imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

ВОХӮРИҲОИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗ БО АЛОҚАМАНДОНИ ИМД ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Душанбе, 7-уми ноябри соли 2018

Бо мақсади фаҳмонидани хусусияту моҳияти низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми сентябри соли 2018, № 4803 ва нақшаи кории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодагӣ ба ИМД – 2019 аз 1-уми октябри соли 2018 дар давоми се моҳ (октябр, ноябр, декабр) дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ  ва миёнаи касбӣ бо алоқамандони имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ вохӯриҳо доир мегардад. Муфассал...

БАРГУЗОРИИ ҲАФТУМИН КОНФРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СОЛОНАИ АССОТСИАТСИЯИ АВРУОСИЁИИ АРЗЁБИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

Душанбе, 22-юми октябри соли 2018

Рӯзҳои 19-20-уми октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҳафтумин Конфренсияи байналмилалии солонаи Ассотсиатсияи авруосиёии арзёбии сифати таҳсилот (АААСТ) таҳти унвони “Арзёбии сифати таҳсилот дар зинаҳои гуногуни он” баргузор гардид. Конфeрeнсияи мазкур муштаракан бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи Россия барои мусоидат дар соҳаи маориф бо мақсади рушд (Russia Education Aid for Development), ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ роҳандозӣ мегардад ва Институти “Ҷамъияти Кушода”Бунёди Мадад дар Тоҷикистон гузаронида шуд. Макони баргузорӣ меҳмонхонаи бошукӯҳи «Хилтон» (собиқ “Шератон”) буд. Муфассал...

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Душанбе, 5-уми октябри соли 2018

Бо ташаббуси Комиссия оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар маҷлисгоҳи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Марказ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷаласа забоншиноси маъруф, доктори илмҳои филолгӣ, профессор Баҳриддин Камолиддинов ширкат варзид.  Муфассал...

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ ШӮРОИ ИЛМИЮ МЕТОДИИ МАРКАЗ

Душанбе, 3-юми октябри соли 2018

Дар маҷлисгоҳи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои илмию методии Марказ дар соли 2018 баргузор гардид. Ҷаласаи Шӯро, ки мувофиқи низомнома ва нақшаи корӣ амал менамояд, бо иштироки ноиби Академияи таҳсилоти Ҷумҳуриии Тоҷикистон Каримова И. Х. ва дигар аъзои Шӯро доир гардид. Муфассал...

ҶАЛАСАИ УМУМӢ ОИД БА РАФТИ ИҶРОИ НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲОИ ТАТБИҚИ “СТРАТЕГИЯИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2020” ДАР МАРКАЗ

Душанбе, 26-уми сентябри соли 2018

Дар маҷлисгоҳи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони он ҷаласаи умумӣ баргузор гардид, ки рӯзномаи он масъалаҳои марбут ба мубориза бо коррупсияро дар бар гирифт. Барои иштирок дар ҷаласа нозири калони Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бойзод Х. Р. даъват карда шуд. Муфассал...

МАҶЛИС БАХШИДА БА ҶАШНИ 27-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Душанбе, 7-уми сентябри соли 2018

Дар маҷлисгоҳи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Марказ бахшида ба ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлис баргузор гардид. Муфассал...

ЭЪЛОМИЯИ МАТБУОТӢ: ЭЪЛОНИ НАТИҶАҲОИ ТАҚСИМОТИ ТАКРОРИИ ДОВТАЛАБОН ДАР ИМД-2018

Душанбе, 30-юми августи соли 2018

Имрӯз, 30-юми августи соли 2018, натиҷаҳои тақсимоти такрории довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 эълон карда шуд.

Мувофиқи тартиби муқарраргардида дар тақсимоти такрорӣ довталабоне иштирок карданд, ки ба тақсимоти асосӣ роҳ ёфта, лекин тибқи натиҷаҳои он аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаашон комёб нагардида буданд. Муфассал...

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона