрорӣ 19.08.2024. Рӯйхати ихтисосҳо чоп ва дар сомонаи Марказ гузошта мешавад. Доир ба макон ва вақти бақайдгирӣ аллакай ба Шумо СМС паёмак ирсол гардид. Маълумоти муфассал дар сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/e-loni-nati-a-oi-ozmuni-ta-simoti-asosii-dovtalabon-dar-imti-on-oi-markazonidai-dokhilshav-dar-soli-2024.html
30.07.2024Эҳсон Эгамов: Даъватнома
Савол: Салом Алекум ман 9 сол дар мактаб ва 2 соли дигарашро дар ПТУ хондам дар вакти хучатсупори ман бояд хучатро дар кадом мактаби тахсилкардаам гирам? 29.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Пас аз хатми литсейи касбии техникӣ ба Шумо бояд диплом ва шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ дода бошанд. Ҳамин ҳуҷҷатҳо ва нусхаи онҳоро тайёр намуда, ба нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шавед.
30.07.2024Рахимов Беҳруз : Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Салом алекм оё ман метавонам дар даври 2юми ба қайд гири яъне барои иваз кардани ихтисос мехостам иштирок намоям ва мешавад ё не ?? Илтимос ба саволи ман ҷавоб диҳед. 29.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Даври дуюми бақайдгирӣ ва имтиҳонҳои ин давр аллакай баргузор гардидааст. Шумо метавонед, ки дар даври сеюми бақайдгирии довталабон дар доираи ҷойҳои холӣ, аз 02-юм то 15-уми сентябри соли 2024 ва имтиҳонҳо, ки 22.09.2024 доир мегардад, иштирок намоед, албатта бо пардохти маблағи хизматрасонӣ. Тартиби бақайдгирӣ чун дар даври 1-ум ва 2-юм. Макони нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи расмии Марказ эълон хоҳад шуд.
30.07.2024Юнусова Мехрина : Ихтисосҳо
Савол: Ассалом ! Метавонам ман азнавбакайдгири барои таксимоти такрори дар август кунам ? Балхои ман 281 балл лекин ман ба университети дигар хоста будам . Ман намедонистам ки а 1 ихтисос дохил мешави. Хамчун университети хостаамро дар ихтисос нависта будам вале намедонистам ки аввал ба 1 ихтисос навистан даркор буд варо. 28.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо дар тақсимоти такрорӣ иштирок карда наметавонед, лекин дар даври сеюми бақайдгирии довталабон бошад, танҳо, дар доираи ҷойҳои холӣ (интихоби гурӯҳи ихтисосҳо ихтиёрист), аз 02-юм то 15-уми сентябри соли 2024 ва имтиҳонҳо, ки 22.09.2024 доир мегардад, иштирок карда метавонед. Тартиби бақайдгирӣ чун дар даври 1-ум ва 2-юм. Макони нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи расмии Марказ эълон хоҳад шуд.
29.07.2024Сардорбек Абдуллоев: Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Салом ман Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (шаҳри Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков, 1) дохил шудам ҳоло ман хужжатсупорй ба куҷо муроҷиат мекунам 29.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Нишони муассисаро худатон навиштаеду боз мепурсед, ки ба куҷо равам.
29.07.2024Умаралиева Мехрангез: Даъватнома
Савол: Чавоби имтихони давраи сеюмки 22 сентябр баргузор мегардад кай мебарояд ва мо саннаи чандум ба муассисаи таьлими рафта дарсро огоз карда метавоне.м 29.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Тақсимоти асосии даври сеюм 01.10.2024 баргузор мегардад ва ҳозиршавӣ ба муассисаҳои таълимӣ то 04.10.2024.
29.07.2024Умаралиева Мехрангез: Даъватнома
Савол: Ассалом ман дар даври 3 юми бакайдгири иштирок кардан мехохам ки 2 то 15 сентябр баргузор мегардад ое дар ин маврид ман метавонам боз ихтисосхоямро нав кунам ва ман то чантои ихтисос ва донишгохоро нависта метавонам.Лекин ман дар дар даври якум иштирок варзида будам лекин ба чои намехостагиям таксимот кардан. 29.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо метавонед, дар даври сеюми бақайдгирии довталабон, танҳо, дар доираи ҷойҳои холӣ (интихоби гурӯҳи ихтисосҳо ихтиёрист), аз 02-юм то 15-уми сентябри соли 2024 ва имтиҳонҳо, ки 22.09.2024 доир мегардад, иштирок намоед. Тартиби бақайдгирӣ чун дар даври 1-ум ва 2-юм. Макони нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи расмии Марказ эълон хоҳад шуд. Воқеан, Шуморо лозим аст, ки ҷойи намехостаатонро интихоб нанамоед! Агар дар рӯйхати ихтисосҳои интихобкардаатон ҳамин ихтисоси гуфтаатон намебуд, ҳеҷ вақт Шуморо ба он ҷо тақсимот намекарданд. Минбаъд ҳушёр бошед!
29.07.2024Джураева Дилноза : Дигар
Савол: Сдавала по 5 кластеру, но балов не хватило, на то что хотела. Хочу пересдать в другой ВУЗ по другому кластеру. Какие мои действия? Куда сдавать документы и какие? 28.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо метавонед, ки дар даври сеюми бақайдгирии довталабон, танҳо, дар доираи ҷойҳои холӣ (интихоби гурӯҳи ихтисосҳо ихтиёрист), аз 02-юм то 15-уми сентябри соли 2024 ва имтиҳонҳо, ки 22.09.2024 доир мегардад, иштирок намоед. Тартиби бақайдгирӣ чун дар даври 1-ум ва 2-юм. Макони нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи расмии Марказ эълон хоҳад шуд.
29.07.2024Манучер Шарипов: Даъватнома
Савол: Салом алейкум ман 30хол гирифтам некем смс гуфтан роҳ ефтед аммо дар смси 2 нагузаштам рузи 12-15ми август да куҷо ба кайд гирем ва эгзамин меспорем амира мефаҳмонден 28.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо ирсоли СМС паёмакро интизор шавед. Бақайдгирӣ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ аз 12-ум то 15-уми августи соли 2024 дар нуқтаҳои бақайдгирӣ доир мегардад (тақсимоти такрорӣ дар асоси балҳои гирифтаатон гузаронида мешавад, яъне, дуюмбора имтиҳон намесупоред). Рӯйхати ихтисосҳо чоп ва дар сомонаи Марказ гузошта мешавд. Доир ба макон ва вақти бақайдгирӣ пас аз 01.08.2024 ба Шумо СМС паёмак ирсол мегардад. маълумоти муфассал дар сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/e-loni-nati-a-oi-ozmuni-ta-simoti-asosii-dovtalabon-dar-imti-on-oi-markazonidai-dokhilshav-dar-soli-2024.html
29.07.2024Икромзода Шифо Умар: Даъватнома
Савол: Ман хатмкардаи коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ҳастам. Коллеҷи тиббиро бо дипломи аъло хатм кардаам. Соли гузашта дар олимпиадаи фанҳои тахассусӣ дар байни коллеҷҳои Ҷумҳурӣ ҷои аввалро ишғол намуда роҳхат ба донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба факултети тиббӣ аз курси дуввум гирифтам. Аз сабаби шароити молиявӣ рафта натавонистам. Ҳоло фаҳмидан мехостам ки ягон хел имконият ҳаст ки ба донишгоҳи тиббӣ дохил шавам. Чунки ман дар давраи аввали иштирок накардаам. 28.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Доир ба ин масъала аввал ба муассисаи таълимии дахлдор муроҷиат намоед. Сониян, Шумо метавонед, ки дар даври сеюми бақайдгирии довталабон, танҳо, дар доираи ҷойҳои холӣ (интихоби гурӯҳи ихтисосҳо ихтиёрист), аз 02-юм то 15-уми сентябри соли 2024 ва имтиҳонҳо, ки 22.09.2024 доир мегардад, иштирок намоед. Тартиби бақайдгирӣ чун дар даври 1-ум ва 2-юм. Макони нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи расмии Марказ эълон хоҳад шуд.
29.07.2024Давлатализода Мадина: Ихтисосҳо
Савол: Ман ба колечи омузгории Душанбе ба номи Хосият Махсумова гузаштам аммо ба Ман писанд Нест оё метавонам ба колечи тибби гузарам ё не? 28.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Тавассути Марказ наметавонед. Гузариш аз як муассисаи таълимӣ ба дигар муассисаи таълимӣ дар ваколати худи муассисаҳост.
29.07.2024Ганиев Шоххусейн: Дигар
Савол: Ассалому алейкум . мегуфтед ки руйхати имтихонхои даври сеюм кай дастрас мегардад 28.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Номгӯйи имтиҳонҳо чун дар даври 1 ва 2. Муҳлати гузаронидани имтиҳонҳо бошад, 22.09.2024.
29.07.2024Қурбонва Ганҷина : Даъватнома
Савол: Салом алейкум мехостам пурсам ки ман 62хол гирифтам вале нагузаштам ин барои малимаги кам аст чиқадар лозим аст барои гузаштан 28.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Аввалан, Шумо ба кабинети инфиродиатон ворид шуда, метавонед бо балҳои гузариши ҳамаи ихтисосҳои интихобкардаатон шинос шавед. Сониян, ба сомонаи Марказ ба пайванди https://stat.ntc.tj/Y23/Index муроҷиат намоед ва ба балҳои гузариши соли 2023 шинос шавед. Балҳои гузариши соли 2024 баъдан дар сомона гузошта мешавад.
29.07.2024Чабборзода Наргис : Дигар
Савол: Ассалам алейкум савол мехостам ба ин саволи ман посух медодед ман дар дари дуюми таксимот ки санаи25ум баргузор гардида буд мувафак нашудам ман дар даври дигар ки санаии12хуми август азнавбакайдгири аст ищтирок карда метавонам агар бале имтихонаш кай баргузор мегардад 5ум кластер аст ному насабам Чабборзода Наргис 28.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо ирсоли СМС паёмакро интизор шавед. Бақайдгирӣ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ аз 12-ум то 15-уми августи соли 2024 дар нуқтаҳои бақайдгирӣ доир мегардад (тақсимоти такрорӣ дар асоси балҳои гирифтаатон гузаронида мешавад, яъне, дуюмбора имтиҳон намесупоред). Рӯйхати ихтисосҳо чоп ва дар сомонаи Марказ гузошта мешавд. Доир ба макон ва вақти бақайдгирӣ пас аз 01.08.2024 ба Шумо СМС паёмак ирсол мегардад. маълумоти муфассал дар сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/e-loni-nati-a-oi-ozmuni-ta-simoti-asosii-dovtalabon-dar-imti-on-oi-markazonidai-dokhilshav-dar-soli-2024.html
29.07.2024Пулотова Фируза: Дигар
Савол: Вакте бори дуюм ба маркази миллии тести хуччат месупорем боз як бори дигар имтихон месупорем ё не? 27.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо ирсоли СМС паёмакро интизор шавед. Бақайдгирӣ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ аз 12-ум то 15-уми августи соли 2024 дар нуқтаҳои бақайдгирӣ доир мегардад (тақсимоти такрорӣ дар асоси балҳои гирифтаатон гузаронида мешавад, яъне, дуюмбора имтиҳон намесупоред). Рӯйхати ихтисосҳо чоп ва дар сомонаи Марказ гузошта мешавд. Доир ба макон ва вақти бақайдгирӣ пас аз 01.08.2024 ба Шумо СМС паёмак ирсол мегардад. маълумоти муфассал дар сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/e-loni-nati-a-oi-ozmuni-ta-simoti-asosii-dovtalabon-dar-imti-on-oi-markazonidai-dokhilshav-dar-soli-2024.html
29.07.2024Давлатализода Мадина: Ихтисосҳо
Савол: Салом. Ман ба колечи тибби ба номи Хосият Махсумова дар Душанбе аз биология гузаштам оё метавонам баъд аз шаш моих хониш ба колечи тибби гузарам илтимос ба Ман маълумот медодед 28.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Гузариш аз як муассисаи таълимӣ ба дигар муассисаи таълимӣ дар ваколати худи муассисаҳост.
29.07.2024Темирова Субхия : Ихтисосҳо
Савол: Ассалом алайкум. Ман донистан мехостам ки фарки байни забон адабиёти рус ва забон адабиёти рус дар мактабхои милли дар чист? 27.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Доир ба мафҳуми ихтисосҳо ба муассисаҳои таълимии дахлдор муроҷиат намоед.
29.07.2024Ҳофиззода Абубакр: Кабинети инфиродӣ
Савол: Чаро кабинети инфироди дохил наметавонам шуд илтимос масалаашро бинед. 27.07.2024
Довталаби муҳтарам! Ба хотири саҳв накардан пеш аз ворид гаштан ба кабинети инфиродиатон боз як маротиба аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" мавзӯи "Кабинети инфиродӣ" (саҳ. 32-41) ва ё ҳамин мавзуъро дар сомонаи Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 бодиққат мутолиа намоед. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 68 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
29.07.2024Меҳроҷи Абдуназар: Даъватнома
Савол: Ман аз кадом Ихтисос гузаштам? 27.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Эълони натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи натиҷаҳои даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳо дар як вақт (25.07.2024) тавассути кабинетҳои инфиродӣ, паёмакҳо (SMS) эълон карда шуд. Ҳамчунин, аз дафтари асосии Марказ, нуқтаҳои иттилоърасонӣ дар шаҳру ноҳияҳо (рӯйхат дар сомонаи Марказ мавҷуд аст) ва тавассути телефонҳои 224.53.66; 224.53.67; 224.53.68 маълумот гирифта метавонед
29.07.2024Ҳуснияи Абдусамад: Даъватнома
Савол: Салом лутфан хоҳиш мекунам ба ин саволи ман ҷавоби мушахас гардонед ман баъд аз анҷоми синфи 9 хостам ба колеҷи тиббӣ дохил шавам мутасифона холҳои ба даст овардаи ман 85 балоро ташкил дод ҳолонки ман бояд аз 120 бал боло мегирифтам аз ҳамин хотир ман нагузаштам ва мехоҳам фаҳмам ки дар даври дуюм чи кор кунам боз аз сари нав ҳуҷҷат тайёр кунам ? Лутфан хоҳиш пурра ҷавоб гардонед . 27.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо ирсоли СМС паёмакро интизор шавед. Бақайдгирӣ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ аз 12-ум то 15-уми августи соли 2024 дар нуқтаҳои бақайдгирӣ доир мегардад (тақсимоти такрорӣ дар асоси балҳои гирифтаатон гузаронида мешавад, яъне, дуюмбора имтиҳон намесупоред). Рӯйхати ихтисосҳо чоп ва дар сомонаи Марказ гузошта мешавд. Доир ба макон ва вақти бақайдгирӣ пас аз 01.08.2024 ба Шумо СМС паёмак ирсол мегардад. маълумоти муфассал дар сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/e-loni-nati-a-oi-ozmuni-ta-simoti-asosii-dovtalabon-dar-imti-on-oi-markazonidai-dokhilshav-dar-soli-2024.html
29.07.2024Ҷӯраева Ниссо : Дигар
Савол: Ассалом, донишгохи ба номи Абӯалӣ ибни Сино рузи якшанбе хуччат қабул мекунад ё не? Агар кунад, рузи кор аз кадом соат сар мешаваду соати чанд ба охир мерасад? Агар не, рӯзи душанбе то соати чанд қабул мекунанд? 27.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Дар ин хусус ба муассисаи таълимии дахлдор муроҷиат намоед.
29.07.2024Окилов Мухаммадсаид : Даъватнома
Савол: Салом. Метавонистед гуед руйхати ихтисосхои даври такрори кай мебарояд дар сомона ??? Барои шахсоне ки ба таксимот рох ефтанд аммо аз руи ихтисосхои грифтаашон нагузаштанд ??? 27.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Рӯйхати ихтисосҳои ҷойи холидошта пас аз баргардонидани варақаҳои тақсимоти донишҷӯён аз муассисаҳои таълимӣ ва ташхис чун китобча чоп ва дар сомонаи расмии Марказ 10-11-уми августи соли 2024 гузошта мешавад.
29.07.2024хомидов икром: Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Ассалом, ман 2хафта пеш ба россия имтихон супоридам ва ба ончо гузаштам, ман метавонам аз он чо хуччатхои худро гирифта ба шахри хучанд дохил шавам аз сари нав ё ки аллакай дер шудааст 27.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо метавонед, ки дар даври сеюми бақайдгирии довталабон, танҳо, дар доираи ҷойҳои холӣ (интихоби гурӯҳи ихтисосҳо ихтиёрист), аз 02-юм то 15-уми сентябри соли 2024 ва имтиҳонҳо, ки 22.09.2024 доир мегардад, иштирок намоед. Тартиби бақайдгирӣ чун дар даври 1-ум ва 2-юм. Макони нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи расмии Марказ эълон хоҳад шуд.
29.07.2024Самадов Манучехр: Тақсимоти довталабон
Савол: Салом. Ман аз руи ихтисоси гирифтам роҳ наёфтам метавонам дар 2ум давр кластери худро иваз кунам 27.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо метавонед, ки дар даври сеюми бақайдгирии довталабон, танҳо, дар доираи ҷойҳои холӣ (интихоби гурӯҳи ихтисосҳо ихтиёрист), аз 02-юм то 15-уми сентябри соли 2024 ва имтиҳонҳо, ки 22.09.2024 доир мегардад, иштирок намоед. Тартиби бақайдгирӣ чун дар даври 1-ум ва 2-юм. Макони нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи расмии Марказ эълон хоҳад шуд.
29.07.2024Каримов манучехр: Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Бали гузариши колечи тибби шахри кулобь чи кадар бошадь 27.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Дар ин хусус ба муассисаи таълимии дахлдор муроҷиат намоед. Марказ баъд аз ҷамъбаст ҷадвали ихтисосҳо ва балҳои гузариш ба ихтисосҳоро дар сомона хоҳад гузошт.
29.07.2024Axror Karimkulov: Тақсимоти довталабон
Савол: Ба ман ягон СМС паёмак наомад.Лекин аз кабинети инфироди фахмидамки аз таксимоти 2-юм нагузаштам. Дар блраи 12 то. 15 август таксимот аз нав дар кучо баргузор мегардад маълумот надорам 27.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Бақайдгирӣ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ аз 12-ум то 15-уми августи соли 2024 дар нуқтаҳои бақайдгирӣ доир мегардад. Рӯйхати ихтисосҳои ҷойи холидошта чоп ва дар сомонаи Марказ гузошта мешавд. Доир ба макон ва вақти бақайдгирӣ пас аз 01.08.2024 ба Шумо СМС паёмак ирсол мегардад.
29.07.2024Самадов Манучехр: Даъватнома
Савол: Салом. Ман дар таксимот рох наёфтам метавонам дар 2ум давр кластери худро иваз кунам 27.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо метавонед, ки дар даври сеюми бақайдгирии довталабон, танҳо, дар доираи ҷойҳои холӣ (интихоби гурӯҳи ихтисосҳо ихтиёрист), аз 02-юм то 15-уми сентябри соли 2024 ва имтиҳонҳо, ки 22.09.2024 доир мегардад, иштирок намоед. Тартиби бақайдгирӣ чун дар даври 1-ум ва 2-юм. Макони нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи расмии Марказ эълон хоҳад шуд.
29.07.2024Тошмирзоева Марям: Даъватнома
Савол: Савол:ба ман СМС 20.06.24. Омада буд ки шумо ба тақсимот роҳ дода шудед боз 25.06.24 . Смс омад ки ман аз тақсимот нагузаштам ва метавонам дар таксимоти такрори иштирок кунам аз 12 то 15 август ман бояд ҳозир чи кор кунам боз тест месупорам чи мешавад мегуфтед (кластери 5 медколеҷи Ҷумҳуриявӣ дохил шуданиям.) 26.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо ирсоли СМС паёмакро интизор шавед. Бақайдгирӣ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ аз 12-ум то 15-уми августи соли 2024 дар нуқтаҳои бақайдгирӣ доир мегардад (тақсимоти такрорӣ дар асоси балҳои гирифтаатон гузаронида мешавад, яъне, дуюмбора имтиҳон намесупоред). Рӯйхати ихтисосҳо чоп ва дар сомонаи Марказ гузошта мешавд. Доир ба макон ва вақти бақайдгирӣ пас аз 01.08.2024 ба Шумо СМС паёмак ирсол мегардад.
29.07.2024Куранбоева Гулюз : Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Хуччатхоро бояд ба кадом мактаб йоки донишгох супордан лозм аст 26.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Маълумоти СМС паёмак ва кабинети инфиродиатонро бодиққат хонед, дар он ҷо навишта шудааст.
29.07.2024Бобочони6шайдулло: Даъватнома
Савол: Салом аз шумо этиромона хохиш ки ба саволи Ман чавоб дихед.ман дар мархалот дубми сумюпориш ки аз 12 то 15 ми август сурат мегири Ман лубмбора танхо дар класиери 5 уми интихобкардаам метавонам супорам ва аз балхои гирифтаам таксимот сурат мегириад.саволи сухим ин ки агар дар колечи Гарм супорам батл аз 6 сози тазсил метавонам тахсилро дар колечи чумхурявии Душанбе идома дихам аз руи дигар ихтисос лутфан щутар чавоб дихед 26.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Аввалан, хоҳиш менамоем, ки лутфан, пеш аз ирсоли суол онро як бор хонед, агар сарфаҳм рафтед, пас аз он ирсол намоед. Сониян, ҳангоми бақайдгирӣ барои тақсимоти такрорӣ Шумо ҳуқуқ доред, ки дар доираи ҷойҳои холӣ то 12 ихтисос ва муассисаро дар доираи як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб намоед. Ҳамчунин, довталабон ҳуқуқ доранд, ки аз гурӯҳи ихтисосҳои 5, 4 , 3 даст кашида, аз гурӯҳи ихтисосҳои 1 ва 2 ихтисос интихоб намоянд. Доир ба суоли дуюматон: гузариш аз як муассисаи таълимӣ ба дигар муассисаи таълимӣ дар ваколати худи муассисаҳост.
29.07.2024ОЛИМОВ АМИНЧОН : Ихтисосҳо
Савол: Да бораи ихтисоси бехатарии иктисоди маьлумот дихед 26.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Доир ба мафҳуми ихтисосҳо ба муассисаҳои таълимии дахлдор муроҷиат намоед.
29.07.2024Саидмухитдинов Шарифбек: Даъватнома
Савол: Салом мехостам пурсам ки ман дар ихтисосам ройгон дар шаҳри Бохтар гузаштам баъд аз шаш моҳ агар перевод кунам ихтисосам пулакӣ мешавад 26.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Гузариш аз як муассисаи таълимӣ ба дигар муассисаи таълимӣ ва аз як намуди таҳсил ба дигараш дар ваколати худи муассисаҳост.
29.07.2024Гафури Нушофарин: Кабинети инфиродӣ
Савол: Чи тавр ман коди кабинети инфиродиамро ёфтан метавонам агар фаромуш карда бошам? 26.07.2024
Довталаби муҳтарам! Ба хотири саҳв накардан пеш аз ворид гаштан ба кабинети инфиродиатон боз як маротиба аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" мавзӯи "Кабинети инфиродӣ" (саҳ. 32-41) ва ё ҳамин мавзуъро дар сомонаи Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 бодиққат мутолиа намоед. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 68 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
29.07.2024Тиллоева Махбуба: Тақсимоти довталабон
Савол: Салому алайкум. агар довталаб соли 2021 бакайд гирифта шуда, имтихон супорида шуда бошад ва ба донишгох дохил шудаги бошад. вале бо сабаби оилави хуччатсупори нарафт. Оё довталаб айни замон метавонад ба донишгох рафта тахсил намояд, агар натавонем чи бояд кард 26.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо метавонед, ки дар даври сеюми бақайдгирии довталабон дар доираи ҷойҳои холӣ, аз 02-юм то 15-уми сентябри соли 2024 ва имтиҳонҳо, ки 22.09.2024 доир мегардад, иштирок намоед. Тартиби бақайдгирӣ чун дар даври 1-ум ва 2-юм. Макони нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи расмии Марказ эълон хоҳад шуд.
29.07.2024Суҳробзода Нозанин: Дигар
Савол: Салом. Тақсимоти такрорӣ дар Хучанд кай ва дар кучо гузаронида мешавад . маълумоти пурратар медодед хуб мешуд 26.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Бақайдгирӣ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ, аз 12-ум то 15-уми августи соли 2024 дар нуқтаҳои бақайдгирӣ доир мегардад. Рӯйхати ихтисосҳо чоп ва дар сомонаи Марказ гузошта мешавд. Доир ба макон ва вақти бақайдгирӣ пас аз 01.08.2024 ба Шумо СМС паёмак ирсол мегардад.
29.07.2024Махкамова Мадина Эрачовна: Даъватнома
Савол: Ман тест супоридан мехохам 26.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо метавонед, ки дар даври сеюми бақайдгирии довталабон дар доираи ҷойҳои холӣ, аз 02-юм то 15-уми сентябри соли 2024 ва имтиҳонҳо, ки 22.09.2024 доир мегардад, иштирок намоед. Тартиби бақайдгирӣ чун дар даври 1-ум ва 2-юм. Макони нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи расмии Марказ эълон хоҳад шуд.
26.07.2024Махмудов Иброҳим : Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Бади рох ёфтан ба донишгоҳ, чи гуна ҳуҷҷат бурдан лозим аст,? Лутфан рӯйхати документҳоро нависед чи бурда супорем! 26.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Лутфан ба ҷавобҳои ҳамсони қаблӣ назар афканед ва ё ба сомонаи расмии Марказ ба пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/e-loni-nati-a-oi-ozmuni-ta-simoti-asosii-dovtalabon-dar-imti-on-oi-markazonidai-dokhilshav-dar-soli-2024.html
26.07.2024Samadzoda Saidabdulaziz : Даъватнома
Савол: Салом Ман аз озмун гузаштаму ба тақсимот нагузаштам дар бораи ин мегуфтед 26.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо имкон доред, ки дар бақайдгирӣ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ, ки аз 12-ум то 15-уми августи соли 2024 дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ доир мегардад, иштирок намоед. Рӯйхати ихтисосҳо чоп ва дар сомонаи Марказ гузошта мешавд. Доир ба макон ва вақти бақайдгирӣ ба Шумо СМС паёмак ирсол мегардад.
26.07.2024Толибзода Паймона: Дигар
Савол: Салом. Ман ҳамагӣ 397 бал гирифтам ва аз рӯйи ихтисоси интихобкардаи 1умам ба донишкадаи саноат ва хизматрасонии шаҳри Хуҷанд роҳ ёфтам аммо аз натиҷаи тақсимот норозӣ ҳастам. Чунки аз мкони ҷойгиршавии донишкада нав бохабар шудам ва дар онҷо ҷой барои зист надорам. Мехостам пурсам, ки оё метавонам аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардаам ба дигар муассисаи таълимӣ роҳ ёбам??? Зеро аз рӯйи бали ба даст овардаам имконият доштам, ки ба дигар муассиса роҳ ёбам.Агар ҳа бошад пас чӣ тавр? Аз шумо эхтиромона хоҳиш мекунам, ки ба суоли ман ҳарчи зудтар посух диҳед. 26.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Аввалан, бисёр афсӯс, ки чунин беаҳамиятӣ намудаед. Марказ дар тамоми ҷадвалҳои ихтисосҳо номи муассисаҳо ва макони ҷойгиршавии муассисаҳоро нишон додааст. Ҳатто, дар варақаи бақайдгирӣ низ... Ҳоло ки озмуни тақсимот баргузор гардид, тибқи муқаррароти тартиб Шумо аз рӯи ҷо ба ҷо гузоштани ихтисосҳо ва муассисаҳои таълимӣ ҳангоми бақайдгирӣ ва натиҷаи холу балли бадастовардаатон тақсимот шудед. Пас аз тақсимот иваз кардани ихтисос ва муассисаи таълимӣ ғайриимкон аст. Танҳо пас аз шаш моҳи таҳсил дар муассисаи таълимӣ Шумо ҳуқуқи иваз намудани ихтисос ва муассисаро пайдо менамоед ва ин дар ваколати муассисаи таълимӣ мебошад. Агар ихтисос ва муассиса маъқул набошад, метавонед, ки дар бақайдгирии даври сеюм, ки аз 02.09. то 15.09.2024 ва имтиҳонҳои даври сеюм, ки 22.09. 2024 баргузор мегардад, иштирок намоед.
26.07.2024Норматова Суман Бахромовна: Кабинети инфиродӣ
Савол: Ба кабинети инфироди ворид шуда наметавонам рамз ва раками назорати нодуруст гуфта истодааст, ман рамз ва раками назоратиро дуруст ворид кардам. 26.07.2024
Довталаби муҳтарам! Ба хотири саҳв накардан пеш аз ворид гаштан ба кабинети инфиродиатон боз як маротиба аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" мавзӯи "Кабинети инфиродӣ" (саҳ. 32-41) ва ё ҳамин мавзуъро дар сомонаи Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 бодиққат мутолиа намоед. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 68 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
26.07.2024Фатхулоев акмалидин : Дигар
Савол: Салом. Ман ба Донишгоҳи тиббии гузаштам . Бояк каадом ҳуҷҷатҳоро барам . Ба рақами донишгоҳ занг мезанам ҷавоб намедиҳад.? 26.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Лутфан ба ҷавобҳои ҳамсони қаблӣ назар афканед ва ё ба сомонаи расмии Марказ ба пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/e-loni-nati-a-oi-ozmuni-ta-simoti-asosii-dovtalabon-dar-imti-on-oi-markazonidai-dokhilshav-dar-soli-2024.html
26.07.2024Мастура Нурзода: Даъватнома
Савол: бо салом, тибқи тақсимот хоҳарзодаи ман ба яке аз ихтисосҳои на онқадар мақбулаш дохил шудаааст. Оё метавонад дар даври баъдии имтиҳоноти маркази тестӣ ширкат кунад? 26.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Лутфан ба ҷавобҳои ҳамсони қаблӣ назар афканед.
26.07.2024Норматова Лола Аличоновна: Даъватнома
Савол: Мехохам натичаи имтихонро фахмам 26.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Хотиррасон менамоем, ки натиҷаи озмуни тақсимот ба ҳар як довталаб тавассути СМС паёмак ва кабинети инфиродӣ ирсол гардид. Дар ҳолати СМС наомадан ва ба кабинети инфиродӣ ворид шуда натавонистан, Шумо ба нуқтаҳои иттилоърасонӣ, ки дар бинои асосии Марказ ва бахшҳои минтақавии он, аз ҷумла, дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан ва Панҷакент ташкил карда шудааст, муроҷиат намоед. Телефонҳо барои тамос: (+992 37) 224.53.67; 224.53.68.
26.07.2024Исмоилиён Фирдавс : Дигар
Савол: Салом 👋 ман ба Колеҷи тиббӣ ҷумҳуриявии ш. Душанбе гузаштам ва ба ман кадом намуди ҳуҷҷатҳо заруранд? 26.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Лутфан ба ҷавоби ҳамсони қаблӣ назар афканед ва ё ба сомонаи расмии Марказ ба пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/e-loni-nati-a-oi-ozmuni-ta-simoti-asosii-dovtalabon-dar-imti-on-oi-markazonidai-dokhilshav-dar-soli-2024.html
26.07.2024Саторов Хадисулло: Ихтисосҳо
Савол: Салом, ман аз руи интихоби 1 гузаштам ва мехохам ихтисоси худро иваз намоям, ман метавонам ин корро кунам ? 26.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Лутфан ба ҷавобҳои ҳамсони қаблӣ назар афканед.
26.07.2024Азизов исмоил: Даъватнома
Савол: Салом.смс омадай нагузаштед аз нав ба қайд гиред барои аз нав ба қайд гирифтан чи даркор мешида боша Дар куҷо ба қайд мегирифта бошем 26.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо метавонед, ки дар даври сеюми бақайдгирии довталабон дар доираи ҷойҳои холӣ, аз 02-юм то 15-уми сентябри соли 2024 ва имтиҳонҳо, ки 22.09.2024 доир мегардад, иштирок намоед. Тартиби бақайдгирӣ чун дар даври 1-ум ва 2-юм. Макони нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи расмии Марказ эълон хоҳад шуд.
26.07.2024Азизов исмоил: Даъватнома
Савол: Салом.ман дар даври сеюм нагузаштам чи кор кардан лозим 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо метавонед, ки дар даври сеюми бақайдгирии довталабон дар доираи ҷойҳои холӣ, аз 02-юм то 15-уми сентябри соли 2024 ва имтиҳонҳо, ки 22.09.2024 доир мегардад, иштирок намоед. Тартиби бақайдгирӣ чун дар даври 1-ум ва 2-юм. Макони нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи расмии Марказ эълон хоҳад шуд.
26.07.2024Исматов зоир: Кабинети инфиродӣ
Савол: Салом ман рамзамро фаромуш кардам метавонед онро ба ман Фиристед 25.07.2024
Довталаби муҳтарам! Ба хотири саҳв накардан пеш аз ворид гаштан ба кабинети инфиродиатон боз як маротиба аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" мавзӯи "Кабинети инфиродӣ" (саҳ. 32-41) ва ё ҳамин мавзуъро дар сомонаи Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 бодиққат мутолиа намоед. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 68 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
26.07.2024Тошмирзоева марям: Тақсимоти довталабон
Савол: Ассалому алейкум савол:Ман дар даври асоси дар таксимот нагузаштам даври дуюм кай аст ва чи тавр мегузарад тест боз месупорем ё не чи мешавад метавонед каме фахмонед .Ман ба Медколеҷи Ҷумҳуриявӣ дохил шуданиям имконият ҳаст ки дохил шавам . 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо метавонед, ки дар даври сеюми бақайдгирии довталабон дар доираи ҷойҳои холӣ, аз 02-юм то 15-уми сентябри соли 2024 ва имтиҳонҳо, ки 22.09.2024 доир мегардад, иштирок намоед. Тартиби бақайдгирӣ чун дар даври 1-ум ва 2-юм. Макони нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи расмии Марказ эълон хоҳад шуд.
26.07.2024Холов Умарчон: Даъватнома
Савол: хангоми гузаштан ба донишгох Кадом хучатхоро бояд пешниход кард 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Лутфан ба ҷавоби ҳамсони қаблӣ назар афканед ва ё ба сомонаи расмии Марказ ба пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/e-loni-nati-a-oi-ozmuni-ta-simoti-asosii-dovtalabon-dar-imti-on-oi-markazonidai-dokhilshav-dar-soli-2024.html
26.07.2024Бобоев Бобочон: Натиҷаи имтиҳон
Савол: Салом баалхои ман дар кластери шашуми кисми Б ба 38 хол баробар буданд ва аз руи натичаи таксимот барои чи ман рох наёфтам дар сурати он ки ба кори дорусози(фарматсефти) мерасид барои чи инхел? 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам. Барои ҷавоб гардонидан ба ин суол мо бояд натиҷаи бадастоварда, ихтисосҳо ва муассисаҳои таълимии интихобкардаатонро донем. Беҳтараш ба кабинети инфиродиатон ворид шавед ва ба саволҳои худ посух гиред.
26.07.2024Alamov Idimad: Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Саломуалейкум ба донишгохи М. С. Осими чи хучатхои лозимаст. 6-08-2024 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Лутфан ба ҷавоби ҳамсони қаблӣ назар афканед ва ё ба сомонаи расмии Марказ ба пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/e-loni-nati-a-oi-ozmuni-ta-simoti-asosii-dovtalabon-dar-imti-on-oi-markazonidai-dokhilshav-dar-soli-2024.html
26.07.2024Исмоилиён Фирдавс : Дигар
Савол: Салом барои дар Колеҷи тиббӣ ҷумҳуриявии ба ман кадом ҳуҷҷатҳо заруранд??? 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Лутфан ба ҷавоби ҳамсони қаблӣ назар афканед ва ё ба сомонаи расмии Марказ ба пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/e-loni-nati-a-oi-ozmuni-ta-simoti-asosii-dovtalabon-dar-imti-on-oi-markazonidai-dokhilshav-dar-soli-2024.html
26.07.2024Ғаффоров Маҳмадёқуб: Дигар
Савол: Салом👋. Ман дар ихтисоси интихобкардаи худ гузаштам вале намедонам ки чи кор кунам оё ба ҳамон муассисаи таълими (колеҷ) равам?,агар ҳа бо худ кадом ҳуҷҷатҳоро барам? 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Лутфан ба ҷавоби ҳамсони қаблӣ назар афканед ва ё ба сомонаи расмии Марказ ба пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/e-loni-nati-a-oi-ozmuni-ta-simoti-asosii-dovtalabon-dar-imti-on-oi-markazonidai-dokhilshav-dar-soli-2024.html
26.07.2024Лоикова Хайринисо: Даъватнома
Савол: Салом малекум апачон ма мехостам ай шумо як чиз прсам ки ман аз руйи довталаб нагузаштам ва ман мехохам ба шартномави да коллечи тибби шахри душанбе хонам аминро ягон шартномави арзонтараш боша да шахри душанбе мегуфтед дар кадом тараф будагиша илтимос апачон мехохам хонам ма Интизораи чавобатон хастам?? 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Бо рӯйхати ихтисосҳо ва маблағи таҳсил Шумо метавонед аз "Роҳнамои довталаб" ва сомонаи расмии Марказ (https://stat.ntc.tj/Y23/Rplan) шинос шавед ва ихтисосу маблағи таҳсили бароятон мувофиқро интихоб намоед.
26.07.2024Шобадалов Мехрдод : Дигар
Савол: Асалому Алейкум Ман 10 то донишгохи Милли ва 2 то донишгохи Худжанд гирифтам Ман мехостам ба донишгохи Милли гузарам аммо холхоям нарасид ба донишгохи Худжанд гузаштам Ман метавонам аз сар супорам ба Ман 14 хол нарасид барои ба донишгохи Милли гузаштан аз сари нав супоридан метавонам? 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо метавонед, ки дар даври сеюми бақайдгирии довталабон дар доираи ҷойҳои холӣ, аз 02-юм то 15-уми сентябри соли 2024 ва имтиҳонҳо, ки 22.09.2024 доир мегардад, иштирок намоед. Тартиби бақайдгирӣ чун дар даври 1-ум ва 2-юм. Макони нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи расмии Марказ эълон хоҳад шуд.
26.07.2024Вохидов нозанин: Ихтисосҳо
Савол: Хохари ман аз хисоби хато навистани руйхати ихтисосхо ба душанбе дохил шуд оё имконият хаст ки руйхати ихтисоси навиштаашро иваз кунад. Ё ин ки ба шахри хучанд перевод гирад 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Тибқи муқаррароти тартиб довталаб аз рӯи ҷо ба ҷо гузоштани ихтисосҳо ҳангоми бақайдгирӣ ва натиҷаи холу балли бадастовардааш тақсимот карда мешавад. Пас аз тақсимот иваз кардани ихтисос ва муассисаи таълимӣ ғайриимкон аст. Танҳо пас аз шаш моҳи таҳсил бо ризоияти ректорони муассисаҳои таълимии дахлдор Шумо метавонед,ки муассиса ё ихтисосатонро дар доираи талаботи қонун иваз намоед.
26.07.2024Расулзода Озар: Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Ассалому алейкум.Кадом хуччатхоро бояд ба донишгох баьд аз дохил шудан бояд супорид? 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Лутфан ба ҷавоби ҳамсони қаблӣ назар афканед ва ё ба сомонаи расмии Марказ ба пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/e-loni-nati-a-oi-ozmuni-ta-simoti-asosii-dovtalabon-dar-imti-on-oi-markazonidai-dokhilshav-dar-soli-2024.html
26.07.2024Шаҳзода Ашуралиева: Тақсимоти довталабон
Савол: Ассалом. Ман дар озмуни тақсимот аз рӯйи ихтисосҳои интихобшуда ба ДДХ дохил шудам. Ман мехостам дар донишгоҳи тиббӣ хонам. Барои ин хуҷҷатҳоямро ба ДДХ насупорида, дар озмуни тақсимоти такрорӣ иштирок карда метавонам? 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Он нафароне, ки 25.07.2024 тақсимот шудаанд, дар тақсимоти такрорӣ ҳуқуқи иштирокро надоранд.
26.07.2024Саидова Махина: Даъватнома
Савол: Салом ман дохил шудам ба колечи тибби . Кадом хучатхоро барои хучатсупори ба колеч омода созем ? 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Лутфан ба ҷавоби ҳамсони қаблӣ назар афканед ва ё ба сомонаи расмии Марказ ба пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/e-loni-nati-a-oi-ozmuni-ta-simoti-asosii-dovtalabon-dar-imti-on-oi-markazonidai-dokhilshav-dar-soli-2024.html
26.07.2024Пулотова Фируза: Тақсимоти довталабон
Савол: Салом. Имрузпаёмак омад ки дар таксимоти асоси комёб нашудем дар таксимоти иловаги боз як бори дигар имтихон месупорем 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Тақсимоти такрорӣ аз рӯйи балҳои бадастовардаатон гузаронида мешавад ва аз ҳамин сабаб имтиҳон намесупоред.
26.07.2024Исоев Мехрубон : Даъватнома
Савол: Духтарам бояд ба колеч хучат барад хохиш мекунам гуед ки хучатхои зарури кадомхоянд 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Лутфан ба ҷавоби қаблӣ назар афканед ва ё ба сомонаи расмии Марказ ба пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/e-loni-nati-a-oi-ozmuni-ta-simoti-asosii-dovtalabon-dar-imti-on-oi-markazonidai-dokhilshav-dar-soli-2024.html
26.07.2024Ҳаётов Аҳмадшоҳ : Даъватнома
Савол: Да кабинети инфироди гуфтагияй ки бе ҳуҷатои лозима қабул намешавед дар донишгоҳе гузаштаед кадом ҳуҷато бошан? 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Лутфан ба ҷавоби ҳамсони қаблӣ назар афканед ва ё ба сомонаи расмии Марказ ба пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/e-loni-nati-a-oi-ozmuni-ta-simoti-asosii-dovtalabon-dar-imti-on-oi-markazonidai-dokhilshav-dar-soli-2024.html
26.07.2024Солиҳов Рамзиёр : Даъватнома
Савол: Салом алейкум чаро ба мо аз маркази милли тестӣ ягон смс пайомак наомадааст? 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шояд Шумо ҳангоми бақайдгирӣ рақами телефонро нодуруст додаед, ё вақти ирсоли паёмак телефонатон хомӯш будааст. Метавонед бо телефонҳои 224.53.62; 224.53.67; 224.53.68 дар тамос шуда мушкилотро ҳал намоед.
26.07.2024Солиева Нозанин Хуршедовна : Дигар
Савол: Ассалому алайкум, ман дар олимпиадам байналмилали, ки дар давлати Туркия баргузор гардида буд, аз фанни забони руси чои 3 соли гузашта ишгол карда будам. Баъдтар фахмидам ки аз барои чоп ишгол кардаги хол метавонам гирам. Холл дер нашуда бошад? Чи хел холхоямро гирам вы ба холхои аввалаи худ хамрох кунам? 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Аввалан, Шумо бояд то рӯзи тақсимот ба Марказ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро пешниҳод менамулед. Дуюм, ба Шумо танҳо дар сурати интихоби ихтисосҳои самти филологияи рус имтиёз додан мумкин буд.
26.07.2024Саидмуродов Анӯшервон : Тақсимоти довталабон
Савол: Салом алейкум. Агар шахс аз руи тақсимоти 25-уми июл ба ягон ихтисоси интихобкардааш гузашта бошад, аммо нахоҳад ки дар ин ихтисос хонад, имкон дорад ки дар тақсимоти такрорӣ иштирок кунад. 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Дарин ҳолат, Шумо дар тақсимоти такрорӣ иштирок карда наметавонед.
26.07.2024Сухайло Исмоилзода: Даъватнома
Савол: Маълумот дар бораи даври дуйюми ба қайд гири маркази миллии, ва аз сари нав пул супоридан ё насупоридан 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Даври дуюми бақайдгирӣ ва имтиҳонҳои ин давр аллакай баргузор гардидааст. Шумо метавонед, ки дар даври сеюми бақайдгирии довталабон дар доираи ҷойҳои холӣ, аз 02-юм то 15-уми сентябри соли 2024 ва имтиҳонҳо, ки 22.09.2024 доир мегардад, иштирок намоед, албатта бо пардохти маблағи хизматрасонӣ. Тартиби бақайдгирӣ чун дар даври 1-ум ва 2-юм. Макони нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи расмии Марказ эълон хоҳад шуд.
26.07.2024Абдулоев Саидэҳсон: Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Кадом ҳуҷатҳоро бояд ман ба ДТТ ба ном М. Осими бояд супорам 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Лутфан ба ҷавоби ҳамсони қаблӣ назар афканед ва ё ба сомонаи расмии Марказ ба пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/e-loni-nati-a-oi-ozmuni-ta-simoti-asosii-dovtalabon-dar-imti-on-oi-markazonidai-dokhilshav-dar-soli-2024.html
26.07.2024Шарипов Шахром: Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Салом Дар сайт гуфта шудааст "Даври сеюми бақайдгирии довталабон дар доираи ҷойҳои холӣ, аз 02-юм то 15-уми сентябри соли 2024 ва имтиҳонҳо 22.09.2024 доир мегардад." ва дар кабинети инфироди бошад "12 то 15 август гуфта шудааст рузи бакадгириро" савол кадомаш дуруст аст ва кай метавон бакайд ва имтиҳон супорид ва инчунин ихтисосхои ки мондаги хастан яъне чойҳои холи баъди имтиҳони якум мо аз кучо дастрас карда метавонем 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо, фарқияти мафҳуми "Даври сеюми бақайдгирии довталабон дар доираи ҷойҳои холӣ" ва "тақсимоти такрорӣ"-ро бояд дарк намоед. Тақсимоти такрорӣ барои онҳое, ки холи гузаришро гирифтаанду вале тақсимот нашудаанд, даври сеюми бақайдгирӣ бошад, барои онҳое, ки тамоман аз қайд нагузаштаанд, дар имтиҳонҳо иштирок накардаанд, холи гузаришро нагирифтаанд ва ғайра. Рӯйхати ихтисосҳо чоп ва дар сомонаи Марказ гузошта мешавд. Бақайдгирӣ барои тақсимоти такрорӣ аз 12-ум то 15-уми августи соли 2024 дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ доир мегардад. Доир ба макон ва вақти бақайдгирӣ ба Шумо СМС паёмак ирсол мегардад.
26.07.2024Samadzoda Saidabdulaziz : Даъватнома
Савол: Салом ман роҳ ёфтаму дар тақсимот донишгоҳ нагузаштам ина бо мефаҳмондед нағз мешуд 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Таркибҳои "натиҷаи имтиҳон", " роҳ ёфтан" ва "озмуни тақсимот" борҳо шарҳу эзоҳ ёфтааст. Таъкид менамоем, ки на ҳамаи он довталабоне, ки ба озмун роҳ ёфтаанд, ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тақсимот мешаванд. Танҳо онҳое тақсимот мешаванд, ки натиҷаҳои беҳтаринро ба даст овардаанд.
26.07.2024Шарифзода Хоким: Тақсимоти довталабон
Савол: Салом ман метавонам аз имруз рафта ихтисоси худро иваз кунам? 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Лутфан ба ҷавобҳои ҳамсони қаблӣ назар афканед.
26.07.2024Назаров Зикриоллох: Ихтисосҳо
Савол: Салом агар балхо ба ихтисоси интихобшуда кофи набошад имконият хаст ки ихтисосро иваз кунем ба дигар ихтисоси хамон кластер 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо метавонед, ки дар даври сеюми бақайдгирии довталабон дар доираи ҷойҳои холӣ, аз 02-юм то 15-уми сентябри соли 2024 ва имтиҳонҳо, ки 22.09.2024 доир мегардад, иштирок намоед. Тартиби бақайдгирӣ чун дар даври 1-ум ва 2-юм. Макони нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи расмии Марказ эълон хоҳад шуд.
26.07.2024Раҷабов С: Дигар
Савол: Салом алейкум, даври дуюм кай оғоз мегардад. Мо чи тавр фаҳмем ки дар кадом донишгоҳ давталабон роҳсипор нашудаанд ва ба ҷои онҳо супорем. Дар даври дуюм балҳои гузариш пастар мешавад ё не. 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо метавонед, ки дар даври сеюми бақайдгирии довталабон дар доираи ҷойҳои холӣ, аз 02-юм то 15-уми сентябри соли 2024 ва имтиҳонҳо, ки 22.09.2024 доир мегардад, иштирок намоед. Тартиби бақайдгирӣ чун дар даври 1-ум ва 2-юм. Макони нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи расмии Марказ эълон хоҳад шуд.
26.07.2024Холматов Иброхим : Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Салом. Барои хуччатсупори ба коллечи тиббии чумхурияви ш.Душанбе кадом хуччатхо лозиманд? 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Лутфан ба ҷавоби қаблии ҳамсон назар афканед ва ё ба сомонаи расмии Марказ ба пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/e-loni-nati-a-oi-ozmuni-ta-simoti-asosii-dovtalabon-dar-imti-on-oi-markazonidai-dokhilshav-dar-soli-2024.html
26.07.2024Мусозода Имоммаҳдӣ: Даъватнома
Савол: Савол: Ман пулаки ба донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шудам метавонам дар даври 3 ум дигар донишгоҳ интихоб кунам? 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо метавонед, ки дар даври сеюми бақайдгирии довталабон дар доираи ҷойҳои холӣ, аз 02-юм то 15-уми сентябри соли 2024 ва имтиҳонҳо, ки 22.09.2024 доир мегардад, иштирок намоед. Тартиби бақайдгирӣ чун дар даври 1-ум ва 2-юм. Макони нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи расмии Марказ эълон хоҳад шуд.
26.07.2024Рахматуллоева шахзода: Даъватнома
Савол: Ман ихтисосамро иваз кардан мехохам 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Лутфан, ба ҷавобҳои қаблии ҳамсон назар афканед.
26.07.2024Рахмонзода Ардамехр: Ихтисосҳо
Савол: Салом Ихтисосхоро чой иваз кардан мешавад? 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Лутфан, ба ҷавобҳои қаблии ҳамсон назар афканед.
26.07.2024Муҳаммадҷони Диловаршоҳ : Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Ассалому алайкум савол:Ман дар озмуни тақсимот гузаштам ҳоло барои ман кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд ки ба Донишгоҳ супорам. 25.07.2024 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Лутфан ба ҷавоби қаблии ҳамсон назар афканед ва ё ба сомонаи расмии Марказ ба пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/e-loni-nati-a-oi-ozmuni-ta-simoti-asosii-dovtalabon-dar-imti-on-oi-markazonidai-dokhilshav-dar-soli-2024.html
26.07.2024Рахмонзода Ардамехр: Ихтисосҳо
Савол: Салом ман ихтисосамро хато интихоб кардам,яне балам ба нтч -и Сино мерасад некем милли гузаштам хаминро иваз карда мешавад? 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Тибқи муқаррароти тартиб довталаб аз рӯи ҷо ба ҷо гузоштани ихтисосҳо ва муассисаҳои таълимӣ ҳангоми бақайдгирӣ ва натиҷаи холу балли бадастовардааш тақсимот карда мешавад. Пас аз тақсимот иваз кардани ихтисос ва муассисаи таълимӣ ғайриимкон аст. Танҳо пас аз шаш моҳи таҳсил дар муассисаи таълимӣ Шумо ҳуқуқи иваз намудани ихтисос ва муассисаро пайдо менамоед ва ин дар ваколати муассисаи таълимӣ мебошад.
26.07.2024Султонов Давлатбек: Дигар
Савол: Салом хуҷатсупори бо донишгох кадом хуҷҷатхо лозим аст 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Лутфан ба ҷавоби қаблӣ назар афканед ва ё ба сомонаи расмии Марказ ба пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/e-loni-nati-a-oi-ozmuni-ta-simoti-asosii-dovtalabon-dar-imti-on-oi-markazonidai-dokhilshav-dar-soli-2024.html
26.07.2024Мачидзода Рамилп: Даъватнома
Савол: Довталаб бояд кадом ҳуҷҷатҳоро ба донишгоҳ бо худ барад 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Ҳуҷҷатҳои зарурие, ки довталабони дар озмуни тақсимот комёбгардида бояд ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдор пешниҳод намоянд, инҳоянд: 1) ариза ба номи ректор/директори муассисаи таълимӣ; 2) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (диплом ё аттестат); 3) маълумотномаи тиббӣ (шакли 038-у); 4) 6 дона сурат (андозаи 3х4см); 5) маълумотнома аз ҷойи зист; 6) шиноснома (асл ва нусха) ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст (асл ва нусхаи шаҳодатнома дар бораи таваллуд барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум); 7) билети ҳарбӣ (агар дошта бошад) ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (барои мардон); 8) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ дошта бошад).
26.07.2024Акрамзода Марзия: Маблағ
Савол: Салом.Маблаги шартнома чи кадар аст аз кучо метавон фахмид?(ихтисоси фарматсия) 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Барои фаҳмидани маблағи таҳсил ба "Роҳнамои довталаб" ва ё сомонаи расмии Марказ ба пайванди https://stat.ntc.tj/ муроҷиат намоед.
26.07.2024Мачидов фахриддин : Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Ман мехоста Кай таксимоти такрори огоз мешавад ва дар кучо МО метавонем аз Нав ба кайд гирем 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо, аллакай, аз СМС паёмак ва кабинети инфиродиатон огоҳ гаштед, ки бақайдгирӣ барои тақсимоти такрорӣ аз 12-ум то 15-уми августи соли 2024 дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ доир мегардад. Доир ба макон ва вақти бақайдгирӣ ба Шумо СМС паёмак ирсол мегардад.
26.07.2024Абдулло Валиев: Ихтисосҳо
Савол: Салом ман рамзро дигар карда будам ҳозир бошад рамзро фаромуш кардам наметавонам дохили кабинети инфироди шавам 25.07.2024
Довталаби муҳтарам! Ба хотири саҳв накардан пеш аз ворид гаштан ба кабинети инфиродиатон боз як маротиба аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" мавзӯи "Кабинети инфиродӣ" (саҳ. 32-41) ва ё ҳамин мавзуъро дар сомонаи Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 бодиққат мутолиа намоед. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 68 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
26.07.2024Мачидов фахриддин : Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Таксимоти такрори Кай мешавад ва мо дар кучо Аз нав ба кайд гирифта метавонем 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо, аллакай, аз СМС паёмак ва кабинети инфиродиатон огоҳ гаштед, ки бақайдгирӣ барои тақсимоти такрорӣ аз 12-ум то 15-уми августи соли 2024 дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ доир мегардад. Доир ба макон ва вақти бақайдгирӣ ба Шумо СМС паёмак ирсол мегардад.
26.07.2024Мирзоев З.: Даъватнома
Савол: Салом. Агар ман дар ихтисоси намехостам аммо гузаштам . Ихтисоси мехостаамро аз поён навиштам. Бали гирифтаам ба он мувофик аст. Мешавад ихтисоси гузаштаамон ба ихтисоси поёни иваз намоям. Барои ин чи кор кардан даркор? 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Нигаред ба ҷавоби ҳамсони қаблӣ
26.07.2024Баротов Толиб : Дигар
Савол: Мо метавонем баъд аз оне ки натиҷаи тақсимот баромад ба он донишгоҳе ки дохил шудем онро иваз кунем. Мисол. Агар ман ба Донишгоҳи миллии роҳ ёфта бошам метавонам Донишгоҳро иваз кунам? 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Тибқи муқаррароти тартиб довталаб аз рӯи ҷо ба ҷо гузоштани ихтисосҳо ва муассисаҳои таълимӣ ҳангоми бақайдгирӣ ва натиҷаи холу балли бадастовардааш тақсимот карда мешавад. Пас аз тақсимот иваз кардани ихтисос ва муассисаи таълимӣ ғайриимкон аст. Танҳо пас аз шаш моҳи таҳсил дар муассисаи таълимӣ Шумо ҳуқуқи иваз намудани ихтисос ва муассисаро пайдо менамоед ва ин дар ваколати муассисаи таълимӣ мебошад.
26.07.2024Сариев Раҳмонқул: Ихтисосҳо
Савол: Ассалом ба ман 115 бал мерасидаги ихтисос лозим илтимос равона кунед 25.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Бо чанд бал ба ин ё он муассисаи таълимӣ тақсимот шудан, танҳо дар рӯзи тақсимот маълум мегардад, ки Шумо аллакай аз натиҷааш огаҳед.
26.07.2024Саъдуллозода Эмомали: Даъватнома
Савол: Ман мехохам бидонам Ки ба чанд бал донишгохи байналмилали сайёи мегузари 24.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Бо чанд бал ба ин ё он муассисаи таълимӣ тақсимот шудан, танҳо дар рӯзи тақсимот маълум мегардад, ки Шумо аллакай аз натиҷааш огаҳед.
26.07.2024Вахобова Сабрина Абдумаликновна: Даъватнома
Савол: Барои чи ба ман паёмак намеояд ва ман наметавонам ба кабинети инфиродиям даром намешавад ё рамз ё раками назорати нодурст мегуяд. Муалимон мегуян ки ту ба квотаи президенти дохил шуди руйхати ту рафтаги барои хамин лекнин ман забонхат навишта чоямро ба дигар шахс додам .Ман мехостам фахмам ки чаро инхел шудос . 24.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Барои ҳалли мушкилот ба бахши минтақавии Марказ, ки дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино,5 воқеъ аст, муроҷиат намоед ва ё ба телефонҳои 224 53 62; 224 53 67; 224 53 68 занг занед.
26.07.2024Ширинов Чумъабег: Натиҷаи имтиҳон
Савол: Бали гузариш 24.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Бали гузариш барои ин ё он донишгоҳ ё донишкада, инчунин ин ё он гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) муқаррар намегардад, балки ҳар як ихтисоси он вобаста ба шаклу намуди таҳсил бали гузаришро дорад. Инчунин, бали гузариш дар ин ё он ихтисос пешакӣ муайян нест ва он ҳеҷ гоҳ пешакӣ муқаррар карда намешавад ва он дар ҳар як ихтисос вобаста ба шаклу намуди таҳсил танҳо пас аз озмуни тақсимоти довталабон маълум мешавад. Бо балҳои гузариши ихтисосҳо тибқи натиҷаҳои озмуни соли 2023 Шумо аз саҳифаи "Маълумоти оморӣ"-и сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://stat.ntc.tj/Y23/Index шинос шуда метавонед.
26.07.2024Ёқубова Биомина: Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Ое ман метавонам аз чои хонишамро пас аз супоридани тест иваз намоям? Масалан аз ТГУ ба Политех 24.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Тибқи муқаррароти тартиб довталаб аз рӯи ҷо ба ҷо гузоштани ихтисосҳо ва муассисаҳои таълимӣ ҳангоми бақайдгирӣ ва натиҷаи холу балли бадастовардааш тақсимот карда мешавад. Пас аз тақсимот иваз кардани ихтисос ва муассисаи таълимӣ ғайриимкон аст. Танҳо пас аз шаш моҳи таҳсил дар муассисаи таълимӣ Шумо ҳуқуқи иваз намудани ихтисос ва муассисаро пайдо менамоед ва ин дар ваколати муассисаи таълимӣ мебошад.
26.07.2024Хакимзода Оишамо Одилчон: Натиҷаи имтиҳон
Савол: Балро чихел ба холхо гардонижа мешавад 24.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо бо истифода аз маводи пайванди https://www.ntc.tj/tj/jadvalhoi-muvofikati-kholho-ba-balho.html, ки дар сомонаи расмии Марказ гузошта шудааст, холҳоятонро ба бал баргардонида метавонед. Шакли тайёри баргардонӣ дар кабинети инфиродиатон мавҷуд аст.
26.07.2024Арбобов Маъруф: Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Салому алекум ман мехостам дипломи миёнаамро оли гардонам мешавад дар дуюм курси қабул шавам заошни . 24.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Марказ тасмим гирифтааст, ки даври сеюми бақайдгирии довталабонро дар доираи ҷойҳои холӣ, аз 02-юм то 15-уми сентябри соли 2024 ва имтиҳонҳоро 22.09.2024 доир намояд. Тартиби бақайдгирӣ чун дар даври 1-ум ва 2-юм. Макони нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи расмии Марказ эълон хоҳад шуд.
26.07.2024Шодиев диёрбек : Дигар
Савол: Рох ёфтед чи Мано дорад ба донишгох даромадими ё галтиданхам мумкинми 24.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Роҳ ёфтан маънои онро дорад, ки Шумо холи гузаришро аз ҳамаи субтестҳо соҳиб шудаед, лекин дар ҳолати нокифоя будани бал тақсимот нашуданатон мумкин аст.
26.07.2024Буриев шавкат : Даъватнома
Савол: Ассалому алайкум 👋 чаро ман ба кабинети инфироди даромада наметавонам ма паролашро мезанам боз мегуяд рамз хато аст.чихел соз кунем мегуфтед бисёр хуб мешуд 21.07.2024
Довталаби муҳтарам! Ба хотири саҳв накардан пеш аз ворид гаштан ба кабинети инфиродиатон боз як маротиба аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" мавзӯи "Кабинети инфиродӣ" (саҳ. 32-41) ва ё ҳамин мавзуъро дар сомонаи Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 бодиққат мутолиа намоед. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 68 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
24.07.2024Одилзода Мухайё: Даъватнома
Савол: Ман дар эгзамин иштирок накардам Чи кор кунам Кай метавонам иштирок кунам аз 2 сентябр боз дар бонк пул месупорамаз сари нав пул месупорам 23.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Даври сеюми бақайдгирии довталабон дар доираи ҷойҳои холӣ, аз 02-юм то 15-уми сентябри соли 2024 доир мегардад. Тартиби бақайдгирӣ чун дар даври 1-ум ва 2-юм.
24.07.2024Шарипов Шахром: Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Ассалому алейкум мехостам донам ки (рузи 20 июли соли 2024) аз маркази милли тести паём омад ки шумо ба тақсимот роҳ наёфтед кисми дуюми аз нав бақайдгири ки баъди таксимот (рузи 25 июли соли 2024) мешавад пурратар дар борааш маълумот медодед ки кай ва дар кучо мо метавонем бақайд гирем ва имтиҳони такрори супорем? 23.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Даври сеюми бақайдгирии довталабон дар доираи ҷойҳои холӣ, аз 02-юм то 15-уми сентябри соли 2024 ва имтиҳонҳо 22.09.2024 доир мегардад. Тартиби бақайдгирӣ чун дар даври 1-ум ва 2-юм. Макони нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи расмии Марказ эълон хоҳад шуд.
24.07.2024Ëров хочи: Даъватнома
Савол: Як савол Чанд хол хаст забон_точик тарих Халки точик хукук з_ангилиси 23.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Ба хотири донистани балҳоятон Шуморо лозим аст, ки ба кабинети инфиродиатон ворид шавед. Ҳамчунин дар сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/jadvalhoi-muvofikati-kholho-ba-balho.html маълумот дар бораи ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ва балҳо - 2024 оварда шудааст.
24.07.2024Гашов Сомон: Даъватнома
Савол: Салом хохари ман Сабирова Шабнам Кисми Б аст панчум кластер супоридааст Варианти форум аст то хозир чавоби якумаш наомадааст мехостам ба саволи ман чавоб медодед 23.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Ҳанӯз 20-уми июли соли 2024 ба ҳамаи довталабон тавассути СМС паёмак ва кабинети инфиродиашон доир ба натиҷаи имтиҳонҳо маълумот ирсол гардида буд. Ҳамчунин, дар ҳамаи бахшҳои Марказ дар ҷумҳурӣ нуқтаҳои иттилоотӣ ташкил шудааст. Аз ҷумла, дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияи Данғара. Телефонҳо барои тамос: (+992 37) 224.53.62: 224.53.67; 224.53.68.
24.07.2024Ҷалолов Аслам Иҳромудинович: Даъватнома
Савол: Аз кадом сабаб бошад ки рамзи назорати ман нодуруст бошад ва дар номри ман паёмак нафиристоданд хоҳиши бисёр амира як назорат баред аз натиҷаи имтиҳон огоҳ созед мана сипос барои дасгири 23.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шуморо лозим аст, ки таъҷилан бо телефонҳои (+992 37) 224.53.62: 224.53.67; 224.53.68 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед, ё ба бахши минтақавии Марказ дар ноҳияи Рашт муроҷиат намоед.
24.07.2024Шодиев диёрбек : Дигар
Савол: 2 Юм бор супури Кай сар мешавад 24.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Даври сеюми бақайдгирии довталабон дар доираи ҷойҳои холӣ, аз 02-юм то 15-уми сентябри соли 2024 ва имтиҳонҳо 22.09.2024 доир мегардад. Тартиби бақайдгирӣ чун дар даври 1-ум ва 2-юм. Макони нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи расмии Марказ эълон хоҳад шуд.
24.07.2024Рахматова Мафтуна : Даъватнома
Савол: Салому алейкум барои чи аз ММТ ба ман СМС паёмак наомад 20.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо имконият доред, ки ба бинои асосии Маркази миллии тестӣ (хиёбони Рӯдакӣ,192) ҳозир гардед ва барои иваз намудани рақами телефонатон дархост диҳед. Телефонҳо барои тамос 224.53.62: 224.53.67; 224.53.68.
23.07.2024Саразода Синочон: Даъватнома
Савол: Салом ман дер кардам аз имтихону ба кайдгири оё ягон илоч хаст???? 20.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо метавонед дар даврҳои сеюми бақайдгирии довталабон (дар доираи ҷойҳои холӣ, аз 02-юм то 15-уми сентябр) ва чоруми бақайдгирии довталабон (аз 29-уми октябр то 7-уми декабр), танҳо, барои шакли фосилавӣ ва ғоибонаи таҳсил (дар доираи ҷойҳои холӣ) худро номнавис намоед.
23.07.2024Одилова Анисахон : Дигар
Савол: Ассалому алейкум, пишу вам на счёт университета. Я закончила 11 класс в России так же сдала ЕГЭ. Но к сожалению на ту специальность на которую я хотела поступить нету заочной формы обучения. Поэтому я решила учиться в Худжанде. На Тести Милли не успела прилететь. У меня есть шанс поступить на 2 поток Тести Милли? 20.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо метавонед дар даврҳои сеюми бақайдгирии довталабон (дар доираи ҷойҳои холӣ, аз 02-юм то 15-уми сентябр) ва чоруми бақайдгирии довталабон (аз 29-уми октябр то 7-уми декабр), танҳо, барои шакли фосилавӣ ва ғоибонаи таҳсил (дар доираи ҷойҳои холӣ) худро номнавис намоед.
23.07.2024Эргашова Часмина: Кабинети инфиродӣ
Савол: Ба телефонии мобилии ман сапшени наомад кабинети инфироди кушода нашусод ман аз кучо фахмам ки ба таксимот рох ёфтам ё не 21.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Нигаред, ба савол ва ҷавобҳои ҳамсони қаблӣ.
23.07.2024Абдуллозода Алишер: Имтиёзҳо
Савол: Салом ман мехохам донам, ки читавр имтиёз гирам ман маюб хастам Вале инро дар варакаи бакайдгири сабт накардаам? 22.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Ҳарчи зудтар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маъюбиятатонро нусхабардорӣ намуда, ба Марказ дастрас намоед ва ё тавассути почтаи электронӣ фиристед. Телефонҳо барои муроҷиат: 915 98 00 63; 901 06 11 69; 234 53 62; 224 53 66; 224 53 67; 224 53 68.
23.07.2024Куруш Ганиев: Дигар
Савол: Ассалому алейкум лутфан мегуфтед ки даври сеюми ба кайдгири кай огоз мешавад ? 22.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Даври сеюми бақайдгирии довталабон дар доираи ҷойҳои холӣ, аз 02-юм то 15-уми сентябри соли 2024 доир мегардад.
23.07.2024Самиева Фирӯза : Кабинети инфиродӣ
Савол: Асалому алайкум.медонед рақами телефоне ки ман дода бдам он холо хомӯш карда шудааст ва смс ба ман наомад .ва кабинетии инфиродии худро то ҳол накушодаам ман чи бояд кунам . илтимос ёри диҳед!? 22.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо имконият доред, ки ба бахши минтақавии Марказ (воқеъ дар ш.Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино,5) ҳозир гардед ва барои иваз намудани рақами телефонатон дархост диҳед. Телефонҳо барои тамос (+992) 92. 644.11.48; (+992 37) 224.53.62: 224.53.67; 224.53.68.
23.07.2024Муқадасов Фазлиддин: Даъватнома
Савол: Салом, Ман дар имтиҳонҳои асоси бо сабаби бемор буданам иштирок карда натавонистам. Оё имконият дубора иштирок карданро ё бақайдгирии дубораро дорам то ин ки ба ихтисосҳои интихоб кардаам гузарам 22.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо метавонед дар даврҳои сеюми бақайдгирии довталабон (дар доираи ҷойҳои холӣ, аз 02-юм то 15-уми сентябр) ва чоруми бақайдгирии довталабон (аз 29-уми октябр то 7-уми декабр), танҳо, барои шакли фосилавӣ ва ғоибонаи таҳсил (дар доираи ҷойҳои холӣ) худро номнавис намоед.
23.07.2024Фарход Рахимов : Даъватнома
Савол: Ассалому алейкум чаро ман ба кабинета инфироди дохил шуда наметавонам чандборе ба даромадан пахш мекунам рамз нодуруст мегуяд 18.07.2024
Довталаби муҳтарам! Ба хотири саҳв накардан пеш аз ворид гаштан ба кабинети инфиродиатон боз як маротиба аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" мавзӯи "Кабинети инфиродӣ" (саҳ. 32-41) ва ё ҳамин мавзуъро дар сомонаи Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 бодиққат мутолиа намоед. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 68 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
19.07.2024Гайратова Бибиоиша : Имтиёзҳо
Савол: Салом Ман мехохам донамки пагох дар кабинети инфироди балигирифиаамон малуммешавад ëне оë банимятимон чанбал тухфа медиханд ман нимятим мебошам мехохам фахмамки чанбал тухфа мегирам 18.07.2024
Довталаби муҳтарам! Албатта, натиҷаи имтиҳонҳо - холҳои бадастоварда ва роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот (на балҳо) 20.07.2024 эълон мегардад. Дар "Тартиби додани имтиёзҳо ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2018, № 42) барои чунин довталабон имтиёз пешбинӣ нашудааст. Маълумоти муфассал дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701
19.07.2024Халилов Дилнишин : Кабинети инфиродӣ
Савол: Рақами назорати ва рамзи кабинета инфиродӣ чигуна дастрас кунем 18.07.2024
Довталаби муҳтарам! Рақами назоратӣ ва рамз дар "Варақаи бақайдгирӣ" оварда шудааст. Агар варақара гум карда бошед, тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 68 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед ё ба худи Марказ ва ё бахшҳои минтақавии он, аз ҷумла, ба бахши минтақавӣ воқеъ дар ноҳияи Рашт муроҷиат намоед.
19.07.2024Файзов Неъматулло: Тақсимоти довталабон
Савол: Оё мумкин аст, ки тартиби номгуи ихтисосхоро пеш аз натичаи имтихон иваз намоем 17.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! То 30.06.2024 Шумо имкон доштед, ки интихобҳоятонро тағйир диҳед. Ҳоло не.
18.07.2024Фирдавси Асхобудинов: Даъватнома
Савол: савол хамин ки рузи 20ум маълум мешавад ки гуззаштед нагузаштед дар кадом ихтисос рох ёфтед хамааш дар як руз смс меояд ёки рузи 20ум смс меояд ки рох ёфтед ва рузи 25ум смс меояд ки дар кадом ихтисос рох ёфтед 17.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! 20.07.2024 дар хусуси соҳиб шудан ба холи гузариш ва роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот СМС ирсол мегардад. 25.07.2024 бошад, дар бораи тақсимот шудан ё нашудан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ.
18.07.2024Рахмуддини С: Дигар
Савол: Салом мехостам як чизро донам ? Агар хонанда хучатхояшро ба ммт супорида бошад инчунин барои квотаи Президенти ва аз квотаи Президенти гузашт маблаге Ки барои ммт супорида буд Боз пас гирифта метавонад ё не? 17.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо имкон доштед, ки, танҳо, то 30.06.2024 бо пешниҳод намудани ариза ба Марказ маблағатонро баргардонед. Дар ин хусус дар сомонаи расмии Марказ ҳанӯз 03.05.2024 эълон интишор шуда буд. Нигаред ба пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/mabla-i-baroi-khizmatrason-dar-imd-pardokhtshuda-ba-k-va-dar-kadom-olat-o-bargardonida-meshavad-2024.html
18.07.2024Файзов Неъматулло: Тақсимоти довталабон
Савол: Ба ман равшани андозед, ки дар холе, ки мо дар интихоби донишгоххо дар сатри 12 донишгохеро инихоб намудем, ки мехохе сараввал махз ба хамон донишгох дохил шавем, модоме ки холхоямон мувофик бошад. Чи кор кардан лозим аст? 17.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо имкон доштед, ки то 30.06.2024 интихобҳоятонро тағйир диҳед. Ҳоло муҳлати муқарраргашта ба анҷом расидааст.
18.07.2024БОБОЧОНОВА НАЗИРА: Натиҷаи имтиҳон
Савол: бали гузарищ барои кластери 5 кисми б чанд бошад 17.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Бали гузариш барои ин ё он донишгоҳ ё донишкада, инчунин ин ё он гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) муқаррар намегардад, балки ҳар як ихтисоси он вобаста ба шаклу намуди таҳсил бали гузаришро дорад. Инчунин, бали гузариш дар ин ё он ихтисос пешакӣ муайян нест ва он ҳеҷ гоҳ пешакӣ муқаррар карда намешавад ва он дар ҳар як ихтисос вобаста ба шаклу намуди таҳсил танҳо пас аз озмуни тақсимоти довталабон маълум мешавад. Бо балҳои гузариши ихтисосҳо тибқи натиҷаҳои озмуни соли 2023 Шумо аз саҳифаи "Маълумоти оморӣ"-и сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://stat.ntc.tj/Y23/Index шинос шуда метавонед.
17.07.2024Мирза Мехрубон: Даъватнома
Савол: Салом. Ман маюбам пули тестиро хамашро супардам бад малум шуд бояд нисфишро супорам ба Ман гуфтан нисфи пулро бармегардонан ва дар картаи амонат бонкам мегузаронан амо нагузаронидаанд хаминро кай мегузаронда бошан 17.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Дар чунин ҳолат Шумо бояд то 30.06.2024 ба унвони Марказ ариза менавиштед. Агар ариза навишта бошед, бо мутахассисон бо телефонҳои 224.53.67; 224.53.68 дар тамос шавед ва ё ба бахши минтақавии Марказ, ки дар шаҳри Бохтар фаъолият менамояд, муроҷиат намоед.
17.07.2024Шарипов Фазлиддин: Дигар
Савол: Ман савол доштам ки барои ҷавоби 1 савол чанд хол дода мешавад 16.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Дар ин хусус маълумоти муфассал дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ.59-62) ва гунаи электронии он дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view= article&id=693 оварда шудааст.
17.07.2024Булолов Ризвон: Даъватнома
Савол: Оё Барои нимятимон балл изофа карда мешавад? 16.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Дар "Тартиби додани имтиёзҳо ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2018, № 42) барои чунин довталабон имтиёз пешбинӣ нашудааст. Маълумоти муфассал дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701
17.07.2024Умаров Ҳайдар : Дигар
Савол: Ассалому алейкум Ман баъди хатми мактаб 1 сол аз сабаби мушкилиҳои зиндаги ба Русия ба муҳоҷират рафтам имсол омадам мехоҳам дар ягон донишгоҳ дохил шавам Илоҷаш ҳаст, ки ман ҳоҷат супорам ба даври такрори?? 16.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо метавонед дар даврҳои сеюми бақайдгирии довталабон (дар доираи ҷойҳои холӣ, аз 02-юм то 15-уми сентябр) ва чоруми бақайдгирии довталабон (аз 29-уми октябр то 7-уми декабр), танҳо, барои шакли фосилавӣ ва ғоибонаи таҳсил (дар доираи ҷойҳои холӣ) худро номнавис намоед.
17.07.20243181240900088: Натиҷаи имтиҳон
Савол: Салом чавоби тестохоро мехосатм фахмам 16.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Аз сабаби он ки талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»-ро риоя нанамудед, аз гардонидани посух худдорӣ намудем.
17.07.2024Ибрагимова Наргиза: Даъватнома
Савол: Ассалому алайкум ҷавобҳоро кай дида метавонам барои он ки рақами телефони хато шудаги аст смс намебиёяд 16.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Ҷавобҳои дуруст дар сомонаи расмии марказ ва варақаи ҷавобҳо бошад, дар кабинети ҳар як довталаб гузошта шудааст. Эълони натиҷаи имтиҳон 20-уми июл (тавассути кабинетҳои инфиродӣ, хизматрасонии фиристодани паёмакҳо (SMS), дафтари асосии Марказ ва нуқтаҳои иттилоърасонӣ дар шаҳру ноҳияҳо) баргузор мегардад. Барои ислоҳи рақами телефон бошад, Шуморо лозим аст, ки ба унвони Марказ ариза нависед.
17.07.2024Шарифов Ардашер : Натиҷаи имтиҳон
Савол: Бубахшед чавоби имтихони даври якум кай маълум мешавад ё кай смс меояд 16.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Ҷавобҳои дуруст дар сомонаи расмии марказ гузошта шудааст. Варақаи ҷавобҳо бошад, дар кабинети ҳар як довталаб гузошта шудааст. Эълони натиҷаи имтиҳон 20-уми июл (тавассути кабинетҳои инфиродӣ, хизматрасонии фиристодани паёмакҳо (SMS), дафтари асосии Марказ ва нуқтаҳои иттилоърасонӣ дар шаҳру ноҳияҳо) баргузор мегардад.
17.07.2024Сулаймонзода Ш: Даъватнома
Савол: Ассалому алайкум,мехостам донам ки смс тақсимоти ММТ кай меояд 16.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо бояд донед, ки эълони натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи натиҷаҳои даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳо 25-уми июл (тавассути кабинетҳои инфиродӣ, паёмакҳо (SMS), дафтари асосии Марказ ва нуқтаҳои иттилоърасонӣ дар шаҳру ноҳияҳо) амалӣ мегардад.
17.07.2024Маҳмудов Алишер: Кабинети инфиродӣ
Савол: Салом алекм даври дуюми имтиҳонҳоро варақаи ҷавобҳояш кай мебарояд 15.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Варақаи ҷавобҳо пас аз нусхабардорӣ ва верификатсия, ҳатман дар кабинетҳои инфиродӣ гузошта мешавад.
16.07.2024Холов Манучеҳр : Натиҷаи имтиҳон
Савол: Чавобхо имтихон кай смс мебиёя 15.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест дар сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/javobhoi-durust-ba-savolu-masalahoi-test-2024.html?view=article&id=774 гузошта шудааст. Оид ба ин масъала ба Шумо СМС паёмак намеояд. Баъди коркард бошад, нусхаи сканершудаи варақаи ҷавобҳоятон дар кабинети инфиродиатон гузошта хоҳад шуд.
15.07.2024Саиднаби Нодиров: Натиҷаи имтиҳон
Савол: Салом алекум. Барои чи натичаи имтихонот нест дар кабинети инфироди ë ки варианти дуруст холо хам набаромадааст? 15.07.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест дар сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/javobhoi-durust-ba-savolu-masalahoi-test-2024.html?view=article&id=774 гузошта шудааст. Дар кабинети инфиродӣ бошад, нусхаи сканершудаи варақаи ҷавобҳо гузошта хоҳад шуд.
15.07.2024Rahimbekov Muhammad: Имтиёзҳо
Савол: Чаро дар! Телефони мобилии ман хизматрасони худро бисанч кор на мекунад? 15.07.2024
Довталаби муҳтарам! Маълумоти муфассалро дар бораи хизматрасонии “Худро бисанҷ” аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” ва гунаи электронии он, ки дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст, дастрас кардан мумкин аст. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ барои гирифтани кумаки мутахассисон ҷиҳати воридшавӣ ба хизматрасонии "Худро бисанҷ", лутфан, тавассути телефон бо рақамҳои (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 68 бо Марказ дар тамос шавед.
15.07.2024Расулов Сухроб : Подачи Заявки, Регистрации,
Савол: Салом алейкум Чаро бахши " Худро бисанч" дар фаъол нест? Аз хамин кормандои ММТ хохиш мекардам чихати онлайн ба кайд гирифтани довталабро ба рох монанд Аср асри 21 аст холо хам мо дафтару ручка гуфта гаштем. Камтар назар ба технология замонави андозед! Сипос 26.06.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Хизматрасонии "Худро бисанҷ" 25.06.2024 дар санҷиши техникӣ қарор дошт ва пас аз ба охир расидани ташхис фаъол карда шуд. Пешниҳодатон хуб аст, бо пайдо гаштани имконият (таъминоти доимии барқ, мавҷудияти интернет дар ҳамаи рустоҳо, мақсадноку дуруст истифода бурда тавонистани технологияҳои нав,.. ва ғайра). Марказ омода аст, ки бақайдгириро бо ин тарз амалӣ намояд, вале айни замон, дар ҷумҳурӣ амалӣ намудани бақайдгирӣ аз сабабҳои дар боло зикршуда ба таври "онлайн" ғайриимкон аст.
26.06.2024Исмоилова Саида: Маблағ
Савол: Мехостам пурсам :ман аз ш.Ваҳдат ҳастам ва барои ихтисосамро иваз кардан (дар даври дуюм) бояд ба ш.Душанбе оям,оё бо расиди бонкии макони зист метавон ин корро анчом дод? 25.06.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Бақайдгирии даври 2-юм барои иштирок дар ИМД-2024 то 30-юми июн дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва ноҳияҳои Данғараю Рашт баргузор мегардад. Суроғаи нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи Марказ гузошта шудааст. Рақами расид (квитансия) бояд аз яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, ё аз барномаи мобилии “Амонат мобайл” оид ба пардохти маблағи хизматрасонии дахлдор бошад. Маълумоти муфассалро аз сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/davrai-duyumi-ba-ajdgir-va-aznavba-ajdgirii-dovtalabon-baroi-ishtirok-dar-imd-2024.html гирифта метавонед.
26.06.2024Саидзода Зайнаб : Дигар
Савол: Ба имтихони ММТ бо чигуна либос бояд иштирок кард либоси озод ё мактаби? 25.06.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Марказ ба довталабоне, ки соли ҷорӣ муассисаҳои таълимиро хатм кардаанд, дар рӯзи имтиҳонҳо бо либоси тавсиявӣ ҳозир шуданро маслиҳат медиҳад. Онҳое, ки солҳои қаблӣ муассисаҳои таълимиро хатм карда бошанд, бо либосҳои тоза ва шинам. Ин матлаб дар "Ёддоштҳо", ки пас аз бақайдгирӣ ба ҳар як довталаб тақдим шуд, таъкид гаштааст.
26.06.2024Сабурзода амрия: Худро бисанҷ
Савол: Ман мехостам бифахмам ки чаро худро бисанч кор намекунам? 25.06.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Хизматрасонии "Худро бисанҷ" 25.06.2024 дар санҷиши техникӣ қарор дошт. Хизматрасонӣ пас аз ба охир расидани ташхис фаъол карда шуд.
26.06.2024мариншоева шабнам: Натиҷаи имтиҳон
Савол: Баъди имтиҳон супоридан натиҷааш баъди чанд рӯз меояд? 25.06.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Тибқи муқаррароти "Тақвими имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024" эълони натиҷаи имтиҳонҳои даврҳои якум (01.-08.07.2024) ва дуюм (12.07.2024) 20-уми июл (тавассути кабинетҳои инфиродӣ, хизматрасонии фиристодани паёмакҳо (SMS), дафтари асосии Марказ ва нуқтаҳои иттилоърасонӣ дар шаҳру ноҳияҳо) амалӣ мегардад.
26.06.2024Файзалиев Неьматулло : Имтиёзҳо
Савол: Салом нимятим ё ятими кул имтиёз дошта бошад? Маьлумот медодед. 25.06.2024
Довталаби муҳтарам! Дар "Тартиби додани имтиёзҳо ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2018, № 42) ба довталабоне, ки ятими кул ҳастанд, холи гузаришро аз ҳар як субтест (фан)-и имтиҳонӣ ба даст меоранд ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пешниҳод менамоянд ва он ҳуҷҷатҳоро мақомоти дахлдор тасдиқ намояд, ба балли умумиашон 150 бал имтиёз пешбинӣ шудааст. Барои дарёфти маълумоти муфассал ба дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва сомонаи расмии Марказ ба пайванди https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701 муроҷиат намоед.
26.06.2024Самадов Рамазонӣ: Даъватнома
Савол: Довталабе, ки синнаш ба 16 нарасидааст. Ва рақами мушаххаси андозсупоранда (ННН) надорад. Оё метвонад маблағро тавассути барномаи АМОНАТ ОЛАЙН супорад? 25.06.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Метавонад. Расид бо ному насаби довталаб бояд бошад ва ба ҷойи рақами ННН рақами телефони шахсии довталаб қайд карда шавад.
26.06.2024Ҳусайнов Муҳаммадҷон Салоҳуддинович: Даъватнома
Савол: Ассалому алейкум. Ман омӯзгор, саволи ман оиди ҳамчун корманди муваққатӣ дар гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавии ММТ дар моҳи июл дар шаҳри Хуҷанд иштирок кардан буд? 25.06.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Марказ ба хотири ҷалби кормандони муваққатӣ дар маразҳои имтиҳонӣ, ҳанӯз 15-уми апрели соли 2024 эълон дарҷ намуда буд (нигаред ба пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/ozmun-baroi-intikhobi-ro-hbar-va-ovari-rohbar.html дар сомонаи расмии Марказ). Барои хоҳишмандон семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуд. Пас аз санҷиш ва имтиҳон супоридан ва аз озмун гузаштан миқдори зарурии кормандони муваққатӣ ба кор ҷалб шуданд.
26.06.2024Исмоилова Саида: Даъватнома
Савол: Ман мехохам яке аз ихтисосхоямро дар даври дуюм иваз намоям оё даъватномаи ман иваз мешавад? 25.06.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Дар ҳолати азнавбақайдгирӣ (аз 10 то 30.06. 2024) даъватнома ва макони имтиҳонсупорӣ нав мешавад ва даъватномаи қаблӣ аз эътибор соқит мегардад.
25.06.2024Азиз мехроч: Имтиёзҳо
Савол: Салом . коифисент Н.Вахш дорад ва ба чанд баробар аст хангоми гирифтани бали максимали . 24.06.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Рӯйхати шаҳру ноҳияҳое, ки ба довталабони ин ноҳияҳо коэффитсиент пешбинӣ шудааст, пас аз мутобиқнамоӣ рӯзҳои наздик дар сомонаи расмии Марказ ҷой дода мешавад.
24.06.2024Самадов Рамазонӣ: Даъватнома
Савол: Мо иттилоъ дорем, ки ММТ то санаи 30.06.2024 ҳуҷҷатҳои довталабонро қабул мекунад. Рӯзи 27.06. 2024 ҷашни Ваҳдат аст. Барои ҳамин тақвими то рӯзи 30 юмро менавистед дар кадом рӯзҳо истироҳат аст. 24.06.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Нуқтаҳои бақайдгирӣ, танҳо 27.06.2024 истироҳат мекунанд. 28-30.06.2024 рӯзҳои корӣ эълон шудааст.
24.06.2024Назарзода Саидрахмон: Худро бисанҷ
Савол: Салом.Чаро дар телефони мобилии ман хизматрасонии худро бисанч кор намекунад. Бо вучуди оне ки ман хамаи шартхои заруриро ичро мекунам 24.06.2024
Довталаби муҳтарам! Маълумоти муфассалро дар бораи хизматрасонии “Худро бисанҷ” аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” ва гунаи электронии он, ки дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст, дастрас кардан мумкин аст. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ барои гирифтани кумаки мутахассисон ҷиҳати воридшавӣ ба хизматрасонии "Худро бисанҷ", лутфан, тавассути телефон бо рақамҳои (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 68 бо Марказ дар тамос шавед.
24.06.2024Нагзибекзода файзигул: Даъватнома
Савол: Салом ман аз кучо китобчахои забон ва биологияро аз кучо харида метавонам 22.06.2024
Довталаби муҳтарам! Маҷмуаҳои саволу масъалаҳои тест барои омодагӣ ба ИМД-2024 нашр ва барои тақсимот ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо фиристода шудааст, ки онҳо, дар навбати худ, ин маҷмуаҳоро ба муассисаҳои таълимии дахлдор ва китобхонаҳои шаҳриву ноҳиявӣ тақсимот кардаанд. Лозим ба зикр аст, ки ин маҷмуаҳо ва маводди дигари Марказ ба муассисаҳои таълимӣ ройгон тақсим карда шуд ва ҳеҷ яке аз онҳо ба фурӯш бароварда намешавад. Гунаи электронии маҷмуаҳои саволу масъалаҳои тест барои омодагӣ ба ИМД-2024 дар сомонаи Марказ ҷойгир карда шудааст. Ҳамчунин, метавонед аз хизматрасонии "Худро бисанҷ", ки дар сомонаи расмии Марказ фаъол аст, истифода баред. Хотиррасон мекунем, ки дар ИМД-2024 дар ҳар субтести имтиҳон то 40 %-и саволу масъалаҳои тест аз ҳамин маҷмуаҳо истифода мешавад.
24.06.2024Шарифзода юнусҷон: Даъватнома
Савол: Лутфан мегуфтед , Китобчаи электронии ММТ 2017 то 2022- ро аз кадом сайт дастрас карда метавонем? 22.06.2024
Довталаби муҳтарам! Нусхаи электронии китобчаҳои маҷмуаи саволу масъалаҳои тест аз ҳамаи фанҳо ҳар сол такмил ва тағйир меёбад. Аз ин сабаб, дар сомонаи Марказ айни замон, танҳо, маҷмуаҳои соли 2024 дастрас аст.
22.06.2024Зухуров Манучехр : Даъватнома
Савол: Ба со читавр дават нома ме ояд 21.06.2024
Довталаби муҳтарам! Даъватномаҳо ба довталабони дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 30-юми апрел) номнависшуда, аллакай ба суроғае, ки довталабон дар варақаи бақайдгирӣ ҳангоми бақайдгирӣ зикр мекунанд, фиристода шуд. Хотиррасон мекунем, ки нусхаи электронии даъватномаи довталаб дар кабинети инфиродиаш ҷойгир аст ва дар ин бора ба ӯ паёмаки телефонӣ (SMS) низ фиристода шудааст. Шумо метавонед даъватномаи худро аз кабинети инфиродиатон чоп кунед. Маълумоти муфассалро аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва сомонаи расмии Марказ (https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=690) пайдо карда метавонед.
22.06.2024Муминзода Мирзошариф: Маблағ
Савол: Салом. Ман дар даври якуми бақайдгири иштирок карда будам. Мехоҳам дар даври дуюм ихтисосҳои интихобкардаи худро иваз кунам. Чи қадар маблағ(сомонӣ) лозим мешавад? 20.06.2024
Довталаби муҳтарам! Лутфан, ба сомонаи расмии Марказ ба пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/davrai-duyumi-ba-ajdgir-va-aznavba-ajdgirii-dovtalabon-baroi-ishtirok-dar-imd-2024.html муроҷиат намоед.
21.06.2024Бобочони шайдулло: Ихтисосҳо
Савол: Салом лутфан гуед ки барои синфхои 9ум кадом изтисосхо дар колечки тибби ройгонанд ва хангоми да тарзи шартномави дохил шудан стипендия дода мешавад 18.06.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Бо рӯйхати ихтисосҳои мазкур аз замимаи дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва пайванди сомонаи расмии Марказ https://stat.ntc.tj/Y23/RPlan?ClusterID=5&Code=508 шинос шуда метавонед. Бо саволи дуюм ба муассисаҳои таълимии дахлдор муроҷиат намоед.
19.06.2024Комилов Асадулло: Кабинети инфиродӣ
Савол: Ассалом алейкум ман натавонистосамки ба кабинети инфироди ворид нардам. Ба ман Рақами назоратӣ ва ё рамз хато гуфта истодааст. 18.06.2024
Довталаби муҳтарам! Ба хотири саҳв накардан пеш аз ворид гаштан ба кабинети инфиродиатон боз як маротиба аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" мавзӯи "Кабинети инфиродӣ" (саҳ. 32-41) ва ё ҳамин мавзуъро дар сомонаи Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 бодиққат мутолиа намоед. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 68 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед. Саросема нагардед, ин ҷо "переадресация" нест. Дар Марказ бо мутахассисон, танҳо ба воситаи мутасаддиён пайваст шудан мумкин.
19.06.2024Шакармамадова Шабнам : Даъватнома
Савол: Ассалом. Лутфан нависед, агар ман дар давраи азнавбакайдгири иштирок Кунам, ва дар сессияи дуюм имтиҳон супоридаги мешаму, ин ба таксимоти асосӣ таъсир мерасонад? Ё ба руйхати онхое, ки баъди таксими асосй ба назар гирифта мешаванд, дохил мешавам? 18.06.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Эълони натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи натиҷаҳои даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳо дар як вақт (25.07.2024) тавассути кабинетҳои инфиродӣ, паёмакҳо (SMS), дафтари асосии Марказ ва нуқтаҳои иттилоърасонӣ дар шаҳру ноҳияҳо (рӯйхат дар сомонаи Марказ ҷойгир карда мешавад) эълон карда мешавад.
19.06.2024Кутбиддинов Дилшод: Натиҷаи имтиҳон
Савол: Асалому алейкум,,,Ман дар маркази миллии тести даври дуюм имтихон супоридам,,,чанд Руз пас маълум мешавад оё Ман аз имтихон гузаштам ё не??? Умедворам Ки саволи Маро дуруст фахмидед,ташаккури зиёл✋✋✋!!! 18.06.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Натиҷаи имтиҳонҳои даври якум ва дуюм дар як вақт (20.07.2024) тавассути кабинетҳои инфиродӣ, паёмакҳо (SMS), дафтари асосии Марказ ва нуқтаҳои иттилоърасонӣ дар шаҳру ноҳияҳо (рӯйхат дар сомонаи Марказ ҷойгир карда мешавад) эълон карда мешавад.
19.06.2024Комилова Гулрухсор: Кабинети инфиродӣ
Савол: Ассалом алейкум кабинети инфироди даромада намешавад (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 68-номерхо тамос гиритфа натонистам барои онки переадресация занг зада намешавад? 18.06.2024
Довталаби муҳтарам! Ба хотири саҳв накардан пеш аз ворид гаштан ба кабинети инфиродиатон боз як маротиба аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" мавзӯи "Кабинети инфиродӣ" (саҳ. 32-41) ва ё ҳамин мавзуъро дар сомонаи Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 бодиққат мутолиа намоед. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 68 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед. Саросема нагардед, ин ҷо "переадресация" нест. Дар Марказ бо мутахассисон, танҳо ба воситаи мутасаддиён пайваст шудан мумкин.
19.06.2024Кенчабоева Азиза: Дигар
Савол: Здравствуйте Не могли бы вы сообщить, когда будут опубликованы результаты испытаний? Также хотелось бы узнать, до какого числа можно подавать документы. И последний вопрос: если я поступлю, может ли кто-то еще подать документы в университет от моего имени, если я не буду в это время Заранее благодарю за информацию 18.06.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Шумо метавонед дар нуқтаи наздиктарин ба ҷойи истиқомататон то 30.06.2024 аз қайд гузаред. Эълони натиҷаи имтиҳонҳо 20.07.2024. Дар ҳолати тақсимот гаштан, ҳар як довталаб, шахсан бояд ҳуҷҷатҳояшро ба муассисаи тақсимотгаштааш супорад.
19.06.2024Сайфуллоев Аличон: Даъватнома
Савол: Салом! МАН 2 сол пеш мактаби миёнаро хатм кардам чи тавр МАН метавон ба донишгох дохил шавам ва чи хел хучатхо лозим АСТ. Ташаккури зиёд. 18.06.2024
Довталаби муҳтарам! Лутфан, ба сомонаи расмии Марказ ба пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/davrai-duyumi-ba-ajdgir-va-aznavba-ajdgirii-dovtalabon-baroi-ishtirok-dar-imd-2024.html муроҷиат намоед.
19.06.2024Саидов Шухратчон Дилшодович : Даъватнома
Савол: Салом. Оё дуруст аст, Ки имсол барои довталабон барои Халли масьалахо калькулятор дода мешавад? 18.06.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Ба довталабон, танҳо, бо худ овардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, даъватнома, агар зарурат бошад, дору ва дар зарфҳои шаффоф об иҷозат дода мешавад.
19.06.2024ғаюрзода чилахон: Имтиёзҳо
Савол: салом дар кластери 2юм аз кадом фанҳо имтиҳон месупорем ва аз ҳар як фан чан суоли меояд :агар мегуфтед бозҳам хуб мешуд 17.06.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Дар ин хусус Шумо аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=691 маълумот гирифта метавонед.
18.06.2024Муминова Саёра: Дигар
Савол: Ассалом. Ман дар давраи бақайдгирии аввал сабти ном шудам. Аммо ҳоло мехоҳам афзалияти донишгоҳҳоро тағир диҳам. Ҳоло барои тағир додани интихоби худ чӣ қадар бояд пардохт кунам? Лутфан ҷавоб диҳед, оё вақти супоридани имтиҳони ман тағир меёбад ва ин ба ҷойгиркунии асосӣ дар донишгоҳҳо таъсир мерасонад? Ё ба руйхати онхое, ки баъди таксими асосй ба назар гирифта мешаванд, дохил мешавам? 16.06.2024
Довталаби муҳтарам! Дар хусуси тартиби сабти ном, ҳаҷми маблағи хизматрасонӣ ва муҳлати супоридани имтиҳон Шумо аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/davrai-duyumi-ba-ajdgir-va-aznavba-ajdgirii-dovtalabon-baroi-ishtirok-dar-imd-2024.html, ки дар сомонаи расмии Марказ гузошта шудааст, маълумоти муфассал гирифта метавонед. Телефонҳо барои тамос: 224 53 66; 224 53 67 ва 224 53 68.
18.06.2024Ходиева Беназир: Даъватнома
Савол: Дар даватнома номери мобилии Маро хато нависонда шудааст 15.06.2024
Довталаби муҳтарам! Шуморо лозим аст, ки ҳарчӣ зудтар ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанбе ва ё бахшҳои минтақавии он воқеъ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва ноҳияҳои Данғараю Рашт, ки ба макони зистатон наздик аст, муроҷиат намоед. Телефонҳо барои тамос: 224 53 66; 224 53 67 ва 224 53 68.
18.06.2024Хасанзода Мехробиддин : Даъватнома
Савол: Оё ман метавонам макони имтихонсупориро алиш кунам 15.06.2024
Довталаби муҳтарам! Шуморо лозим мешавад, ки ҳарчӣ зудтар ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанбе ва ё бахшҳои минтақавии он воқеъ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва ноҳияҳои Данғараю Рашт, ки ба макони зистатон наздик аст, муроҷиат намоед. Телефонҳо барои тамос: 224 53 66; 224 53 67 ва 224 53 68.
18.06.2024Гуламадшоева Лола : Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Кадом ҳуҷҷатҳо ва чи кадар маблағ барои супоридан лозим ҳастанд? 14.06.2024
Довталаби муҳтарам! Лутфан, ба сомонаи расмии Марказ ба пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/davrai-duyumi-ba-ajdgir-va-aznavba-ajdgirii-dovtalabon-baroi-ishtirok-dar-imd-2024.html муроҷиат намоед.
18.06.2024Муродов Фирдавс : Дигар
Савол: Здравствуйте хотел спросить сколько баллов можно получить за 1 правильный ответ и какой максимальный бал можно получить? во время экзаменов 13.06.2024
Довталаби муҳтарам! Барои дастрас намудани ҷавоби мукаммал ба сомонаи расмии Марказ ба пайвандҳои https://ntc.tj/ru/spravochnik-abiturienta.html?view=article&id=718 ва https://ntc.tj/ru/spravochnik-abiturienta.html?view=article&id=721 муроҷиат намоед.
18.06.2024Мутриба Рачабова: Имтиёзҳо
Савол: Салом. Ман барои 50% маблаги барои бакайдгири супоридагиямро баргардондам мехостам ба он хотир ки имтиёз доштаам. Ариза навиштам 17.04.24 лекин то хол барнагардонданд. Сабабашро фахмидан мехохам 12.06.2024
Довталаби муҳтарам! Бароятон иттилоъ медиҳем, ки ба рақами телефони дар аризаатон қайдшуда, 11 ба 12-уми июни соли 2024 рамз .....300 барои гирифтани маблағ ирсол гаштааст. Агар то имрӯз маблағатонро нагирифта бошед, бо рақамҳои (+99237) 224 53 67, 224 53 68 дар тамос шавед.
18.06.2024Рустамова Фараҳноз: Дигар
Савол: Дар саҳифаи худро бисанҷ холҳо аз рӯйи 100хол ё ин ки 25хол муайян карда мешаванд? 11.06.2024
Довталаби муҳтарам! Дар хизматрасонии "Худро бисанҷ" низ чун дар низоми ИМД холҳои бадастовардаи довталабон аз ҳар субтест тавассути миқёсгузорӣ (шкалабандӣ) ба балҳо баргардонида мешавад. Шкалабандии холҳо барои ҳар субтести алоҳида дар доираи ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо ва қисмҳо ба роҳ монда мешавад. Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо дар сомонаи Марказ ба нашр мерасад. Мувофиқи тартиб барои ҳар субтест шумораи ҳадди аксари балҳо муайян шудааст. Барои миқёсгузории холҳои ҳар субтест миқёс (шкала, ҷадвал)-ҳои мувофиқ истифода мешаванд. Маълумоти муфассал дар сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=698
18.06.2024Ахмадова Наргисахон: Кабинети инфиродӣ
Савол: Ассалом, ман ба кабинети инфиродӣ даромада натавонистосиям, хама чизашро пур кардосиям, лекин дар охир ошибка гуфтос, уже 4-5 руз хаминхел. Ташаккур барои ответ! 10.06.2024
Довталаби муҳтарам! Ба хотири саҳв накардан пеш аз ворид гаштан ба кабинети инфиродиатон боз як маротиба аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" мавзӯи "Кабинети инфиродӣ" (саҳ. 32-41) ва ё ҳамин мавзуъро дар сомонаи Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 бодиққат мутолиа намоед. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 68 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
18.06.2024Boynazarov Javohir: Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Баъди 10-уми июн дар ш Хуҷанд ба кадом мактаб муроҷиат кунем? барои ҷойивазкунии ихтисосҳо 09.06.2024
Довталаби муҳтарам! Шумо ба нуқтаи бақайдгирӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ба номи Зайниддин Осимов, маҳаллаи Бофанда (Шелкокомбинат) ташкил шудааст, муроҷиат намоед.
18.06.2024Бобоева Ҷайрона Қодировна: Имтиёзҳо
Савол: Ман дар оилаи қабулшуда (яъне маро аз сагирахона гирифтаанд) ба воя расидаам. Барои ин ҳуҷҷати тасдиқкунанда дорам. Падари маро ба воя расонида маъюби вазнин аст (ба ин ҳам ҳуҷҷати тасдиқкунанда дорам). Ҳоло барои дохил шудан ба донишгоҳи тиббӣ ҳуҷҷат супоридаам. Оё ҳангоми интиҳон ягон имтиёз мешавад. Баъдан бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи фарзандхониам ва маъюбии падаро ба куҷо бояд муроҷиат кунам. 08.06.2024
Довталаби муҳтарам! Дар "Тартиби додани имтиёзҳо ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2018, № 42) танҳо, ба худи довталабоне, ки маъюби гурӯҳҳои 1-уму 2-юм ва “кӯдаки маъюб” ҳастанд ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пешниҳод менамоянд ва он ҳуҷҷатҳоро мақомоти дахлдор тасдиқ менамояд ва дар ҳолати ба даст овардани холи гузариш аз ҳар як субтест (фан)-и имтиҳонӣ 150 бал имтиёз пешбинӣ шудааст. Барои дарёфти маълумоти муфассал ба дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва сомонаи расмии Марказ ба пайванди https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701 муроҷиат намоед.
18.06.2024Умари Абубакри : Кабинети инфиродӣ
Савол: Хангоми хото шудани фамилия довталаб чи кор кардан лозим аст 07.06.2024
Довталаби муҳтарам! Барои ислоҳ намудани ному насаб таъҷилан ба идораи асосии Марказ дар шаҳри Душанбе ва ё ба яке аз бахшҳои минтақавии Марказ (воқеъ дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар, Рашт, Панҷакент ва ё Данғара) муроҷиат намоед, ё тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 68 бо Марказ дар тамос шавед. Лутфан, минбаъд қабл аз суол додан ё муроҷиати хаттӣ намудан ҷумлаҳоятонро боз як бор хонед.
07.06.2024Эхсонзода Саида : Кабинети инфиродӣ
Савол: Здравствуйте почему я не могу зайти на свой личный кабинет 06.06.2024
Довталаби муҳтарам! Ба хотири саҳв накардан пеш аз ворид гаштан ба кабинети инфиродиатон боз як маротиба аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" мавзӯи "Кабинети инфиродӣ" (саҳ. 32-41) ва ё ҳамин мавзуъро дар сомонаи Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 бодиққат мутолиа намоед. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 68 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
07.06.2024Ташрипова Тахмина: Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Салом.даври дуюми маркази тести аз кай сар мешавад ва кай ба анчом меояд . 06.06.2024
Довталаби муҳтарам! Бақайдгирии даври 2-юм барои иштирок дар ИМД-2024 аз 10-ум то 30-юми июн дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва ноҳияҳои Данғараю Рашт баргузор мегардад. Эълони бақайдгирии даври дуюм ва суроғаи нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи Марказ гузошта мешавад.
07.06.2024Зайниддинова Гуландом : Дигар
Савол: Салом Ман синфи 11хатм кардам донишчу мешавам ихтисосхоямро ва Донищгохи академия назди Президент интихоб кардам ва волидайнхоям мегуян Ки як донищгохи дигар перевод мекунем оё перевод карда мешад ба дигар донишгох Ман донищгохамро вибр кардам уже 🤔 06.06.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Аз 10-ум то 30-юми июн пас аз пардохти пурраи маблағи хизматрасонӣ дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва ноҳияҳои Данғараю Рашт метавонед, ки аз сари нав худро номнавис намоед ва муассисаи таълимии дигарро интихоб намоед. Ҳолати дигар, яъне гузариш аз як муассисаи таълимӣ ба дигар муассисаи таълимӣ дар салоҳияти худи муассисаҳост ва пас аз тақсимот имконпазир аст.
07.06.2024Турсунова лайло: Кабинети инфиродӣ
Савол: Ассалому алейкум ҳангоми кушодани кабинети инфиродиам ба ман рақами назоратиам хато мегӯяд ва ҳангоми пахши тугмаи рамзро фаромӯш кардамро ҳам ҳамтен мегӯяд илтимос дархостамро тезтар қабул кунед 05.06.2024
Довталаби муҳтарам! Ба хотири саҳв накардан пеш аз ворид гаштан ба кабинети инфиродиатон боз як маротиба аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" мавзӯи "Кабинети инфиродӣ" (саҳ. 32-41) ва ё ҳамин мавзуъро дар сомонаи Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 бодиққат мутолиа намоед. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 68 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
06.06.2024Фирдавси Асхобудинов: Даъватнома
Савол: савол хамин ки ман аз квота гузаштам метавонам маблагамро гирам аз бонк ё не 05.06.2024
Довталаби муҳтарам! Тибқи тартиби муқарраргардида маблағи барои хизматрасонӣ дар ИМД пардохтшуда ба шахсони зерин дар чунин ҳолатҳо баргардонида мешавад: аз ҷумла, ба довталабе, ки бинобар ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд ва дар ИМД иштирок намекунад. Маълумоти муфассал дар сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/mabla-i-baroi-khizmatrason-dar-imd-pardokhtshuda-ba-k-va-dar-kadom-olat-o-bargardonida-meshavad-2024.html.
06.06.2024Фирдавси Асхобудинов: Дигар
Савол: савол хамин ки аз квота нагузарад метавонад иштирок кунад 05.06.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Довталабоне, ки ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда натавонистанд, метавонанд, ки тибқи маълумоти даъватнома дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ иштирок намоянд.
06.06.2024Имомов Зафар : Даъватнома
Савол: Бақайдгирии иловагии довталабон то кай давом мекунад. Дар шаҳри Кӯлоб барои бақайдгирӣ ба кадом суроға муроҷиат кунем. 04.06.2024
Довталаби муҳтарам! Барои шахсоне, ки дар даври асосии бақайдгирӣ (даври 1-ум (асосӣ) – аз 1-уми март то 30-юми апрел) барои иштирок дар ИМД-2024 худро сабти ном карда натавонистаанд, аз 10-ум то 30-юми июн дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва ноҳияҳои Данғараю Рашт метавонанд, ки худро номнавис намоянд. Эълони бақайдгирии даври дуюм ва суроғаи нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи Марказ гузошта мешавад.
05.06.2024Шарифов Хусейн: Дигар
Савол: Да квота вакте гузшти мешвад дар маркази мили супори 04.06.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Довталабоне, ки ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд, бо дархости Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз системаи иттилоотии Марказ хориҷ карда мешаванд ва ҳуқуқи дар ИМД иштирок карданро надоранд, ҳарчанд, даъватнома гирифта бошанд.
05.06.2024Собир Одиназода : Дигар
Савол: Салом аз руйи имтиҳонҳое ки дар мактабҳо санҷидед бали гузариш дар кластери 5 барои донишгоҳои тибби нисбат ба соли гузашта чи гуна мешавад баланд мешавад ё паст. лутфан тақрибан ҷавоб медодед. 02.06.2024
Довталаби муҳтарам! Бали гузариш дар ин ё он ихтисос пешакӣ муайян нест ва он ҳеҷ гоҳ пешакӣ муқаррар карда намешавад ва он дар ҳар як ихтисос вобаста аз шаклу намуди таҳсил танҳо пас аз озмуни тақсимоти довталабон маълум мешавад. Бо балҳои гузариши ихтисосҳо тибқи натиҷаҳои озмуни соли 2023 Шумо аз саҳифаи "Маълумоти оморӣ"-и сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/imd/malumoti-omor.html шинос шуда метавонед. Албатта, соли 2024 балли гузариш тағйир меёфтагист.
03.06.2024Нигмонов Умедҷон : Дигар
Савол: Салом. Дар сомона имконияти пайдо кардани танҳо 3 варианти аввали китобчаҳои имтиҳони соли гузаштаро пайдо кардан мумкин аст. Аз куҷо метавонем ҳамаи 15 вариантеро, ки довталабон супориданд пайдо кунем? 02.06.2024
Довталаби муҳтарам! Дар сомонаи Марказ китобчаҳои тести 3 вариант, танҳо, баро шинос гаштан бо китобчаҳои тестӣ дар марҳалаи супоридани имтиҳонҳо оварда шудааст. Агар Шумо аҳамият дода бошед, суолҳои мазкур аз маҷмуаи саволу масъалаҳои тест, ки ба ҳамаи мактабҳо тақсимот гардид, гирифта шудааст. Шумо тайёриатонро аз рӯйи ҳамин маҷмуаҳо идома диҳед. Хотиррасон менамоем, ки то 40 дарсад аз ин суолҳо дар имтиҳонҳои соли 2024 такроран истифода мешавад.
03.06.2024Носиров Алишер: Даъватнома
Савол: Чи тавр кабинети инфироди кушоем 03.06.2024
Довталаби муҳтарам! Ба хотири саҳв накардан пеш аз ворид гаштан ба кабинети инфиродиатон боз як маротиба аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" мавзуи "Кабинети инфиродӣ" (саҳ. 32-41) ва ё ҳамин мавзуъро дар сомонаи Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 бодиққат мутолиа намоед. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 68 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
03.06.2024Boynazarov Javohir: Ихтисосҳо
Савол: Ассалому алайкум ман дар Донишгоҳи Инноватсионии Душанбе ҳуҷҷат супориданӣ ҳастам барои ба стипендия супоридан ва дар ММТ дар ихтисоси математика ин донишгоҳ танҳо қисми пулакӣ дорад. Агар ман ба ин донишгоҳ аз рӯи ММТ гузараму лекин стипендия гирифта натавонам ба дигар донишгоҳе ки аз рӯи рӯйхати ММТ дохил шуда метавонамми? 31.05.2024
Довталаби муҳтарам! Тибқи муқаррароти Тартиби қабул... довталаб баъди тақсимот ҳуқуқи иваз кардани бартарии (тартиби) интихобҳояш, яъне тағйир додани ҷойи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашро надорад. Дар давоми таҳсил аз як шакл ба шакли дигар ва аз як намуд ба намуди дигар гузаронидани донишҷӯён дар ваколати ректори муассисаи таълимӣ мебошад. Шумо метавонед, ки бевосита ба ректори муассиса муроҷиат намоед.
03.06.2024РУСТАМОВ ИСМОИЛ: Ҳуҷҷатсупорӣ, Бақайдгирӣ
Савол: Оё маротибаи 3юм хучатсупори мешавад... Барои посух пз аввал ташаккур... 27.05.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Марказ барои онҳое, ки ҳангоми давраи якуми бақайдгирӣ аз қайд гузашта натавонистаанд, давраҳои дуюм (аз 10-ум то 30-юми июн), сеюм (аз 02-юм то 15-уми сентябр) ва ё чоруми (аз 29-уми октябр то 07-уми декабр) бақайдгириро ба роҳ мемонад. Дар давраи сеюми бақайдгирӣ барои интихоби довталабон танҳо ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз ҳамаи озмунҳои тақсимоти довталабони дар даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳо иштироккарда холӣ мондаанд, пешниҳод карда мешавад. Дар давраи чоруми бақайдгирӣ танҳо ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз ҳамаи озмунҳои баргузоршуда аз рӯйи шаклҳои фосилавӣ ва ғоибонаи таҳсил холӣ мондаанд, барои интихоби довталабон пешниҳод карда мешавад.
27.05.2024Мусофиров Хомидшох: Даъватнома
Савол: Салом алекм ман чихел дохил шавам 25.05.2024
Талаботи моддаи №21 риоя нагаштааст.
27.05.2024Довталаб: Имтиёзҳо
Савол: Ман дар оилаи қабулшуда (яъне маро аз сагирахона гирифтаанд) ба воя расидаам. Барои ин ҳуҷҷати тасдиқкунанда дорам. Падари маро ба воя расонида маъюби вазнин аст (ба ин ҳам ҳуҷҷати тасдиқкунанда дорам). Ҳоло барои дохил шудан ба донишгоҳи тиббӣ ҳуҷҷат супоридаам. Оё ҳангоми интиҳон ягон имтиёз мешавад. Баъдан бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи фарзандхониам ва маъюбии падаро ба куҷо бояд муроҷиат кунам. 24.05.2024
Талаботи моддаи №21 риоя нагаштааст.
27.05.2024Темирова Субхия : Калидҳо
Савол: Салом .Ман калидхое ки аз нав санчида шудаанд(перезагрузка)шудаанд аз кучо ёфта метавонам 25.05.2024
Довталаби муҳтарам! Шакли такмилёфта ва ниҳоии ҷавобҳои дуруст (калиҳо) дар пайванди https://www.ntc.tj/images/Downloads/keys_2024/A3-3_TjLiterature_tj_key.pdf дар сомонаи расмии Марказ гузошта шудааст.
27.05.2024Анзур Анзур:
Савол: Здравствуйте, я Анзур! Я выпускница одно из российских школ. Хотела узнать могу сдать тестирование удалённо? 21.05.2024
Довталаби муҳтарам! Аз рӯйи тартиб супоридани имтиҳонҳо дар шакли онлайн айни замон пешбинӣ нагардидааст. Маълумоти муфассалро дар ин бора Шумо аз шакли чопӣ ва электронии информационно-методическое пособие "Справочник абитуриента - 2024" (https://ntc.tj/ru/spravochnik-abiturienta.html), ки дар сомонаи расмии Марказ (www.ntc.tj) ҷой дода шудааст, гирифта метавонед.
21.05.2024Алиев Абдухалил: Ҳуҷҷатсупорӣ
Савол: Шахсоне ,ки то ҳол дар ягон нуқтаи бақайдгири худро барои иштирок дар ИМД ба қайд нагирифтаанд айни замон метавонан худро ба қайд гиранд? Агар ҳа дар куҷо? 21.05.2024
Бале, метавонед, довталаби муҳтарам! Барои шахсоне, ки дар даври асосии бақайдгирӣ (даври 1-ум (асосӣ) – аз 1-уми март то 30-юми апрел) барои иштирок дар ИМД-2024 худро сабти ном карда натавонистаанд, аз 10-ум то 30-юми июн дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва ноҳияҳои Данғараю Рашт метавонанд, ки худро номнавис намоянд.
21.05.2024Алиев Абдухалил: Хизматрасонии "Худро бисанҷ"
Савол: Ман бо рақамҳои телефонам хизматрасонии "худро бисанҷ"-ро пайваст карда будам , аммо тули чандрӯз мешавад ки ҳангоми воридшавӣ ба ман "рақами телефон хато ворид карда шудааст" ирсол мешавад , ва ба хизматрасони ворид намешавад. 21.05.2024
Довталаби муҳтарам! Маълумоти муфассалро дар бораи хизматрасонии “Худро бисанҷ” аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” ва гунаи электронии он, ки дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст, дастрас кардан мумкин аст. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ барои гирифтани кумаки мутахассисон ҷиҳати воридшавӣ ба хизматрасонии "Худро бисанҷ", лутфан, тавассути телефон бо рақамҳои (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 68 бо Марказ дар тамос шавед.
21.05.2024Назаров Н: Аз нав ба қайдгирӣ
Савол: Салом. Мо имкон дорем, ки баъди дахват номаро гирифтан ихтисосҳоро бори дигар аз нав интихоб кунем. Ва агар шавад ба куҷо бояд муроҷиат намоем??? Сипоси беандоза 21.05.2024
Бале, метавонед, довталаби муҳтарам! Аз 10-ум то 30-юми июн пас аз пардохти пурраи маблағи хизматрасонӣ дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва ноҳияҳои Данғараю Рашт метавонед, ки худро номнавис намоед.
21.05.2024Бойназаров Ҷавоҳир: Оид ба бақайдгирӣ
Савол: Дар давраи якуми бақайдгирӣ иштирок кардам, ва хозир мехоҳам рӯйхати ихтисосҳоро иваз кунам давраи дуюм кай сар мешавад ва онро онлайн карда метавонам? 21.05.2024
Довталаби муҳтарам! Аз 10-ум то 30-юми июн пас аз пардохти пурраи маблағи хизматрасонӣ дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва ноҳияҳои Данғараю Рашт метавонед, ки худро номнавис намоед. Бақайдгирӣ ба таври онлайн имкон надорад.
21.05.2024Насируллоев Ҷонибек : Касб архитектор
Савол: Асалому алайкум барои одамони ки касби архитекторро интихоб карданд баллхо аз фанни химия ва физика куш мешад е на 15.05.2024
Довталаби муҳтарам! Шумо метавонед, ки маълумотро дар бораи имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” ва гунаи электронии он, ки дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст, аз пайванди https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=691 гиред.
14.05.2024Сафаров Умар : Ивази уласер
Савол: Ман кластери худро чорум интихоб кардам оё ягон имконияти иваз карданаш хаст? Агар не хамрохи касоне ки 10то30 июн месупоранд Чи? 15.05.2024
Бале, ҳаст, довталаби муҳтарам! Дар давраи дуюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2024, ки аз 10-ум то 30-юми июн дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва ноҳияҳои Данғараю Рашт баргузор мегардад, Шумо метавонед, ки аз сари нав аз қайд гузаред. Маълумоти муфассал, ҳамчунин, дар боби 1-уми варақаи "Ёддошт барои довталаб", ки ҳангоми бақайдгирӣ бароятон дода буданд, зикр шудааст.
14.05.2024Насируллоев Ҷонибек : Холгузори
Савол: Асалому алайкум дар 1ум кластер 1 хол чанд бал мешавад ай хама фанхо 15.05.2024
Довталаби муҳтарам! Дар низоми ИМД холҳои бадастовардаи довталабон аз ҳар субтест тавассути миқёсгузорӣ (шкалабандӣ) ба балҳо баргардонида мешавад. Шкалабандии холҳо барои ҳар субтести алоҳида дар доираи ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо ва қисмҳо ба роҳ монда мешавад. Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо дар сомонаи Марказ ба нашр мерасад. Мувофиқи тартиб барои ҳар субтест шумораи ҳадди аксари балҳо муайян шудааст. Барои миқёсгузории холҳои ҳар субтест миқёс (шкала, ҷадвал)-ҳои мувофиқ истифода мешаванд. Маълумоти муфассал дар сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=698.
14.05.2024Вализода Рустам: Имтиёз
Савол: Барои дохил шудан донишгоҳ ба кластери 5 ба факултаи кори табобати ба маюбои гуруҳи 2 чанд бал илова мешавад лутфан чавоби дақиқ медоден!!!! 13.05.2024
Довталаби муҳтарам! Дар "Тартиби додани имтиёзҳо ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2018, № 42) барои маъюбони гурӯҳҳои 1-уму 2-юм ва “кӯдакони маъюб” дар ҳолати пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, тасдиқ намудани мақомоти дахлдор ва ба даст овардани холи гузариш аз ҳар як субтест (фан)-и имтиҳонӣ 150 бал имтиёз пешбинӣ шудааст. Барои дарёфти маълумоти муфассал ба дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва сомонаи расмии Марказ ба пайванди https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701 муроҷиат намоед.
13.05.2024Сокиев Исроил: Даври дуюм
Савол: ман дар даври якум дар вакташ натавонистам хучатоямро супорам Оё ман метавонам дар даври дуюм хучатоямро супорам 13.05.2024
Бале, метавонед, довталаби муҳтарам! Барои шахсоне, ки дар давраи бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ – аз 1-уми март то 30-юми апрел) барои иштирок дар ИМД-2024 худро сабти ном карда натавонистаанд, марҳалаи иловагии бақайдгирӣ гузаронида мешавад. Марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2024 аз 10-ум июн то 30-юми июн дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва ноҳияҳои Данғараю Рашт баргузор мешавад.
13.05.2024Буриев усмон: Имтиёз
Савол: Ба маюбони гуруҳи 2 чанд бал илова мекунанд лутфан ҷавоб медоден 13.05.2024
Довталаби муҳтарам! Дар "Тартиби додани имтиёзҳо ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2018, № 42) барои маъюбони гурӯҳҳои 1-уму 2-юм ва “кӯдакони маъюб” дар ҳолати пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, тасдиқ намудани мақомоти дахлдор ва ба даст овардани холи гузариш аз ҳар як субтест (фан)-и имтиҳонӣ 150 бал имтиёз пешбинӣ шудааст. Барои дарёфти маълумоти муфассал ба дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва сомонаи расмии Марказ ба пайванди https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701 муроҷиат намоед.
13.05.2024Афзалшоева мадина: Хукук
Савол: Ман мехохам кабинети инфоридиямро кушоям лекин наметавонам чаро? 13.05.2024
Довталаби муҳтарам! Ба хотири саҳв накардан пеш аз ворид гаштан ба кабинети инфиродиатон боз як маротиба аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" мавзӯи "Кабинети инфиродӣ" (саҳ. 32-41) ва ё ҳамин мавзӯъро дар сомонаи Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 бодиққат мутолиа намоед. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 68 бо мутахассисони Марказ дар тамос шавед.
13.05.2024Рустамова Фараҳноз: Кори нодурусти саҳифа
Савол: Ассалому алейкум! Мехоҳам як нодурустие, ки дар саҳифа ҳаст, бинависам. Вақте, ки ман ба саҳифаи худ, яъне кабинети инфиродии худ медароям даромада мешавад, аммо вақте ки ба саҳифаи худро бисанҷ даромадан хоҳам, шумо код ё пароли худро нодуруст гирифтед менависад саҳифа. Бо дигар роҳҳо даромада низ натавонистам. Хоҳиш менамоям ки бар саҳифаи "Худро бисанҷ" назорат кунед ва хатогии онро ислоҳ намоед. 13.05.2024
Довталаби муҳтарам! Айни замон хизматрасонии “Худро бисанҷ” барои корбарон вобаста ба ҳамаи гурӯҳи ихтисосҳо дар реҷаи танҳо бархат (онлайн) дастрас аст. Барои фаҳмонидани тарзи истифода аз хизматрасонии “Худро бисанҷ” дар сомонаи Марказ ролики видеоӣ (https://ntc.tj/images/slide/Darkhosti_ ramz.mp4) ҷой дода шудааст. Лутфан ролики мазкурро бубинед. Инчунин, маълумоти муфассалро дар бораи хизматрасонии “Худро бисанҷ” аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” ва гунаи электронии он, ки дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст, дастрас кардан мумкин аст. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ барои гирифтани кумаки мутахассисон ҷиҳати воридшавӣ ба хизматрасонии "Худро бисанҷ", лутфан, тавассути телефон бо рақамҳои (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 68 бо Марказ дар тамос шавед.
13.05.2024Сафаров Зафар Сафархонович: Миннатдори ба ММТ
Савол: Салом кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Чумхурии Точикистон ман аз хамкори бо Шумо шодам. Миннатдории худро баён намуда, дар фаъолияти минбаъдаатон барору комёбихо таманно дорам. Ман хамчун таблиггари сатхи чумхури дар нохияи Вахш дар санаи 4-уми майи соли 2024 дар бораи пардохти музди маоши таблиггарон навишта будам. Дар ин чода дар бораи пардохти музди маошам ки ман хамчун корманди муваккати ба муддати ду мох хамкори бо ММТ дар соли 2024 доштам. Дар пардохти музди мехнатиам аз руи шартнома каме нофахми шуда буд дар муддати кутохтарин аз тарафи масъулини ММТ халли худро ёфт. Аз хамкори бо чунин ниход шодем ва дар оянда хохони онем ки бо Шумо хамкори намоем. 13.05.2024
Ташаккур, муҳтарам, Зафар Сафархонович. Аз ҳамкорӣ бо Шумо мамнунем.
13.05.2024Зиёдулоев сорбон маҳмашарифович: Ммт
Савол: Оё метавонем фосила ба ММТ имтиҳон супорем масалан ман дар шаҳри руссия қарор дорам оё метавонам аз инҷо ММТ супорам ва интихоби касб ва имтиҳон гузари? 13.05.2024
Довталаби муҳтарам! Аз рӯйи тартиб бақайдгирии расмии довталаб ва супоридани имтиҳонҳо дар шакли онлайн аз тариқи интернет айни замон пешбинӣ нагардидааст. Маълумоти муфассалро дар ин бора Шумо аз шакли чопӣ ва электронии дастури итттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=685), ки дар сомонаи расмии Марказ ҷой дода шудааст, гирифта метавонед.
11.05.2024Хушбахт Ҷӯраев : Имтиҳон
Савол: Ман метавонам макони имтиҳонсупориро тағйир диҳам? 13.05.2024
Довталаби муҳтарам! Шумо метавонед, ки то 20.05.2024 дар ин хусус бо ариза ба Марказ воқеъ дар шаҳри Душанбе ва ё бахшҳои минтақавии он шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва ноҳияҳои Данғараю Рашт муроҷиат намоед.
11.05.2024Саманов Одилшох: Кабинети инфироди
Савол: Оë МАН метавонам рамзи муваккати кабинети инфиродии худамро иваз кунам? 08.05.2024
Довталаби муҳтарам! Албатта метавонед, ба хотири саҳв накардан пеш аз ворид гаштан ба кабинети инфиродиатон боз як маротиба аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" мавзӯи "Кабинети инфиродӣ" (саҳ. 32-41) ва ё ҳамин мавзӯъро дар сомонаи Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 бодиққат мутолиа намоед. Хотиррасон менамоем, ки рамзи дар варақаи бақайдгирӣ мавҷудбуда рамзи муваққатист ва Шумо ҳангоми пурсидани ивази рамз рамзеро ишора намоед, ки танҳо, худатон бояд донед. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ барои кумаки мутахассисонро ҷиҳати воридшавӣ ба кабинети инфиродиатон гирифтан, тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 68 бо Марказ дар тамос шавед.
08.05.2024Ҳоҷизода Оиша: Иваз намудани ихтисос
Савол: Оё метавонам ихтисосамро иваз карда аз нав ихтисос гирам? 03.05.2024
Довталаби муҳтарам! Давраи якуми бақайдгирӣ 02.05.2024 ба анҷом расид. Шумо имконият доред, ки дар давраи дуюми бақайдгирӣ (аз 10 то 30.06. 2024) ихтисосҳои хешро иваз намоед. Доир ба нуқтаҳои бақайдгирӣ ва макони ҷойгиршавии онҳо ба воситаи сомонаи расмии Марказ хабар интишор менамоем.
03.05.2024Солихзода Мухаммад : Бакайдгири аз беруни чумхурии
Савол: Оё Ман метавонам аз федерации Русия худамро ба кайд играм ва имтихонхоро аз федерации Русия супорам 02.05.2024
Довталаби муҳтарам! Аз рӯйи тартиб бақайдгирии расмии довталаб ва супоридани имтиҳонҳо дар шакли онлайн аз тариқи интернет айни замон пешбинӣ нагардидааст. Маълумоти муфассалро дар ин бора Шумо аз шакли чопӣ ва электронии дастури итттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=685) ва информационно-методическое пособие "Справочник абитуриента - 2024" (https://ntc.tj/ru/spravochnik-abiturienta.html), аз пайванди "Пешномнависӣ", ки дар сомонаи расмии Марказ ҷой дода шудааст, гирифта метавонед.
02.05.2024Абдуллоев Махмадёкуб : Таърих
Савол: Дар соли 492 449 то мелод байни киҳо ҷанг мерафт 29.04.2024
Довталаби муҳтарам! Барои дарёфти ҷавоб ба ин суол ба китобҳои дарсӣ, устодон ва интернет муроҷиат намоед.
29.04.2024Шарифов Анушервон: Оиди кабули довталаб аз литсейи касби
Савол: Салом! Мехостам пурсам ки аз литсейхои касби ба донишгоххои олии кишва бе суппортдани имтихони ММТ ба тахсили дуюминдарача дохил шудан мумкин аст ё на? Ба мисли колечхо аз литсейхои касби хамчун курси 2-юм ба донишгоххо бе имтихони маркази милии тести дохил шуда мешавад ё бояд хатма ИМД супорем!Каблан аз дастгириатон минатдорам☺️ 29.04.2024
Довталаби муҳтарам! Дар тартиб барои онҳое, ки дорои дипломи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мебошанд, идомаи таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ пешбинӣ нашудааст. Шумо, агар хатмкунанда ё хатмкардаи муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ бошед ва дар бораи гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ – синфи 11-ум ҳуҷҷати дахлдор дошта бошед, метавонед, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбиро интихоб намоед, агар чунин ҳуҷҷатро надошта бошед, ихтисосҳоро, танҳо аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ интихоб карда метавонед.
29.04.2024Акрамзода Марзия: Микдори довталабон
Савол: Салом.Микдори довталабоне, ки ба гурухи ихтисосхои 5 хуччат супоридаанд шумораашон нисбат ба соли гузашта бисёр аст ё ин ки кам?! 29.04.2024
Довталаби муҳтарам! Марказ омори ҳаррӯзаро тавассути сомона дастрас менамояд. Маълумоти муфассалро аз пайванди (http://37.98.153.116/Y22/ReportByRegion) пайдо карда метавонед.
29.04.2024Газиев Амирхон : Даъватнома
Савол: Ассалом алайкум мехостам пурсам даъватнома кай Таксим карда мешавад мегуфтед хазор Рахмати калон пешаки 29.04.2024
Довталаби муҳтарам! Даъватномаҳо ба довталабони дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 30-юми апрел) номнависшуда то 10-уми июн ба суроғае, ки довталабон дар варақаи бақайдгирӣ ҳангоми бақайдгирӣ зикр мекунанд, фиристода мешаванд. Хотиррасон мекунем, ки нусхаи электронии даъватномаи довталаб дар кабинети инфиродиаш ҷойгир карда, дар ин бора ба ӯ паёмаки телефонӣ (SMS) фиристода мешавад. Довталаб метавонад даъватномаи худро аз кабинети инфиродиаш чоп кунад. Маълумоти муфассалро аз дастури иттилоотию методии Роҳнамои довталаб"" ва сомонаи расмии Марказ (https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=690) пайдо карда метавонед."
29.04.2024Чалолиён Фидоидин :
Савол: Ассалому аллейкум , мешавад ки бакайдгирия дар Душанбе гузашта ,экзамена дар вилояти Сугд супори. 29.04.2024
Довталаби муҳтарам! Дар вақти бақайдгирӣ интихоби забони имтиҳонсупорӣ (тоҷикӣ ё русӣ), инчунин, макони имтиҳонсупорӣ ихтиёрӣ мебошад. Ҳамчунин, дар низоми ИМД ба довталаб ҳуқуқ дода мешавад, ки баъди бақайдгирӣ маълумоти инфиродӣ ё интихобҳояшро дар давраҳои асосӣ ва ё иловагии азнавбақайдгирӣ (бозномнависӣ) тағйир диҳад. Вобаста ба ин, ба чунин довталабоне, ки маълумоти инфиродӣ ё интихобҳояшонро тағйир додан мехоҳанд, зарур аст, ки дар давраи азнавбақайдгирӣ худро аз нав сабти ном кунанд. маълумоти муфассал дар дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” ва гунаи электронии он дар сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684.
29.04.2024Зиёев Бахтовар : Салом, Дар мохи август мешавад?
Савол: Салом, дар кадом мох ммт супорида мешавад? Дар мохи август мешавад? 01.01.0001
"Шаҳрванди муҳтарам! Марказ барои онҳое, ки ҳангоми давраи якуми бақайдгирӣ аз қайд гузашта натавонистаанд, аз ҷумла шахсоне, ки дар ин давра дар муҳоҷирати меҳнатӣ берун аз кишвар қарор доштанд ё дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмат мекарданд, давраҳои дуюм (аз 10-ум то 30-юми июн), сеюм (аз 2-юм то 15-уми сентябр) ва ё чоруми (аз 29-уми октябр то 7-уми декабр) бақайдгириро ба роҳ мемонад.
26.04.2024Самадзода Хушдил: Ихтисос
Савол: Ман мехостам оиди аз чи санчидани махоратро аз ихтисоси "Дизайни мухити меъмори" бидонам 24.04.2024
Довталаби муҳтарам! Барои ин ихтисос имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсуси зерин муқаррар шудааст: Расмкашии 1-ум (тасвир намудани расми каллаи гаҷӣ), Расмкашии 2-юм (тасвир намудани расми шаклҳои геометрӣ) ва Нақшакашӣ. Шумо, маълумоти муфассалро дар бораи имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” ва гунаи электронии онро аз сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/images/Downloads/imtihoni_ejodi_mahorat.pdf гирифта метавонед. Ҳамчунин, барои гирифтани маълумоти бештар ба муассисаи таълимие, ки таҳсил кардан мехоҳед, дар тамос шавед.
24.04.2024Шарифов Анушервон: Даври таксимот
Савол: Салом! Довтлабоне ки ба озмуни таксимот рох намеёбанд бояд чи кор кунанд. Яьне онхо дигар имконияти дубора ба марказ хучатсупориданро надоранд??? 23.04.2024
Довталаби муҳтарам! Вобаста ба иҷрои нақшаи қабули муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ пас аз тақсимот қадамҳои минбаъда эълон мешавад.
23.04.2024Равшанҷони Толибҷон: Бақайдгирӣ
Савол: Салом. Онҳое ки ғолиб ва иштирокчии озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба монанди "Илм фурӯғи маърифат", "Фурӯғи субҳи доноӣ" ва дигар озмуеҳо мебошанд ва тавассути имтиёз мувофиқи низомномаи озмун бо фармони вазири маориф ба ихтисоси интихобкардаи худ ба донишгоҳ дохил шуданд, оё ба нуқтаи бақайдгирӣ рафта аз гузаштани худ бояд дарак диҳанд ё ягон хел чунин намуди бақайдгирӣ ҳаст? Ба мо чунин хабар доданд. Оё ягон асос дорад? 23.04.2024
Довталаби муҳтарам! Агар Шумо ғолиби чунин озмунҳо ва соҳиби тавсияномаи ВМ ҶТ бошеду аз қайди Маркази миллии тестии назди Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта бошед, бояд ба унвони директори Марказ барои баргардонидани маблағ ариза нависед. Барои маълумоти муфассал бо телефонҳои 224-53-67 ва 224-53-68 бо Марказ дар тамос шавед.
23.04.2024Миракзода Саидахмад: Билети харби
Савол: Билетхои харби дар хамаи донишгоххо дубора баркарор карда шуданд ë ин ки баркарор нашудаанд то хол 23.04.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Хоҳиш менамоем, ки минбаъд ҳангоми пурсиш ба мантиқ ва дурустии ҷумлаҳоятон диққат диҳед. Масалан, билети ҳарбӣ ҳеҷ гоҳ барқарор намешавад. Шояд Шумо кафедраҳои ҳарбиро дар назар доред. Дар ин ҳолат посух медиҳем, ки соли ҷорӣ дар 9 муасисаи таълимии таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ кафедраи ҳарбӣ фаъолият менамояд. Барои гирифтани маълумоти муфассал ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
23.04.2024Миракзода Саидахмад: Хуччатсупори
Савол: Шахсоне ки берун аз кишвар карор доранд ë дар Хизмати харби хастанд ва ба хучатсупори дер мекунанд барои чунин одамхо хаст мухлати дигар то Хуччаатхояшонро супоранд пеш аз оґози имтихонхо дар соли 2024 19.04.2024
Довталаби муҳтарам! Барои шахсоне, ки дар давраи бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ – аз 1-уми март то 30-юми апрел) барои иштирок дар ИМД-2024 худро сабти ном карда натавонистаанд, марҳалаи иловагии бақайдгирӣ гузаронида мешавад. Марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2024 аз 10-ум то 30-юми июн дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва ноҳияҳои Данғараю Рашт баргузор мешавад.
19.04.2024Шодиева Манзура: Калидхо
Савол: Санаи аники фаъол гардидани калидхоро гуед. 19.04.2024
Довталаби муҳтарам! Бо мақсади саҳв нарафтан дар ҷавобҳои дуруст Марказ тасмим гирифт, ки калидҳоро муқарризони беруна ташхис намоянд. Пас аз ба Марказ пешниҳод гаштани натиҷаи ташхис, ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тест дар сомонаи Марказ гузошта хоҳад шуд.
19.04.2024Амиров Толиб: Иштирок
Савол: Салом. Барои иштирок дар озмун барои интихоби роҳбар ва ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ як чанд маротиба регистратсия кардам нашуд чи кор кунам? 19.04.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Лутфан, бори дигар бо риояи тавсияҳои дар сомонаи расмии Марказ овардашуда (https://ntc.tj/tj/ozmuni-intikhobi-rohbari-nuqtai-baqaydgiri-2023.html) ҳуҷҷатҳоятонро ирсол намоед. Дар ҳолати иҷро нагардидани дархост ба идораи асосии Марказ воқеъ дар шаҳри Душанбе ва ё бахшҳои минтақавии Марказ (дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар, Панҷакент, Кӯлоб, Данғара ва шаҳраки Рашт), ки ба макони зистатон наздик аст, муроҷиат намоед, ё тавассути телефонҳои (+992 37) 224-53-62, 224-53-67 ва 224-53-68 бо мутахассисон дар тамос шавед.
19.04.2024Акрамзода Марзия: Саволхо
Савол: Салом.Оё саволхое, ки хангоми имтихони дохилшави ба донишгоҳҳо аз тарафи ммт дода мешаванд, пурра аз дохили ҳамон маҷмуаи саволу масъалаҳои тест(2024) мебошанд?! Ё саволҳои иловагӣ низ дода мешаванд? 18.04.2024
Довталаби муҳтарам! "Маҷмуаи саволу масъалаҳои тест-2024" пурра чоп гардид ва ба китобхонаҳои ҳамаи МТМУ-и ҷумҳурӣ ва китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда шуд. Чун анъана, аз ҳар субтест то 40 % саволу масъалаҳои тест дар имтиҳонҳо истифода мешавад ва 60 %-и дигари саволу масъалаҳои ҳар субтести имтиҳон нав хоҳад шуд. Гунаи электронии маҷмуаҳои мазкур дар сомонаи расмии Марказ низ ҷойгир карда шудааст.
18.04.2024Гадоев Равшанҷон: Имтиёз
Савол: Салом. Онҳое ки пеш аз гузаштани олимпиадаи ҷумҳуриявӣ худро ба қайд гирифтанд дар ммт ва баъд аз гузаштани олимпипдаи ҷумҳуриявӣ ҷой гирифтанд оё ба таври автоматӣ имтиёз дода мешаванд ба онҳо ? Ё ин ки бояд дар вақти бақайдгири дипломи ҷояшонро бояд нишон диҳанд ва ҳоло низ дипломро то анҷоми бақайдгири 30юми апрел намедиҳанд. 18.04.2024
Довталаби муҳтарам! Ба ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо тавсия ва пешниҳоди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати ба даст овардани холи гузариш ва мувофиқати фан бе пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ғолибият дар олимпиада балҳои имтиёзӣ дода мешавад. Ҳамчунин, таъкид менамоем, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №188 аз 29.04.2023 доир ба имтиёз тағйирот ворид шудааст. Дар ин хусус Шумо аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view= article&id=701 маълумот гирифта метавонед.
18.04.2024Саманов Одилшоҳ: Рақами назоратӣ
Савол: Ассалом. Агар охирон рақами рақами назоратӣ ҷуфт бошад дар 6-уми июл агар тоқ бошад дар 5-уми июл имтиҳон месупоранд ҳами гап дурустанд? 15.04.2024
Довталаби муҳтарам! Ҳар сол аз сабаби зиёд будани миқдори довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум имтиҳон дар ду рӯз гузаронида мешавад. Низоми гурӯҳбандиро гурӯҳи кории махсус муайян менамояд ва баъдан дар даъватномаҳо навишта мешавад.
15.04.2024Саманов Одилшоҳ: Калиди саволу масъалаҳои тестӣ 2024
Савол: Барои чи то ҳол калиди саволу масъалаҳои тестӣ намебарояд 15.04.2024
Довталаби муҳтарам! Бо мақсади саҳв нарафтан дар ҷавобҳои дуруст Марказ тасмим гирифт, ки калидҳоро муқарризони беруна ташхис намоянд. Пас аз ба Марказ пешниҳод гаштани натиҷаи ташхис, ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тест дар сомонаи Марказ гузошта хоҳад шуд.
15.04.2024Раҳимов Муҳаммадрофеъ: Китобчаи тест 2019
Савол: Салом. Ба ман нусхаи электронии китобчаи "маҷмӯаи саволу масъалаҳои тест аз фанҳои таърихи халқи тоҷик ҷа асосҳои давлат ва ҳуқуқ" 2018 ё 2019 қисми А лозим. Аз куҷо метавонам дастрас намоям? 15.04.2024
Довталаби муҳтарам! Нусхаи электронии китобчаҳои маҷмуаи саволу масъалаҳои тест аз ҳамаи фанҳо ҳар сол такмил ва тағйир меёбад. Аз ин сабаб, танҳо, маҷмуаҳои соли 2023 дастрас аст.
15.04.2024Мансурзода Мухаммад: Калидхо
Савол: Калидхо кай фаъол мегарданд? 15.04.2024
Довталаби муҳтарам! Бо мақсади саҳв нарафтан дар ҷавобҳои дуруст Марказ тасмим гирифт, ки калидҳоро муқарризони беруна ташхис намоянд. Пас аз ба Марказ пешниҳод гаштани натиҷаи ташхис, ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тест дар сомонаи Марказ гузошта хоҳад шуд.
15.04.2024Некруз Холмахмадов:
Савол: Дуруд мебахшед калиди тестхо кай мебароянд 15.04.2024
Довталаби муҳтарам! Бо мақсади саҳв нарафтан дар ҷавобҳои дуруст Марказ тасмим гирифт, ки калидҳоро муқарризони беруна ташхис намоянд. Пас аз ба Марказ пешниҳод гаштани натиҷаи ташхис, ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тест дар сомонаи Марказ гузошта хоҳад шуд.
15.04.2024Хушбахт Чураев: Калидхо
Савол: Санаи гузоштани калидҳо кай мебошад.Аниқашро шарҳ медодед. Имсол калидҳо боз мешаванд ё не 15.04.2024
Довталаби муҳтарам! Бо мақсади саҳв нарафтан дар ҷавобҳои дуруст Марказ тасмим гирифт, ки калидҳоро муқарризони беруна ташхис намоянд. Пас аз ба Марказ пешниҳод гаштани натиҷаи ташхис, ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тест дар сомонаи Марказ гузошта хоҳад шуд.
15.04.2024Рачабов Зиёвуддин: аз нав ба кайд гирифтан
Савол: Салом ман айни хол да коллечи тибби мехонам ба ман писанд нест мехохам аз нав да ММТ имтихон супорам ичохат хаст ё не?? 15.04.2024
Довталаби муҳтарам! Танҳо дар сурати пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ Шуморо номнавис менамоянд. Маълумоти муфассалро аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва гунаи электронии онро аз сомонаи Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi- dovtalab.html?view=article&id=684 пайдо карда метавонед.
15.04.2024Носирзода Мансур: Номи бакайдгиранда
Савол: Хангоми варакаи чавобро супоридан чихел мефахмен ки хамон варака аз хамон довталаб хаст жар сурате ки мегуянд ному насаб нанависен 15.04.2024
Довталаби муҳтарам! Хавотир набошед. Марказ барои ҳар як довталаб штрих-код (рақами рамзӣ)-и ҷудогона омода менамояд ва ин рамз дар протоколи рафти имтиҳон низ сабт мегардад. Варақаи ҷавоби як довталаб бо довталаби дигар ҳаргиз иваз намешавад. Инро таҷрибаи 10-солаи Марказ собит намудааст.
15.04.2024Мансурзода Мухаммад: Калидхо
Савол: Илтимос калидхоро фаъол гардонед. 15.04.2024
Довталаби муҳтарам! Бо мақсади саҳв нарафтан дар ҷавобҳои дуруст Марказ тасмим гирифт, ки калидҳоро муқарризони беруна ташхис намоянд. Пас аз ба Марказ пешниҳод гаштани натиҷаи ташхис, ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тест дар сомонаи Марказ гузошта хоҳад шуд.
15.04.2024Хочаев Хакимчон: Саволҳои навъи кушода
Савол: Салом Оиди гузаронидани чавоби саволхои навъи кушода ба варақаи ҷавобҳо Ягон тағйирот ворид шудааст? 15.04.2024
Довталаби муҳтарам! Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол низоми имтиҳонҳои дохилшавиро такмил медиҳад. Дар соли 2024 тасмим гирифта шуд, ки ҷавоб – ҳар рақами адади ҳосилшуда бояд дар катаки алоҳида ва мувофиқи хоҳиши довталаб ё аз тарафи чап ва ё аз тарафи рост навишта шавад. Муҳим он аст, ки ҷавоб дуруст бошад. Воҳидҳои ченак, ба мисли кг, л, м, км2, °, °С ва ғайра дар варақаи ҷавобҳо навишта намешавад. Лутфан, ҳангоми имтиҳонсупорӣ дар навишти ҷавобҳои ин навъи тест таъкиди дар китобчаҳои тест зикршударо риоя намоед.
15.04.2024Аҳмадзода Ҷамшед: Реҷа
Савол: Барои бақайдгири Вақти кориатона мегуфтед 15.04.2024
Довталаби муҳтарам! Тартиби кории нуқтаҳои бақайдгирӣ то 30.04.2024 чунин аст: рӯзҳои душанбе-ҷумъа аз соати 08:00 то 17:00 ва рӯзи шанбе аз соати 08:00 то 16:00 бе танаффус. Рӯзи истироҳат якшанбе.
15.04.2024Холмаҳмадов Фируз: Намунаи саволу ҷавобҳо
Савол: Ҷавобҳои намунаи саволу масъалахо кай мебарояд ва аз куҷо дастрас кардан мумкин аст? 15.04.2024
Довталаби муҳтарам! Бо мақсади саҳв нарафтан дар ҷавобҳои дуруст Марказ тасмим гирифт, ки калидҳоро муқарризони беруна ташхис намоянд. Пас аз ба Марказ пешниҳод гаштани натиҷаи ташхис, ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тест дар сомонаи Марказ гузошта хоҳад шуд.
15.04.2024Шаҳло Нарзиева: ММТ
Савол: Салом, ман мехоҳам пурсам, ки оё гузаштан аз ММТ ҳатмист? 12.04.2024
Довталаби муҳтарам! Дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ягон фаъолияти довталаб (бақайдгирӣ, имтиҳонсупорӣ, тақсимот ва ғ.) маҷбурӣ нест, вале ҳаминро бояд таъкид намуд, ки доштани маълумоти касбӣ дар тӯли зиндагӣ барои ҳар як шаҳрванд зарур ва муҳим аст.
12.04.2024Мизробшоев мизробшо:
Савол: Мехостам фахмам ки ое метавонам, ки тарики онлай хучатхоямро ба дилхох донишгох супорам 12.04.2024
Довталаби муҳтарам! Аз рӯйи тартиб бақайдгирии расмии довталаб ва супоридани имтиҳонҳо дар шакли онлайн аз тариқи интернет айни замон пешбинӣ нагардидааст. Маълумоти муфассалро дар ин бора Шумо аз шакли чопӣ ва электронии дастури итттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=685) ва информационно-методическое пособие "Справочник абитуриента - 2024" (https://ntc.tj/ru/spravochnik-abiturienta.html), аз пайванди "Пешномнависӣ", ки дар сомонаи расмии Марказ ҷой дода шудааст, гирифта метавонед.
12.04.2024Мансуров Махмудчон: Калидхо
Савол: Ассалому алайкум илтимос калидхоро фаъол гардонед шумхон ваъда дода будед ку ки мохи март калидхо нашр мешаванд 11.04.2024
Довталаби муҳтарам! Чи тавре ки қаблан посух дода будем, маҷмуаҳои саволу масъалаҳои тест бе ҷавобҳои дуруст (калидҳо) пешниҳод гардидаанд. Мақсад аз ин тарзи пешниҳоди маҷмуаҳо водор кардани довталабон ба кори мустақилона аст, ки онро, танҳо, дар асоси мутолиаи китоб ва маводди дигари дарсӣ метавон анҷом дод. Ба хотири он ки довталабон ҳарчӣ хубтар ба имтиҳонҳо омода гарданд, дар сомонаи Марказ гузоштани ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тест ба таъхир гузошта шуд.
11.04.2024Акрамзода Марзия: Калидхо
Савол: Салом.Калидҳо кай фаъол мегарданд?! 11.04.2024
Довталаби муҳтарам! Чи тавре ки қаблан посух дода будем, маҷмуаҳои саволу масъалаҳои тест бе ҷавобҳои дуруст (калидҳо) пешниҳод гардидаанд. Мақсад аз ин тарзи пешниҳоди маҷмуаҳо водор кардани довталабон ба кори мустақилона аст, ки онро, танҳо, дар асоси мутолиаи китоб ва маводди дигари дарсӣ метавон анҷом дод. Ба хотири он ки довталабон ҳарчӣ хубтар ба имтиҳонҳо омода гарданд, дар сомонаи Марказ гузоштани ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тест ба таъхир гузошта шуд.
11.04.2024Дадочонова Мухаббат: Калидхо
Савол: Ассалому алайкум калидхо кай нашр мешаванд санаи аникашро гуед. 11.04.2024
Довталаби муҳтарам! Чи тавре ки қаблан посух дода будем, маҷмуаҳои саволу масъалаҳои тест бе ҷавобҳои дуруст (калидҳо) пешниҳод гардидаанд. Мақсад аз ин тарзи пешниҳоди маҷмуаҳо водор кардани довталабон ба кори мустақилона аст, ки онро, танҳо, дар асоси мутолиаи китоб ва маводди дигари дарсӣ метавон анҷом дод. Ба хотири он ки довталабон ҳарчӣ хубтар ба имтиҳонҳо омода гарданд, дар сомонаи Марказ гузоштани ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тест ба таъхир гузошта шуд.
11.04.2024Нарзиев Махмудчон: Бурсия дар Чумхурии Туркия
Савол: Мархилаи дуюм, барои сохибшудани бурсия барои тахсил дар Чумхурии Туркия кай шуруъ мешавад? 08.04.2024
Довталаби муҳтарам! Қабули ҳуҷҷатҳо ва ташкили имтиҳонҳо барои таҳсил дар хориҷи кишвар дар салоҳияти Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» мебошад ва лутфан, ба ин муассиса муроҷиат намоед.
08.04.2024Бежан Ёров: Имтиёз
Савол: Салом, Ман мехостам донам, ки оё ба гирандагони стипентияи соли равон (соли тахсили 2023-2024) имтиёз хаст? Ва агар бошад чи кадар? Пешаки миннаторам. Бо эхтиром, Бежан Ёров. 08.04.2024
Довталаби муҳтарам! Дар "Тартиби додани имтиёзҳо ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2018, № 42) барои чунин довталабон имтиёз пешбинӣ нашудааст. Барои дарёфти маълумоти муфассал ба дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва сомонаи расмии Марказ ба пайванди https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701 муроҷиат намоед.
08.04.2024Азимов Рахматулло: хизмати харби
Савол: Ман хучатхоямро ба ммт супоридам бакайд гирифтаам маро ба хизмати харби бурданаш мумкин ё не 08.04.2024
Довталаби муҳтарам! Хоҳиш менамоем, ки қабл аз суолро ирсол намудан, бо муҳтавои ҷавобҳои баргардонидашуда шинос шавед. Ба чунин саволи Шумо ҳанӯз 05.04.2024 ҷавоб гардонида шуда буд.
08.04.2024Акрамзода Марзия: Истифодаи хисобкунак
Савол: Ассалом.Оё хангоми гузаронидани имтихони маркази миллии тести истифодаи хисобкунак(калькулятор) дар вакти халли тесту саволхо фанни химия мумкин аст ё не? 08.04.2024
Довталаби муҳтарам! Тибқи муқаррароти тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар рӯзи имтиҳон овардани ашёи зерин қатъиян манъ аст: телефони мобилӣ, соат ва таҷҳизоту воситаҳои дигари алоқа ва ҳисоббарор (калкулятор, ноутбук, планшет ва ғайра). Барои дарёфти маълумоти муфассал ба дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва сомонаи расмии Марказ ба пайванди https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=696 муроҷиат намоед.
08.04.2024Ҳалимов Абдусаттор: Калидҳо
Савол: Калидхо кай фаъол мегарданд (сана)? 08.04.2024
Довталаби муҳтарам! Бе ҷавобҳои дуруст гузоштани тестҳо водор кардани довталабон ба кори мустақилона аст, ки онро, танҳо, дар асоси мутолиаи китоб ва маводди дигари дарсӣ метавон анҷом дод. Ба хотири он ки довталабон ҳарчӣ хубтар ба имтиҳонҳо омода гарданд, на ин ки қориазёд намоянд, дар сомонаи Марказ гузоштани ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тест ба таъхир гузошта шуд.
08.04.2024Муминшоев Пайрав: Номгуи ҳуҷатҳо барои донишҷуён
Савол: Номгуи ҳуҷатҳо барои донишҷуён 05.04.2024
Довталаби муҳтарам! Барои номнавис кардан ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад: 1) шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он, агар 16-сола бошед, агар то 16-сола – шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо); 2) маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 9-ум ва ё 11-ум будан; 3) рақами расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ё аз барномаи мобилии “Амонат мобайл”; 4) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар дошта бошед). Маълумоти муфассалро аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва гунаи электронии онро аз сомонаи Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view= article&id=684 пайдо карда метавонед.
05.04.2024Неьмонов али: Кори табобати чист
Савол: Кори табобати чист 05.04.2024
Довталаби муҳтарам! Ба суоли Шумо аз шуъбаи кор бо муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ чунин посух доданд: “Маълумотҳоро вобаста ба ихтисос, самти ихтисос ва барномаи таълимӣ метавонед бевосита аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбӣ дастрас намоед. Барои тамос бо муассисаҳои таълимӣ аз пайвандакҳои зерин истифода кунед: Барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ - https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/ muassisaho.html?view=article&id=35; Барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ - https://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/muassisaho.html?view= article&id=36”.
05.04.2024Азимов Рахматулло: хизмати харби
Савол: Салом ман 11 ро хатм кардаам аз нав бакайд гирам маро ба хизмати харби мебаран ё не 05.04.2024
Довталаби муҳтарам! Тибқи банди 2 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №791 аз 5 марти соли 2024 моҳҳои апрел-майи соли 2024 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат даъват карда мешаванд. Дар ҳолати дар ин давра ба хизмат ҷалб нашудан ва ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохил шудан, то анҷоми таҳсил (шакли таҳсили рӯзона) даъвати донишҷӯ ба таъхир андохта мешавад.
05.04.2024Лоиқов Парвиз: Иваз кардани рамзи кабинети инфироди
Савол: Рамзи кабинети инфиродиро иваз кунам. 03.04.2024
Довталаби муҳтарам! Пеш аз ворид гаштан ба кабинети инфиродиатон боз як маротиба аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" мавзӯи "Кабинети инфиродӣ" (саҳ. 32-41) ва ё ҳамин мавзӯъро дар сомонаи Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 бодиққат мутолиа намоед. Хотиррасон менамоем, ки рамзи дар варақаи бақайдгирӣ мавҷудбуда рамзи муваққатист ва Шумо ҳангоми пурсидани ивази рамз рамзеро ишора намоед, ки танҳо, худатон бояд донед. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ барои кумаки мутахассисонро ҷиҳати воридшавӣ ба кабинети инфиродиатон гирифтан, тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 68 бо Марказ дар тамос шавед.
03.04.2024Борунов Махди: Номгуи хучатхо барои синфи 9
Савол: Салом Ака/Апа хамин номгуи хучатхо барои бакайдгирии баъди синфи 9 ро мегуфтед. Максад аз мактаб чи хуччат гирем ё аз чамоат чи гирем. 03.04.2024
Довталаби муҳтарам! Барои номнавис кардан ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад: 1) шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он, агар 16-сола бошед, агар то 16-сола – шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо); 2) маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 9-ум будан 3) рақами расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ё аз барномаи мобилии “Амонат мобайл”; 4) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар дошта бошед). Маълумоти муфассалро аз дастури иттилоотию методии Роҳнамои довталаб"" ва гунаи электронии онро аз сомонаи Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 пайдо карда метавонед. "
03.04.2024Назмидинова Манижа: Хуччатсупори
Савол: Ассалом, то Кадом мухлат яъне руз мох довталабон метавонанд хуччат супоранд барои ММТ 01.04.2024
Довталаби муҳтарам! Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон то 30-юми апрели соли 2024 идома меёбад. Маълумоти муфассал дар пайванди сомонаи расмии Марказ https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/davrai-yakumi-ba-ajdgirii-dovtalabon-az-1-umi-mart-o-oz-shud.html
01.04.2024Турсунов Сандждар Гайратжонович: Супурдани хучатхо аз Руссия
Савол: Ассалому алайкум . Ман айни вакт дар дигар давлат карор дорам , ба донишгох онлайн хуччат супурда метонам ? 29.03.2024
"Довталаби муҳтарам! Бо мақсади пешакӣ номнавис намудан, довталабон аз хизматрасонии “Пешномнависӣ” (бақайдгирии пешакӣ тавассути шабакаи Интернет) истифода карда метавонанд, аммо бояд таъкид кард, ки пешномнависӣ тавассути шабакаи Интернет ҳанӯз маънои расман ба қайд гирифтани довталабро надорад ва довталаб баъд аз пешномнависӣ барои расмӣ кардани номнависӣ ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ бояд ҳатман ҳозир шавад. Зеро, тибқи тартиби муқарраргардидаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бақайдгирӣ бевосита дар ҳузури худи довталаб гузаронида мешавад, яъне аз рӯйи тартиб бақайдгирии расмии довталаб аз тариқи интернет айни замон пешбинӣ нагардидааст. Маълумоти муфассалро дар ин бора Шумо аз шакли электронии дастури итттилоотию методии ""Роҳнамои довталаб"", аз пайванди (https://ntc.tj/ru/spravochnik-abiturienta.html), ки дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст, гирифта метавонед.
29.03.2024Ҷӯраев Хушбахт : Калидхо
Савол: Калидхо кай ва кадом вакт кушода мешавад саволхо мушкил ҷавоб диҳед? 28.03.2024
Довталаби муҳтарам! Чи тавре ки қаблан посух дода будем, соли ҷорӣ низ, чун дар солҳои қаблӣ (2019-2023) маҷмуаҳои саволу масъалаҳои тест бе ҷавобҳои дуруст (калидҳо) пешниҳод гардидаанд. Мақсад аз ин тарзи пешниҳоди маҷмуаҳо водор кардани довталабон ба кори мустақилона аст, ки онро, танҳо, дар асоси мутолиаи китоб ва маводди дигари дарсӣ метавон анҷом дод. Ба хотири он ки довталабон ҳарчӣ хубтар ба имтиҳонҳо омода гарданд, на ин ки қориазёд намоянд, дар сомонаи Марказ гузоштани ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тест ба таъхир гузошта шуд.
28.03.2024Баротов Абдуқаҳҳор:
Савол: Калидхо Кай фаол мегардад . 28.03.2024
Довталаби муҳтарам! Чи тавре ки қаблан посух дода будем, соли ҷорӣ низ, чун дар солҳои қаблӣ (2019-2023) маҷмуаҳои саволу масъалаҳои тест бе ҷавобҳои дуруст (калидҳо) пешниҳод гардидаанд. Мақсад аз ин тарзи пешниҳоди маҷмуаҳо водор кардани довталабон ба кори мустақилона аст, ки онро, танҳо, дар асоси мутолиаи китоб ва маводди дигари дарсӣ метавон анҷом дод. Ба хотири он ки довталабон ҳарчӣ хубтар ба имтиҳонҳо омода гарданд, на ин ки қориазёд намоянд, дар сомонаи Марказ гузоштани ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тест ба таъхир гузошта шуд.
28.03.2024Баротов Абдуқаҳҳор:
Савол: Барои иваз намудани ихтисос ч и гуна хуччат хо лозим АСТ 28.03.2024
Довталаби муҳтарам! Барои аз нав номнавис шудан дар давраи асосии азнавбақайдгирӣ Шумо ҳуҷҷатҳои зарурӣ (нигаред ба сомонаи расмии Марказ, пайванди (https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684) ва расидро дар бораи пардохти маблағи иловагӣ (30 сомонӣ) бояд пешниҳод кунед. Барои ин, ба нуқтаи бақайдгирие равед, ки дар давраи якуми бақайдгирӣ худро дар он сабти ном кардаед. Пеш аз ҳозир шудан барои азнавбақайдгирӣ банди 1-уми "Ёддошт барои довталаб"-ро, ки дар рӯзи бақайдгирӣ ба Шумо дода буданд, бодиққат хонед.
28.03.2024Иброҳимов Акрамҷон: Ммт
Савол: Калиди Маҷмӯъ намунаи саволу масъалаҳои тести кай дар кадом сана мебурояд 28.03.2024
Довталаби муҳтарам! Чи тавре ки қаблан посух дода будем, соли ҷорӣ низ, чун дар солҳои қаблӣ (2019-2023) маҷмуаҳои саволу масъалаҳои тест бе ҷавобҳои дуруст (калидҳо) пешниҳод гардидаанд. Мақсад аз ин тарзи пешниҳоди маҷмуаҳо водор кардани довталабон ба кори мустақилона аст, ки онро, танҳо, дар асоси мутолиаи китоб ва маводди дигари дарсӣ метавон анҷом дод. Ба хотири он ки довталабон ҳарчӣ хубтар ба имтиҳонҳо омода гарданд, на ин ки қориазёд намоянд, дар сомонаи Марказ гузоштани ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тест ба таъхир гузошта шуд.
28.03.2024Назаров ҳотам: Салом .
Савол: Салом. Санаи давраи якуми ҳуҷатсупори дар ммт аз чандум то чандум давом мекунад? 28.03.2024
Довталаби муҳтарам! Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон то 30-юми апрели соли ҷорӣ идома меёбад. Маълумоти муфассал дар сомонаи расмии Марказ дар пайванди (https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/davrai-yakumi-ba-ajdgirii-dovtalabon-az-1-umi-mart-o-oz-shud.html).
28.03.2024Бойназаров Ҷавоҳир: Оид ба маълумоти оморӣ
Савол: Ассалому алайкум ман дар сайти ММТ "Маълумоти оморӣ оид ба балҳои гузариш дар комбинатсияи ихтисосҳо дар ИМД-2023" ро шинос шудам, лекин дар тарафи чапи менюи "Бали гузариш" як меню ки "Oзмун" навишта шудааст, дар он рақамҳо оварда шудаанд, ин рақамҳо чиро ифода мекунанд? 28.03.2024
Довталаби муҳтарам! Дар сутун бо номи "озмун" теъдоди озмуни довталон вобаста ба нақшаи қабул мебошад, аниқтараш, ба ҳар як ҷой ба ин ё он ихтисос чанд нафар довталаб рост омадааст.
28.03.2024Гулмирзоев Бехруз: Донишҷу шудан
Савол: Оё ман метавонам ба тариқи онлайн унвони донишҷуйиро соҳиб шавам 28.03.2024
Довталаби муҳтарам! Аз рӯйи тартиб бақайдгирии расмии довталаб ва супоридани имтиҳонҳо дар шакли онлайн аз тариқи интернет айни замон пешбинӣ нагардидааст. Маълумоти муфассалро дар ин бора Шумо аз шакли электронии дастури итттилоотию методии "Роҳнамои довталаб - 2024" (https://ntc.tj/ru/spravochnik-abiturienta.html), ки дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст, аз пайванди "Пешномнависӣ" гирифта метавонед.
28.03.2024Мирзоев Мирзо : Хучатсупори
Савол: Асалом Алекум ман хатмкунандаи синфи 11ум 2_3руз шуд шиносномаи миллиро супурдам оё бе шиноснома хам пешномнависи кардан мумкин аст бо хуччате ки бади супурдани шиноснома ба мо медиханд 28.03.2024
Довталаби муҳтарам! Шуморо бо пешниҳод намудани маълумотномаи муваққатии суратдор, ки аз ШКД додаанд, метавонанд ба қайд бигиранд. Маълумоти муфассалро аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва гунаи электронии онро аз сомонаи Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/ rohnamoi- dovtalab.html?view=article&id=684 пайдо карда метавонед.
28.03.2024Мухиддинов Сафармурод: Кабинет
Савол: Салом. Ба кабинети инфиродиам ворид шуда наметавонам. Дар сайти cabinet.ntc.tj раками назорати, рамз ва рамзи санчиширо менависам, воридшавиро зер мекунам, аммо намедарояд, менависад, ки ивази рамз, рамзи нав. Чи кор кардан лозим, ки ба кабинети худам дароям? 28.03.2024
Довталаби муҳтарам! Пеш аз ворид гаштан ба кабинети инфиродиатон боз як маротиба аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" мавзӯи "Кабинети инфиродӣ" (саҳ. 32-41) ва ё ҳамин мавзӯъро дар сомонаи Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 бодиққат мутолиа намоед. Хотиррасон менамоем, ки рамзи дар варақаи бақайдгирӣ мавҷудбуда рамзи муваққатист ва Шумо ҳангоми пурсидани ивази рамз рамзеро ишора намоед, ки танҳо, худатон бояд донед. Дар ҳолати ҳал нагаштани мушкилӣ барои кумаки мутахассисонро ҷиҳати воридшавӣ ба кабинети инфиродиатон гирифтан, тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 68 бо Марказ дар тамос шавед.
28.03.2024Палавонова Сумая: Бакайдгири
Савол: Аз синфи 9 мехохам ба колеч дохил шавам. Чи хучатхо лозим бошад? 28.03.2024
Довталаби муҳтарам! Барои номнавис кардан ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад: 1) шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он – барои шахсоне, ки синнашон ба 16 расидааст (барои шахсони то 16-сола – шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо); 2) маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 9-ум будан 3) рақами расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ё аз барномаи мобилии “Амонат мобайл”; 4) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар дошта бошед). Маълумоти муфассалро аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва гунаи электронии онро аз сомонаи Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/ rohnamoi- dovtalab.html?view=article&id=684 пайдо карда метавонед.
28.03.2024Шохин Махсутов : Ммт
Савол: Салом алейкум ака гуфтед ки калидхои ммт 2024 дар мохи март бароварда мегаванд аммо ягон хабар нест саволхои ммт 2024 бенихоят мушкил аст аз шумо эхтиромона хохиш менамоям ки чавобхои ммт 2024 ро барвактар мебаровардед то ки мо ба тесто омодаги гирем 28.03.2024
Довталаби муҳтарам! Чи тавре ки қаблан посух дода будем, соли ҷорӣ низ, чун дар солҳои қаблӣ (2019-2023) маҷмуаҳои саволу масъалаҳои тест бе ҷавобҳои дуруст (калидҳо) пешниҳод гардидаанд. Мақсад аз ин тарзи пешниҳоди маҷмуаҳо водор кардани довталабон ба кори мустақилона аст, ки онро, танҳо, дар асоси мутолиаи китоб ва маводди дигари дарсӣ метавон анҷом дод. Ба хотири он ки довталабон ҳарчӣ хубтар ба имтиҳонҳо омода гарданд, на ин ки қориазёд намоянд, дар сомонаи Марказ гузоштани ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тест ба таъхир гузошта шуд.
28.03.2024Урманова Бону: Имтихон супори
Савол: Ман соли гузашта мактаба хатм кадагиюм метонм имсол омада мохи август дар даври такрори иштирок карда ба донишгох дохил шавм? 18.03.2024
Довталаби муҳтарам! Албатта метавонед. Марказ аз 02-юм то 15-уми сентябр давраи сеюми бақайдгириро барои интихоби, танҳо, ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз ҳамаи озмунҳои тақсимоти довталабони дар даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳо иштироккарда холӣ мондаанд ва аз 29-уми октябр то 7-уми декабр давраи чоруми бақайдгириро, танҳо, барои ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз ҳамаи озмунҳои баргузоршуда аз рӯйи шаклҳои фосилавӣ ва ғоибонаи таҳсил холӣ мондаанд, ба нақша гирифтааст. Маълумоти иловагӣ дар сомонаи расмии Марказ ва ВАО эълон карда мешавад.
18.03.2024Шохин Махсутов : Калидхои ммт
Савол: Салом алейкум калидхои ммт аз кучо гирем 18.03.2024
Довталаби муҳтарам! Чи тавре ки қаблан посух дода будем, соли ҷорӣ низ, чун дар солҳои қаблӣ (2019-2023) маҷмуаҳои саволу масъалаҳои тест бе ҷавобҳои дуруст (калидҳо) пешниҳод гардидаанд. Мақсад аз ин тарзи пешниҳоди маҷмуаҳо водор кардани довталабон ба кори мустақилона аст, ки онро, танҳо, дар асоси мутолиаи китоб ва маводди дигари дарсӣ метавон анҷом дод. Ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои ҳар яке аз маҷмуаҳо дар сомонаи Марказ дар охири моҳи март нашр карда хоҳад шуд.
18.03.2024Баротов Абдуқаҳҳор: Иваз кунии ихтисос
Савол: Ман ҳучатҳои худро ба м м т супоридам акнун мехоҳам ихтисосҳо роҳнамо иваз кунам чи тавр мешавад 14.03.2024
Довталаби муҳтарам! Азнавбақайдгирии довталабони дар давраи якуми бақайдгирӣ номнависшуда дар ду давра (асосӣ ва иловагӣ) гузаронда мешавад. Барои аз нав номнавис шудан дар давраи асосии азнавбақайдгирӣ Шумо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва расидро дар бораи пардохти маблағи иловагӣ (30 сомонӣ) бояд пешниҳод кунед. Барои ин, ба нуқтаи бақайдгирие равед, ки дар давраи якуми бақайдгирӣ худро дар он сабти ном кардаед. Пеш аз ҳозир шудан барои азнавбақайдгирӣ банди 1-уми "Ёддошт барои довталаб"-ро, ки дар рӯзи бақайдгирӣ ба Шумо дода буданд, бодиққат хонед.
14.03.2024Дониёр Намозов: Тест
Савол: Салом алекум Я данные время нахожусь в России и хотел подать заявку онлайн есть возможность? и хотел здать экзамен на русском языке у меня есть выбор? 13.03.2024
Довталаби муҳтарам! Бо мақсади пешакӣ номнавис намудан, довталабон аз хизматрасонии “Пешномнависӣ” (бақайдгирии пешакӣ тавассути шабакаи Интернет) истифода карда метавонанд. Аммо бояд таъкид кард, ки пешномнависӣ тавассути шабакаи Интернет ҳанӯз маънои расман ба қайд гирифтани довталабро надорад ва довталаб баъд аз пешномнависӣ барои расмӣ кардани номнависӣ ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ бояд ҳатман ҳозир шавад. Зеро, тибқи тартиби муқарраргардидаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бақайдгирӣ бевосита дар ҳузури худи довталаб гузаронида мешавад, яъне аз рӯйи тартиб бақайдгирии расмии довталаб аз тариқи интернет айни замон пешбинӣ нагардидааст."
13.03.2024Аҳмадҷонов Парвизҷон : Бақайдгирӣ
Савол: Пас аз хатми синфи 11 барои аз бақайдгири гузаштан чи ҳуҷҷатҳо лозим аст 12.03.2024
"Довталаби муҳтарам! Барои номнавис кардан ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:
12.03.2024Шохин Махсутов : Хучатсупори
Савол: Салом алейкум ака ман хучанхоямро супоридам санаи 9 0324 ва ихтисосхоямро дигар кардани хастам бояд чи кор кунам оё ман боз ба банки амонатбонк пул месурорам 11.03.2024
Довталаби муҳтарам! Азнавбақайдгирии довталабони дар давраи якуми бақайдгирӣ номнависшуда дар ду давра (асосӣ ва иловагӣ) гузаронда мешавад. Барои аз нав номнавис шудан дар давраи асосии азнавбақайдгирӣ Шумо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва расидро дар бораи пардохти маблағи иловагӣ (30 сомонӣ) бояд пешниҳод кунед. Барои ин, ба нуқтаи бақайдгирие равед, ки дар давраи якуми бақайдгирӣ худро дар он сабти ном кардаед. Пеш аз ҳозир шудан барои азнавбақайдгирӣ банди 1-уми Ёддошт барои довталаб""-ро, ки дар рӯзи бақайдгирӣ ба Шумо дода буданд, бодиққат хонед."
11.03.2024Бойзода Меҳрдод : «Дурахшандагон»
Савол: Мехостам пурсон шавам, ки имтиҳонҳои Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон»-ро низ ММТ омода менамояд ва намунаи имтиҳонҳоро аз куҷо дастрас намоем. Қаблан сипосгузорам. 11.03.2024
Довталаби муҳтарам! Дар ҳақиқат, бо дархости Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои имтиҳонҳои қабули бархе аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар саволу масъалаҳои тестро мутахассисони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия менамоянд. Бояд хотиррасон намоем, ки ин саволу масъалаҳои тестӣ дар доираи барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ бо дархости муассисаҳои таълимии дахлдор таҳия мегардад. Аз ин лиҳоз, саволу масъалаҳо қабл аз имтиҳонҳо таҳия мегардад. Тавсия медиҳем, ки барои тайёрӣ аз саволу масъалаҳои мавҷуда истифода баред.
11.03.2024Рӯзибоев Фаррухрӯз: Оиди кабинети инфиродӣ
Савол: Ассалому алейкум ҳангоми бақайдгирӣ ман ба ман рамз дода шуда буд барои кабинети инфиродӣ лекин ҳангоми навиштани рамз ивази рамз мегӯяд, сабабаш дар чист? Агар ҳангоми иваз кардан ягон мушкилӣ намешавад ? 07.03.2024
"Довталаби муҳтарам! Пеш аз ворид гаштан ба кабинети инфиродиатон боз як маротиба аз дастури иттилоотию методии ""Роҳнамои довталаб"" мавзӯи ""Кабинети инфиродӣ"" (саҳ. 32-41) ва ё ҳамин мавзӯъро дар сомонаи Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=688 бодиққат мутолиа намоед. Хотиррасон менамоем, ки рамзи дар варақаи бақайдгирӣ мавҷудбуда рамзи муваққатист ва Шумо ҳангоми пурсидани ивази рамз рамзеро ишора намоед, ки танҳо, худатон бояд донед.
07.03.2024Домуллоҷонов Хуршедҷон: Оид ба Донишгохи тиббии Рассия
Савол: Дар Душанбе макони интихом супори ба донишгохи тиббии Рассия бояд дар куҷо супоридан даркор 07.03.2024
Довталаби муҳтарам! Аввалан, ба Шумо тавсия медиҳем, ки пеш аз ирсоли нома, савол ва ғайра матни навиштаатонро боз як бор бодиққат хонед. Чун ба беғалат будан ва дорои мантиқ будани навиштаҳоятон боварӣ ҳосил намудед, баъд ирсол намоед. Сониян, ёдовар мешавем, ки ба қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул аст. Лутфан, ба ҳамин Марказ муроҷиат намоед.
07.03.2024Камолидинов Саидикром : Калид
Савол: Салом алейкум калиди саволхои тести кай мебароянд? 05.03.2024
Довталаби муҳтарам! Чи тавре ки қаблан посух дода будем, соли ҷорӣ низ, чун дар солҳои қаблӣ (2019-2023) маҷмуаҳои саволу масъалаҳои тест бе ҷавобҳои дуруст (калидҳо) пешниҳод гардидаанд. Мақсад аз ин тарзи пешниҳоди маҷмуаҳо водор кардани довталабон ба кори мустақилона аст, ки онро, танҳо, дар асоси мутолиаи китоб ва маводди дигари дарсӣ метавон анҷом дод. Вобаста ба ин, ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои ҳар яке аз маҷмуаҳо дар сомонаи Марказ дар давоми моҳи март нашр ва эълон хоҳад шуд.
05.03.2024Алиев Абдухалил: Дар бораи роҳнамо
Савол: Шумо дар дарсҳои ММТ тарзи навиштани ҷавобро дар саволу масъалаҳои кушода дар катакчаҳо аз охир нишон дода будед, аммо дар китобҳои "роҳнамои довталаб" чунин тарзи ҷавобнависӣ баракс аст яъне аз аввали катакчаҳо нишон дода шудааст.Лутфан ҷавобро зудтар гардонед. Дар китоби "роҳнамои довталаб" саҳифаи 56 04.03.2024
Довталаби муҳтарам! Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол низоми имтиҳонҳои дохилшавиро такмил медиҳад. Дар соли 2024 тасмим гирифта шуд, ки ҷавоб – ҳар рақами адади ҳосилшуда бояд дар катаки алоҳида ва аз тарафи чап навишта шавад. Воҳидҳои ченак, ба мисли кг, л, м, км2, °, °С ва ғайра дар варақаи ҷавобҳо навишта намешавад. Лутфан, дар навишти ҷавобҳои ин навъи тест таъкиди дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" зикршударо риоя намоед.
04.03.2024Эргашева Муҳайё: Баргардонидани маблағи пардохт
Савол: Ассалому алайкум ман Эргашева Муҳайё мехостам барои баргардонидани маблағи пардохт аввала ки аризаи шикоятии ман дар ММТ барраси шуда оиди ин масъала ба ман ҷавоб омад аммо то ҳол маблағи пардохт баргардонида нашудааст 01.03.2024
Довталаби муҳтарам! Бароятон иттилоъ медиҳем, ки аризаи Шумо дар хусуси баргардонидани маблағи хизматрасонӣ ҳанӯз моҳи апрели соли 2023 баррасӣ ва ба суратҳисоби Шумо дар ҳаҷми 295.22 сомонӣ маблағ ирсол гардидааст ва дар ин хусус ба телефони дар ариза навишташуда (983330745) СМС паёмак низ фиристода шудааст. Агар то имрӯз маблағатонро нагирифта бошед, бо рақамҳои (+99237) 224 53 67, 224 53 68 дар тамос шавед, ба Шумо бори дигар рақами рамзиро барои гирифтани маблағ такрор менамоянд.
01.03.2024Домуллоҷонов Хуршед: Оид ба даъватнома
Савол: Соли тавалуди ман 2005 агар ман ба хуҷат супури равам даъватномаи ман ба куҷо меояд ман мактаб намехонам. 01.03.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Даъватномаҳо ба довталабони дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 30-юми апрел) номнависшуда то 10-уми июн ба суроғае, ки довталабон дар варақаи бақайдгирӣ ҳангоми бақайдгирӣ зикр мекунанд, фиристода мешавад. Хотиррасон мекунем, ки нусхаи электронии даъватномаи довталаб дар кабинети инфиродиаш ҷойгир карда, дар ин бора ба ӯ паёмаки телефонӣ (SMS) фиристода мешавад. Довталаб метавонад, даъватномаи худро аз кабинети инфиродиаш чоп кунад. Маълумоти муфассалро аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва сомонаи расмии Марказ (https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=690) пайдо карда метавонед
01.03.2024Саидов Азизҷон: Нархнома
Савол: Салом. Маблағи бақайдгирӣ маълум шуд ё ҳоло ҳам не? 01.03.2024
Довталаби муҳтарам! Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасониро барои шахсоне, ки бо мақсади иштирок дар ИМД-2024 аз қайд гузаштан мехоҳанд, дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти марҳалаҳои (асосӣ ва иловагӣ)-и бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 330 сомонӣ ва барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) 230 сомонӣ муқаррар намудаанд. Маблағи барои азнавбақайдгирӣ дар давраи асосӣ пардохтшаванда 30 сомонӣ аст. Оид ба ҳаҷми маблағи хизматрасонӣ аз сомонаи расмии Марказ (https://ntc.tj/tj/hamai-khabarho/davrai-yakumi-ba-ajdgirii-dovtalabon-az-1-umi-mart-o-oz-shud.html), ҳамаи нуқтаҳои бақайдгирӣ ва бахшҳои минтақавии Марказ низ маълумот гирифтан мумкин аст.
01.03.2024Косимов Парвиз: Дар бораи таърихи рузи хучатсупорандагон
Савол: Салом алейкум Ман Касимов Парвиз мехохам дубора ба ММТ тести хучат супорам Ман 2005 мебошам мехостам гуям кай хучатсупори мешавад. Дар хучатсупори барои довталабоне ки соли дигар месупоранд чихо даркор Илтимос чавоб медодед бисёр хурсанд мешудам аз шумо 29.02.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Азбаски суолатон номушаххас аст (шумо донишҷӯй ҳастед ё дар муассисае таҳсил менамоед?), хоҳиш менамоем, ки лутфан, ба дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" (саҳ.18-25) ва ё сомонаи расмии Марказ пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684 муроҷиат намоед, албатта, ба суоли худ ҷавоби мувофиқро пайдо менамоед.
29.02.2024Сафарова Мафтуна : Оиди дуюм ихтисос
Савол: Ассалом ман метавон бо таьрики маркази тести 2юм ихтисос хонам чун як маротиба донишгохро хатм кардам ва бо диплом ба дигар донишгох ба дигар ихтисос дохил шудан мехохам сину солам дар 29 28.02.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Тибқи қонунгузорӣ қабули шахсонеро, ки таҳсилоти олии касбӣ доранд, барои гирифтани таҳсилоти олии касбии дуюм худи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ мемонанд. Аз ин лиҳоз, лутфан, барои пайдо кардани маълумоти муфассал дар ин мавзуъ бо "Қоидаҳои қабули донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм", ки дар сомонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шудааст, шинос шавед.
28.02.2024Алиев Абдухалил: метавонед рамзро дубора ирсол намоед?
Савол: Рамзе ки дар рақами 990909750 равон карда шудааст дар телефон сабт нашудааст . Метавонед рамзро дубора ирсол намоед? 26.02.2024
Муҳтарам Алиев Абдухалил! Рамз барои истифода аз хизматрасонии Худро бисанҷ"" дубора ба телефони мобилии Шумо фиристода шуд. Агар рамзро дастрас карда натавонистед, пас метавонед ба телефони 224-53-68 тамос гиред."
26.02.2024Муроджонов Бунёд Муроджонов: Оиди ихтисос
Савол: Салому алекум ман ихтисоси колечи политехники сохтумон саноати ва шахрвандиро тамам кардам ман чихел оли кунам 26.02.2024
"Шаҳрванди муҳтарам! Тибқи “Тартиби тақсимот ва бо ҷои кор таъмин кардани мутахассисони ҷавон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми ноябри соли 2022, № 563 тасдиқ шудааст, шаҳрвандоне, ки муассисаҳои давлатии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳисоби буҷети давлатӣ хатм кардаанд, уҳдадоранд, ки дар асоси қарордод (шартнома)-и тарафҳо ва роҳхат се сол аз рўйи ихтисос дар муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ фаъолият намоянд. Бинобар ин, онҳо танҳо пас аз се соли кор диплом ва замимаи онро аз муассисаи таълимии хатмкардаашон гирифта, бо пешниҳоди ин ҳуҷҷатҳо аз қайд гузашта метавонанд.
26.02.2024Хочаев Хакимчон: Маблаги хизматрасонии ИМД
Савол: Салом Лутфан чавоб дихед маблаги хизматрасонии ИМД чанд сомони пардохт кардан лозим 23.02.2024
Довталаби муҳтарам! Чи тавре ки қаблан хабар дода будем, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасониро барои аз қайд гузаштан ва иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024-ум барои мувофиқа ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст. Дар ҳолати пазируфтани ҳаҷми маблағ Марказ онро эълон менамояд.
23.02.2024Далер Кулулов: Арзиши хизматрасони имсол чанд пул?
Савол: Лутфан мегуфтед арзиши хизматрасониро барои соли 2024 23.02.2024
Довталаби муҳтарам! Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасониро барои аз қайд гузаштан ва иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024-ум барои мувофиқа ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст. Дар ҳолати пазируфтани ҳаҷми маблағ Марказ онро эълон менамояд.
23.02.2024Мирвалиев Джасмир: Ҳуҷҷатсупориӣ
Савол: Асссалоиу алейкум. Ман ҳозир дар Россия қарор дорам, ман метавон ба тарзи онлайн ҳуҷҷат супорам ба маркази ММТ? 22.02.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Бо мақсади пешакӣ номнавис намудан, довталабон аз хизматрасонии “Пешномнависӣ” (бақайдгирии пешакӣ тавассути шабакаи Интернет) истифода карда метавонанд. Аммо бояд таъкид кард, ки пешномнависӣ тавассути шабакаи Интернет ҳанӯз маънои расман ба қайд гирифтани довталабро надорад ва довталаб баъд аз пешномнависӣ барои расмӣ кардани номнависӣ ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ бояд ҳатман ҳозир шавад. Тибқи тартиб бақайдгирӣ бевосита дар ҳузури худи довталаб гузаронида мешавад. Айни замон бақайдгирии расмии довталаб аз тариқи интернет пешбинӣ нагардидааст. Маълумоти муфассалро дар ин бора Шумо аз дастури итттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва сомонаи Марказ аз пайванди "Довталаб кай ва чӣ тавр бояд аз қайд гузарад" (https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=684) гирифта метавонед.
22.02.2024Муҳидинзода Ҷайҳун: Ҷавоби намунаи саволу масъалаҳои тести
Савол: Ҷавоби намунаи саволу масъалаҳои тестиро аз кучо дастрас кунем соли 2024 22.02.2024
Довталаби муҳтарам! Чи тавре ки қаблан посух дода будем, соли ҷорӣ низ, чун дар солҳои қаблӣ (2019-2023) маҷмуаҳои саволу масъалаҳои тест бе ҷавобҳои дуруст (калидҳо) пешниҳод гардидаанд. Мақсад аз ин тарзи пешниҳоди маҷмуаҳо водор кардани довталабон ба кори мустақилона аст, ки онро, танҳо, дар асоси мутолиаи китоб ва маводди дигари дарсӣ метавон анҷом дод. Вобаста ба ин, ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои ҳар яке аз маҷмуаҳо дар сомонаи Марказ дар давоми моҳи март нашр карда хоҳад шуд.
22.02.2024Раҳимиён Субҳилло : Барномасозӣ
Савол: Як савол дода будам бо ҳамин ному бо ҳамин почтаи электронӣ. Кай ҷавоб метитон? 21.02.2024
Довталаби муҳтарам! Аввалан, пас аз суол додан мунтазам ба ин саҳифа ворид шудан лозим аст. Сониян, ба суоли Шумо аз 17.11.2023 ҳанӯз 20.11.2023 посух гардонида будем (нигаред ба №ID 4436 саҳифаи 8-уми пайванди Саволу ҷавоб""). Ҳамзамон, ба саволи худ аз замимаи дастури иттилоотию методии ""Роҳнамои довталаб"" ва сомонаи расмиии Марказ пайвандҳои https://stat.ntc.tj/Y23/RPlan ва https://ntc.tj/images/Downloads/cluster_11_1-2024.pdf маълумот гирифта метавонед."
21.02.2024Абдуллоев Зинатулло: Коэффициент
Савол: Ассалому Алейкум! Коэффициент чист ва ба кихо дода мешавад Асосан ба кадом минтака дода мешавад 20.02.2024
" Шаҳрванди муҳтарам! Тибқи муқаррароти банди 213 ""Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳо таҳсилоти миёна ва олии касбии ҶТ"" вобаста аз нишондиҳандаи таъминоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо табибон ва кормандони миёнаи тиб ҳар сол ба шаҳру ноҳияҳои дахлдор коэффитсиентҳо муқаррар карда мешавад, ки ҳангоми қабули донишҷӯён ба ҷойҳои буҷетии муассисаҳои давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» ва «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон», инчунин ҷойҳои буҷетии ихтисоси кори момодоягии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ илова мегардад. Ҳамчунин дар банди 214 зикр шудааст, ки барои шаҳру ноҳияҳое, ки дар онҳо нишондиҳандаи таъминот бо табибон барои 10000 нафар аҳолӣ аз 6 нафар кам аст, коэффитсиенти 1,04, аз 6 то 9 нафар коэффитсиенти 1,03 ва аз 9 то 11 нафар коэффитсиенти 1,02 муқаррар мешавад. Барои шаҳру ноҳияҳое, ки дар онҳо нишондиҳандаи таъминот бо кормандони миёнаи тиб – мутахассисон аз рӯйи ихтисоси кори момодоягӣ барои 10000 нафар аҳолӣ аз 4 нафар кам аст, коэффитсиенти 1,04, аз 4 то 6 нафар коэффитсиенти 1,03 ва аз 6 то 8 нафар коэффитсиенти 1,02 муқаррар мешавад.
20.02.2024Saidjon Khojaev:
Савол: Имтихонхои маркази милли тести кластери 5 кай огоз мешавад ? 19.02.2024
Довталаби муҳтарам! Муҳлати баргузории ҳар яке аз даврҳои имтиҳонҳо дар “Тақвими ИМД-2024” (нигаред ба замимаи 5)-и дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" оварда шудааст. Инчунин, оид ба замону макони ҳамаи даврҳои имтиҳон (қисмҳои А, Б, В ва Г.1) тавассути даъватнома, ки ба ҳар як довталаб дастрас мегардад ва ҳамчунин, сомонаи Марказ ва воситаҳои дигар хабар дода мешавад.
19.02.2024Рахимов абдуло: Дар бораи ихтисосхо
Савол: дар 1км кластер чан ихтисос аст хамонро мегуфтед 19.02.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Айни замон гурӯҳи ихтисосҳои якум, дар маҷмуъ 336 ихтисосро фаро гирифтааст. Бо номгӯйи ин ихтисосҳо Шумо метавонед, ки аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва ҳамчунин, аз сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://stat.ntc.tj/Y23/RPlan?ClusterID=5&Code= шинос шавед.
19.02.2024Атоева Фарзона: Фарматсеф
Савол: Салом алейкум дар колечи фарматсефи чанд сол хондан лозим аст 19.02.2024
Довталаби муҳтарам! Аввалан, ҳангоми навишти суол бодиққат бояд буд, зеро аз рӯйи дурусту беғалат пешниҳод гаштани савол ба сатҳи дониши Шумо баҳо додан мумкин. Сониян, тазаккур медиҳем, ки барои ихтисоси 2790108 -"Кори фарматсевтӣ" дар коллеҷҳои самти тиб муҳлати таҳсил барои довталабоне, ки таҳсилоти миёнаи умумӣ доранд (пас аз хатми синфи 11), 3 (се) сол ва барои довталабоне, ки таҳсилоти умумии асосӣ доранд (пас аз хатми синфи 9), 4 (чор) сол пешбинӣ шудааст.
19.02.2024Иброҳимов Акрамҷон: Маҷмӯъ намунаи саволу масъалаҳои тести
Савол: Дар кадом сана калиди маҷмӯъ саволу масъалаҳои тести мебурояд 19.02.2024
Довталаби муҳтарам! Чи тавре ки қаблан посух дода будем, соли ҷорӣ низ, чун дар солҳои қаблӣ (2019-2023) маҷмуаҳои саволу масъалаҳои тест бе ҷавобҳои дуруст (калидҳо) пешниҳод гардидаанд. Мақсад аз ин тарзи пешниҳоди маҷмуаҳо водор кардани довталабон ба кори мустақилона аст, ки онро, танҳо, дар асоси мутолиаи китоб ва маводди дигари дарсӣ метавон анҷом дод. Вобаста ба ин, ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои ҳар яке аз маҷмуаҳо дар сомонаи Марказ дар давоми моҳи март нашр карда хоҳад шуд.
19.02.2024Рӯзибоев Фаррухрӯз: Оиди калиди тестҳои ммт
Савол: Ассалому алейкум калиди маводҳои соли 2024 ро кай ба сомона мемонед ? 19.02.2024
Довталаби муҳтарам! Соли ҷорӣ низ, чун дар солҳои қаблӣ (2019-2023) маҷмуаҳои саволу масъалаҳои тест бе ҷавобҳои дуруст (калидҳо) пешниҳод гардидаанд. Мақсад аз ин тарзи пешниҳоди маҷмуаҳо водор кардани довталабон ба кори мустақилона аст, ки онро, танҳо, дар асоси мутолиаи китоб ва маводди дигари дарсӣ метавон анҷом дод. Вобаста ба ин, ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои ҳар яке аз маҷмуаҳо дар сомонаи Марказ дар давоми моҳи март нашр карда хоҳад шуд.
19.02.2024Нуралиев Саидривочидин Бахромович : Оиди дохилшави
Савол: Салом алейкум .Ман Ду савол дорам. 1) Синну соли дохилшаванда аз чанд то чанд АСТ мегуфтед лутфан? 2) Оё аз федерацияи Россия метавонам худамро дар (ММТ) ба кайд гирам? 16.02.2024
Довталаби муҳтарам! Шакли рӯзонаи таҳсилро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ довталабони то 35-сола интихоб карда метавонанд. Дар шакли таълими шабона, фосилавӣ ва ғоибона маҳдудияти синну солӣ мавҷуд нест. Бо мақсади пешакӣ номнавис намудан, довталабон аз хизматрасонии “Пешномнависӣ” (бақайдгирии пешакӣ тавассути шабакаи Интернет) истифода карда метавонанд, аммо бояд таъкид кард, ки пешномнависӣ тавассути шабакаи Интернет ҳанӯз маънои расман ба қайд гирифтани довталабро надорад ва довталаб баъд аз пешномнависӣ барои расмӣ кардани номнависӣ ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ бояд ҳатман ҳозир шавад. Тибқи тартиби муқарраргардидаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бақайдгирӣ бевосита дар ҳузури худи довталаб гузаронида мешавад, яъне аз рӯйи тартиб бақайдгирии расмии довталаб аз тариқи интернет айни замон пешбинӣ нагардидааст. Маълумоти муфассалро дар ин бора Шумо аз дастури итттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва сомонаи Марказ аз пайванди "Пешномнависӣ" гирифта метавонед.
16.02.2024Гадоев Сулаймон : Имтиёз
Савол: Асалому Алайкум! Шахсоне ки дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ иштирок кардаанд ба онҳо бал дода мешавад? 16.02.2024
Довталаби муҳтарам! Ба тартиби муқаррар намудани имтиёз ба ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №188 аз 29.04.2023 тағйирот ворид шудааст. Дар ин хусус Шумо аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=701 маълумот гирифта метавонед.
16.02.2024Назаров Фаридун: ихтисоси стоматология ройгон
Савол: Ассалому алейкум Ман мехостам дар бораи стоматология ройгон 20 нафар маьлумоте дошта бошам 15.02.2024
Довталаби муҳтарам! Дар ҳақиқат, дар феҳристи ихтисосҳо тибқи лоиҳаҳои нақшаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ барои соли таҳсили 2024-2025, яъне ИМД-2024, ки аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.01.2024, №41422(26.5) барои корбарӣ ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гаштааст, барои ихтисоси 1790107-"Стоматология"-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои намуди таҳсили ройгон 20 (бист) ҷой пешбинӣ шудааст. Минбаъд, тағйироте ворид гардад, Марказ довталабонро огоҳ менамояд.
15.02.2024Нарзуллозода Саидхон: Ихтисос
Савол: Ихтисос Таьрих + хукук дар ин ихтисос чанд Сол мехони 4 ё ки 5 14.02.2024
Довталаби муҳтарам! Барои ҳамаи ихтисосҳои ҳамгиро муҳлати таҳсил 5 (панҷ) сол пешбинӣ шудааст.
14.02.2024Рахимов Махмашариф: Саволу чавоби фанни химия
Савол: Ба мо маводхои химия барои хондан даркор 14.02.2024
Довталаби муҳтарам! Агар манзури Шумо маҷмуаи саволу масъалаҳои тест аз фанни "Химия" бошад, ин китобчаҳо ба ҳамаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ирсол карда шуд. Нусхаи электрониаш дар сомонаи Марказ дар пайванди (https://www.ntc.tj/images/Downloads/A3-15_Chemistry_tj.pdf) гузошта шудааст. Ҳамчунин, метавонед, ки аз хизматрасонии "Худро бисанҷ" (https://onlinetest.ntc.tj/Home/Welcome?ReturnUrl=%2f) истифода намоед. Ин хизматрасонӣ низ дар сомонаи Марказ фаъол аст.
14.02.2024Мирзокулов Илëсхуча: Шарти кабулкуни
Савол: Ассалому алейкум. Акаи ман соли 2022 мактабро хатм намудааст ва мехохад соли 2024 яъне хамин сол бо тарики ММТ ба донишгох дохил шавад.Оë у метавонад хуччатхои худро супорад? Агар мумкин бошад номгуи хамаи хуччатхои хатмиро мегуфтед.Пешаки рахмат) 12.02.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Бародаратон метавонанд, ки дар даври бақайдгирӣ барои супоридани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ иштирок намоянд. Маълумоти муфассал дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" таҳти унвони «Довталаб кай ва чӣ тавр бояд аз қайд гузарад?» ва сомонаи расмии Марказ дар пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view= article&id=684
12.02.2024Камолиддин Юлдошев : Забони точики
Савол: Ман мехохам программист шавам 12.02.2024
Довталаби муҳтарам! Марҳамат, ба пайванди https://stat.ntc.tj/Y22/Rplan ворид гашта, аз гурӯҳи ихтисосҳои якум ихтисосҳои дилхоҳатонро интихоб намоед. Чи тавре ки қаблан таъкид карда будем, саҳифаи мазкур "Саволу ҷавоб" ном дорад, на "Баёни орзуҳо". Минбаъд суоле ё нофаҳмие доир ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дошта бошед, марҳамат, бипурсед, мо ҷавоб медиҳем.
12.02.2024Салохиддин: Какой я кластер
Савол: Я хочу выбрать направление экономики и финансов какой кластер мне нужно выбрать и какие экзамены я дожжен сдать? 12.02.2024
Довталаби муҳтарам! Марҳамат, ба пайванди https://stat.ntc.tj/Y22/Rplan ворид гашта, аз гурӯҳи ихтисосҳои дуюм ихтисосҳои дилхоҳатонро интихоб намоед. Барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ пас аз хатми синфи 11-ум довталабон қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ)-ро месупоранд.
12.02.2024Фозилзода Саидшоҳ: Кластери 1
Савол: Ман мехоҳам Маркшейдер шавам 09.02.2024
Довталаби муҳтарам! Марҳамат, ба пайванди https://stat.ntc.tj/Y22/Rplan ворид гашта, аз гурӯҳи ихтисосҳои якум ихтисосҳои дилхоҳатонро интихоб намоед. Чи тавре ки қаблан таъкид карда будем, саҳифаи мазкур "Саволу ҷавоб" ном дорад, на "Баёни орзуҳо". Минбаъд суоле ё нофаҳмие доир ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дошта бошед, марҳамат, бипурсед, мо ҷавоб медиҳем.
09.02.2024Бобоева лайло: Кластери 3
Савол: Ман мехоҳам муаллимаи забони руси шавам 08.02.2024
Довталаби муҳтарам! Марҳамат, ба пайванди https://stat.ntc.tj/Y22/Rplan ворид гашта, аз гурӯҳи ихтисосҳои сеюм ихтисосҳои дилхоҳатонро интихоб намоед. Хотиррасон менамоем, ки саҳифаи мазкур "Саволу ҷавоб" ном дорад, на "Баёни орзуҳо". Минбаъд суоле ё нофаҳмие доир ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дошта бошед, марҳамат, бипурсед, мо ҷавоб медиҳем.
08.02.2024Иралиев Санҷар: Саволу ҷавоб
Савол: Салом дар ДССТ КАФЕДАИ ВАЙЕНИ ДОРАД 3 МОҲА 08.02.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Хоҳиш менамоем, ки минбаъд ҳангоми пурсиш ба мантиқ ва дурустии ҷумлаҳоятон диққат диҳед. Масалан, дар калимаҳои кӯтоҳкардаатон Шумо кадом муассисаро дар назар доред, номаълум аст. Агар матлабатон Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бошад, шакли кӯтоҳшудааш ДБССТ аст. Соли ҷорӣ дар муассисаи мазкур ва боз дар 9 муасисаи таълимии таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ кафедраи ҳарбӣ фаъолият менамояд.
08.02.2024Иралиев Санҷар: Саволу ҷавоб
Савол: Ман мехоҳам менеҷнер шавам 07.02.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Бо ин дархост ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
07.02.2024Давлатов МУХАММАД: Кластери 5
Савол: Ма мехом Духтурхонайи худамро кушойм 06.02.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Бо ин дархост ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
06.02.2024Hakimov Guy :
Савол: Я хочу стать лучший автоэлектрик или монтажёр 06.02.2024
Дорогой абитуриент! В таблице (см. https://stat.ntc.tj/Y22/RPlan) указаны специализации наиболее близкие к профессии автоэлектрик. Например: 137010502- Автомобиль и автомобильное хозяйство; 1370107 – Автосервис; 128540203- Автомобильное электрооборудование и т.д. Просим вас внимательно их рассмотреть в зависимости от места расположения учебного заведения, языка обучения, формы и типа обучения так как вы не указали благоприятные для вас параметры.
06.02.2024Носиров М: Маводҳои тести
Савол: Маводҳои тестии ММТ 2024 кай дар шакли электронӣ дастрас мегардад? 02.02.2024
Довталаби муҳтарам! "Маҷмуаи саволу масъалаҳои тест-2024" пурра чоп гардид ва ба китобхонаҳои ҳамаи МТМУ-и ҷумҳурӣ ва китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда шуд. Чун анъана, аз ҳар субтест то 40% саволу масъалаҳои тест дар имтиҳонҳо истифода мешавад ва 60 %-и дигари саволу масъалаҳои ҳар субтести имтиҳон нав хоҳад шуд. Гунаи электронии маҷмуаҳои мазкур то охири моҳи феврал дар сомонаи расмии Марказ низ ҷойгир карда мешавад.
02.02.2024Изатулло Ҳомидов:
Савол: Салом. Имсол дар низоми қабули довталабон ба ДДТТ дар тахассуси стоматология навгонӣ ҳаст? Дар нақшаи қабул дидем, ки 20 нафар ройгон қабул мекардааст. 02.02.2024
Довталаби муҳтарам! Дар ҳақиқат, дар феҳристи ихтисосҳо тибқи лоиҳаҳои нақшаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ барои соли таҳсили 2024-2025, яъне ИМД-2024, ки аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.01.2024, №41422(26.5) барои корбарӣ ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гаштааст, барои ихтисоси 1790107-"Стоматология"-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои намуди таҳсили ройгон 20 (бист) ҷой пешбинӣ шудааст. Пас аз ворид гаштани шакли ниҳоии нақшаи қабул тағйирот ба назар расад, Марказ довталабонро огоҳ менамояд.
02.02.2024Олимов кароматулло: Донишгоҳ
Савол: Салом ба кормандони ИДМ падари ман маъюби гуруҳи якум мебошад Агар ман ба донишгоҳи тариқи пулаки гузарам ба ман ягон имтиёз медиҳанд метавонам ман 50 фоизи кунам маблағи шартномаро 02.02.2024
Довталаби муҳтарам! Гузаронидани донишҷӯён аз намуди пулакии таҳсил ба намуди ройгон дар салоҳияти муассисаҳои таълимӣ мебошад.
02.02.2024Бобомуродов Манучехр : Саволҳо
Савол: Намунаи саволу масъалаҳои 2024 кай нашр мешаванд ва чанд фоизи он дар имтиҳонҳои дохилшавӣ меоянд 02.02.2024
Довталаби муҳтарам! "Маҷмуаи саволу масъалаҳои тест-2024" пурра чоп гардид ва ба китобхонаҳои ҳамаи МТМУ-и ҷумҳурӣ ва китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда шуд. Чун анъана, аз ҳар субтест то 40% саволу масъалаҳои тест дар имтиҳонҳо истифода мешавад ва 60 %-и дигари саволу масъалаҳои ҳар субтести имтиҳон нав хоҳад шуд.
02.02.2024Файзуллоев Махмуд: Супоридани такрори
Савол: Ассалом алейкум ба кормандони ММТ. Мехостам боз як бори дигар ба ММТ супорам, вале айни замон дао ДДТТ бв номи Абуали ибни Сино, чи кор карда мешавад? 30.01.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Суол каме номушаххас. Агар хоҳед, ки дар давоми таҳсил аз қайд гузаред, имконият надорад. Агар пас аз хатми донишгоҳ боз таҳсилро давом доданӣ бошед, тибқи қонунгузорӣ қабули шахсонеро, ки таҳсилоти олии касбӣ доранд, барои гирифтани таҳсилоти олии касбии дуюм худи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ мемонанд. Аз ин лиҳоз, лутфан, барои пайдо кардани маълумоти муфассал дар ин мавзуъ бо "Қоидаҳои қабули донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм", ки дар сомонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шудааст, шинос шавед.
30.01.2024Одинаев Исхок: Инкишофи одам
Савол: Ман мехрхам дубора маркази тести супорам 30.01.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Суол каме номушаххас. Шумо соли гузашта аз озмуни тақсимот нагузаштаед, ё тақсимот шудаеду ба муассисаи тақсимотшуда ҳозир нашудаед ва ё ҳоло донишҷӯй ҳастеду таҳсилоти дуюм гирифтан мехоҳед? Дар ҳолатҳои якум ва дуюм ҳуқуқи аз нав имтиҳонсупориро доред. Пас аз хатми донишгоҳ боз таҳсилро давом доданӣ бошед, тибқи қонунгузорӣ қабули шахсонеро, ки таҳсилоти олии касбӣ доранд, барои гирифтани таҳсилоти олии касбии дуюм худи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ мемонанд. Аз ин лиҳоз, лутфан, барои пайдо кардани маълумоти муфассал дар ин мавзуъ бо "Қоидаҳои қабули донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм", ки дар сомонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шудааст, шинос шавед.
30.01.2024Каримиён Анушервон: Баъди хатми коллеҷ
Савол: Ман имсол коллеҷи технологии шаҳри Душанберо бо ихтисоси молия хатм мекунам (баъди синфи 9 дохил шуда будам). Оё ман ҳам ҳуқуқ дорам, ки муассисаи таҳсилоти олии дилхоҳамро бо таҳсили ройгон интихоб кунам? (ба мисли хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ)? 26.01.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Тибқи “Тартиби тақсимот ва бо ҷои кор таъмин кардани мутахассисони ҷавон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми ноябри соли 2022, №563 тасдиқ шудааст, шаҳрвандоне, ки муассисаҳои давлатии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳисоби буҷети давлатӣ хатм кардаанд, уҳдадоранд, ки дар асоси қарордод (шартнома)-и тарафҳо ва роҳхат се сол аз рўйи ихтисос дар муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ фаъолият намоянд. Бинобар ин, онҳо, танҳо пас аз се соли кор диплом ва замимаи онро аз муассисаи таълимии хатмкардаашон гирифта, бо пешниҳоди ин ҳуҷҷатҳо аз қайд гузашта метавонанд.
26.01.2024Чуразода Вахобшо: Кабули донишгох
Савол: Салом алейкум ман имсол ДМТ-ро хатм мекунам мехохам боз ба дигар донишгох дохил шавам метавонам тавассути Маркази Милли Тести аз сари нав дохил шавам. 26.01.2024
Шаҳрванди муҳтарам! Тибқи қонунгузорӣ қабули шахсонеро, ки таҳсилоти олии касбӣ доранд, барои гирифтани таҳсилоти олии касбии дуюм худи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ мемонанд. Аз ин лиҳоз, лутфан, барои пайдо кардани маълумоти муфассал дар ин мавзуъ бо "Қоидаҳои қабули донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм", ки дар сомонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шудааст, шинос шавед.
26.01.2024Эргашева Ноилахон Шарафовна: Кабули донишгох
Савол: Ассалому алейкум! Ман соли гузашта мактабро хатм кардаам. Соли гузашта бо тарики Маркази Миллии Тестии назди Президенти ЧТ ба донишгохи Славянии Русия ва Точикистон дохил шуда будам вале рафта тахсил карда натавонистам. Мехохам хамин сол аз нав тестро супурам агар имконият бошад. 26.01.2024
Довталаби муҳтарам! Шумо имконияти аз қайд гузаштан ва дар имтиҳонҳо иштирок намуданро доред. Лутфан, бо тартиби азқайдгузарӣ ва иштирок дар ИМД, ки дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва сомонаи расмии Марказ www.ntc.tj таъкид шудааст, шинос шавед.
26.01.2024Ойтуганов Муҳаммад : Маркази миллии тести
Савол: Ассалому алайкум .Маркази миллии тести соли 2024 кай сар мешава? 16.01.2024
Довталаби муҳтарам! Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро мунтазам дар доираи мақсаду вазифаҳои гузошташуда, дар давоми сол, тибқи "Оиннома", "Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон", нақшаи кори Марказ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари дахлдор ба роҳ мемонад. Бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва дигар самтҳои фаъолияташ дар соли 2024, айни замон, корҳои зерин идома дорад: 1) корҳои иттилоърасонию таблиғотӣ; 2) нашри маводди иттилоотию методӣ: дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” (ба забони тоҷикӣ ва ба забони русӣ), 10 номгӯй маҷмуаи саволу масъалаҳои тести қисми А (ба забони тоҷикӣ ва ба забони русӣ), маҷмуаи саволу масъалаҳои тести қисми Б; барнома ва модули курси омӯзиши низоми ИМД ва диск бо маводди иттилоотию методӣ барои омӯзиш ва интихоби тренерон ва кормандони муваққатӣ барои ташкилу баргузории давраҳои гуногуни фаъолияти Марказ (таблиғгарон, тренерон, бақайдгирандагон ва ғайра). Аз 15.01.2024 семинарҳои омӯзишии таблиғгарон низ оғоз ёфт. Ин семинарҳо дар се сатҳ доир мегардад. Барои пурра огоҳ гаштан аз фаъолияти Марказ ба сомонаи расмии он www.ntc.tj муроҷиат намоед.
16.01.2024Алиев Фирӯз : Китобчаи тести 2023 бо забони русӣ
Савол: Салом китобчаи тестиро бо вариантҳояш бо забони русӣ аз куҷо дастрас карда метавонем ? Агар электронӣ мебуд боз ҳам хуб мешуд, пешаки раҳмат. 08.01.2024
Довталаби муҳтарам! Ҳамаи 15 варианти саволу масъалаҳои тест вобаста ба фарогирии барномаи таълим дар "Намунаи саволу масъалаҳои тест-2024" ҷой дода мешавад. Ин маҷмуаҳоро оғоз аз моҳи феврал аз китобхонаҳои ҳамаи МТМУ-и ҷумҳурӣ ва китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас кардан мумкин мешавад. Гунаи электронии маҷмуаҳои мазкур дар сомонаи расмии Марказ низ ҷойгир карда мешавад. Аз чоп гаштани маҷмуаҳо Марказ шаҳрвандонро огоҳ менамояд.
08.01.2024