ШУЪБАИ БАНАҚШАГИРӢ, МОНИТОРИНГ, ПАЖӮҲИШ ВА РУШД

 

ШУЪБАИ БАНАҚШАГИРӢ, МОНИТОРИНГ, ПАЖӮҲИШ ВА РУШД

Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд (БМПР) воҳиди сохтории Марказ буда, дар фаъолияти худ ба муовини якуми директори Марказ итоат менамояд. Роҳбари бевоситаи шуъба сардори он аст, ки бо фармоиши директори Марказ ба вазифа таъйин мегардад.

 

ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ШУЪБАИ БМПР:

ташкил ва роҳандозии низоми боэътимоди арзёбии сатҳи дониши хонандагон мувофиқи меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ;

таҳияи тартиб ва абзори таҳқиқ (анкета) ва ҷамъоварии маълумот (анкетирование);

ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ;

таҳқиқ ва таҳияи абзорҳои арзёбии дониш,малака ва маҳорат;

таҳқиқи арзёбии дастовардҳои таълимии хонандагон;

– таҳлили оморӣ ва психометрӣ аз натиҷаи маълумоти бадастоварда;

– мониторинги раванди ташкил ва баргузории ИМД;

арзёбии раванди ташкил ва баргузории ИМД;

мониторинги фаъолияти Марказ;

омода намудани ҳисобот дар бораи фаъолияти Марказ;

ҳамдастӣ дар омода намудани дастури иттилоотиву методии “Роҳнамои довталаб”;

ҳамкорӣ бо дигар воҳидҳои сохтории Марказ.

 

ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ ШУЪБАИ БМПР:

сардори шуъба;

сармутахассиси банақшагирӣ ва мониторинг;

сармутахассис/омор-психометрист;

сармутахассис/муҳаррир;

мутахассис.