ШУЪБАИ ТАШКИЛ ВА ИДОРАИ ИМТИҲОН

 

ШУЪБАИ ТАШКИЛ ВА ИДОРАИ ИМТИҲОН

Шуъбаи ташкил ва идораи имтиҳон (ТИИ) воҳиди сохтории Марказ буда, дар фаъолияти худ ба муовини директори Марказ итоат менамояд. Роҳбари бевоситаи шуъба сардори он аст, ки бо фармоиши директори Марказ ба вазифа таъйин мегардад.

 

ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ШУЪБАИ ТИИ

– омода намудани дастурҳои иттилоотию методӣ ва модулҳо дар доираи фаъолияти шуъба;

– ташкил ва гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ барои кормандони муваққатӣ ҷиҳати шинос кардани онҳо бо низоми ИМД;

– ташкил ва назорати кор дар баргузории курси омӯзиши низоми ИМД дар се сатҳ – ҷумҳурӣ, шаҳр/ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимӣ;

– интихоб ва омода намудани нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;

– ташкил ва баргузор кардани бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон;

– идораи раванди ИМД;

– ташкили кор вобаста ба баргузор кардани аппелятсия;

– омода намудани ҳисобот оид ба корҳои анҷомдода.

 

ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ ШУЪБАИ ТИИ

– сардори шуъба;

– сармутахассис (4 нафар);

– мутахассис;

– сардори бахши минтақавӣ дар шаҳри Хуҷанд;

– мутахассиси технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК)-и бахши минтақавӣ дар шаҳри Хуҷанд;

– сардори бахши минтақавӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа;

– мутахассиси ТИК-и бахши минтақавӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа;

– сардори бахши минтақавӣ дар шаҳри Хоруғ;

– мутахассиси ТИК-и бахши минтақавӣ дар шаҳри Хоруғ.