ШУЪБАИ ХОҶАГИДОРӢ


ШУЪБАИ ХОҶАГИДОРӢ

Шуъбаи хоҷагидорӣ воҳиди сохтории Марказ буда, дар фаъолияти худ ба директори Марказ итоат менамояд. Роҳбарии бевоситаи шуъба ба зиммаи сардори он аст, ки бо фармоиши директори Марказ ба вазифа таъйин мегардад.

 


ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ШУЪБАИ ХОҶАГИДОРӢ

– омода намудан ва ба имзо расонидани қарордоду шартномаҳо бо корхонаю муассисаҳои дахлдор, ташкилоти хизматрасон барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба корҳои маъмурию хоҷагидорӣ;

– таҳия ва пешниҳоди дархосту ҳисоботҳо ба роҳбарияти Марказ барои харид ва дастрас кардани маводи дабирӣ (конселярӣ), мизу курсӣ ва дигар техникаю таҷҳизоти корӣ, сӯзишворию равғанҳои молиданӣ, қисмҳои эҳтиётӣ барои автомашинаҳои хизматӣ ва бо мақсади таъмини техникии идораи Марказ;

– таҳияи ҳуҷҷатҳои воридотӣ ва содиротии хоҷагидорӣ ва таъмини гардиши онҳо;

– дар якҷоягӣ бо шуъбаи молия ташкил намудани барӯйхатгирии дороиҳои моддӣ ва ба расмият даровардани истифодаи нақлиёти хизматӣ ва харҷи сӯзишвории барои нақлиёти Марказ сарфшаванда;

– тақсими талонҳо барои сӯзишворӣ ба ронандагон ва таҳияи ҳисоботҳо;

– таъмини шароит барои ташкил ва фаъолияти мунтазами бойгонии Марказ;

– таъмини кормандони Марказ бо нақлиёт ҳангоми сафарҳо ва ё иҷрои супоришҳои хизматӣ;

– назорати риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддисӯхтор дар Марказ;

– омода намудани маводи зарурӣ барои баргузории чорабиниҳои Марказ дар дохил ва беруни он;

– тақсими (бо дастури директори Марказ) ашёю анҷоми кории қабулгардида ва пешниҳоди ҳисобот дар ин хусус аз рӯйи тартиботи муқарраргардида;

– воқиф кардани кормандони ШХ аз фармоишу қарорҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдоре, ки директори Марказ ба имзо мерасонад; назорат ва иҷрои онҳо;

– харид ва дастрас кардани маводи дабирӣ ва дигар ҷиҳози корӣ; гулу гулдастаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ (барои меҳмонони Марказ);

– ташкили қабули меҳмонони Марказ ва хизматрасонӣ ба онҳо;

– иҷрои саривақтии ҳама гуна дастуру супоришҳо ва нақшаю чорабиниҳои дахлдор ба ШХ дар доираи фаъолияти Марказ.

 


ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ ШУЪБАИ ХОҶАГИДОРӢ

сардори шуъба;

– сармутахассис (1);

– кормандони техникӣ (5);

сардори посбонон (1);

- посбони дафтари асосӣ/даромадгоҳи қисми Б (2);

– посбони дафтари асосӣ/даромадгоҳи қисми А (4);

– посбони бахши минтақавӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар (6);

– посбони бахши минтақавӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва ноҳияи Данғара (6);

– посбони бахши минтақавӣ дар шаҳрҳои Панҷакент ва ноҳияи Рашт (6);

– посбони бахши минтақавӣ дар шаҳри Хоруғ (3);

– фарроши дафтари асосӣ (4);

– фарроши бахши минтақавӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар (1);

– фарроши бахши минтақавӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва ноҳияи Данғара (1);

– фарроши бахши минтақавӣ дар шаҳрҳои Панҷакент ва ноҳияи Рашт (1);

– фарроши бахши минтақавӣ дар шаҳри Хоруғ (0,5);

– барқчӣ-таъмиргар (1);

– боғбон-ҳавлирӯб (1).

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...