Шуъбаи таҳияи маводи имтиҳон

Шуъбаи таҳияи маводи имтиҳон яке аз шуъбаҳои асосии Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” ба ҳисоб меравад. Дар шуъбаи таҳияи маводи имтиҳон 14 нафар сармутахассиси фаннӣ (забони тоҷикӣ, забони русӣ, забони англисӣ, таърих, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, математика, химия, физика, биология, география, забони ӯзбекӣ, забони олмонӣ, забони франсавӣ ва забони арабӣ), ду нафар муҳаррир/мусаҳҳеҳи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ва як нафар саҳифабанд-ороишгари тестҳо фаъолият менамоянд.


Вазифаҳои шуъба

Шуъба масъулияти ташкили раванди таҳияи маводи имтиҳонро бар зимма дорад ва вазифадор аст, ки саривақт ва бо сифати баланд маводи зеринро таҳия намояд:

- ҳуҷҷатҳое, ки сохтор ва мазмуни маводи имтиҳонро муайян мекунанд ва ба танзим медароранд, аз ҷумла “Барномаи имтиҳон” ва дастурамалҳо;

-  саволномаҳои тестӣ (саволу масъалаҳои тестии навъҳои гуногун ва дастури иҷрои тест);

-  меъёри баҳо ба тест;

-  варақаҳои ҷавоби тест.

Шуъба инчунин дар омӯзонидани омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва тайёр намудани мутахассисони соҳа барои таҳияи саволу супоришҳои тестии мувофиқ ба талабот ҷиҳати санҷиши дастовардҳои хонандагон (арзёбии дониш ва малакаю маҳорат) ва омода намудани онҳо ба имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) вазифадор аст.

 

Сохтори шуъба

 

 

Забонҳо

Намунаи тестҳо

КИТОБҲО

Ҷустуҷӯ дар сомона