Маълумоти умумӣ

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММТНПҶТ) бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 138 аз 10-уми феврали соли 2014 дар заминаи Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” таъсис дода шудааст.

 

ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ММТНПҶТ

§  ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таҳсилоти      олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

§  тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (МТОК)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар      асоси натиҷаҳои имтиҳонҳо;

§  ташкили мониторинг ва арзёбии сифати таҳсилот ва иштирок дар барномаҳои байналмилалии         арзёбии дониши хонандагон.

 

САМТҲОИ  АСОСИИ  ФАЪОЛИЯТИ  ММТНПҶТ

§   таъмини иттилоотонии ҷомеа оид ба ИМД ба МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон;

§   таҳияи санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ оид ба ташкил ва баргузории ИМД;

§   таҳияи барномаҳои имтиҳони фанҳо;

§   таҳияи саволномаҳои тестӣ ва озмоиши он дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;

§   ташкили нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳон дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

§   бақайдгирии довталабон ва гузаронидани ИМД;

§   ҷалб намудани сохторҳои дахлдори давлатӣ барои таъмини бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва тартиби     ҷамъиятӣ дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳон.

 

ҲАМКОРИҲО

ММТНПҶТ барои амалӣ намудани ташкил ва баргузории ИМД бо Вазоратҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ робитаи қавӣ дошта, бо ташкилотҳои байналмилалии зерин ҳамкории мустаҳкам дорад:

§ Бонки Ҷаҳонӣ;

§ Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти кушода” – Бунёди мадад дар       Тоҷикистон;

§ Ассотсиатсияи байналмилалии арзёбии таҳсилот;

§ Ассотсиатсияи арзёбии сифати таҳсилоти Авруосиё;

§ Маркази ҳамкории байналмилалӣ оид ба рушди таҳсилот;

§ Маркази тренингии Академияи таҳсилоти Россия.

Забонҳо

Намунаи тестҳо

КИТОБҲО

Ҷустуҷӯ дар сомона