imd 2020 test tj report tj
education tj online test_tj sharhi mafumho cabinet tj

ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ АРИЗАИ АПЕЛЛЯТСИОНӢ ДАР БОРАИ НОРОЗӢ БУДАН АЗ ХОЛҲОИ ГУЗОШТАШУДА ДАР ИМД

Душанбе, 17-уми июли соли 2020

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бо мақсади таъмин ва риояи ҳуқуқ ба арзёбии воқеӣ (объективӣ)-и донишу маҳорати довталаб ба ӯ ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои ба имтиҳонҳои ӯ гузошташуда дода шудааст. Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули аризаҳои апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои гузошташуда дар ИМД – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) ё Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумииа асосӣ – синфи 9-ум) дар давоми 3 рӯз пас аз эълони натиҷаҳо, яъне аз 19-ум то 21-уми июл дар бинои асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшҳои минтақавии Марказ дар шаҳрҳои Хоруғу Панҷакент ва ноҳияи Рашт ва муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияи Данғара, ки нишонии онҳо дар зер нишон дода шудааст, ба роҳ монда мешавад. Муфассал...

ФЕҲРИСТИ ИХТИСОСҲО ВА ФАНҲОИ ТАЪЛИМИИ БА ИН ИХТИСОСҲО МУВОФИҚАТКУНАНДАИ ОЛИМПИАДАҲОИ ҶУМҲУРИЯВИЮ БАЙНАЛМИЛАЛӢ, КИ АЗ РӮЙИ ОНҲО ДАР ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБӢ ИМТИЁЗ ДОДА МЕШАВАД

Душанбе, 17-уми июли соли 2020

Дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) барои дастовардҳои довталабон, аз ҷумла ғолибият дар олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ имтиёз пешбинӣ гардидааст. Муфассал...

ЭЪЛОН!

Душанбе, 14-уми июли соли 2020

Бинобар роҳ ёфтани ғалати техникӣ дар ҷавоби саволу масъалаҳои субтести химия (даври иловагии имтиҳонҳо) аз довталабон хоҳиш карда мешавад, ки ҷавобҳои худро аз рӯйи калидҳои ислоҳшуда (аз 14.07.2020) санҷанд. Муфассал...

ОҒОЗИ ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲО – ҚИСМҲОИ А (ИМТИҲОН ДАР ЗАМИНАИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ) ВА Б (ИМТИҲОН ДАР ЗАМИНАИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ АСОСӢ) ДАР СОЛИ 2020

Душанбе, 12-уми июли соли 2020

Имрӯз барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 15-ум то 30-юми июни соли 2020) барои иштирок дар ИМД номнавис карда шуда буданд ва довталабоне, ки дар даври асосии қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) ва қисми Б (имтиҳон дар заминаи умумии асосӣ – синфи 9-ум) иштирок карда натавониста, барои супоридани ин имтиҳонҳо дар даври иловагӣ ба Марказ ариза пешниҳод намудаанд, даври иловагии ин имтиҳонҳо оғоз гардид. Ҳар ду қисми имтиҳонҳои мазкур дар як рӯз – 12-уми июл баргузор карда мешавад. Муфассал...

ФЕҲРИСТҲОИ ИХТИСОСҲО ТИБҚИ ГУРӮҲҲОИ ИХТИСОСҲО ВА ШУМОРАИ ИМКОНПАЗИРИ ҲАДДИ АКСАРИ БАЛҲО АЗ ҲАР СУБТЕСТИ ҚИСМҲОИ А ВА Б БАРОИ ҲАР ИХТИСОС

Душанбе, 11-уми июли соли 2020

Дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ми ёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) холҳои бадастовардаи довталабон аз ҳар субтест тавассути шкалабандӣ (миқёсгузорӣ) ба балҳо баргардонида мешавад. Шкалабандии холҳо барои ҳар субтести алоҳида дар доираи ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо ва қисмҳо ба роҳ монда мешавад. Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо дар сомонаи Марказ ба нашр мерасад. Муфассал...

КОЭФФИТСИЕНТҲОИ ПЕШБИНИШУДА БАРОИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ВОБАСТА АЗ НИШОНДИҲАНДАИ ТАЪМИНОТАШОН БО ТАБИБОН ВА КОРМАНДОНИ МИЁНАИ ТИБ

Душанбе, 9-уми июли соли 2020

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳру ноҳияҳо, вобаста аз нишондиҳандаҳои таъминоташон бо табибон ва кормандони миёнаи тиб, коэффитсиентҳо муқаррар кардааст, ки ҳангоми дохилшавии довталабон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ аз рӯйи ихтисоси «Кори момодоягӣ» татбиқ мегардад. Муфассал...

ЭЪЛОН!

Душанбе, 7-уми июли соли 2020

Бинобар роҳ ёфтани ғалати техникӣ дар ҷавоби саволу масъалаҳои субтести биологияи гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум (тиб, биология ва варзиш) аз довталабон хоҳиш карда мешавад, ки ҷавобҳои худро аз рӯйи калидҳои ислоҳшуда (аз 07.07.2020) санҷанд. Муфассал...

ЗАБОНҲО

Тоҷикӣ Русский

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ramzi soli_sayohi


Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳии Миср муаррифӣ гардиданд

Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Мақолаҳо

Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир

Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...


Барномаҳои муштараки таълим ҳамчун абзори байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ

Дар чаҳорчӯбаи барномаи аврупоии Erasmus+ ва фаъолияти дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон...


Cамараи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи барномаи таълимии аврупоии Еrasmus+

Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ ...

 

Истифодаи интернет бо мақсади амалиётҳои террористӣ ва экстремистӣ

Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ...


Чанд сухане атрофи филми “Решаҳои ноаён”

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд...


Бубин, ки аз кӣ буридиву бо кӣ пайвастӣ...

Баъд аз тамошои намоиши “Решаҳои ноаён” ба хулосае омадам,ки ТЭТ ҲНИТ аз замони таъсисёбиаш мақсадҳои ниҳоние дошт...

Ҷустуҷӯ дар сомона