Шуъбаи пажӯҳишҳои илмӣ ва рушд

Маълумоти умумӣ 

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» ин ташкил ва истифодаи системаи комилҳуқуқ, боэътимод ва мувофиқи эътирофшудаи байналмилалии арзёбии дониши хонандагон ва коркарду пажӯҳиши воситаҳои тестии наву мавҷудбуда, коркарди натиҷаҳои ҳаргуна таҳқиқоту тестгузаронӣ, гузаронидани таҳлилҳои оморӣ ба ҳисоб меравад. Бо мақсади амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои Маркази миллии тестӣ ва таъмини шароит ҷиҳати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаҳои байналмилалии арзёбии дониши хонандагон шуъбаи пажӯҳишҳои илмӣ ва рушд таъсис дода шудааст. 

Айни замон, дар шуъба ду нафар – сардори шуъба ва сармутахассиси омор/психометрист кор ва фаъолият менамоянд.

 

Ҳайати шуъба

Мирзоаминов Хайрулло Мирзораҳимович – сардори шуъба/пажӯҳишгар, номзади илмҳои физикаю математика

Ахмед-Ахунов Шухрат Абдусамадович – сармутахассиси омор/ психометрист


Вазифаҳои шуъба

1. Ташкил ва истифодаи системаи комилҳуқуқ, боэътимод ва мувофиқи эътирофшудаи байналмилалии арзёбии сатҳи дониши хонандагон.

2. Коркард ва пажӯҳиши воситаҳои тестии наву мавҷудбуда, натиҷаҳои ҳаргуна таҳқиқоту тестгузаронӣ ва гузаронидани таҳлилҳои оморӣ.

3.  Ҳамкорӣ бо дигар шуъбаҳо доир ба таъмини шароит ҷиҳати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаҳои байналмилалии арзёбии дониши хонандагон.

4.  Иштироки фаъолона дар таҳияи маълумот ва маводи таълимию методӣ доир ба имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД), масъалаҳои пажӯҳишӣ ва арзёбии дониши хонандагон.

5.  Пешкаш намудани маълумоту натиҷаҳои таҳлил ва омор тестҳо ба таҳиягарони тестҳо ва роҳбарияти Маркази миллии тестӣ.

6. Дар доираи фаъолияти Маркази миллии тестӣ иҷрои саривақтии ҳамагуна дастуру супоришҳо ва нақшаю чорабиниҳои ба шуъба дахлдор.

7. Ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати саривақт таъмин намудани маълумот оид ба чорабиниҳои муҳим дар доираи фаъолияти Маркази миллии тестӣ.

 Сохтори шуъба

Забонҳо

Намунаи тестҳо

КИТОБҲО

Ҷустуҷӯ дар сомона