СОХТОРИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) аз воҳидҳои сохторӣ – шуъбаҳо ва бахшҳо иборат аст.

Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ҳар яке аз воҳидҳо дар асоси низомнома муқаррар мегардад, ки директори Марказ онро тасдиқ мекунад.

Сохтори шуъбаҳо, салоҳияти сардорони шуъбаҳо ва кормандони онҳоро низ директори Марказ муайян менамояд.