Мавзӯъ *
Ном *
Матни шарҳ:
Рамз * Captcha ImageReload Image
   
 

Дилшод: ДОВТАЛАБ

САЛОМ АЛАЙКУМ ДАР КИТОБИ РОХНАМОИ ДОВТАЛАБ ЧИҚА БЮДЖЕТ ЯЪНЕ РОЙГОН ҚАБУЛ КАРДАНИ ДОНИШГОХХО НАВИШТА МЕШАВАД? 

 

Маркази миллии тестӣ

Ҷавоб:

Феҳристи комбинатсияҳои ихтисосҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён аз рӯйи онҳо бояд дар соли 2020 дар асоси натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳслоти миёна ва олии касбӣ қабул карда шаванд, дар дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” замима гардидааст. Феҳристҳои мазкур дар сомонаи Марказ низ ҷой дода шудаанд. Маълумоти заруриро, аз ҷумла дар бораи аз тарафи кадом муассисаҳои таълимӣ пешниҳод гардидани ихтисосҳо, шумораи ҷойҳои нақшавӣ, шаклҳои таҳсил, намудҳои таҳсил, забон ё забонҳои таҳсили тибқи нақша пешбинигардида ва маблағи шартномаи таҳсил аз феҳристҳои мазкур дастрас кардан мумкин аст. Вобаста ба ин, барои дарёфти маълумоти зарурӣ бо феҳристҳои мазкур шинос шавед.

16.03.2020

 

07.01.2020

Азиз: фанҳои марказ

Ассалому алейкум.  Мо ин сол (с. 2020) аз кадом фанхо имтиҳон месупорем,? 

класстери 5? 

Намунаи масъалаҳои ин фанҳо кай ба сомонаи ntc.tj  мебарояд? 

 

Маркази миллии тестӣ

Ҷавоб:

Оид ба ин мавзӯъҳо, ки дар саволҳои қаблӣ низ матраҳ гардидаанд, ҷавоб дода шуд. Лутфан савол ва ҷавобҳои қаблан пешниҳодшударо мутолиа кунед.

16.03.2020

 

07.01.2020

Шахром: Намунаи тестхо

Мехостам дар бораи дастрас кардани намунаи тестхо 2020 маълумот гирам.

 

Маркази миллии тестӣ

Ҷавоб:

Агар Шумо маҷмӯаҳои саволу масъалаҳои тестро барои омодагӣ ба ИМД-2020 дар назар доред, ин маҷмӯаҳо аллакай нашр ва ба ҳар як муассисаи таълимӣ ба таври ройгон дастрас гардонида шуданд. Гунаи электронии маҷмӯаҳои мазкур дар сомонаи Марказ ҷойгир карда шудааст. Хотиррасон мекунем, ки дар ИМД-2020 дар ҳар субтести имтиҳон то 40 %-и саволу масъалаҳои тест аз ҳамин маҷмӯаҳо истифода мешавад.

16.03.2020

 

06.01.2020

Шоҳрух: Тағйирот

Оё қисми А яъне фанҳои математика, таърих ва ҳуқуқ аз байн бардошта мешавад ё не.

 

Маркази миллии тестӣ

Ҷавоб:

Марказ бо мақсади такмили низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳониро вобаста ба гурӯҳҳои ихтисосҳо бо дар назар доштани танҳо як маротиба имтиҳон супоридани довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳия кард.

Тибқи тарҳи нав аз қисми А (имтиҳони умумӣ), ки онро солҳои пешин ҳамаи довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ месупориданд, танҳо як субтест – “Забони тоҷикӣ” ва аз қисми Б (имтиҳони ихтисос)-и солҳои пеш се субтести дигари вобаста ба ҳар гурӯҳи ихтисосҳо пешбинишуда дар як қисм (тибқи номи нав: А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) дохил карда шуд. Яъне, аз имтиҳони умумии солҳои пеш ду субтести охири он (2-юм – “Математика” ва 3-юм – “Таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ”) ба тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ дохил карда нашудааст.

ИМД аз соли ҷорӣ тибқи тарҳи нав ба роҳ монда мешавад.

16.03.2020

 

05.01.2020

Мӯҳриддин: Ммт

Ассалому алейкум,дар ммт 2020 чи навгони шуд.

Оё кампаненти А- ро бардоштанд ё хайр.

 

Маркази миллии тестӣ

Ҷавоб:

Оид ба ин мавзӯъ, ки дар саволҳои қаблӣ низ матраҳ гардидааст, ҷавоб дода шуд. Лутфан савол ва ҷавобҳои қаблан пешниҳодшударо мутолиа кунед.

16.03.2020

 

05.01.2020

 

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона