Шуъбаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ

Шуъбаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК) ҷузъи сохтории Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» (ММТ) буда, ҳадафи асосии он татбиқи воситаҳои ТИК дар ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолияти ММТ мебошад.

Доираи асосии мақсад ва вазифаҳои шуъбаи ТИК чунинанд:

- татбиқи ҷузъиёти технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди фаъолияти ММТ;

-  таҷдид ва тақвияти техникию барномавии шабакаҳои компютерӣ, системаҳои иттилоотӣ ва нуқтаҳои кории алоҳидаи ММТ;

-  иштироки фаъол дар равандҳои таҳия, татбиқ ва ҳамраҳии системаи иттилоотии ММТ;

- машварат ва кӯмаки техникии пайваста ба кормандони шӯъбаҳои минтақавии ММТ дар масъалаи истифодабарӣ, насб ва таҷдиди воситаҳои техникию барномавӣ;

-  таъмини нигоҳдошти иттилооти электронӣ дар манбаҳои маълумотии ММТ;

-  таъмини кори муттасили воситаҳои техникӣ ва барномавии ММТ;

-  таъмини амнияти иттилоотӣ дар раванди додугирифти маълумоти электронӣ;

-  таҳияи дастур ва маводҳои дигари иттилоотӣ оид ба дуруст истифода бурдани таҷҳизоти компютерӣ ва таъминоти барномавӣ;

-  ва монанди инҳо.

      Дар раванди ташкил ва татбиқи низоми ягонаи имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) яке аз ҳадафҳои муҳим ва асосии ММТ-ро таҳияи системаи иттилоотии «Довталаб» ташкил медиҳад. Системаи мазкур ҳамаи марҳилаҳои низоми дохилшавиро ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии (МТОК) Ҷумҳурии Тоҷикистон дарбар мегирад, аз ҷумла бақайдгирии ихтисосҳо ва нуқтаҳои имтиҳонсупорӣ, бақайдгирии маъмурони имтиҳон ва довталабон, тақсими довталабон ба нуқтаҳои имтиҳонсупорӣ, таҳияи вариантҳои саволномаҳои тестӣ, тақсими маъмурони имтиҳонҳо ба нуқтаҳои имтиҳонӣ, муайян кардани натиҷаҳои имтиҳонҳо (холҳои аввалия ва интиҳоӣ), ҷобаҷогузории довталабон дар МТОК, таҳияи ҳисоботҳо, бойгонӣ ва барқарор кардани манбаҳои маълумотӣ ва ғайра.

Сохтори шуъбаи ТИК чунин аст:

Забонҳо

Намунаи тестҳо

КИТОБҲО

Ҷустуҷӯ дар сомона