ШУЪБАИ КОР БО МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБӢ

 

ШУЪБАИ КОР БО МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБӢ

Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (КМТМОК) воҳиди сохтории Марказ буда, дар фаъолияти худ ба муовини якуми директори Марказ итоат менамояд. Роҳбари бевоситаи шуъба сардори он аст, ки бо фармоиши директори Марказ ба вазифа таъйин мегардад.

 

ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ШУЪБАИ КМТМОК

– ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ ва дигар муассисаву идораҳои дахлдор;

– кор бо муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

омода намудани мавод барои дастури иттилоотиву методии “Роҳнамои довталаб”оид ба муассисаҳои таълимие, ки ба низоми ИМД шомиланд;

– омода намудани замимаи дастури иттилоотиву методии “Роҳнамои довталаб” нақшаи қабули донишҷўён ба муассисаҳои таълимии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

корҳои ташкилӣ вобаста ба тақсимоти донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ихтисосҳои интихобшуда, бартарии интихоб ва нақшаи қабули донишҷӯён;

назорати рафти қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи қабули донишҷӯён;

корҳои ташкилӣ пас аз тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи қабули донишҷӯён;

таҳлили маълумот аз натиҷаи тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

таҳлили маълумот аз натиҷаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– пешниҳод намудани тағйироту иловаҳо ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба қоидаҳои қабул ба муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои баррасӣ ба шӯрои илмиву методии Марказ.

 

ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ ШУЪБАИ КМТМОК:

сардори шуъба;

сармутахассис (2 нафар).