МУОВИНИ ЯКУМИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

jonish11ҶАЪФАРОВ САВЗАЛӢ ФАЙЗАЛИЕВИЧ

Муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

26-уми августи соли 1963 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Номзади илмҳои техникӣ, дотсент, магистри соҳаи маориф (Med), Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо мукофоти давлатии медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шудааст. Мактаби миёнаи № 4-и шаҳри Норакро соли 1980 хатм кардааст. Соли 1985 Донишкадаи муҳандисию сохтмонии Киеви Украина, соли 1990 аспирантураи Донишкадаи муҳандисию сохтмонии Киеви Украинаро хатм намудааст. Соли 1991 рисолаи илмиро ҳимоя менамояд ва соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ мегардад. Соли 2012 барномаи муштараки магистрии Донишкадаи “Мактаби олии илмҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии Москва” (Федератсияи Россия) ва Донишгоҳи Манчестер (Британияи Кабир)-ро дар самти «Менеҷменти соҳаи маориф» хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиро соли 1986 аз вазифаи ходими хурди илмии Донишкадаи муҳандисию сохтмонии Киев оғоз кардааст. Солҳои 1991-1993 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ ҳамчун ассистенти кафедраи «Конструксияҳои оҳану бетонӣ, асосҳо ва таҳкурсиҳо” фаъолият кардааст. Аз соли 1993 то соли 2009 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар вазифаҳои саромӯзгор, сардори шуъбаи таълимӣ-илмӣ, сардори шуъбаи илм ва татбиқ, мудири кафедраи «Механикаи муҳандисӣ», сардори шуъбаи илм ва аспирантура, мудири кафедраи «Физика ва фанҳои муҳандисӣ», мудири кафедраи «Стандартизатсия, метрология ва фанҳои муҳандисӣ», сардори Маркази бақайдгирии донишгоҳ, декани факултети муштараки Тоҷикистону Украина кор кардааст. Солҳои 2009-2014 дар вазифаи директори муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” адои вазифа карда, аз соли 2014 то ин дам ба сифати муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Оиладор ва соҳиби панҷ фарзанд мебошад.

Нишонии почтаи электронӣ: sjafarov@ntc.tj

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона