РАЁСАТИ КАДРҲО, КОРГУЗОРӢ ВА ИТТИЛООТ


РАЁСАТИ КАДРҲО, КОРГУЗОРӢ ВА ИТТИЛООТ

Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот воҳиди сохтории Марказ буда, дар фаъолияти худ ба директори Марказ итоат менамояд. Роҳбарии бевоситаи раёсат ба зиммаи сардори он аст, ки бо фармоиши директори Марказ ба вазифа таъйин мегардад.

 

ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ РАЁСАТИ КАДРҲО, КОРГУЗОРӢ ВА ИТТИЛООТ

– таҳияи ҳуҷҷатҳои воридотӣ ва содиротии кадрӣ ва таъмини гардиши онҳо;

– сари вақт ба расмият даровардани ба кор қабул кардан, аз кор озод намудан ва ба кори дигар гузаронидани кормандони Марказ, пешбурду нигоҳдории парвандаҳои шахсӣ ва дафтарчаҳои меҳнатии онҳо мутобиқи қонунгузории меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

– якҷоя бо шуъбаи молия таҳия намудани лоиҳаи рӯйхати мансабҳо ва сохтори идории Марказ, ҷадвали рухсатиҳои меҳнатӣ (дар мувофиқа бо раёсати Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Марказ) ва ба расмият даровардани сафарҳои хизматии кормандони Марказ;

– бақайдгирӣ ва барасмиятдарории варақаҳои корношоямии кормандони Марказ якҷоя бо раёсати Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Марказ;

– ташкил ва истифодаи дурусту ҳадафманди маҳорати касбии (ҳайати) кадрии Марказ бо дарназардошти дурнамои рушди он;

– риояи тартиби ба кор қабул кардани кормандон ва бастани шартномаҳои меҳнатӣ бо онҳо;

– назорати мувофиқати номзадҳо ба талаботи тахассусӣ ҳангоми ба кор қабул кардан ва ба вазифаҳои дигар гузаронидани кормандони Марказ;

– гузаронидани таҳлили ҷойҳои дар Марказ;

– омода намудани маводи зарурӣ барои таъмини фаъолияти комиссияи озмунӣ;

– ташкили озмунҳо барои ишғоли мансабҳо тибқи эълон;

– шиносонидани роҳбарони воҳидҳои сохторӣ бо тартиби таҳияи низомномаҳои шуъбаҳо ва дастурамалҳои мансабии кормандони Марказ;

– ташкили омодагии касбӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандони Марказ;

– мусоидат ба фаъолияти комиссияҳои танзимкунандаи масъалаҳои гуногуни марбут ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Марказ;

– банақшагирии чорабиниҳо оид ба мутобиқгардонии касбии кормандони нав ба кор қабулшуда, махсусан ҷавонон;

– мониторинги сабабҳои азкорравии кормандон, ҷараёни тағйирёбии сифатии ҳайати кормандони Марказ;

– сари вақт (якҷоя бо шуъбаи молия ва раёсати Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони Марказ) таҳлил намудани шаклҳои самараноки ҳавасмандгардонии моддию маънавии кормандони Марказ, пешниҳоди тавсияҳо барои баланд бардоштани фаъолияти касбии кормандони Марказ;

– баҳисобгирии ҳайати шахсӣ ва пешниҳоди ҳисобот, пешбурди пойгоҳи иттилоот оид ба захираи кадрҳо ва ҷорӣ намудани шаклҳои муосири идоракунии ҳайат, додани маълумотномаҳо ба кормандони Марказ дар бораи фаъолияти меҳнатии ҳозира ва гузаштаашон;

– таҳияи пешниҳодҳо оид ба ҳифзи иҷтимоӣ, моддӣ ва ҳуқуқии кормандони Марказ дар мавридҳои ихтисоршавӣ, тағйироти рӯйхати мансабҳо, созмон ва сохтории Марказ;

– ба роҳ мондани кори комиссияи ташхисӣ оид ба бойгонисозии ҳуҷҷатҳои Марказ;

– таъмини интихоб, бақайдгирӣ ва ҳифзи ҳуҷҷатҳои Марказ ва андешидани чораҳо барои сари вақт омода намудан ва супоридани ҳуҷҷатҳо ба бойгонӣ;

– бақайдгирӣ ва коркарди ҳуҷҷатҳое, ки ба Марказ ворид ё аз он содир карда мешаванд ва таъмини гардиши саривақтии ҳуҷҷатҳо; нигоҳдорӣ, расонидан ва муросилоти ҳуҷҷатҳои воридотию содиротӣ ва дохилии Марказ; таҳияи саривақтии ҳисоботу маълумотномаҳо дар бораи равандҳои мазкур;

– мусоидат барои сари вақт баррасӣ гардидани ҳуҷҷатҳои воридотии Марказ аз ҷониби директор ва иҷрои он аз тарафи масъулон;

– таъмини реҷаи дахлдори дастёбӣ ба ҳуҷҷатҳо ва истифодаи маълумоте, ки ҳуҷҷатҳо дар бар мегиранд;

– воқиф кардани кормандони Марказ ва дигар алоқамандон аз фармоишу қарорҳо ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки директори Марказ ба имзо мерасонад;

– назорати иҷрои фармоишҳо, қарорҳо, гардиш ва иҷрои саривақтии ҳуҷҷатҳо тибқи манзурии директори Марказ ва дигар дастуру супоришҳои ӯ аз ҷониби кормандон;

– таҳлили тартибот ва интизоми кор бо ҳуҷҷатҳо;

– таъмини ташкили кор ва назорати баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон; қабули шаҳрвандон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ташкили вохӯриҳои намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, созмону ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ бо роҳбарияти Марказ;

– ташкили ҷаласаҳои корӣ, умумӣ ва назоратии назди директори Марказ; таҳияи протоколҳои ҷаласаҳои Марказ ва назорати иҷрои қарорҳое, ки дар ҷаласаҳо қабул карда мешаванд;

– ташкил ва пешбурди ҳуҷҷатгузорӣ дар Марказ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи феҳристи ҷузъгирҳо;

– назорати ташкил ва пешбурди ҳуҷҷатгузорӣ дар дигар воҳидҳои сохтории Марказ;

– ҷорӣ намудани равандҳои нави технологии кор бо ҳуҷҷатҳо;

– банақшагирӣ ва амалисозии корҳои таблиғотию иттилоотӣ оид ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – ИМД) ва дигар фаъолияти оинномавии Марказ;

– ҷамъоварӣ, таҳлил ва паҳн намудани иттилооти расмӣ оид ба фаъолияти Марказ ҷиҳати баргузории ИМД ва амалӣ намудани фаъолияти Марказ дар дигар самтҳо;

– таъмини инъикоси саривақтӣ ва объективонаи чорабиниҳои Марказ тавассути ВАО;

– мусоидат кардан барои баланд бардоштани мақому нуфузи Марказ дар ҷомеаи кишвар ва хориҷӣ тавассути баланд бардоштани иқтидори ҳайати кадрии муассиса, таъмини сифати кор, роҳандозии корҳоии тарғиботӣ ва ғайра;

– омодасозии ҳисоботҳои иттилоотию таҳлилӣ дар заминаи маводе, ки дар воситаҳои ахбори омма доир ба фаъолияти Марказ нашр шудаанд;

– омода ва паҳн намудани паёмҳои расмӣ, пресс-релизҳо, изҳорот ва дигар маводи иттилоотӣ бахшида ба фаъолияти Марказ;

– ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мизҳои мудаввар, вохӯриҳо ва мусоҳибаҳои роҳбарият ва мутахассисони Марказ бо намояндагони ВАО;

– таъмини ҳамкории самарабахш байни сохторҳои Марказ барои ташаккули сиёсати ягонаи иттилоотӣ ва инъикоси муассири иттилоот дар бораи фаъолияти Марказ дар ВАО;

– аккредитатсияи намояндаҳои ВАО барои чорабиниҳое, ки Марказ доир менамояд;

– ҷойгир кардани пресс-релизҳо, шарҳҳо ва дигар маводи иттилоотӣ оид ба фаъолияти Марказ дар сомонаҳои интернетӣ;

– мониторинги матбуоти Тоҷикистон ва хориҷӣ вобаста ба фаъолияти Марказ ва масъалаҳои марбут ба он;

– дар ҳамкорӣ бо ёвари директор таъмини вокунишҳо ба маводу матлабҳои дорои иттилооти таҳрифшуда ва нодуруст дар ВАО нисбат ба фаъолияти Марказ;

– таъмини сомонаи Марказ бо маводи зарурӣ ва босифат ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ; эълону навгониҳо;

– таҳияи роликҳои иттилоотӣ, иҷтимоӣ ва таблиғотӣ оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти Марказ ва пахши онҳо ба воситаи шабакаҳои радио ва телевизиони Тоҷикистон;

– ташкили обунашавии Марказ ба рӯзномаю маҷаллаҳои давлатӣ ва таъмини саривақтии дастрасии онҳо ба обунашавандагон;

– ҳамкорӣ кардан бо дигар воҳидҳои сохтории Марказ дар ташкилу баргузории семинар, мизи мудаввар ва чорабиниҳои дигари омӯзишӣ, иттилоотӣ ва таблиғотӣ;

– расонидани ёрии методӣ ва додани тавсияҳо ба воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Марказ дар масъалаҳои коргузорӣ;

– дар ҳамкорӣ бо ёвари директор таҳия ва (ё) иштирок дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба фаъолияти Марказ ва таъмини раванди мувофиқасозии онҳо бо вазорату идораҳои дахлдор;

– таҳия ва (ё) иштирок дар таҳияи санадҳои дохилии Марказ;

– баррасӣ ва (ё) иштирок дар баррасии муроҷиатҳое, ки ба Марказ ворид шудаанд ва омода кардан ва (ё) иштирок дар омода кардани ҷавоб ба онҳо, расонидани ёрии методӣ оид ба чунин масъалаҳо ба воҳидҳои дигари сохтории Марказ;

– дар ҳамкорӣ бо ёвари директор санҷиши дурустии ҳуҷҷатҳо аз ҷиҳати техникӣ ва ба талаботи қонунгузорӣ мувофиқат кардани фармоишҳо, низомномаҳо, дастурамалҳо, шартномаҳо ва ҳуҷҷатҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, ки барои имзо ба директор пешниҳод карда мешаванд ва додани хулосаи зарурӣ дар бораи онҳо;

– дар ҳамкорӣ бо ёвари директор омода кардани хулосаҳо оид ба лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки барои баррасӣ ва мувофиқа ба Марказ пешниҳод карда мешаванд ва дар ҳолати зарурӣ таҳия намудани пешниҳод дар бораи такмил ва тағйир додан ва (ё) ба онҳо ворид кардани иловаҳо;

– бо воҳидҳои дигари сохтории Марказ ташкил кардани кор оид ба таҳия ва бастани шартномаҳо;

– омода кардани хулосаҳо оид ба пешниҳодҳо дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ ё моддӣ кашидани кормандони Марказ;

– иҷрои уҳдадориҳои дигари хадамоти кадрӣ, коргузорӣ ва иттилоърасонӣ, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд.

 


ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ КАДРҲО, КОРГУЗОРӢ ВА ИТТИЛОТ

сардори раёсат;

– муовини сардори раёсат (1);

– сармутахассис оид ба робита бо ҷомеа (1);

– котиби матбуотӣ (1);

– мутахассиси коргузорӣ ва кори бойгонӣ (1);

– котиби директор (1);

– мутахассис (2).

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...