ҲУҶҶАТҲОИ МЕЪЁРИЮ ҲУҚУҚӢ

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ менамояд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии асосие, ки Марказ онҳоро барои иҷрои вазифаҳои оинномавии худ ба роҳбарӣ мегирад, инҳоянд:

1. Оинномаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми феврали соли 2014, № 138 тасдиқ шудааст.

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”.

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ”.

4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”.

5. Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми августи соли 2015, № 495 тасдиқ шудааст.

6. Тартиби додани имтиёзҳо ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12‑уми октябри соли 2016, № 3839 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23‑юми ноябри соли 2016 таҳти № 832 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.

7. Тартиби баргузории имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, ки фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12‑уми октябри соли 2016, № 3836 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23‑юми ноябри соли 2016 таҳти № 830 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.

8. Фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқаррар кардани шумораи имконпазири ҳадди аксари бал аз ҳар субтести қисми (компоненти) А (имтиҳони умумӣ) ва тасдиқи Феҳристи ихтисосҳо вобаста аз гурӯҳи ихтисосҳо (кластерҳо) ва субтестҳои онҳо, шумораи имконпазири ҳадди аксари бал аз ҳар субтести қисми (компоненти) Б (имтиҳони ихтисос) дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 12‑уми октябри соли 2016, № 3837, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23‑юми ноябри соли 2016 таҳти № 831 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона