БАХШИ ЧОП ВА БАСТАБАНДӢ


БАХШИ ЧОП ВА БАСТАБАНДӢ

Бахши чоп ва бастабандӣ воҳиди сохтории Марказ буда, дар фаъолияти худ ба директори Марказ итоат менамояд. Роҳбарии бевоситаи шуъба ба зиммаи сардори он аст, ки бо фармоиши директори Марказ ба вазифа таъйин мегардад.

 


ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ БАХШИ ЧОП ВА БАСТАБАНДӢ

– чоп ва бастабандии маводи имтиҳонӣ барои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ;

– чоп ва бастабандии маводи таблиғотию иттилоотӣ, методӣ ва дастурӣ барои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва омодагии хатмкунандагон (довталабон) ба онҳо;

– чоп ва бастабандии маводи имтиҳонию санҷишӣ барои олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ;

– зиёд кардани нусхаҳои ҳуҷҷатҳои хидматӣ ва варақаҳо (бланкҳо)-и Марказ бо роҳи нусхагирӣ;

– иҷрои корҳои методию тавсиявӣ бо воҳидҳои сохтории Марказ оид ба масъалаҳои чопи маводи зарурии Марказ;

– иштирок дар ташкили сохтори бахши чоп ва бастабандӣ;

– иштирок дар омӯзишҳо барои баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон;

– омода ва пешниҳод кардани ҳисоботу дигар маълумоти оморӣ дар бораи фаъолияти бахши чоп;

– чопи корҳои ғайринақшавӣ тибқи дархости воҳидҳои дигари сохтории Марказ дар асоси супориши директори Маркз.

 


ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ БАХШИ ЧОП ВА БАСТАБАНДӢ

сардори бахш;

– сармутахассиси техникии чоп (1).

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...