РАЁСАТИ ТАШКИЛ ВА ИДОРАИ ИМТИҲОН

 

РАЁСАТИ ТАШКИЛ ВА ИДОРАИ ИМТИҲОН

Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон (ТИИ) воҳиди сохтории Марказ буда, дар фаъолияти худ ба муовини директори Марказ итоат менамояд. Роҳбари бевоситаи раёсат сардори он аст, ки бо фармоиши директори Марказ ба вазифа таъйин мегардад.

 

ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ РАЁСАТИ ТИИ

– омода намудани дастурҳои иттилоотию методӣ ва модулҳо дар доираи фаъолияти раёсат;

– ташкил ва гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ барои кормандони муваққатӣ ҷиҳати шинос кардани онҳо бо низоми ИМД;

– ташкил ва назорати кор дар баргузории курси омӯзиши низоми ИМД дар се сатҳ – ҷумҳурӣ, шаҳр/ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимӣ;

– интихоб ва омода намудани нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;

– ташкил ва баргузор кардани бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон;

– идораи раванди ИМД;

– ташкили кор вобаста ба баргузор кардани аппелятсия;

– омода намудани ҳисобот оид ба корҳои анҷомдода.

 

ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ ТИИ

– сардори раёсат;

– муовини сардори раёсат;

– сармутахассис (4 нафар);

– мутахассис;

– сардори бахши минтақавӣ дар шаҳри Хуҷанд;

– мутахассиси технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК)-и бахши минтақавӣ дар шаҳри Хуҷанд;

– сардори бахши минтақавӣ дар шаҳри Панҷакент;

– мутахассиси технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК)-и бахши минтақавӣ дар шаҳри Панҷакент;

– сардори бахши минтақавӣ дар шаҳри Бохтар;

– мутахассиси ТИК-и бахши минтақавӣ дар шаҳри Бохтар;

– сардори бахши минтақавӣ дар ноҳияи Данғара;

– мутахассиси технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК)-и бахши минтақавӣ дар ноҳияи Данғара;

– сардори бахши минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоб;

– мутахассиси технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК)-и бахши минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоб;

– сардори бахши минтақавӣ дар ноҳияи Рашт;

– мутахассиси технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК)-и бахши минтақавӣ дар ноҳияи Рашт;

– сардори бахши минтақавӣ дар шаҳри Хоруғ;

– мутахассиси ТИК-и бахши минтақавӣ дар шаҳри Хоруғ.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона