Шуъбаи идора ва қабули тест

Шуъбаи идора ва қабули тест ҷузъи сохтории Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» (ММТ) буда, ҳадафи асосии он татбиқи ташкил, идора ва қабули имтиҳонҳо мебошад.

Доираи асосии мақсад ва вазифаҳои шӯъбаи идора ва қабули тест чунинанд:

 

Идораи имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД)

Идораи ИМД раванди муҳими идоракунӣ мебошад, ки барои саривақт ва муассир амалӣ намудани чорабиниҳо (аз бақайдгирии довталабон то пешниҳод намудани номгӯйи донишҷӯён ва сертификати дохилшавӣ ба МТОК) равона карда шудааст.

Идораи ИМД аз унсурҳои зерин иборат мебошад:

-  бақайдгирии довталабон, тақсимот ба маркази имтиҳонӣ (МИ) ва ирсоли даъватномаҳо ба довталабон;

-  ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳо.

 

Бақайдгирии довталабон

    ММТ раванди бақайдгириро дар тамоми ҷумҳурӣ  вобаста аз имконоти мавҷуда ташкил менамояд. Бақайдгирӣ раванди технологӣ буда, тавассути воситаҳои иттилоотиву коммуникатсионии муосир амалӣ мегардад. Бақайдгирӣ дар нуқтаҳои бақайдгирӣ (НБ) гузаронида мешавад, ки дар ҳар яки он  4  истгоҳи бақайдгирӣ (ИБ) ташкил карда мешавад. Идораи раванди бақайдгирӣ дар НБ бар зиммаи роҳбари он гузошта мешавад, ки аз ҷониби ММТ кироя гардида, омӯзонида мешавад.

 

Ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳо

Имтиҳонҳои ИМД мувофиқи модели тасдиқшуда дар шакли тест, кори хаттӣ ё шакли дигар (барои ихтисосҳое, ки малакаи махсусро талаб менамоянд) гузаронида мешавад. Имтиҳонҳои ИМД аз 2 компонент иборат аст: компоненти А (имтиҳони умумӣ барои тамоми кластерҳо) ва компоненти Б (имтиҳонҳои тахассусӣ мувофиқи кластери интихобгардида). Барои ихтисосҳое, ки маҳорати махсусро талаб менамоянд, имтиҳонҳои маҳорат дар МТОК мувофиқи номгӯйе, ки ММТ пешниҳод менамояд, гузаронида мешавад.

Масъулияти гузаронидани имтиҳонҳо бар зиммаи ММТ мебошад. ММТ барои ташкили имтиҳонҳо дар тамоми кишвар кормандони мавсимиро кироя менамояд:

-  роҳбарони марказҳои имтиҳонӣ (сардори бинои маркази имтиҳонӣ, ки масъули ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳо дар маркази имтиҳонии вобастагардида мебошад);

-  ёварони роҳбарони МИ (вазифаи котиби масъул ва дигар вазифаҳои маъмурӣ-ташкилиро иҷро менамояд);

-  маъмури калон (масъули ҳамроҳӣ намудан дар роҳравҳо ва долонҳо ва бо ҳамроҳии маъмурони имтиҳон масъули синфхонаҳо ва ҳуҷраҳои МИ);

-  маъмури имтиҳон (масъули мудирияти тестҳо дар синфхонаҳо ва ҳуҷраҳои МИ).


Апеллятсия (норизоият)

Довталаб дар сурати норизоият бо тартиби гузаронидани имтиҳонҳо ҳангоми раванди имтиҳонҳо ё баъд аз анҷоми онҳо дар бинои МИ ва ё  бо натиҷаҳои имтиҳонҳо ҳуқуқ дорад, ки дар муддати 48 соат баъди эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо аризаи апеллятсиониро пешниҳод кунад.

Таҳти роҳбарии сардор Шуъба вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

-  идораи раванди бақайдгирии довталабон;

-  идораи раванди мудирияти тестҳо;

-  ташкили кироя намудан, идора ва омӯзиши кормандони мавсимӣ барои бақайдгирӣ ва мудирияти тестҳо;

-  таҳияи методология, тартиб ва маводи методӣ-дастурии бақайдгирӣ ва мудирияти тестҳо; 

фаъолияти дигаре, ки ба идораи раванди ИМД мусоидат менамояд.


Сохтори шуъба

 

Забонҳо

Намунаи тестҳо

КИТОБҲО

Ҷустуҷӯ дар сомона