Саволҳои маъмул

Ба низоми ИМД кадом муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохиланд?

Соли 2017‑ум ба воситаи низоми ИМД ба 34 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 47 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (бо фарогирии 36 гурӯҳи мақсаднок ва 1 шуъба) донишҷӯён қабул карда мешаванд.

Дар ҷадвалҳои Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, “Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ” ва “Гурӯҳҳои мақсадноки муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ”, ки дар сомонаи Марказ ҷойгиранд, номи пурра, рамз, номи кӯтоҳ, нишонӣ ва рақами телефонҳои муассисаҳои таълимие оварда шудааст, ки қабули донишҷӯён ба онҳо тавассути ИМД ба роҳ монда мешавад ва донистани он барои ҳар як довталаб, падару модар ва омӯзгор ҳангоми интихоб зарур аст.

Бақайдгирӣ кай ва чӣ тавр сурат мегирад?

Бақайдгирии довталабон аз 1-уми март то 15-уми апрел дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои интихобшавандаи ҷумҳурӣ (ба макони зисти довталабон наздик) сурат мегирад. Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи Марказ гузошта шудааст. Бақайдгирӣ дар ҳузури довталаб бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба воситаи техника ва технологияи муосир ба роҳ монда мешавад. Ба довталаб варақаи бақайдгирӣ, ки дар он ҳамаи маълумоти барояш зарурӣ дарҷ мегардад, дода мешавад. Забон ва макони имтиҳонсупориро довталаб дар вақти бақайдгирӣ ихтиёран муайян мекунад.

Довталаб метавонад ихтисосҳои ба ӯ писандро бо назардошти муассисаҳои таълимӣ, шакли таҳсил (рӯзона, ғоибона, шабона, фосилавӣ) ва намуди таҳсил (ройгон ё пулакӣ) интихоб намояд. Ҳарчанд аз рӯйи баъзе ихтисосҳои муассисаҳои таълимӣ таҳсил бо якчанд забон аст, забони таҳсилро довталаб дар вақти бақайдгирӣ мушаххас нишон дода наметавонад, зеро тақсимоти донишҷӯёнро ба гурӯҳҳои академӣ аз рӯйи забони таҳсил баъди гузаштан аз озмуни тақсимот муассисаҳои таълимӣ мувофиқи балҳои бадастовардаи донишҷӯён ва хоҳиши онҳо анҷом медиҳанд. Дар навбати аввал хоҳиши донишҷӯёне ба назар гирифта мешавад, ки нисбат ба дигарон балҳои зиёдтар доранд.

Довталабон ихтисосҳоеро, ки супоридани имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсусро талаб менамоянд, танҳо аз як муассисаи таълимӣ интихоб карда метавонанд. Дар сурати дар як муассисаи таълимӣ мавҷуд будани якчанд ихтисосе, ки имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсуси якхела доранд, довталаб метавонад аз ҳамин муассисаи таълимӣ якчанд ихтисосро интихоб намояд.

Кӣ барои иштирок дар ИМД ҳуқуқи аз қайд гузаштанро дорад?

Шахсони зерин барои иштирок дар ИМД ҳуқуқи аз қайд гузаштанро доранд:

– шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – хатмкардагони солҳои пеш ва хатмкунандаҳои соли 2017 уми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбии кишварҳои хориҷиро хатм намуда, ҳуҷҷати тасдиқкунанда ва шаҳодатномаи баробарарзишии ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилотро доранд;

– шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм кардаанд ё хатм менамоянд (танҳо мувофиқи ихтисосҳои таҳсилашон пулакӣ).

Оё маҳдудияти синну сол барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимӣ вуҷуд дорад?

Барои таҳсили рӯзона дар муассисаҳои таълимӣ шахсони синнашон то 35-сола метавонанд ҳуҷҷат супоранд, вале барои таҳсили ғоибона ва шабона дар муассисаҳои таълимӣ чунин маҳдудият ҷой надорад.

Довталаб метавонад дар вақти бақайдгирӣ иштирок накунад?

Не, мумкин нест. Ҳузури довталаб дар вақти бақайдгирӣ ҳастмист. Зеро баъд аз ворид кардани маълумоти зарурӣ ба барномаи бақайдгирӣ акси довталаб гирифта ва дар варақаи бақайдгириаш ҷойгир карда мешавад. Дар он варақа (дар ду нусха) ҳам бақайдгиранда ва ҳам довталаб дурустии маълумоти сабтшударо тасдиқ карда, имзо мегузоранд.

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бақайдгирӣ кадомҳоянд?

Барои бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шавад:

1) асл ва нусхаи шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;

2) маълумотнома (бо сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 11-ум будан, ё аз муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар хусуси хатмкунанда будан ё:

– асл ва нусхаи аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ (барои онҳое, ки синфи 11-умро хатм намудаанд);

– асл ва нусхаи диплом дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ (барои онҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро хатм кардаанд);

– асл ва нусхаи диплом дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ (барои онҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро хатм намудаанд);

3) расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” (ҳаҷми маблағро ҳар сол Марказ муайян менамояд);

4) хулосаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи манъ карда нашудани таҳсил барои довталабони маъюби гурӯҳҳои 1 ум ва 2 юм ва кӯдаки маъюб тибқи ихтисос(ҳо)-и интихобкарда;

5) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар дошта бошад), аз ҷумла:

– хулосаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (маълумотномаи силсиладор) дар бораи маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм ё кӯдаки маъюб будани довталаб (асл ва нусхаи тасдиқкардаи ин мақомот);

– хатти вафоти падар ва модар, шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб – барои ятимони кулли то 21-сола (асл ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда);

– маълумотнома дар бораи бепарастор будан, ки бахши оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияи дахлдор додааст, ҳамчунин қарор (ҳалнома)-и суд барои бепарасторони то 21-сола (асл ва нусхаи тасдиқкардаи ин мақомот);

– хатти вафоти падар ё ¬модар, шаҳодатнома да¬р бораи таваллуди дов¬талабони то 21-сола фарзандони хизматчиё¬ни ҳарбие, ки ҳангоми¬ иҷрои уҳдадории хизм¬ати ҳарбӣ ҳалок гардидаа¬нд ё ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хиз¬мати ҳарбӣ маъю¬б ё бемор шуда, бар асари он фавтидаанд (а¬сл ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда);

– тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибият дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ё байналмилалӣ (барои онҳое, ки ҷойи 1 ум, 2 юм ё 3 юмро ишғол намудаанд);

– тавсияномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибият дар озмун ё фестивалҳои тахассусии ҷумҳуриявӣ ё байналмилалии соҳаи санъат ва фарҳанг;

– шаҳодатнома дар бораи узви дастаи яккачини варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон будан, дорандаи унвони “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ё дараҷаи “Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” (асл ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда);

– билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи муваққатӣ, ки ба ивази билети ҳарбӣ барои шахсони хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра адокарда дода шудааст (асл ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда).

Дар низоми ИМД довталаб ҳуқуқ дорад, ки баъд аз бақайдгирии даври асосӣ маълумоти инфиродӣ ё интихобҳояшро тағйир диҳад. Барои ин ӯро зарур аст, ки худро аз нав номнавис кунад.

Варақаи бақайдгирӣ чист?

“Варақаи бақайдгирии довталаб” ҳуҷҷати расмӣ буда, дар рӯзи аз қайд гузаштани довталаб байни ӯ ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида мешавад. Варақаи бақайдгирӣ ба довталаб ҳуқуқи иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро медиҳад.

Дар варақаи бақайдгирӣ маълумоти инфиродии довталаб, комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш, макон ва забони имтиҳонсупорӣ, рақами назоратӣ ва рамзи муваққатӣ барои ворид шудан ба кабинети инфиродӣ ва ғайра дарҷ мегардад.

Азнавбақайдгирӣ чист ва он кай сурат мегирад?

Дар низоми ИМД довталаб ҳуқуқ дорад, ки баъд аз бақайдгирии даври асосӣ маълумоти инфиродӣ ё интихобҳояшро тағйир диҳад. Барои ин ӯро зарур аст, ки аз нав ба қайд гирифта шавад.

Довталаб барои аз қайд гузаштан дар даври якуми азнавбақайдгирӣ аз 16 ум то 30-юми апрел ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва расиди пардохти маблағи иловагиро бояд пешниҳод кунад. Довталаб ба нуқтаи бақайдгирие, ки дар бақайдгирии даври асосӣ аз қайд гузаштааст, бояд ҳозир шавад. Онҳое, ки ҳангоми бақайдгирии асосӣ номнавис накардаанд, дар ин давра ба қайд гирифта намешаванд.

Барои довталабоне, ки хоҳиши иваз кардани гурӯҳи ихтисосҳо ва (ё) комбинатсияи ихтисосҳоро доранд, даври дуюми азнавбақайдгирӣ аз 12-ум то 20 уми июн танҳо дар шаҳри Душанбе бо пардохти маблағи пурраи бақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад. Имтиҳонҳо барои ин гурӯҳи довталабон дар даври имтиҳонҳои иловагӣ рӯзҳои 18-19-уми июл танҳо дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Барои азнавбақайдгирӣ кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?

Дар давраи азнавбақайдгирӣ танҳо довталабоне иштирок карда метавонанд, ки онҳо дар бақайдгирии асосӣ аз қайд гузаштаанд.

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои азнавбақайдгирӣ:

1) шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;

2) варақаи бақайдгирии даври бақайдгирии асосӣ;

3) расид аз филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” оид ба пардохти:

– маблағи иловагӣ (барои даври якуми азнавбақайдгирӣ – аз 16-ум то 30-юми апрел);

– маблағи пурра (барои даври дуюми азнавбақайдгирӣ – аз 12-ум то 20 уми июн).

Бақайдгирии иловагӣ чист ва он барои кӣ муайян гардидааст?

Марказ барои онҳое, ки ҳангоми бақайдгирии даври асосӣ (аз 1-уми март то 15‑уми апрел) бо сабабҳои гуногун аз қайд гузашта натавонистаанд, аз ҷумла шахсоне, ки дар ин давра дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд, дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мекарданд, бақайдгирии иловагӣ ташкил менамояд. Бақайдгирии иловагӣ аз 12-ум то 30-юми июн танҳо дар шаҳри Душанбе ба роҳ монда мешавад.

Довталабоне, ки дар бақайдгирии даври асосӣ аз қайд мегузаранд, ҳуқуқи иштирокро дар бақайдгирии иловагӣ надоранд. Баъд аз анҷоми давраи бақайдгирии иловагӣ ҳуҷҷат қабул карда намешавад.

Кадом ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии иловагӣ заруранд?

Барои бақайдгирии иловагӣ бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шавад:

1) асл ва нусхаи шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;

2) асл ва нусхаи шиносномаи хориҷӣ бо муҳри убури марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои онҳое, ки дар бақайдгирии даври асосӣ берун аз марзи ҷумҳурӣ қарор доштанд);

3) билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи муваққатӣ, ки ба ивази билети ҳарбӣ барои шахсони хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра адокарда дода шудааст (асл ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшуда).

4) асл ва нусхаи аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ё асл ва нусхаи диплом дар бораи таҳсилоти ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ (барои онҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбиро хатм кардаанд);

5) асл ва нусхаи тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи имтиёз (агар имтиёз дошта бошад. Нигаред ба рӯйхати ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирӣ зарурӣ);

6) расиди пардохти маблағ аз филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” (ҳаҷми маблағро Марказ муайян менамояд).

Кабинети инфиродӣ чист?

Кабинети инфиродӣ сарчашмаи маълумот оид ба натиҷаҳои иштироки довталаб дар ИМД буда, дар давоми 2-3 рӯзи пас аз бақайдгирӣ фаъол мегардад. Баъди фаъол шудани кабинети инфиродӣ довталаб бо дохил кардани рақами назоратӣ ва рамзи муваққатӣ онро мекушояд.

Вобаста аз ҳар марҳалаи ИМД довталаб аз кабинети инфиродии худ метавонад маълумоти зеринро ба даст орад:

– маълумоти инфиродӣ;

– нусхаи даъватнома;

– нусхаи варақаи бақайдгирӣ;

– гурӯҳи ихтисосҳо ва комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобнамуда аз рӯйи муассисаҳои таълимӣ, шакл, намуд ва забони таҳсил мувофиқи бартарии онҳо;

– ҷадвали баргузории имтиҳонҳо;

– нусхаи варақаҳои ҷавобҳои ҳар қисми имтиҳон;

– натиҷаҳои имтиҳонҳо:

– хол ва балҳои ҳар субтест;

– хол ва бали имтиҳони эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус (агар чунин имтиҳонро супорида бошад);

– балҳои имтиёз (агар дошта бошад);

– натиҷаи тақсимот ва ғайра.

Ба кабинети инфиродӣ чӣ гуна ворид шудан мумкин аст?

Барои ворид шудан ба кабинети инфиродӣ довталаб метавонад аз сомонаи Марказ ё саҳифаи воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ истифода барад. Довталаб бояд дар саҳифаи асосии сомона аз қисми тугма-пайвандҳо банди “4. Кабинети инфиродӣ”-ро интихоб намояд. Воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ танҳо бо дохил кардани рақами назоратӣ ва рамзи дуруст имкон дорад. Бинобар ин довталаб бояд ба дуруст дохил кардани ададҳо ва ҳарфҳои хурду калони англисӣ диққати ҷиддӣ диҳад.

Равзанаи воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ аз майдон ва унсурҳои зерин иборат аст, ки онҳо чунин вазифаҳоро доранд:

– майдони “Номи корбар” барои дохил кардани рақами назоратӣ;

– майдони “Рамз” барои ворид кардани рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ;

– майдони “Забон” барои интихоби забони корӣ (интерфейс)-и кабинети инфиродӣ;

– тугмаи “Воридшавӣ” барои дохил шудан ба кабинети инфиродӣ (пас аз ворид кардани номи корбар, рамз ва интихоб намудани забони корӣ пахш карда мешавад);

– пайванди “Рамзро фаромӯш кардед?” барои барқарор кардани рамзи фаромӯшшуда. Баъди пахши ин пайванд довталаб рақами назоратӣ ва нишонии почтаи электронияшро, ки дар вақти бақайдгирӣ нишон дода буд, дар равзанаи зарурӣ бояд дохил кунад. Пас аз ин ба почтаи электронии довталаб рамзи муваққатии нав меояд, ки онро барномаи компютерӣ ба таври худкор (автоматӣ) месозад.

Иваз намудани рамзи муваққатӣ ва махфӣ нигоҳ доштани рамзи нав ҳатмист! Баъди анҷоми кор дар кабинети инфиродӣ пахш кардани тугма-пайванди “Баромад” ҳатмист, то ки кори кабинети инфиродӣ поён ёфта, воридшавӣ ба он барои дигарон имконнопазир гардад.

Оё маблағи барои хизматрасонӣ дар ИМД пардохткардаро баргардонидан мумкин аст?

Бале, агар довталаб аз иштирок дар имтиҳонҳо даст кашад, барои бозпас гирифтани маблағи пардохтааш бояд дар муҳлати муқарраршуда ба Марказ ариза пешниҳод намояд, вагарна ин маблағ, ба истиснои ҳолатҳои ғайричашмдошт, ки аз довталаб вобастагӣ надорад, баргардонида намешавад.

Муҳлати пешниҳоди ариза барои баргардонидани маблағи пардохтшуда чунин муқаррар гардидааст:

‒ барои шахсоне, ки дар бақайдгирӣ (асосӣ) ширкат варзида, аз иштирок дар ИМД даст кашидаанд – 2 (ду) ҳафта (аз рӯзи ба анҷом расидани давраи бақайдгирӣ ва (ё) азнавбақайдгирӣ);

‒ барои шахсоне, ки дар бақайдгирии иловагӣ ширкат варзида, аз иштирок дар ИМД даст кашидаанд – 1 (як) ҳафта (аз рӯзи ба анҷом расидани давраи бақайдгирии иловагӣ);

‒ барои довталабоне, ки аз пардохти пурраи маблағ ё қисме аз он озоданду маблағро пурра пардохт кардаанд – 2 (ду) моҳ (аз рӯзи ба анҷом расидани давраи бақайдгирии иловагӣ);

‒ барои довталабоне, ки бо сабаби узрнок дар ИМД иштирок карда натавонистаанд – 2 (ду) моҳ (аз рӯзи ба анҷом расидани давраи бақайдгирии иловагӣ).

Даъватнома чист ва он чӣ тавр дастрас мегардад?

Барои иштирок дар ИМД ба довталабон даъватнома фиристода мешавад.

Даъватнома ҳуҷҷатест, ки баъди бақайдгирӣ барои даромадани довталаб ба маркази имтиҳон ҳамчун иҷозатнома хизмат мекунад.

Даъватнома шахсан ба довталаб ва ё наздикони ӯ бо пешниҳод намудани варақаи бақайдгирӣ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ба воситаи бахшҳои минтақавии Марказ, раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимӣ дастрас мегардад. Нусхаи электронии даъватномаи довталаб дар кабинети инфиродиаш низ ҷойгир карда мешавад. Дар ин бора ба довталаб SMS-паёмаки телефонӣ фиристода мешавад.

Барои ворид гаштан ба маркази имтиҳон довталаб бояд даъватнома, шиноснома (ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо сурат) дошта бошад. Довталаб бояд ба маркази имтиҳон аз рӯйи ҷадвали имтиҳонҳо дар рӯзи муайяншуда 1 соату 30 дақиқа пеш аз оғози имтиҳон ҳозир шавад.

Ҳангоми гум шудани даъватнома чӣ бояд кард?

Дар ҳолати дастрас нагардидани даъватнома ва ё гум шудани он довталаб метавонад, ки нусхаи электронии даъватномаашро аз кабинети инфиродии худ баъди нашри он чоп карда гирад ё бевосита ба Марказ ё яке аз бахшҳои минтақавии он муроҷиат намояд.

Фанҳои имтиҳонии ИМД вобаста ба гурӯҳи ихтисосҳо кадомҳоянд?

Дар низоми ИМД довталаб барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ вобаста аз интихобҳояш 2 ё 3 имтиҳон месупорад:

– қисми А – имтиҳони умумӣ;

– қисми Б – имтиҳони ихтисос;

– қисми В – имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус.

 

ҚИСМИ А (ИМТИҲОНИ УМУМӢ)

Қисми А (имтиҳони умумӣ) барои ҳамаи довталабон, сарфи назар аз ихтисос(ҳо)-и интихобнамуда, ҳатмист.

Дар имтиҳони умумӣ китобчаи тест аз 3 субтест иборат аст:

1) забони тоҷикӣ;

2) математика;

3) таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ.

Дар ин қисми имтиҳон довталаб субтести забони тоҷикиро ҳатман бо забони тоҷикӣ ва субтестҳои дигарро, вобаста аз интихоби забони имтиҳонсупорӣ дар давраи бақайдгирӣ, бо забони тоҷикӣ ё русӣ месупорад. 

Барои ҷавоб додан ба саволҳо ва ҳалли масъалаҳои се субтести қисми А 165 дақиқа ҷудо шудааст.

 

ҚИСМИ Б (ИМТИҲОНИ ИХТИСОС)

Дар қисми Б (имтиҳони ихтисос) довталаб аз рӯйи талаботи гурӯҳи ихтисосҳои интихобнамудааш аз се фан имтиҳон месупорад. Дар ин қисм мувофиқи гурӯҳи ихтисосҳо китобчаи тест аз се субтест иборат аст:

Гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум: математика, физика ва химия.

Гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм: математика, география ва забони хориҷӣ.

Гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм: забон ва адабиёт, таърих ва забони хориҷӣ.

Гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум: таърих, ҳуқуқи инсон ва забони хориҷӣ.

Гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум: химия, биология ва физика.

Барои ҷавоб додан ба саволҳо ва ҳалли масъалаҳои се субтести қисми Б 165 дақиқа муқаррар шудааст. 

 

ҚИСМИ В (ИМТИҲОНҲОИ ЭҶОДӢ ВА МАҲОРАТИ МАХСУС)

Қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро довталабоне месупоранд, ки ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи ихтисосҳои интихобнамудаашон (самтҳои санъат, варзиш, дизайн, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ ва динӣ) мувофиқи талаботу қоидаҳои муқарраргардида омодагии эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус доштанашон ҳатмист. Имтиҳони қисми В-ро комиссияҳои имтиҳонӣ (фаннӣ)-и муассисаҳои таълимӣ дар худи муассисаҳо баргузор менамоянд.

Довталабоне, ки танҳо ихтисосҳои имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсусдоштаро интихоб менамоянд, аз супоридани қисми Б озоданд.

Фанҳо ва намудҳои санҷиш дар ин қисм аз ҳар як ихтисоси дахлдор ва самти он вобаста аст. Феҳристи ихтисосҳое, ки супоридани имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсусро талаб мекунанд, дар сомонаи Марказ гузошта шудааст.

Имтиҳонҳо ба кадом забон супорида мешаванд?

Дар низоми ИМД забони имтиҳонсупорӣ тоҷикӣ ва русӣ муқаррар шудааст. Довталаб дар вақти бақайдгирӣ барои интихоби забони имтиҳонсупорӣ озод аст. Дар қисми А довталаб субтести забони тоҷикиро ҳатман бо забони тоҷикӣ ва субтестҳои дигарро вобаста аз забони имтиҳонсупории интихобкардааш месупорад. 

Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки дар қисми Б (имтиҳони ихтисос) довталаб аз рӯйи талаботи гурӯҳи ихтисосҳои интихобнамудааш аз се фан имтиҳон месупорад.

Дар ин қисм мувофиқи гурӯҳи ихтисосҳо китобчаи тест аз се субтест иборат аст:

Гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум: математика, физика ва химия.

Гурӯҳи ихтисосҳои 2-юм: математика, география ва забони хориҷӣ*.

Гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм: забон ва адабиёт, таърих ва забони хориҷӣ*.

Барои довталабоне, ки ихтисоси “забон ва адабиёти ӯзбек”-ро интихоб кардаанд, субтести 1-уми имтиҳони қисми Б (забон ва адабиёт) забон ва адабиёти ӯзбек аст. Ин гуна довталабон ихтисосҳои “забон ва адабиёти тоҷик” ва “забон ва адабиёти рус”-ро интихоб карда наметавонанд. Забони имтиҳонсупорӣ барои чунин гурӯҳи довталабон аз субтести 2-юми қисми Б (таърих) вобаста аз интихобашон ҳангоми бақайдгирӣ тоҷикӣ ё русӣ мешавад.

Довталабони дигар вобаста ба забони имтиҳонсупорӣ субтести 1-уми қисми Б-ро аз забон ва адабиёти тоҷик ё забон ва адабиёти рус месупоранд.

Гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум: таърих, ҳуқуқи инсон ва забони хориҷӣ*.

Довталаб дар интихоби яке аз забонҳои хориҷӣ (англисӣ, немисӣ, франсавӣ ва арабӣ) дар гурӯҳи ихтисосҳои  2-юм, 3-юм ва 4-ум озод аст.

Гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум: химия, биология ва физика.

Имтиҳонҳо кай ва чӣ тавр баргузор мешаванд?

Имтиҳонҳои қисми А (имтиҳони умумӣ) ва қисми Б (имтиҳони ихтисос) вобаста аз гурӯҳи ихтисосҳо аз 1-ум то 15-уми июл дар марказҳои имтиҳон ва қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) аз 25-уми июн то 5-уми июл дар муассисаҳои таълимии дахлдор баргузор мегарданд. Нишонии маркази имтиҳон дар даъватнома нишон дода мешавад.

Довталабон – шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ имтиҳонҳои зеринро месупоранд:

– қисми А (имтиҳони умумӣ) аз 3 субтести иборат аз 4 фанни таълимӣ (забони тоҷикӣ, математика, таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ);

– қисми Б (имтиҳони ихтисос) аз 3 субтести иборат аз 3 фанни таълимӣ (вобаста аз ҳар гурӯҳи ихтисосҳо);

– қисми В (имтиҳони эҷодӣ ва маҳорати махсус) – дар сурати интихоб кардани ихтисосҳое, ки супоридани чунин имтиҳонро талаб мекунанд.

Фанҳои имтиҳони қисмҳои А ва Б (вобаста аз ҳар гурӯҳи ихтисосҳо) дар ҷадвалҳои зерин нишон дода шудаанд.

Ҷадвалҳои фанҳои имтиҳони қисмҳои А ва Б (вобаста аз ҳар гурӯҳи ихтисосҳо):

Фанҳои имтиҳон (субтестҳо)-и қисми А

1.

Забони тоҷикӣ

2.

Математика

3.

Таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ

 

Гурӯҳи ихтисосҳо

Фанҳои имтиҳон (субтестҳо)-и қисми Б

1.

Табиӣ ва техникӣ

Математика

Физика

Химия

2.

Иқтисод ва география

Математика

География

Забони хориҷӣ

3.

Филология, педагогика ва санъат

Забон ва адабиёт

Таърих

Забони хориҷӣ

4.

Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ

Таърих

Ҳуқуқи инсон

Забони хориҷӣ

5.

Тиб, биология ва варзиш

Химия

Биология

Физика

Фан ё намуди санҷишҳои имтиҳони қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) аз ҳар як ихтисоси дахлдор ва самти он вобаста аст. Руйхати ихтисосҳое, ки супоридани имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсусро талаб мекунанд, вобаста ба гурӯҳи ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ ва имтиҳонҳо дар сомонаи Марказ ҷойгир карда шудааст.

Имтиҳонҳои иловагӣ барои киҳо муқаррар шудааст?

Имтиҳонҳои иловагӣ барои довталабоне пешбинӣ шудааст, ки:

1) дар имтиҳонҳои даври асосӣ бо сабабҳои гуногун иштирок карда наметавонанд;

2) дар даври дуюми азнавбақайдгирӣ (аз 12-ум то 20-уми июн номнавис шудаанд) интихобҳои худро иваз менамоянд;

3) дар бақайдгирии иловагӣ (аз 12 ум то 30-юми июн).

Довталабе, ки бо сабабҳои гуногун дар имтиҳонҳо иштирок карда натавониста, хоҳиши иштирок дар имтиҳонҳои иловагиро дошта бошад, бояд ариза ва ҳуҷҷатҳои дахлдорро ба Марказ пешниҳод намояд. Пас аз баррасии ариза ва қарори мусбат баровардани комиссия бо фармоиши директори Марказ ба довталаб иҷозат дода мешавад, ки дар имтиҳонҳои иловагӣ иштирок кунад.

Барои ба имтиҳонҳои иловагӣ иҷозат додани довталабоне, ки дар имтиҳонҳои даври асосӣ иштирок карда натавонистаанд, сабабҳои зерин ба назар гирифта мешаванд:

– бемории вазнини довталаб;

– фавти шахсе аз аъзои оила;

– бар асари садамаи нақлиёт ё офатҳои табиӣ зарар дидани довталаб;

– дар хориҷи кишвар будан барои иштирок дар:

– олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ,

– мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ,

– озмунҳои байналмилалии соҳаи санъату фарҳанг.

Аризаҳои довталабон бо нишон додани сабаби ширкат наварзиданашон дар ин имтиҳонҳо аз 1-ум то 15-уми июл қабул карда мешавад.

Имтиҳонҳои иловагӣ аз рӯйи ҷадвали тасдиқгардида дар давоми ду рӯз – 18 ум ва 19 уми июл танҳо дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.

Имтиҳонҳои иловагии эҷодӣ ва маҳорати махсус барои довталабоне, ки дар даври асосии чунин имтиҳонҳо бо сабабҳои гуногун иштирок карда натавонистаанд ё дар давраи бақайдгирии иловагӣ аз қайд гузаштаанд, рӯзҳои 6-ум ва 7-уми июл дар муассисаҳои таълимии дахлдор доир мегарданд.

Киҳо имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус месупоранд?

Қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро довталабоне месупоранд, ки ҳангоми дохил шудан ба муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи ихтисосҳои интихобнамудаашон мувофиқи талаботу қоидаҳои муқарраргардида омодагии эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус доштанашон ҳатмист. Мақсад аз имтиҳони қисми В санҷидани қобилияти эҷодӣ ва (ё) малакаи махсуси довталабонест, ки ихтисосҳои самтҳои санъат ва фарҳанг, варзиш, дизайн, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ ва диниро интихоб кардаанд.

Имтиҳони қисми В-ро комиссияҳои имтиҳонӣ (фаннӣ)-и муассисаҳои таълимӣ дар худи муассисаҳо баргузор менамоянд.

Муассисаҳои таълимие, ки дар онҳо аз рӯйи ихтисосҳои супоридани имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсусро талабмекарда донишҷӯён таълим дода мешаванд, қоидаҳои доир намудани имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус, талабот нисбат ба довталабон дар онҳо, муҳлати баргузорӣ, вақти оғоз ва анҷоми онҳо ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин имтиҳонро муайян менамоянд.

Натиҷаи имтиҳони қисми В-и ҳар як ихтисоси дахлдор, новобаста аз миқдори санҷиш, то 100 хол баҳогузорӣ мешавад. Холҳои аз ин қисми имтиҳон бадастовардаи довталабон аз рӯи шкалаи 300-балӣ ба бал баргардонида мешавад.

Довталабоне, ки танҳо ихтисосҳои имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсусдоштаро интихоб менамоянд, аз супоридани қисми Б (имтиҳони ихтисос) озоданд.

Натиҷаи аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус) бадастовардаи довталаб дар озмуни тақсимот танҳо барои ихтисосҳое ба назар гирифта мешавад, ки чунин имтиҳонҳоро талаб мекунанд.

Имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус кай баргузор мегарданд?

Имтиҳонҳои қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) аз 25-уми июн то 5-уми июл баргузор мегарданд. Имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус барои довталабоне, ки дар даври асосии ин имтиҳонҳо бо сабабҳои гуногун иштирок карда натавонистаанд ё дар давраи бақайдгирии иловагӣ аз қайд гузаштаанд, рӯзҳои 6-ум ва 7-уми июл доир мегарданд.

Қаблан, то оғози имтиҳони қисми В (имтиҳони эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус), довталаб бояд дар назди комиссияи қабули муассисаи таълимӣ ҳозир гардида, аз талаботи имтиҳонҳо ва рӯзи машварат огоҳ шавад. Барои супоридани имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус дар муассисаҳои таълимии дахлдор варақаи бақайдгирӣ ва даъватномаи довталаб ҳуҷҷати расмӣ ба ҳисоб меравад. Дар рӯзи имтиҳон ба ғайр аз ин ҳуҷҷатҳо бо худ овардани шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат ҳатмист.

Кадом ихтисосҳо супоридани имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳоратро талаб мекунанд?

Довталабон ихтисосҳоеро, ки супоридани қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус)-ро талаб мекунанд, танҳо аз як муассисаи таълимӣ интихоб карда метавонанд. Дар сурати дар як муассисаи таълимӣ мавҷуд будани якчанд ихтисосе, ки имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсуси якхела доранд, довталаб метавонад аз ҳамин муассисаи таълимӣ якчанд чунин ихтисосро интихоб намояд “Ба довталаб”, “Руйхати ихтисосҳои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат вобаста ба гурӯҳи ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ ва имтиҳонҳо”.

Масалан, барои ихтисосҳои (1) “Санъати мусиқӣ “, (2) “Таҳсилоти томактабӣ, санъати мусиқӣ ва хореография”, (3) “Сурудхонӣ (халқӣ)”, (4) “Эҷодиёти халқӣ (мусиқии созӣ)”-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, ки ба гурӯҳи ихтисосҳои 3-юм дохил шудаанд, талаботи супоридани имтиҳони қисми В ягона аст:

Санҷиши 1-ум.

А) Иҷрои асарҳои бастакорон бо ҳамовозии фортепиано.

Б) Сароидан ва ё навохтани суруд ва оҳангҳои халқӣ ва ғайра.

Санҷиши 2-юм.

А) Шунавоии гармониявӣ ва мелодиявӣ, дарки мусиқӣ (зарб, хотира, ҷӯркунии овоз).

Б) Дарки мусиқӣ (зарб, хотира, ҷӯркунии овоз) ва ғайра.

Санҷиши 3-юм.

А) Санҷиши дониш аз фанҳои назарияи мусиқӣ, солфеджио ва фаҳмиши истилоҳоти мусиқӣ.

Б) Санҷиши малакаи иҷрои зарбҳо ва хотираи мусиқӣ.

Санҷиши 4-ум.

А) Суҳбат дар бораи мутрибони машҳури созҳои халқӣ, ансамблҳо ва сарояндагони машҳури халқи тоҷик.

Б) Қироати шеър.

Довталабон аз муассисаи мазкур метавонанд ҳамаи ихтисосҳои номбаршударо интихоб карда, 1 маротиба имтиҳони қисми В (имтиҳони эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус)-ро супоранд. Холҳои аз имтиҳони қисми В бадастовардаи онҳо барои ҳамаи ихтисосҳои номбаршуда баробар эътибор дорад.

Аз натиҷаи имтиҳонҳо чӣ тавр бохабар гардидан мумкин аст?

Натиҷаҳои имтиҳонҳо 25-уми июл эълон карда мешавад. Барои эълон ва нашри натиҷаи имтиҳонҳо Марказ аз воситаҳои муосири технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ истифода мекунад.

Оид ба натиҷаҳои имтиҳон(ҳо)и довталаб, аз ҷумла шумораи хол ва балҳои бадастоварда ва ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтан, дар кабинети инфиродии ӯ маълумоти муфассал ҷой дода мешавад “Зарурати истифодаи сомонаи Марказ ва кабинети инфиродии довталаб дар чист?”.

Марказ барои дастрас кардани маълумот оид ба натиҷаи имтиҳонҳо хизматрасониро тавассути SMS-паёмаки телефонӣ низ ба роҳ мемонад. Дар бораи натиҷаи имтиҳонҳо ба рақами телефони мобилии довталаб, ки онро дар вақти бақайдгирӣ нишон медиҳад, SMS-паёмаки ройгон фиристода мешавад. Дар баробари ин, барои фаҳмидани натиҷаи имтиҳонҳои худ довталаб метавонад аз хизматрасонӣ тавассути SMS-паёмаки пулакии шакли “дархост – ҷавоб” истифода намояд. Дар сурати ба рақами кӯтоҳи махсус SMS-паёмаки дархостӣ фиристодани довталаб ба телефони ӯ SMS-паёмаки ҷавобӣ бо маълумоти мухтасар дар бораи натиҷаи имтиҳон меояд. Қолаби ин паёмаки дархостӣ эълон ва дар сомонаи Марказ ҷой дода мешавад.

Аз натиҷаҳои имтиҳонҳо инчунин бо телефон ё муроҷиат ба Марказ, ё бахшҳои минтақавии он бохабар гардидан мумкин аст.

Натиҷаҳои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсусро муассисаҳои таълимии дахлдор дар давоми 1-2 рӯз пас аз ин имтиҳонҳо ва Марказ 25 уми июл эълон мекунад. Агар довталаб чунин имтиҳонро супорида бошад, пас, бояд ба ҳамон муассисаи таълимӣ муроҷиат намуда, пешакӣ дар бораи он маълумот гирад. Дар сурати норозӣ будани довталаб аз натиҷаҳои имтиҳонҳои мазкур бояд ҳамон замон ба комиссияи апеллятсионии муассисаи таълимӣ аризаи апеллятсионӣ пешниҳод намояд.

Дар кадом ҳолатҳо аризаи апеллятсионӣ навишта мешавад?

Довталаб ҳуқуқ дорад аризаи апеллятсионӣ диҳад, агар:

– тартиби баргузории имтиҳонҳо дар маркази имтиҳон риоя нагардад;

– аз натиҷаи имтиҳонҳо, яъне холҳои дар имтиҳонҳо ба ӯ гузошташуда норозӣ бошад.

Оид ба риоя нагардидани тартиби баргузории имтиҳонҳо аризаи апеллятсиониро довталаб рӯзи имтиҳон, аз маркази имтиҳон берун набаромада, ба роҳбари маркази имтиҳон бояд пешниҳод намояд. Комиссияи апеллятсионӣ аризаҳои довталабонро оид ба риоя накардани тартиби баргузории ИМД дар марказҳои имтиҳон баррасӣ менамояд.

Аризаи апеллятсионии довталаб дар бораи норозӣ буданаш аз натиҷаи имтиҳонҳо дар давоми 3 рӯз пас аз эълони натиҷаи имтиҳонҳо – аз 25-ум то 27-уми июл ба Марказ ё бахшҳои минтақавии он дар шакли чопӣ ё бо почтаи электронии Марказ пешниҳод карда мешавад “Дар кадом ҳолат аризаи апеллятсионӣ навиштан мумкин аст?”.

Комиссияи апеллятсионӣ аризаҳои довталабро оид ба норозӣ буданаш аз натиҷаи имтиҳонҳо (холҳои дар имтиҳонҳо ба ӯ гузошташуда) баррасӣ карда, қарори дахлдор мебарорад ва ӯро аз ин огоҳ менамояд.

Довталаби аз натиҷаи имтиҳони эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус норозиро зарур аст, аризаашро бо далелҳои мушаххас асоснок карда, ба комиссияи апеллятсионии муассисаи таълимие, ки дар он чунин имтиҳонро супоридааст, дар рӯзи эълони натиҷаҳои ин имтиҳон пешниҳод намояд. Ин аризаро комиссияи апеллятсионии муассисаи таълимӣ тибқи тартиб дар давоми як рӯз баррасӣ карда, қарор мебарорад.

Тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимӣ чӣ гуна сурат мегирад?

Озмуни тақсимоти (асосӣ ва такрорӣ)-и довталабон ба муассисаҳои таълимӣ баъд аз коркарди пурраи варақаҳои ҷавобҳои довталабон ва муайян кардани балҳои бадастовардаашон бо воситаҳои муосири технологияҳои иттилотию коммуникатсионӣ, алгоритм ва барномаи компютерии махсус амалӣ мешавад.

Ба озмуни тақсимот танҳо довталабоне роҳ меёбанд, ки вобаста аз навъи ихтисосҳои интихобкардаашон аз ҳамаи субтестҳои дахлдор ва имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус (агар супорида бошанд) холҳои гузариши фанниро соҳиб шуда бошанд.

Дар раванди тақсимоти довталабон аз рӯйи ихтисосҳо ба муассисаҳои таълимӣ ҷиҳатҳои зерин ба назар гирифта мешаванд: комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкарда ва бартарии онҳо, нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимӣ, балҳои умумии бадастоварда бо назардошти балҳои имтиёз (агар дошта бошад) ва балҳои имтиҳони эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус (агар чунин имтиҳонро супорида бошанд).

Раванди тақсимоти довталабон қадамҳои зеринро дар бар мегирад:

1. Тартиб додани рӯйхатҳои довталабон.

2. Таҳлили рӯйхати довталабон.

3. Тартиб додани рӯйхатҳои охирини довталабон.

4. Қабули ҳуҷҷатҳои довталабон дар муассисаҳои таълимӣ.

Натиҷаҳои озмуни тақсимот 3 юми август эълон мегардад “Тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимӣ чӣ гуна сурат мегирад?”. Дар бораи натиҷаи озмуни тақсимот ба рақами телефони мобилӣ, ки онро довталаб дар вақти бақайдгирӣ нишон медиҳад, SMS-паёмаки телефонии ройгон фиристода мешавад, ки аз он довталаб дар бораи комёб гардидан ё нагардидан аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш огоҳ мегардад.

Довталаб инчунин аз кабинети инфиродӣ ё бо фиристодани SMS-паёмаки дархостӣ ба рақами кӯтоҳи махсус, ё бо муроҷиат ба Марказ аз натиҷаи тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ огоҳ шуда метавонад. Қолаби SMS-паёмаки дархостӣ ва рақами кӯтоҳи махсус дар сомонаи Марказ нашр карда мешавад.

Раванди тақсимоти довталаб мувофиқи бартарии интихобҳои дар давраи бақайдгирӣ нишондодааш иҷро мешавад. Бинобар ин довталаб баъди тақсимот ҳуқуқи иваз кардани бартарии интихобҳояшро надорад.

Довталаби аз озмуни тақсимот гузашта бояд дар муҳлати муқарраргардида (аз 3-юм то 15 уми август) ба муассисаи таълимии дахлдор барои бақайдгирӣ ва қабул ҳозир шавад. Дар сурати бо сабаби узрнок ҳозир нашудан довталаб вазифадор аст, ки сари вақт (то 15 уми август) дар ин бора бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда ба муассисаи таълимӣ хабар диҳад, вагарна ҷойаш дар озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод мешавад ва ҷойи худро ӯ дар муассисаи таълимӣ аз даст медиҳад.

Тақсимоти донишҷӯёнро ба гурӯҳҳои академӣ аз рӯйи забони таҳсил муассисаҳои таълимӣ бо назардошти нақшаи қабул, балҳои аз ИМД бадастовардаи донишҷӯён ва хоҳиши онҳо анҷом медиҳанд. Дар навбати аввал хоҳиши донишҷӯёне ба назар гирифта мешавад, ки нисбат ба дигарон балҳои зиёдтар доранд.

Чӣ гуна холҳо ба бал баргардонида мешаванд (шкалабандӣ)?

Дар низоми ИМД холҳои бадастовардаи довталабон аз ҳар субтест тавассути шкалабандӣ ба балҳо баргардонида мешавад. Шкалабандӣ дар доираи ҳар субтести алоҳида вобаста аз гурӯҳҳои ихтисосҳо ба роҳ монда мешавад.

Мувофиқи тартиб барои ҳар субтест бали ҳадди аксар муайян шудааст. Барои шкалабандии холҳои ҳар субтест шкалаҳои мувофиқ истифода мешаванд.

Довталаб бе истифода аз “Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо”, ки ҳамасола баъд аз таҳия гардидан дар сомонаи Марказ нашр карда мешавад “Шкалабандӣ чист?” холҳои аз субтестҳо бадастовардаашро ба балҳо баргардонида наметавонад.

Агар довталаб имтиҳонҳоро бомуваффақият супорад, аз қисми А (имтиҳони умумӣ) то 200 ва аз қисми Б (имтиҳони ихтисос) то 300 бал, ҳамагӣ то 500 балро ба даст оварда метавонад.

Холҳои аз имтиҳони қисми В (имтиҳони эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус) бадастовардаи довталабон ба шкалаи 300-балӣ баргардонида мешавад.

Дар низоми ИМД ба киҳо имтиёз дода мешавад?

Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМД барои гурӯҳҳои муайяни довталабон имтиёзҳо муқаррар гардидаанд. 

Имтиёз ба гурӯҳҳои муайяни довталабон бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва гирифтани холҳои гузариши фаннӣ аз ҳамаи субтестҳои дахлдор пас аз натиҷагирӣ аз ИМД ва имтиҳонҳои эҷодӣ ва (ё) маҳорати махсус (барои довталабони дахлдор) дода мешавад. Тартиби додани имтиёзро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.


Ҷадвали имтиёзҳо дар ИМД-2017

Имтиёздорон

1.

Шахсоне, ки ба натиҷаи имтиҳонҳояшон 150 бал илова мешавад:

1.1.

Маъюбони гурӯҳҳои 1-уму 2-юм ва кӯдакони маъюб, ки мувофиқи хулосаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсили онҳо аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардаашон манъ карда нашудааст (тибқи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ).

1.2.

Ятимони кул (бе падару модар) ва бепарасторони то 21-сола бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ.

2.

Шахсоне, ки ба натиҷаи имтиҳонҳояшон 100 бал илова мешавад:

2.1.

Фарзандони то 21-солаи хизматчиё­ни ҳарбие, ки ҳангоми­ иҷрои уҳдадории хизм­ати ҳарбӣ ҳалок гардидаанд ё ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хиз­мати ҳарбӣ маъю­б ё бемор шуда, бар асари он фавтидаанд (тибқи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ);

2.2.

Ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки аз фанни асосии имтиҳонии ихтисос(ҳо)-и интихобкарда соҳиби медал барои ҷойи 1‑ум ва тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштаанд.

2.3.

Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (ба истиснои озмунҳои фосилавӣ), ки аз фанни асосии имтиҳонии ихтисос(ҳо)-и интихобкарда соҳиби медал барои ҷойи 1‑ум ва тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштаанд.

2.4.

Ғолибони озмуну фестивалҳои тахассусии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии соҳаи санъат ва фарҳанг бо тавсияномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар сурати мувофиқати дастоварди ду соли охир ба ихтисос(ҳо)-и аз равияи санъат ва фарҳанг интихобкардаашон).

2.5.

Аъзои дастаҳои яккачини варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандагони унвони “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ё дараҷаи “Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” (дар сурати мувофиқати ин дастовард ба ихтисос(ҳо)-и аз равияи варзиш интихобкардаашон).

3.

Шахсоне, ки ба натиҷаи имтиҳонҳояшон 75 бал илова мешавад:

3.1.

Ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки аз фанни асосии имтиҳонии ихтисос(ҳо)-и интихобкарда соҳиби медал барои ҷойи 2‑юм ва тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштаанд.

3.2.

Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (ба истиснои озмунҳои фосилавӣ), ки аз фанни асосии имтиҳонии ихтисос(ҳо)-и интихобкарда соҳиби медал барои ҷойи 2‑юм ва тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштаанд.

3.3.

Довталабоне, ки дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 соли пурра хизмат кардаанд.

4.

Шахсоне, ки ба натиҷаи имтиҳонҳояшон 50 бал илова мешавад:

4.1.

Ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки аз фанни асосии имтиҳонии ихтисос(ҳо)-и интихобкарда соҳиби медал барои ҷойи 3‑юм ва тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштаанд.

4.2.

Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ (ба ғайр аз озмунҳои фосилавӣ), ки аз фан(ҳо)-и асосии имтиҳонии ихтисос(ҳо)-и интихобкарда соҳиби медал барои ҷойи 3‑юм ва тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштаанд.

 

Aгар довталаб барои гирифтани чанд намуди балҳои имтиёзӣ ҳуқуқ дошта бошад, аз ин балҳо ба ӯ бали имтиёзии баландтаринаш дода мешавад.

Коэффитсиент дар ихтисосҳои тиббӣ чиро мефаҳмонад?

Ба довталабони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва коллеҷҳои тиббӣ, ки дар соли имтиҳонсупорӣ хатмкардаи муассисаҳои таълимии ноҳияҳои ба онҳо коэффитсиент ҷудошуда ва ҳам истиқоматкунандаи яке аз ҳамин ноҳияҳоянд, бали коэффитсиент пешбинӣ шудааст.

Довталабоне, ки ҳам ба бали коэффитсиент ва ҳам ба дигар имтиёзҳо ҳуқуқ доранд, дар сурати зиёд будани бали имтиёзияшон аз бали коэффитсиент бали имтиёзиро ва дар акси ҳол бали коэффитсиентро соҳиб мегарданд.

Бали коэффитсиент ба балҳои аз қисми Б (имтиҳони ихтисос) бадастовардаи довталабони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва ихтисоси “Кори момодоягӣ” и коллеҷҳои тиббӣ, ки тибқи тартиб ҳуқуқи гирифтани бали коэффитсиентро доранд, танҳо дар сурати соҳиб гаштанашон ба холҳои гузариши фаннӣ аз ҳамаи субтестҳои дахлдор илова мешавад.

Қимати коэффитсиентҳоро вобаста аз таъминоти шаҳру ноҳияҳо бо табибон ва кормандони миёнаи тиб ҳар сол Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Квотаи Президенти низ ба низоми ИМД дохил аст?

Тибқи тартиби муқарраргардида, қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар салоҳияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аст.