Шуъбаи тақсимот ва ҷобаҷогузории донишҷўён ба МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ҳайати шуъба 

Тибқи ҷадвали штатӣ ба шуъба 3 ҷой ҷудо гардидааст (сардори шуъба ва 2 сармутахассис), ки ҳама кормандони асосӣ ба ҳисоб мераванд. 


Шодиев Мирзошариф Сафаровичсардори шуъба, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Аълочии маорифи Тоҷикистон

Обидов Фаридун Саидаҳтамович  сармутахассис оид ба тақсимот ва ҷобаҷогузории донишҷӯён ба МТОК

Маликов Умед Тавакалович сармутахассиси техникӣ оид ба тақсимот ва ҷобаҷогузории донишҷӯён ба МТОК


Вазифаҳо

1. Тайёр намудани ҳуҷҷат ва маводи зарурӣ барои бақайдгирии довталабон барои қабул шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ (МТОК), аз ҷумла, дастрас ва ворид намудани нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, ки бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шуда, аз ҷониби вазоратҳои маориф ва рушди иқтисод ва савдо тасдиқ гаштааст, ворид намудани ихтисосҳо ба кластерҳо ва муайян намудани теъдод, шакл ва миқдори  имтиҳонҳои қабул ба МТОК вобаста ба компонент, дастрас намудани маълумот оид ба шакл, намуд ва забони таҳсил дар МТОК, ба довталабон пешниҳод намудани маблағи таҳсил вобаста ба ихтисосҳо ва МТОК, тайёр намудани маводи методӣ оид ба интихоби ихтисос ва МТОК (то 10 ихтисос ва МТОК) ва ғайра ба пойгоҳи додаҳои системаи иттилоотии довталаб;


2. Тайёр намудани ҳуҷҷат ва маводи зарурӣ (тибқи банди 1) барои ворид намудан ба дастури иттилоотиву методии «Раҳнамои довталаб»;


3. Таҳия намудани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ барои ба танзим овардани ҷараёни қабул ва тақсимоти донишҷӯён ба МТОК, аз ҷумла, “Тартиби ташкил ва ҷараёни имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Тартиби муқаррар намудани имтиёзҳо ҳангоми қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ”, пешниҳодҳо бо назардошти низоми нави ИМД ба Вазорати маориф барои ворид намудан ба “Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ғайра.


4. Қабул ва тақсимоти донишҷўён ба МТОК тибқи нақшаи қабули Вазорати маориф, аризаи довталабон ва натиҷаи имтиҳони қабул. Додаҳо оид ба натиҷаҳои коркард ва муътадилшудаи имтиҳонҳо ба низоми ягонаи тақсимот ворид карда мешавад. Тақсими донишҷӯён тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар асоси алгоритми мувофиқашуда гузаронида мешавад, ки аз тарафи Маркази миллии тестӣ тасвиб гардидааст.

Тақсими донишҷӯён бо назардошти афзалияти ҳар яке аз интихобҳо мувофиқи ҷойҳои онҳо дар рӯйхати рутбабандишуда, ки аз холҳои умумии аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон тартиб дода шудааст, анҷом дода мешавад.


5. Гурўҳбандӣ намудани гурўҳҳои таълимӣ ба МТОК (аз ҷумла, аз рўйи забони таҳсил). Баъд аз интиҳои тақсими донишҷӯён аз рӯйи ҳар як тахассус ва ҳар як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ рӯйхати ниҳоӣ тартиб дода мешавад. Рӯйхат аз ҷониби директори Маркази миллии тестӣ тасдиқ шуда, барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешниҳод мешавад. Ҳамчунин, дар сомонаи марказ рӯйхати дохилшудагон ворид карда мешавад.


6. Тайёр намудани ҳисобот оид ба иҷро гардидани нақшаи қабули тасдиқгардида тибқи аризаи довталабон ба Вазорати маориф. Дар ҳисобот ҷиҳатҳои зерин ба инобат гирифта мешавад: нақшаи қабул ба МТОК, иҷрои нақшаи қабул, талабот ба ихтисос ва МТОК аз ҷониби довталабон, ихтисос ва МТОК-и серталаб ва камталаб, сатҳи дониши довталабон оид ба фанҳои имтиҳонӣ, хулосаву пешниҳодҳо ва ғайра.

 

7. Ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо вазоратҳо ва идораву ташкилотҳои дахлдор ва ғайра. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки барои пешрафти кори шўъба мусоидат хоҳад намуд, ин ҳамкорӣ  бо  вазоратҳои маориф ва рушди иқтисод ва савдо, муассисаҳои тобеи вазорат: Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ; раёсатҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ, банақшагирӣ, иҷрои буҷет ва ояндабинӣ дар соҳаи маориф, шуъбаи низоми ахборотии идоракунии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар идораву ташкилотҳои дахлдор мебошад.


Сохтори шуъба