ТАРТИБИ ОЗМУНИ ТАҚСИМОТИ ТАКРОРИИ ДОВТАЛАБОН

Душанбе, 16-уми августи соли 2017

Бо қарори мушовараи ғайринавбатии

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии

Тоҷикистон аз 14-уми августи cоли 2017,

№ 12/1 тасдиқ шудааст

 

 

Тартиби озмуни тақсимоти такрории довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ба ҷойҳое, ки тибқи ихтисосҳо баъд аз озмуни тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ мувофиқи нақшаи қабули донишҷӯён холӣ мондаанд


1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби мазкур дар асоси “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015, № 495 тасдиқ шудааст, таҳия гардида, тартиби баргузории озмуни тақсимоти такрории довталабонро ба ҷойҳои тибқи ихтисосҳои баъд аз озмуни тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ мувофиқи нақшаи қабули донишҷӯён холимонда муайян менамояд. Муфассал...

ШАРҲИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» ВА ДИГАР САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ ДАР САМТИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО

Душанбе, 11-уми августи соли 2017

ДУШАНБЕ, 11.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод намуданд. Муфассал...

АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУНИ ТАҚСИМОТИ ТАКРОРӢ

Душанбе, 3-юми августи соли 2017

Ба диққати довталабоне, ки ба озмуни тақсимоти асосии довталабон (3‑юми август) роҳ ёфта, лекин дар озмуни мазкур аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаашон муваффақ нагардиданд, расонида мешавад, ки тибқи ҷойҳои дар ихтисосҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – 2017 холимонда озмуни тақсимоти такрории довталабон доир мегардад. Муфассал...